Умед Бобохонов, раҳбари «Азия плюс» 50 сола шуд

[b]«50-сола шудам ва аз ин 25 солаш дар журналистика гузаштааст, оё вақти он нарасидааст, ки соҳаи фаъолиятамро дигар кунам…», — иброз медорад, раҳбари ширкати медиа-ҳолдингии «Азия Плюс».[/b]

Дар посух ба суоли хеш мегӯяд: «Ба фикрам пир нашудаам ва имкон дорад, ки дар кадом як соҳаи дигар низ малакаву ҳунари худро бисанҷам. Ҳоло ба хулосаи аниқ наомадаам, ки он бояд кадом соҳа бошад, аммо тағйирот дар зиндагии худро зарур мешуморам».

Маврид ба ёдоварист, Умед Мансурович Бобохонов, журналист, муассис ва бунёдгузори Гурӯҳи расонаҳои «Азия Плюс» имрӯз, 29-уми ноябри соли 2012 ҷашни мавлуд дорад. Ӯ соли 1962 дар Душанбе ба дунё омада, мактаби миёнаи рақами 8-и пойтахт ба номи Павловскийро хатм кардааст. Пас аз хатми донишгоҳи олӣ фаъолияти эҷодиашро дар рӯзномаи маъруфи шӯравӣ — «Комсомолская правда» оғоз карда, соли 1995 нахустин оҷонсии иттилоотии мустақили ватаниро бо номи «Азия плюс» таъсис додааст.

Баъдан, доираи фаъолият ва стратегияи онро тавсеа бахшида, радиои ҳамном ва ҳафтаномаи «Азия плюс»-ро бунёд гузошт. Бо гузашти муддати начандон тӯлонӣ ин расонаҳо маҳбубият касб карда, аудиторияи худро дар Тоҷикистон пайдо карданд. Нақш ва таъсири Гурӯҳи расонаҳои мазкур дар ҷомеъаи Тоҷикистон муассир ва эҳсосшаванда аст.

Аз идора: Гурӯҳи расонаҳои «Озодагон» рӯзноманигори ҳирфаӣ, муассис ва раҳбари медиа-ҳолдинги «Азия плюс» Умед Бобохоновро ба муносибати 50-умин солгарди умри бобаракаташ таҳният гуфта, ба ӯ комёбиҳои навро дар роҳи расидан ба қуллаҳои эҷод таманно дорад.

Источник: http://www.ozodagon.com/khabarho/tojikiston/7111—-l-r-50—

Аз “профилактика”-и Facebook ду рӯз гузашт

[b]Рӯзи дуюм аст, ки шабакаи маъруфи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон баста аст.[/b]

Сешанбеи 27 ноябр аз маҳдудияти дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook дар Тоҷикистон ду рӯз гузашт. Ҳазорҳо онҳое, ки ба истифодаи ин шабакаи иҷтимоӣ одат доштанд, натавонистанд вориди Facebook шаванд. Танҳо гурӯҳи хурди корбарон бо истифода аз роҳҳои дигар вориди шабака шуда, норизоияти худро аз тасмими мақомот баён карданд. Тавре Асомуддин Атоев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои интернетрасон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, “бештари муштариёни провайдерҳои вафодор тавассути Proxy вориди Facebook мешаванд”. Вай гуфт, ки тибқи баъзе хабарҳо, рӯзи сешанбе ин шабака танҳо тавассути шабакаи интернетии ширкати Билайн дастрас будааст.

Субҳи рӯзи 26-уми ноябр, Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон эълом кард, ки аз Хадамоти алоқа тавассути «смс» ё паёмак тақозо кардааст, ки шабакаи иҷтимоии Facebook баста шавад. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, сабаби қатъи дастрасӣ ба Facebook-ро “корҳои профилактикӣ” хонд. Айни замон ӯ гуфт, ки хоҳиши сӯҳбат бо масъулини ин шабакаро дорад.

«Профилактика мегузаронем. Бубинед, Facebook соҳиб надорад. Кӣ ҳаст соҳиби он? Аз ҳар ҷо — аз Амрико, Олмон ва ғайра — занг мезананд, аммо хуб аст, агар соҳибаш биояд ва бо мо сӯҳбат кунад. Чизи дигар, оё ин Facebook ба давлат налог (андоз) месупорад? Дар ҳоле ки миллиардҳо фоида мебинанд», — гуфт ӯ дар сӯҳбат бо Озодӣ.

Оқои Зуҳуров дар ин сӯҳбаташ иддао кард, ки Facebook ба майдони бесарусомон ва беназарот табдил ёфтааст ва бояд ба хотири таъмини амнияти кишвар “корҳои назоратӣ нисбат ба ин шабака” барпо шавад. Бег Зуҳуров гуфт, корҳои фаннӣ ё профилактиӣ нисбат ба шабакаи иҷтимоии Facebook муддати як рӯз идома пайдо хоҳад кард.

Дар ҳоле, ки рӯзи сешанбе дастрасии журналистон ба мақомоти Хадамоти алоқа низ маҳдуд буд, корбарони шабакаи Facebook нороҳатии худро аз амри басташавии ин сайт бо роҳҳои мухталиф баён мекарданд. Бархе дар шарҳҳои худ аз тасмими мақомот интиқод мекарданд, дигарҳо байни худ карикатураҳои тақлидкунандаи ин тасмимро тақсим мекарданд. Барои бисёриҳо даъвати Б.Зуҳуров барои мулоқот бо муассиси шабакаи Facebook Марк Тсукерберг мавриди таваҷҷӯҳ будааст.

Дар Тоҷикистон ҳудудан 50 ҳазор нафар аз шабакаи Facebook истифода мекунанд. Ин сайти интернетӣ дар баробари як василаи муоширату сӯҳбатҳои хусусии байни корбарон, ба маҳалли баҳсҳои ҷиддии масоили иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон табдил шудааст. Бархе корбарон ба интиқоди ошкорои шахсиятҳои шинохташудаи ҷумҳурӣ мепардозанд ва ин чиз боиси он шудааст, ки дар гузашта низ мақомоти кишвар дастрасиро ба ин ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳамчунин расонаҳои ошкоргӯи интернетӣ маҳдуд кардаанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/second-day-facebook-blocked-tajikistan-/24782769.html

Дастрасӣ ба АМИТ «Ховар» низ маҳдуд шуд?

[b]Аз соати 10-и субҳи имрӯз воридшавӣ ба сомонаи ин агентии иттилоотии давлатӣ ғайриимкон аст.[/b]

Бо кӯшиши боз кардани www. khovar.tj ба рӯи муштариён саҳифаи интернет- провайдери «Тоҷнет» кушода мешавад. Садриддин Шамсиддинов, роҳбарии АМИТ «Ховар» ба Озодагон гуфт, ки сабаби боз нашудани саҳифаи онҳо танҳо мушкили техникӣ аст, ки баъд аз чанд лаҳза бартараф хоҳад шуд.

Дар ҳамин маврид, Рустам Маҷидов, коршинос ва як корбари фаъоли интернет мегӯяд, азбаски сомонаи мазкур дар хостинги «ТоҷНет» (ширкати Тоҷиктелеком) ҷойгир аст, ҳангоми бо ягон сабаб катъ шудани хадамоти хостинг ё домен, саҳифаи ин ширкат кушода мешавад: «Сабабаш метавонад гуногун бошад, аммо аксаран чунин ҳолат дар сурати насупоридани маблағ барои иҷораи фазои сервер (хостинг) ё домен ба вуқуъ меояд».

Ин дар ҳолест, ки аз рӯзи 25-уми ноябр дастрасӣ дар саросари Тоҷикистон ба шабакаи иҷтимоии Facebook низ маҳдуд шудааст.

Источник: http://www.ozodagon.com/khabarho/tojikiston/7085—-lr—

«БЕГ ЗУҲУРОВ БА ОВОЗАҲО ТАКЯ КАРДААСТ»

[b]Давоми ду рӯз аст, ки дастрасӣ ба Фейсбук дар Тоҷикистон маҳдуд шудааст.
Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар мусоҳиба бо хабарнигорони русзабон гуфтааст, ки дар охир мо қарори маҳдуд кардани дастрасӣ ба Фейсбукро қабул кардем. Бег Зуҳуров ишора кардааст, ки ин иқдомро бо намояндагони ҷомеа роҳандозӣ кардааст, аммо мушаххасан нагуфтааст, ки бо кадом намояндагони кадом ҷомеа.[/b]

Ҳамзамон, таъкид кардааст, ки дар давоми ду соати баста шудани Фейсбук 100 нафар ба ман занг заданд ва изҳори хурсандӣ карданд, аз байни онҳо 10 нафар ин иқдомро манфӣ қабул карданд.

Ҳамзамон, ин икдоми раиси Хадамоти алоқа боиси пайдо шудани вокунишҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон шудааст. Носирҷон Маъмурзода, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мегӯяд, норӯшан аст, ки Бег Зуҳуров аз хабарнигорон пурсидааст: «Оё масъулони шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба давлат андоз месупоранд?! Роҳбаронаш биёянд ва бигӯянд, ки кӣ ҳастанду ҳадафашон чист?» Савол, мисле ки риторикӣ ва дур аз мантиқ менамояд.

Ба таъкиди ҳамсӯҳбатам, дастрасӣ ба иттилоъ ва баёни озодонаи андешаро Қонуни асосии Тоҷикистон ва қонунҳои байналмилалӣ барои ҳар шаҳрванд кафолат додааст. Ин ба он маъност, ки як ниҳоди давлатӣ ҳаққи бастани ин ё он сомонаро надорад. Танҳо суд метавонад мавзӯи маҳдудсозии дастрасӣ ба Фейсбукро, ки яке дигар аз сарчашмаҳои иттилоъ ва мубодилаи афкор мебошад, ба баррасӣ гирад.

Агар 100 ҷавон аз масдудсозии дастрасӣ ба ин шабакаи иҷтимоӣ истиқбол кардаанд, шумораи онҳое, ки ин амр боиси нороҳатиашон шудааст, то чанд маротиб бештар аст. Бояд мақомот омодаи қабули ҳар падидаи нав дар ҷомеа (дар мисоли шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷалби ҷавонон ба он) ва контроли авзоъ бошанд. Аммо «контрол» — идора кардани сомонаҳо барои мардум, хусусан, ҷавонон набояд бошад.

Вай меафзояд, ин роҳи ҷилавгирӣ аз он «буҳрон»-е нест, ки баъзе мақомот сар задани онро дар ҷомеаи ҷавонон «бофта» ва «пешгӯӣ» мекунанд. Аз ҷониби дигар, табиати инсон ҳамин аст, ки ҳамеша роҳҳои расидан ба озодии амалу интихоб ва муқовимат ба маҳдудиятҳои нолозиму ғайриқонуниро меҷӯяд.

Рустами Маҷид, яке аз фаъолони Фейсбук, бар ин назар аст, ки Бег Зуҳуров дар ҳоле иқдомҳои маҳдуд карданро мегирад, ки хилофи муқаррароти қонунӣ аст . Дар қонун мушаххасан гуфта шудааст, ки кадом сайтҳо бояд баста шаванд. Аммо шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳо бо он фарқ доранд, ки муҳтавои ягона надоранд ва танҳо майдоне барои ибрози фикранд. Ҳар чӣ корбарон дар он мекоранд, масъулияти худашон аст, на соҳиби шабака.

Дар мавриди омилҳои баста шудани Фейсбук Рустами Маҷид меафзояд, ки агар шабака ба хотири 2-3 акс ё интиқоди ҳукумат баста шуда бошад, дастрасиро ба чандин маводи ҷониби ҳукумат ва садҳо ҳазорон маводи омӯзишӣ ва фоиданок низ масдуд кардааст. Муҳимтар аз ҳама, қонунҳо вайрон мешаванд, аввалан, озодии сухан, радди ҳокимияти судӣ ва худсарона рафтор кардани роҳбари хадамот, нақзи ҳуқуқи дастрасӣ ба маълумот, ба муошират дониста мешавад.

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ки Бег Зуҳуров ба овозаҳо такя кардааст ва ин бозгӯйи он аст, ки вай ба ҳайси роҳбар ба хатои зиёд роҳ медиҳад, чунки на ба асосу далел, балки ба суханони беасос такя намуда, кор мекунад.

Асомуддин Атоев, роҳбари Ассотсиатсияи интернетправайдерони Тоҷикистон дар бораи теъдоди истифодабарандагони шабакаи иҷтимоии Фейсбук гуфт, ки «истифодабарандагони ин шабакаро дар Тоҷикистон 41 ҳазору 800 нафар ташкил медиҳад».

Ба иттилои манбаъ, фаъолони Фейсбук дар Тоҷикистонро асосан ҷавононе ташкил медиҳанд, ки синни онҳо аз 25 то 34 солро ташкил медиҳад. Дар зинаи дувум синни 18 то 24-сола буда, 70% корбарони онро мардон ва ҳамагӣ 30 дар сади истифодабарандагони Фейсбукро дар Тоҷикистон занон ташкил медиҳад.

Дар соли ҷорӣ маротибаи дувум аст, ки дастрасӣ ба Фейсбук дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад. Маротибаи аввал аз 2 то 9 март ин иқдом сурат гирифта буд. Дар ҷараёни ҳаводиси Хоруғ низ дастарсӣ ба Фейсбук ҳам муддати чанд соат маҳдуд шуда буд.

Фейсбук яке аз саҳифаҳои фаъоли шабакаи иҷтимоист, ки баҳсҳои мухталиф ва аз ҷумла, сиёсиеро ба миён мегузорад.

Коршиносон мегӯянд, ки далели маҳдуд шудани ин саҳифа маҳз ба минбари баҳсҳои бозу возеҳ табдил шудани он аст.

Источник: http://www.tojnews.org/node/5007

Кэтрин Эштон ба Осиёи Марказӣ ташриф меорад

[b]Брюссел, – Кэтрин Эштон, Вакили олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати бехатарӣ/Ноиб-президенти Комиссия ҳафтаи ҷорӣ ба Осиёи Марказӣ ташриф меорад. Ташрифи Вакили олӣ аз Кирғизистон шурӯъ карда, дар он ҷо пеш аз давом додани сафари худ ба Узбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон дар муддати се рӯзи навбатӣ рӯзи сешанбеи 27 ноябр дар Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо раисӣ хоҳад намуд.[/b]

Дар арафаи сафари худ, Кэтрин Эштон гуфт: «ИА дар Осиёи Марказӣ тариқи ҳузураш дар маҳалҳо ва тавассути ҳамкорӣ бо шарикони худ дар минтақа нақши муҳим бозида истодааст. Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо ба мо имконияти муҳокимаи масоили дорои манфиати мутақобила, аз он ҷумла бехатарӣ ва ҳамкории минтақавӣ, қувваи барқ, муҳити атроф ва масалаҳои об, ва инчунин дигар самтҳои аввалиндараҷаи Дурнамои ИА-Осиёи Марказӣ, аз қабили маориф, волоияти қонун, ҳуқуқи инсон ва ташаббусҳо дар соҳаи ҷомеаи шаҳрвандиро хоҳад дод. Ба тариқи дастгирии иҷрокунии ислоҳот ва раванди гузариш ба сохтори дигар, мо умедворем, ки ба густариши тиҷорат ва ҷалб кардани сармоя мусоидат намоем. Панҷ сол баъд аз қабули Дурнамои ИА оиди Осиёи Марказӣ, Ҷаласа бояд, инчунин, ба баргузории арзёбии ҳамкории мо ва тақвияти он мусоидат хоҳад кард».

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо нахустин бор дар Ҷумҳурии Қирғизистон таърихи 27 ноябр баргузор мегардад. Дар он Вазирони ё муовинони вазирони корҳои хориҷии ҳамаи мамолики Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон) иштирок хоҳанд кард. Ҷаласаи вазирони мазкур бори нӯҳум аз вақте ки Иттиҳоди Аврупо Дурнамои Осиёи Марказиро дар соли 2007 қабул кард, ва пас аз қабули хулосаҳои Шӯрои корҳои хориҷӣ оиди Осиёи Марказӣ ва Маърӯза дар бораи равиши татбиқи Дурнамо, гузаронида мешавад.

Рӯзи сешанбе дар шаҳри Бишкек, Вакили олӣ ҳамчунин бо Раисҷумҳури Қирғизистон Алмазбек Атамбаев ва Вазири корҳои хориҷӣ Эрлан Абдилдаев мулоқот хоҳад кард.

Рӯзи чоршанбеи 28 ноябр, дар шаҳри Тошканд, Вакили олӣ бо Раисҷумҳури Ӯзбекистон Ислом Каримов ва Вазири корҳои хориҷиаш Абдулазиз Комилов мулоқот хоҳад кард.

Рӯзи панҷшанбеи 29 ноябр, дар шаҳри Душанбе, Вакили олӣ бо Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот хоҳад кард.

Вакили олӣ ташрифи худ дар шаҳри Остона, ки дар он ҷо бо Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Вазири корҳои хориҷиаш Эрлан Идрисов мулоқот менамояд, анҷом хоҳад дод. Дар Остона вай, инчунин, дар бораи муносибатҳои ИА ва Осиёи Марказӣ сухан меронад.

Дар давоми ташриф Вакили олӣ/Ноиб-президент инчунин бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот хоҳад кард.

Источник: Мониторинговая служба НАНСМИТ.

«К+» аз Умаралӣ Қувватов як миллион $ талаб дорад

[b]Ширкати телевизионии «К+» аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистон хостааст, маблағи сӯҳбатҳои худро пардохт намоянд.[/b]

Лора Сибулак, продюсери барномаҳои ин шабака дар Маскав, ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски «К+» телевизиони тиҷоратист, ба мухолифини ҳукумати Тоҷикистон ва дар навбати аввал ба Умаралӣ Қувватов, сарвари созмони «Гурӯҳи 24» пешниҳод шудааст, ки маблағи баромадҳояшро пардохт кунад.

Ӯ гуфт, «музокироти мустақими роҳбарияти телевизион бо худи Қувватов идома дорад ва дар бораи маблағ ҳам худи онҳо гуфтугӯ мекунанд. Ба ман ҷузъиёти ин гуфтугӯҳо маълум нест.»

«К+» ширкати телевизионии мухолифи ҳукумати Қазоқистон аст, ки дар шаҳри Лондони Бритониё қароргоҳи марказӣ ва дар Маскав намояндагӣ дорад. Ин шабака бори аввал моҳи август Умаралӣ Қувватов, собиқ директори генералии ширкатҳои «Фароз» ва «Тоҷирон»-ро ҳамчун раҳбари созмони нави мухолифи ҳукумати Тоҷикистон – «Гурӯҳи 24» муаррифӣ кард. То ба имрӯз Умаралӣ Қувватов чанд бор ба танҳоӣ ва ду маротиба бо иттифоқи Додоҷон Атовуллоев, журналист ва муассиси ҷунбиши «Ватандор» тариқи «К+» сӯҳбат карда, сиёсатҳои ҳукуматро мавриди интиқод қарор доданд.

Умаралӣ Қувватов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасмими «К+» -ро таъйид кард ва гуфт, сарварони ин шабака аз ӯ хостаанд, барои баромадҳояш 1 миллион доллари амрикоӣ пардохт кунад. Вай иддао кард, ки “тавассути манобеи худ дар ҳукумати Тоҷикистон” дарак ёфтааст, ки мақомот пардохти ин миқдор маблағро ба «К+» ваъда додаанд. Вай иддао кард, ки ин телевизиони маҳвораӣ “ҳамчунин як гурӯҳи рӯзноманигорони демократмаобро низ истихдом кардааст, то дар бораи сиёсатҳои Тоҷикистон сӯҳбат кунанд”.

Дар ҳамин ҳол, Додоҷон Атовуллоев, раҳбари ҷунбиши «Ватандор» мегӯяд, «К+» аз ӯ барои сӯҳбатҳояш пул нахостааст. Ба қавли Атовуллоев, ӯ бо «К+» ҳамкории дерина дорад ва онро «як падида, минбари озоди розу ниёзи мардум» мешиносад ва бо роҳбаронаш ҳам муносибати хуб дорад. «Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад ба ин телевизион ба хотири сухан надодан ба мухолифин «забон» ёбад»,-мегӯяд раҳбари «Ватандор». Мавсуф низ аз истихдоми як медиа-гурӯҳи Тоҷикистон сӯҳбат кард, ки барои баромадҳо дар «К+» вориди Маскав шудааст. Тасдиқи ин хабар дар ҳукумати Тоҷикистон имкон надорад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/k-plus-tv-station-asks-opposition-leaders-to-pay-money-for-interview-/2

Нигаронии Зуҳуров аз таҳдидҳои амниятист ё баҳсҳо дар Фейсбук?

[b]Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, сабаби қатъи дастрасӣ ба Фейсбукро “корҳои профилактикӣ” хонд.[/b]

Бег Зуҳуров , раиси Хадамоти алоқа, дастури қатъи дастрасӣ ба Фейсбук дар Тоҷикистонро тасдиқ кард. Ӯ рӯзи 26-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба далели «корҳои профилактикӣ» дастрасӣ ба Фейсбук маҳдуд шудааст.

«Профилактика мегузаронем. Бубинед, Фейсбук соҳиб надорад. Кӣ ҳаст соҳиби он? Аз ҳар ҷо — аз Амрико, Олмон ва ғайра — занг мезананд, аммо хуб аст, агар соҳибаш биояд ва бо мо сӯҳбат кунад. Чизи дигар, оё ин Фейсбук ба давлат налог (андоз) месупорад? Дар ҳоле ки миллиардҳо фоида мебинанд»,-гуфт ӯ.

Иддаои раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ин аст, ки Фейсбук ба майдони бесарусомон ва беназарот табдил ёфтааст ва бояд ба хотири таъмини амнияти кишвар бояд корҳои назоратӣ нисбат ба ин шабака сурат бигирад. Бег Зуҳуров гуфт, корҳои фаннӣ ё профилактиӣ нисбат ба шабакаи иҷтимоии Фейсбук муддати як рӯз идома пайдо хоҳад кард.

Субҳи рӯзи 26-уми ноябр, Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон эълом кард, ки онҳо аз Хадамоти алоқа «смс» ё паёмак гирифтаанд, то шабакаи иҷтимоии Фейсбукро банданд. Асомуддин Атоев, раҳбари ин Анҷуман, мегӯяд, қатъи дастрасӣ ба Фейсбук ин як «хизмати хирсона» дар ҳаққи имиҷи давлат аст ва Тоҷикистонро дигарбора ба рӯйхати душманони ин шабака ва ҳам интернет шомил мекунад. Ӯ илова кард, даҳҳо роҳи дигар вуҷуд дорад, ки мардум ба Фейсбук ворид мешаванд ва ин як кӯшиши бефоида аст: «Дар ин маврид гуфтанӣ ҳастам, ки ин қадамҳо чизе ҳам набошад, бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва ҳаргиз ба манфиати давлату миллати Тоҷикистон нест. Ин худ ба худ бастани овози Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоист.»

Дастури хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба бархе аз ширкатҳои ироакунандаи интернет шоми рӯзи якшанбе (25-уми ноябр) расида буд, аммо ин ширкатҳо шурӯъ аз субҳи барвақти рӯзи душанбе дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Фейсбукро маҳдуд карданд. Дар ин радиф ширкатҳои «Вавилон», «Билайн», «Истера» ва ғайра шомиланд.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон нахустин бор дар таърихи 2-юми марти соли ҷорӣ шабакаи иҷтимоии Фейсбукро ҳамроҳ бо торнамоҳои tjknews.com, maxala.org, centrasia.ru ва zvezda.ru дар қаламрави Тоҷикистон қатъ карда буд ва аммо пас аз як ҳафта танҳо Фейсбук боз шуд. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар симои Бег Зуҳуров, чунин иқдомот, ба хусус қатъи дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Фейсбукро, рӯи даст мегирад?

Асомуддин Атоев, раиси Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон, дар посух ба ин суол мегӯяд, «фикр мекунам, сабаби асосӣ он аст, ки иқдомоти хадамоти алоқа ҳирфаӣ нест. Чун бо чунин қадамҳо онҳо ба коршинос ва мутахассис будани худ чизе зам намекунанд ва наметавонад ҳамчун коршинос худро муаррифӣ кунанд. Баръакс, нишон медиҳад, ки то кадом андоза заиф ҳастанд, аз нигоҳи ин соҳа. Гарчанде, боварӣ дорам, ки дар ин муассиса коршиносони варзида фаъолият доранд, лекин қадамҳои гузоштаашон дар ин маврид коршиносона нест. Балки қадамҳое ҳастанд, ки ниҳоят ҳирфаӣ нест.»

Зимнан, дар Тоҷикистон 9 ширкати вижаи интернетрасон фаъолият мекунад ва афзун бар ин тамоми ширкатҳои мобилӣ низ хизматрасонии интернетиро ба роҳ мондаанд. Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 40 дарсади мардуми Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доранд. Socialbakers, ниҳоде, ки фаъолияти шабакаҳои иҷтимоиро баррасӣ мекунад, чанде қабл теъдоди фейсбукиёни тоҷикро 35 ҳазор тахмин зада, миёни кишварҳои ҷаҳон дар мақоми 170-ум қарор дода буд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/facebook-tajikistan/24781144.html

Нигаронии Зуҳуров аз таҳдидҳои амниятист ё баҳсҳо дар Фейсбук?

[b]Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, сабаби қатъи дастрасӣ ба Фейсбукро “корҳои профилактикӣ” хонд.[/b]

Бег Зуҳуров , раиси Хадамоти алоқа, дастури қатъи дастрасӣ ба Фейсбук дар Тоҷикистонро тасдиқ кард. Ӯ рӯзи 26-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба далели «корҳои профилактикӣ» дастрасӣ ба Фейсбук маҳдуд шудааст.

Ӯ ҳамзамон таъкид кард, ки “тамоми матлабҳо ва радду бадалҳои Фейсбук бояд назорат шаванд.” Дар ҳоле ки ба гуфтаи Зуҳуров, «Фейсбук аслан аз тарафи касе назорат намешавад ва маълум нест, ки соҳиби ин шабака кист ва оё андоз месупорад ё намесупорад. Чунин фаъолият, албатта, ба амнияти Тоҷикистон ҳам хатар дорад.»

Субҳи имрӯз, 26-уми ноябр, Асомуддин Атоев, раиси Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз Хадамоти алоқа «смс» ё паёмак гирифтаанд, ки шабакаи иҷтимоии Фейсбукро банданд. Аммо ӯ гуфт, сабабҳои ин тасмими Хадамоти алоқа ба ширкатҳо шарҳ дода нашудааст.

Раиси Анҷумани ширкатҳои интернетрасон гуфт, субҳи имрӯз, 26-уми ноябр, бархе аз ширкатҳо дастрасӣ ба Фейсбукро маҳдуд карда, бархеи дигар дар остонаи масдуд кардани онанд. Аз ҷумла, чанде аз муштариёни ширкати «Babilon-M» ва Билайн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, дастрасии онҳо ба Фейсбук маҳдуд шудааст.

Асомуддин Атоев мегӯяд, қатъи дастрасӣ ба Фейсбук ин як «хизмати хирсона» дар ҳаққи имиҷи давлат аст ва Тоҷикистонро дигарбора ба рӯйхати душманони ин шабака ва ҳам интернет шомил мекунад. Ӯ илова кард, даҳҳо роҳи дигар вуҷуд дорад, ки мардум ба Фейсбук ворид мешаванд ва ин як кӯшиши бефоида аст: «Дар ин маврид гуфтанӣ ҳастам, ки ин қадамҳо чизе ҳам набошад, бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва ҳаргиз ба манфиати давлату миллати Тоҷикистон нест. Ин худ ба худ бастани овози Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоист.»

Аммо ин бори аввал нест, ки шабакаи Фейсбук аз сӯи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон маҳдуд мешавад. 2-юми марти соли равон ширкатҳои интернетрасон бо дастури Хадамот дар қатори торнамоҳои tjknews.com, maxala.org, centrasia.ru ва zvezda.ru дастрасӣ ба шабакаи Фейсбукро низ дар қаламрави Тоҷикистон низ қатъ карда буданд, аммо пас аз як ҳафта танҳо Фейсбук боз шуд.

Дар посух ба пурсиши хабарнигорон дар ин бора раиси ин Хадамот Бег Зуҳуров гуфта буд, маҳдудияти дастрасӣ ба Фейсбук ва чанд торнамо «мушкили фаннӣ» буда, ба зудӣ ҳал хоҳад шуд. Аммо бо интиқод аз корбарони Интернет вай афзуд, гурӯҳе Интернетро ба «бозори сиёҳ» тадил додаанд.

Дар Тоҷикистон 9 ширкати махсуси интернетрасон фаъолият мекунанд. Ҳамчунин тамоми ширкатҳои мобилӣ низ хизматрасонии интернетиро ба роҳ мондаанд. Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 40 дарсади мардуми Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доранд. Socialbakers, ниҳоде, ки фаъолияти шабакаҳои иҷтимоиро баррасӣ мекунад, чанде қабл теъдоди фейсбукиёни тоҷикро 35 ҳазор тахмин зада, миёни кишварҳои ҷаҳон дар мақоми 170-ум қарор дода буд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/facebook-tajikistan/24781144.html

Оё дар Тоҷикистон хабарнигорон аз хатар эмин ҳастанд?

[b]Бино ба иттилои Институти байналмилаии матбуот (IPI), соли 2012 дар саросари ҷаҳон 119 хабарнигор кушта шудааст.[/b]

Ин созмони журналистӣ таъкид кардааст, ки аксари хабарнигороне, ки ҳангоми инъикоси ҳодисаҳо кушта шудаанд, на аз тирҳои тасодуфӣ ба марг расидаанд, балки ҷонибҳои даргир ба хотири аҳдофи сиёсии худ ва барои ҷилавгирӣ аз пахши хабар, огоҳона журналистонро қатл кардаанд.

Тибқи ин пажӯҳиш, ки рӯзи 24-уми ноябр нашр шуд, аз ҳама кишвари хатарнок барои хабарнигорон Сурия дониста шудааст, ки ҳангоми инъикоси даргириҳои нерӯҳои давлатӣ бо ошӯбгарон, 36 журналист ҷони худро аз даст додаанд. Дар қатори сарзаминҳои хатарзо барои хабарнигорон, кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқо, аз ҷумла Сомалӣ ном бурда мешавад, ки соли равон дар қаламрави он 16 хабарнигор кушта шудаанд.

Аммо Институти байналмилалии матбуот дар гузориши худ аз кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракуманофеъ (ИДМ) ном набурдааст. Созмонҳои журналистии ин кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон низ бар инанд, ки дар ин масъала минтақаҳои мазкур барои

хабарнигорон хатарзо намебошад, вале шаклҳои манфии дигари бархӯрдҳое дида мешавад, ки мақомоти ҳукумати кишвар аз пахши хабар ва инъикоси ҳодисаҳо махсусан ҷилавгирӣ мекунанд.

Рамзия Мирзобекова, хабарнигори шинохтаи «Азия Плюс» бо ёдоварӣ аз ҳаводиси 24-уми июли Хоруғ мегӯяд, ки мақомоти Тоҷикистон огоҳона ба журналистҳо имкон намедоданд, ки аз ҷараёни амалиёти неруҳои қудратӣ хабару гузориш таҳия намоянд: «Албатта дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бисёр журналистҳо кушта шуданд ва баъзеи онҳо махсус барои манфиати кадом тарафҳо ба қатл расонида шуда буданд. Вале хушбахтона ҳоло вазъ ба ин андоза нест. Аммо дар ҳодисаҳои 24-уми июли Хоруғ мақомот бо ҳар роҳе талош мекарданд имкони журналистҳоро барои пахши воқеияти ҳаводис тангу маҳдуд кунанд. Аввал маро дар руйхати Комиссияи 20-нафара ҳамроҳ карданд, баъдан бо амри раиси вилоят маро иҷозаи ширкат дар ҷаласаҳои ин комиссияро надоданд. Мақомдорон аз ҷараёни амалиёт, аз ҳодисаҳои биёр муҳиме, ки ба ҳаёти мардуми оддӣ дахл дошт, ба суолҳои мо посух дода наметавонистанд ва барои ҳамин намехостанд, мо ба манбаъҳои муҳими расмӣ дастрасӣ дошта бошем.»

Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин дар ҷараёни амалиёти Хоруғ ва аз ин қабл дар ҷараёни амалиёни нерӯҳои давлатӣ дар Рашт, алоқаи телефониро маҳдуд кардf буданд. Дар ҷараёни ҳодисаҳои Бадахшон, фаъолияти бархе хабаргузориҳо, аз ҷумла сомонаи «Азия Плюс» дар қаламрави Тоҷикистон масдуд шуд ва мақомот дар сафари намояндагони корпусҳои дипломатӣ ба қаламрави Бадахшон маҳдудият ҷорӣ намуданд.

Хилватшоҳи Маҳмуд, дабири кулли Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон бар ин назар аст, ки мақомдорони Тоҷикистон як роҳи «мудшуда»-ро дунбол доранд, ки ин ҳам ба баҳсҳои додгоҳӣ кашидани нашрияҳо ва рӯзноманигорон аст. Ва бо ин роҳ мехоҳанд ба журналистҳо тарс диҳанд, ки ба «паҳлуҳои ҳассос»и вазорату идораҳо ва аъмоли шахси вазиру раисҳо даст набаранд.

Аз тарафи дигар ҳамчуноне, ки Хилватшоҳи Маҳмуд меафзояд, журналистҳои Тоҷикистон ба он андоза дастрасӣ ба манбаъҳои муҳим ва ашхоси аввали бонуфузи кишвар надоранд, ки ба ҷони онҳо хатар эҷод шавад: «Хушбахтона дар зарфи панҷ- шашсоли ахир дар Тоҷикистон сӯиқасд ба ҷони журналистон сурат нагирифтааст. Вале таҳдидҳои лафзӣ бисёр ба мушоҳида мерасад. Дигар ин ки журналистҳои Тоҷикистон ба он андоза маълумот ва дастрасӣ надоранд, ки аз тарафи ин ё он гурӯҳ мавриди сӯиқасд қарор гиранд.»

Аммо Хилватшоҳи Маҳмуд меафзояд, ин ба он маъно нест, ки дар Тоҷикистон хабарнигорон комилан аз хатар эмин бошанд. Ба қавли вай сӯхтори бозори «Корвон» бори дигар нишон дод, ки мақомот барои маҳдуд кардани пахши хабар ва инъикоси ҷараёни ҳодиса бо журналистҳо бадрафторӣ карданд ва баъзеи онҳоро боздошт намуданд.

Аз ҷумла Саймиддин Дӯстов, муассиси ҳафтаномаи «Нигоҳ» дар ҷараёни роҳпаймоии эътирозгарон ба хотири оташсӯзӣ дар бозори «Корвон» аз сӯи кормандони пулис боздошт шуда буд. Ӯро дар Шӯъбаи умури дохилӣ 3 соат нигоҳ доштаанд. Дар ин ҳодисаҳо ба хабарнигорони Би-би-си низ аз тарафи кормандони милиса бадрафторӣ шудааст.

Аз ин рӯ ба хотири бехатарии журналистҳо ва барои ташхиси онҳо дар ҳодисаҳое назири эътирозҳои тоҷирони «Корвон», пешниҳод шуд онҳо либоси ягона ва ранги вижа дар бар дошта бошанд. Ин масъала дар як нишасти Созмонҳои журналистии Тоҷикистон дар моҳи августи соли равон таъкид шуда буд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/the-challanges-facing-tajik-journalists/24780603.html

Д.Шарифов: «Даъвати мо ба шӯъбаи амният муаммост»

[b]Маъмурони амниятии Қумсангир Далер Шарифов, раҳбари созмони «Қадам ба қадам» ва ҳамроҳаш Раҷабалӣ Қаландаровро пас аз ҳудуди 2 соат, дар шаби панҷшанбеи 22 ноябр ҷавоб доданд.[/b]

Аммо бо ин вуҷуд барои Далер рӯшан нашудааст, ки ҳадафи давъати онҳо ба идораи амнияти ноҳияи Қусмангир чӣ будааст? Радиои Озодӣ нахуст дар сӯҳбате аз Далер ин суолро кард, ки ҳодисаи ба шӯъбаи амнияти ноҳияи Қумсангир афтодани худ ва рафиқашро шарҳ диҳад.

Далер Шарифов: Сафари мо ба ноҳияи Қумсангир ширкат дар маросими ҷанозаи Домулло Муҳаммадӣ буд. Мо барои ин кор аз писари домулло иҷозат пурсидем. Ҳангоми наворгирӣ маъмурони амният аз мо пурсиданд, ки ин наворро барои чӣ мебардоред? Мо дар ҷавоб гуфтем, ки барои худамон. Аммо як нафар аз маъмурони амният ҳамеша дунболи наворбардор буд ва шом бо тамом шудани маросими ҷаноза моро ба идора даъват карданд. Аммо дар аввал мо монеъ шудем. Вале чун исрор карданд, ман пешниҳод кардам, то наворбардор Раҷабалӣ Қаландаровро ҷавоб диҳанд, аммо онҳо гуфтанд, ки вай ҳам бояд ба идора биояд. Онҳо гуфтанд, ки мо бояд наворе, ки бардоштед, бубинем.

[b]РО:[/b] Маъмурони амниятӣ чанд нафар буданд?

[b]Далер Шарифов:[/b] Онҳо чаҳор нафар буданд ва дар мошин моро шинонданд ва ба идораи амнияти ноҳияи Қумсангир рафтем.

[b]РО:[/b] Дар бинои идораи амният чӣ сӯҳбатҳо миёни маъмурони амниятӣ ва шумоён сурат гирифт?

[b]Далер Шарифов:[/b] Нахуст ному фамилия, соли таваллуди моро, дар куҷо зиндагӣ карданӣ моро пурсиданд, Мо ҳам гуфтем, ки дар шаҳри Ваҳдат ба сар мебарем. Суол доданд, ки барои чӣ омадед? Гуфтем, ки ба хотири ширкат дар маросими ҷанозаи домулло ва наворбардоштани ин маросим. Умуман аз хонавода, таҳсилам дар донишгоҳ ва кору борам пурсиданд. Вақте, ки ба баёнот гирифтани онҳо эътироз кардем ва гуфтем, ки «мо гуноҳе накардем ва шумо набояд чунин рафтор кунед», онҳо ин корро қатъ карданд ва миёни мо сӯҳбат сурат гирифт. Аммо дар ин миён тариқи телефон шояд бо роҳбарашон гуфтугӯ мекарданд, ки ин ҷавононро (моро) ба шӯъба овардем, чӣ кор кунем?. Гузориш медоданд.

[b]РО:[/b] Дар шӯъбаи амнияти Қумсангир чӣ қадар мондед?

[b]Далер Шарифов:[/b] Тахминан 1 соату 40 дақиқа бештар. Чун соати 18 ву 55 дақиқа рафтем ва соати 20 -у 38 -40 дақиқа моро ҷавоб доданд.

[b]РО:[/b] Чӣ боис шуд, ки дар ниҳоят шуморо ҷавоб доданд?

[b]Далер Шарифов:[/b] Ба маъмурони амният занг заданд ва гуфтанд, ки хабари даъвати ин ҷавонон дар Интернет пахш шудааст ва ҳамин сабаб шуд, ки моро ҷавоб доданд. Онҳо гуфтанд, ки мо аввал гумон кардем, ки шумо хабарнигорони ТВ Сафина ҳастед ва барои мо дурӯғ гуфтед. Ҳол он ки мо худамонро кормандони ТВ Сафина нагуфта будем ва баръакс гуфта будем, ки мо ин наворро барои худамон сабт мекунем. Баъдан наворро аз мо гирифтанд ва гуфтанд, ки дар шӯъбаи вилоятии амният онро мо мебинем ва баъдан барои шумо пас мегардонем. Барои мо норавшан аст, ки дар ин маросим ба ғайр аз мо 3-4 камера буд ва ҳадди аққал 600-700 нафар тавассути телефонҳои муосир наворгирӣ мекарданд. Қариб 20 ҳазор нафар ҷанозагар, 2, 5 — 3 ҳазор мошин буд. Аммо ҳеҷ каси дигарро не, фақат ману рафиқамро аз аввали маросим то охир назорат карданд ва ба бинои амният оварданд.

[b]РО:[/b] Шеваи бархӯрди маъмурони амният бо шумо чӣ гуна буд?

[b]Далер Шарифов:[/b] Албатта дар аввал мо ҳамдигарро нафаҳмидем ва ба ҳамдигар баланд -баланд ҳарф мезадем. Чун мо аз субҳ ба ноҳияи Қумсангир рафта будем, хаставу гурусна будем ва ҳатто асабӣ ҳам шуда будем. Онҳо ҳам ки ба гуфтаи худашон фармон иҷро мекарданд, дар ҳолати корӣ буданд, шаб шуда буд, чунин бархӯрд карданд. Аммо баъдтар сӯҳбатҳо ором сурат гирифт. Чун мо ба қонунҳои амалкунанда такя кардем ва этикаи журналистиро низ риоят кардем ва ҳамин тавр онҳо низ шеваи бархӯрдро дигар карданд.

[b]РО:[/b] Хуб аз назари худи шумо ин иқдом чӣ ангеза дошт?

[b]Далер Шарифов:[/b] Аммо онҳо гуфтанд, ки шумо моро дуруст бифаҳмед, мо як шӯъбае ҳастем, ки фақат фармонро иҷро мекунем ва бо фармон кор мекунем. Ҳарчанд барои мо рӯшан накарданд, вале ба қавле аз куҷое фармон гирифта буданд, ки моро назорат кунанд ва маврид пурсуҷӯ қарор диҳанд.

[b]РО:[/b] Дар ниҳоят онҳо шуморо чи гуна ҷавоб доданд ва гусел карданд?

[b]Далер Шарифов:[/b] Албатта ҳангоме, ки сардорашон омад, сӯҳбат кардем моро ҷавоб доданд. Мо низ чун пуламон кам буд, хоҳиш кардем, ки то маркази шаҳри Қӯрғонтеппа моро биоранд. Аммо онҳо то маркази ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ оварданд ва ба маъмурони БДА дастур доданд, моро ба мошине шинонанд ва гусел кунанд. Аммо мо инро лоиқ надонистем ва худамон таксӣ кироя карда то Қӯрғонтеппа ва баъдан ба Душанбе баргаштем. Аммо маъмурони амниятӣ бо он, ки моро ҳудуди 2 соат дар шӯъба нигоҳ доштанд ва мушаххас нашуд, ки ба чӣ ҳадафе моро даъват карданд, бо ин ҳам узр напурсиданд ва мисле, ки чизе нашуда бошад, моро раҳо карданд. Даъват ба шӯъбаи амнияти Қумсангир ва пурсуҷӯҳои онҳо, муаммоеро монд. На танҳо барои мо рӯшан карданд, ки чаро чунин бархӯрде бо мо карданд, на барои мо рӯшан шуд, ки барои чӣ ин ҳодиса рух дод.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24778964.html

Ещё один сайт на WordPress