Пулти телевизиюн дасти мардум аст, ба ҳар коноле хоҳанд, «раъй” медиҳанд

[b]Агар барномаҳои як шабакаи телевизиюнӣ мутанаввеъ ва ҷаззоб набошанд, воқеъиятҳо, эҳсосоту авотиф ва манофеъи гурӯҳҳо ва ақшори мухталифи ҷомеъа дар он бозтоб наёбанд, бинанда ба дунболи манобеъи дигари иттилоърасонӣ хоҳад рафт.[/b]

Ин вазъият гоҳо боъис мешавад, ки ақшору гурӯҳҳои ба ҳошия рондашуда ва маҳрум аз ахбору иттилоъот, аз ҷумла ҷавонон ва табақоти нодору камбизоъат, ба манобеъе рӯй оваранд, ки афкори ифротгароёна ва музир барои ҷомеъаро таблиғ мекунанд.

Ин матлаб рӯзи ҷумъаи 7 декабр дар ҷаласае, ки Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати хориҷаи Бритониё дар Душанбе баргузор кард, матраҳ шуд.

Идомаи маводро бо пахш кардани нишони зерин дар сомонаи мо мутолиа кунед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=213]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=213[/url]

Источник:

Баҳси таъсиси телевизиони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон

[b]Имрӯз зимни як нишаст дар шаҳри Душанбе, зарурати таъсиси телевизиони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон, мавриди баҳс қарор мегирад.[/b]

Намояндагони шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон, коршиносони шабакаи Би-би-сӣ ва расонаҳои дигари электронии кишвар, рӯзи ҷумъа дар бинои Маркази Исмоилия, ба баррасии масъалаи зарурати таъсиси телевизиони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон, оғоз намуданд.

Ба қавли иштирокдорон, зимни ин ҳамоиш, бо намояндагони шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон роҳҳои истифодаи барномаҳо ва намоишҳои алоҳида дар чаҳорчӯби талаботи телевизиони ҷамъиятӣ дар шабкаҳои телевизиони Тоҷикистонро, мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои электронии Тоҷикистон ба парлумони кишвар пешниҳод кардаанд, ки ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни радио ва телевизион, банди махсус дар мавриди таъсиси телевизони ҷамъиятӣ дар кишварро ворид намояд.

Бо вуҷуди он, ки дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, ба вижа дар Қирғизистон телевизиони ҷамъиятӣ фаъол мебошад, ин барои нахустин бор аст, ки дар Тоҷикистон ин мавзуъ мавриди баҳс қарор мегирад. Дар ҳоли ҳозир дар Русия заминаҳои фаннӣ ва қонунии таъсиси телевизиони ҷамъиятӣ, омода шудааст.

Телевизиони ҷамъиятӣ комилан як телевизони мустақил буда, барномаҳои он бидуни фармоиш ва ё амри кадом ҷониб, аз ҷумла мақомоти давлатӣ ва ё ниҳоди дигар, омода ва пахш мешавад.

Телевизони ҷамъиятӣ ҳамчун минбари озод ва шаффофе дар ҷомеа хоҳад буд, ки дар он афкори гуруҳҳои мухталифи сиёсӣ, намояндагони аҳзоб, ходимони давлат ва ба сурати умум намояндагони ҳама ақшори ҷомеаи кишвар инъикос хоҳад ёфт.

Таъсиси телевизиони ҷамъиятӣ ба вижа барои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, муҳим хонда мешавад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24791706.html

МАҚОМИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ҶАМЪИЯТӣ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

[b]Бо ибтикори Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон ва дастгирии шӯъбаи байналмилалии ҳамкории Би – Би – Си 7 декабр дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Мақоми телевизиони ҷамъиятӣ дар рушди гузоришҳои мухталиф ва барномаҳои ҷолиб дар шароити интернет» баргузор мегардад.[/b]

Дар кори мизи мудаввар сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ Давлаталӣ Назриев, муовини сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Марк Оудгам, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев, ҳамчунин коршиноси бахши васоити ахбори оммаи шӯъбаи байналмилалии ҳамкории Би – Би — Си Марек Бекерман иштирок менамоянд.

Дар ҷараёни ин чорабинӣ вазифаҳои васоити ахбори оммаи давлатию ҷамъиятӣ дар замони интернет, ҳамчунин гузариш аз пахши ахбори давлатӣ ба ахбори ҷамъиятӣ ва тамобюлҳои рушди сиёсати таҳририи шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон муҳокима мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Источник: http://khovar.tj/society/25604-ma1179omi-televizioni-1207amiyat1251-dar-sharoiti-muosir.html

Бори андоз барои матбуоти тоҷик бештар мешавад

[b]Созмонҳои журналистии Тоҷикистон аз муқаррароти Кодекси нави андоз, ки бори бори андозро барои расонаҳо бештар мекунад, изҳори нигаронӣ намуданд.[/b]

[b]Нуриддин Қаршибоев[/b], раиси Анҷумани расонаҳои мутақили Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамаи созмонҳои журналиситии кишвар аз Кодекси нави андоз, ки бори андозро болои ВАО бештар мекунад, нигаронанад ва дар назар доранд, ки дар як номаи дастаҷамъӣ аз Кумитаи андоз дархост кунанд, то ба бандҳои Кодекс таҷдиди назар карда шавад.

Мутобиқи Кодекси нави андози Тоҷикистон, ки аз моҳи январи соли 2013 мавриди иҷро қарор мегирад, нашрияҳо бар иловаи молиёти мавҷуда, ӯҳдадоранд, андозҳои иловагиро пардохт намоянд.

[b]Ёқуби Саидзод[/b], рӯзноманигори тоҷик, мегӯяд, ки бар иловаи андозҳои дигаре, ки идораҳои нашрияҳо мепардозанд боз андоз аз даромади иловагӣ ба вазъи иқтисодии рӯзномаҳо, маоши кормандон таъсири манфӣ мерасонад.

Ба қавли Ёқуби Саидзод масъулони ҳафтаномаҳо аз соли нав ба он тараф маҷбур мешаванд, ки барои муътадил нигоҳ доштани вазъи молии худ нархи рӯзномаҳоро боло баранд.

Зимнан дар ҳамоиши созмонҳои журналистӣ ва дабирони нашрияҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар мавриди Кодекси нави андоз, ки дар он пардохти андози иловагӣ ҳатмӣ зикр гардидааст, изҳори ташвиш карда шуд.

[b]Завқибек Сиддиқов[/b], намояндаи Кумитаи андоз, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ таъйид кард, ки дар Кодекси андози ҷории кишвар барои матбуот имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд, ки дар Кодекси нав аз 1-уми январи соли 2013 бардошта шудаанд.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20121130/538/538.html?id=24785667

ИЗҲОРОТ ОИД БА ДАСТРАСӢ БА ШАБАКАИ ФЕЙСБУК, СОМОНАИРАДИОИ ОЗОДӢ ВА ДИГАР СОМОНАҲОИ ХАБАРӢ

Душанбе, Тоҷикистон, 30 ноябри соли 2012. – Баста шудани шабакаи Фейсбук, сомонаи Радиои Озодӣ ва дигар сомонаҳои хабарӣ аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон боиси нигаронии Сафорати ИМА мебошад. Иёлоти Муттаҳида боварӣ дорад, ки ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд дар озодона иброз намудани фикри худ, хоҳ дар майдони оммавӣ ва хоҳ дар шабакаи интернетӣ умумибашарист.

Мо аз Ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш мекунем, ки ҳуқуқи озодона иброз намудани ҳар шаҳрвандро эҳтиром кунад ва маҳдудиятҳоро аз шабакаи Фейсбук, сомонаи Радиои Озодӣ ва дигар сомонаҳои хабарӣ бекор намояд.

Источник: Сафорати ИМА дар Тоҷикистон.

Барои навсозии «Шарқи Озод» беш аз 11 миллион евро пешбинӣ шудааст

[b]Лоиҳаи навсозии комплекси табъу нашри «Шарқи Озод» мавриди баррасӣ қарор гирифт.[/b]

Аз Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба Озодагон иттилоъ доданд, ки ин лоиҳа рӯзи 29-уми ноябр зимни вохӯрии Давлаталӣ Саидов, раиси кумита бо Др Бернд, директори депортаменти маблағгузориҳои содиротии «Ландес Бонк» матраҳ карда шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, баррасии лоиҳаи навсозии Комплекси табъу нашри «Шарқи Озод» бо мақсади харидории таҷҳизотҳои замонавӣ барои тайёр намудани ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъидошта ва кортҳои пластикӣ ба маблағи 11,4 миллион евро пешбинӣ гардидааст.

Источник: http://www.ozodagon.com/khabarho/tojikiston/7132—l-r-11-

ШӯРОИ КОТИБОНИ МАТБУОТИИ ТОҶИКИСТОН ТАЪСИС ЁФТ

[b]Котибони матбуотӣ ва роҳбарони хадамотҳои матбуотии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ташкилоти ҷамъиятии худ – Шӯрои котибони матбуотии Тоҷикистонро таъсис доданд.[/b]

Дар маҷлиси муассисони ташкилоти ҷамъиятӣ Оинномаи он тасдиқ гардида, раис, ҳайати раёсат ва ҳайати комиссияи тафтишотии он интихоб гардиданд. Раиси Шӯрои котибони матбуотии Тоҷикистон Давлаталӣ Назриев – сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ба ҳайати раёсати Шӯро Муҳаммадато Султонов – котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фотима Ғоибова – сардори маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ, Саъдулло Раҳматуллоев – роҳбари хадамоти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Гавҳарой Ҳомидова – сардори шуъбаи робита бо ВАО Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, Суҳроб Қоҳирӣ – сардори шуъбаи робита бо ҷомеа, ВАО ва муносибатҳои байналмилалӣ, муовини сардори Раёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти ҶТ, Усмоналӣ Холиқов – прокурори калони Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва таблиғоти ҳуқуқии Прокуратураи генералӣ, Маҳмудхон Шоев – сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котиботи Вазорати маорифи ҶТ, инчунин Намояндаи Кумитаи садо ва симо шомил гардиданд. Фаррух Малахов (Суди олии ҶТ), Момагул Шодиева (Вазорати молия) ва Каримхон Валиев (Хадамоти алоқа) аъзои комиссияи тафтишотӣ интихоб шуданд.

Ба доираи фаъолияти Шӯро мусоидат дар самаранок сохтани кори хадамоти матбуотии вазорату муассисаҳо, фаъолияти касбию эҷодии котибони матбуотӣ, беҳтар ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма, тавсеаи дастрасӣ ба иттилои расмӣ ва табодули таҷриба дохил мешавад.

Дар назар дошта шудааст, ки дар рӯзҳои наздик ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои сабти ном намудани созмони ҷамъиятӣ ба Вазорати адлия пешниҳод мешаванд.

Источник: http://khovar.tj/society/25538-sh1263roi-kotiboni-matbuotii-to1207ikiston-tasis-eft.html

Қироншоҳ Шарифзода раиси Шӯрои ВАО интихоб шуд

[b]Журналисти саршиноси тоҷик Қироншоҳи Шарифзода раиси Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон интихоб шуд. Оқои Шарифзода дар ин мақом, ҷойгузини Зиннатуллоҳи Исмоил шуд.[/b]

Котиботи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон рӯзи ҷумъа 30-юми ноябр ба «Озодӣ» гуфт, ки пас аз ҷаласаи ҳисоботи солона, масъалаи интихоби раиси ҷадиди Шӯро дар миён гузошта шуд. Дар миёни номзадҳое, ки аз тарафи намояндагони васоити ахбор дар ин ҷаласа пешниҳод шуд, Қироншоҳ Шарифзода, устоди Факултаи журналистикаи Донишгоҳ миллӣ ба ҳайси раиси Шӯрои ВАО интихоб гардид. Аз тарафи рӯзноманигорон ва сардабирони ҳафтаномаҳо ва созмонҳои журналистӣ ҳамчунин номзадии профессор Иброҳим Усмонов, Мусо Асозода, Нуриддин Қаршибоев ва Аъзамхон Акбаров пешниҳод шуда буд, аммо онҳо номзадии худро пас гирифтанд.

Шӯрои ВАО аз сӯи як қатор созмонҳои журналистӣ, аз ҷумла, ИЖТ, АМРМТ, устодони донишгоҳҳо ва хабарнигорони мустақили Тоҷикистон дар соли 2009-ум баъди пазируфтани Кодекси ахлоқи журналист таъсис шуда буд. Дар кори таъсиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, САҲА ва коршиносони Академияи расонаҳои «Дойче велле», ки дар таҳияи Кодекси жуналист саҳм доштанд, мусоидат намуда буданд.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20121130/538/538.html?id=24785771

Нигаронии «Хабарнигорони бидуни марз» аз басташавии сомонаи «Озодӣ»

[b]Созмони “Хабарнигорони Бидуни марз” масдуд шудани сомонаи интернетии Радиои Озодӣ дар Тоҷикистонро маҳкум кард ва аз мақомоти Душанбе талаб намуд, ки сомонаи Озодӣ ва шабакаи иҷтимоии Фейсбукро оҷилан фаъол кунанд.[/b]

Ёҳан Биҳр, сарвари ин созмон гуфтааст, ки онҳо бо нигаронӣ афзоиши тамоюли масдуд карадани сомонаҳои мустақил мушоҳида мекунанд. “Ин сеюмин мавҷи бастани манобеъи муҳими хабарӣ дар соли равон аст, ки аввалӣ дар моҳи март, мавҷи дуввум — дар тобистони соли равон ва инак мавҷи сеюм бо масдуд кардани боз ҳам Фейсбук ва сомонаи радиои Озодӣ ҷараён гирифтааст“, гутфааст Ёҳан Биҳр.

Ӯ афзудааст, ки ин гуна рафтор на танҳо қобили қабул нест, балки эҳтимодро аз вазорати мухобирот коста мекунад, «зеро ин ниҳоди давлатӣ изҳороти зидунақиз пахш кардааст».

«Бидуни шубҳа, бо масдуд кардани сомонаи Озодӣ, Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳое шомил хоҳад шуд, ки интернетро цензура мекунанд. Дар мавридҳои гузашта сомонаҳое, ки баста шуда буданд, баъди чанде дубора фаъол шуданд ва мо умедворем, ки аз ин таҷриба дар робита ба Озодӣ низ кор гирифта мешавад», изҳор кардааст созмони “Хабарнигорони бидуни марз”.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20121130/538/538.html?id=24786085

Ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон

[b]Фардо, 30-юми ноябр, соати 10:00 дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-и пойтахт ҷаласаи солонаи ҳисоботии Шӯрои Васитаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон баргузор мегардад.[/b]

Аз дастгоҳи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа фаъолияти яксолаи шӯро натиҷагирӣ карда мешавад.

Дар кори ҷаласа ҳамчунин шикоятҳои якчанд ташкилот ва шаҳрвандони алоҳида, ки аз тарафи идораи ҳафтаномаҳо ва рӯзноманигорон дар инъкоси мавзӯҳои мухталиф меъёрҳои ахлоқии касбии рӯзноманигорӣ вайрон шудааст, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Гуфта мешавад, дар кори ҷаласа ба ғайр аз ташкилоту созмонҳои дохилии марбут ба ВАО, ҳамчунин намояндагони ташкилоту созмонҳои хориҷӣ ва корпусҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Источник: http://www.ozodagon.com/khabarho/tojikiston/7115-2012-11-29-11-05-18

Ещё один сайт на WordPress