ПАРВАНДАИ САДАМАИ ЖУРНАЛИСТ БА ПРОКУРАТУРА РАФТ

[b]Вазорати корҳои дохилӣ ба гумонбари садамаи нақлиётӣ бо иштироки журналисти маъруфи тоҷик Искандари Фирӯз, Насрулло Шарипов, тибқи моддаи 212, қисми ду айб эълон кард.[/b]

Дар ин бора Саидбек Фозилов, вакили дифои Ҷавоншери Искандари Фирӯз, писари журналист, ба TojNews иттилоъ дод.

Бинобар иттилои манбаъ, вакилони дифои журналист бо парванда шинос шуда, ҳаракати тафтишотӣ пурра хотима ёфтаанд.

— Муфаттиш парвандаро барои тасдиқи фикри айбдорӣ ба Прокуратураи генералӣ ирсол намуд.

Парванда мебоист рӯзи душанбе ба Прокуратураи генералӣ ирсол мешуд, аммо бо пайдо шудани ҳолатҳои нав, яъне мавриди бозпурсӣ қарор нагирифтани ду шоҳид, ин кор ба таъхир афтод.

Қарор дар бораи эълон кардани айб тибқи талаботи 212, қисми 2 нисбати Шарипов Насрулло Раҳматович 21-уми ноябри соли равон қабул гардид,- гуфт адвокат.

Дар парванда гуфта мешавад, Шарипов Насрулло Раҳматович талаботи бандҳои 2.1.1, қисми 4, 9.2 ва 10.1-и Қоидаҳои ҳаракат дар роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кардааст.

Ҳамчунин, маълум шудааст, ки Шарипов Насрулло Раҳматович қаблан доғи судӣ дошта, айнан бо ҳамин иттиҳом иҷрои ҷазои ҷиноӣ кардааст. Ӯ тибқи моддаи 212, қисми 2 барои пахш кардани шаҳрванд Гулмуродов М. 16-уми сентябри соли 2008 суд шуда, ба муддати 2 сол аз озодӣ маҳрум шуда будааст.

Ёдовар мешавем, ки шоми 9-уми октябри соли равон бар асари як садамаи нақлиётӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт журналисти маъруф Искандари Фирӯз ҷароҳати вазнин бардошта, ба Маркази тиббии «Қарияи Боло» интиқол дода шуда буд.

Баъди як моҳи беҳушӣ дар шуъбаи эҳёгарии “Қарияи Боло”, журналист ба Беморхонаи Ибни Синои пойтахт интиқол дода шуда, вазъи сиҳатаяш муътадил унвон мешавад.

Источник: HTTP://WWW.TOJNEWS.ORG/NODE/4965

Баррасии тарҳи қонуни матбуот ба таъхир афтодааст

[b]Шӯрои парлумони Тоҷикистон баррасии тарҳи қонуни матбуотро ба охирҳои моҳи ноябр гузоштааст.[/b]

Акрамшоҳ Филолиев, вакили парлумон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, баъзе идораҳо дар нисбати чанд паҳлӯи қонуни мазкур ба хулосаи умумӣ наомадаанд. Вай афзуд, ки пас аз ба натиҷаи ниҳоӣ расидан, тарҳи он ба кумитаҳои парлумон барои муҳокима пешниҳод хоҳад шуд.

Тарҳи нави Қонуни матбуот, ду соли пеш, аз сӯи вакилони парлумон, Олим Салимзода ва Акрамшо Филолиев таҳия шуда буд. Ин тарҳ чанд навбат дар маҳофили рӯзноманигорон баррасӣ шуда, мулоҳизоти хабарнигорон роҷеъ ба он гирифта шудааст. Аммо бо сабабҳои номаълум қабули он дар парлумон то кунун тӯл кашидааст.

Махсусан, бо назардошти он, ки бо пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон, банди муҷозот барои тӯҳмат ва таҳқир аз қонуни ҷиноӣ ҳазф шудааст, имкони қабули қонуни нави матбуот ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани он низ бештар шудааст.

Қонуни ҳозираи матбуоти Тоҷикистон дар 20 соли пеш, ҳанӯз дар соли 1990-ум аз сӯи парлумони Тоҷикистони Шуравӣ қабул шуда буд. Дар ҳафт-ҳашт соли пеш низ гурӯҳе аз созмонҳои журналистӣ бо пуштибонии созмонҳои байналмилалӣ тарҳе аз қонуни матбуотро барои қабул таҳия ва пешниҳод карда буданд, ки аз сӯи ниҳодҳо ва афроде, ки ҳаққи ташаббуси қонунгузорӣ доранд, дастгирӣ пайдо накард.

Источник: http://www.ozodi.org/content/news/24779029.html

Телевизиони К+ «ифротгаро» эълон шуд

[b]Шабакаи телевизиони К+, ки яке аз минбарҳои мухолифони ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Миёна арзёбӣ мешавад, аз сӯи Додситонии кулли Қазоқистон «расонаи ифротгаро» эълон гардид.[/b]

Рӯзи чаҳоршанбеи 21-уми ноябр, Додситонии кулли Қазоқистон созмонҳои сабтиномнашудаи «Олға» ва «Халиқ майдони»-ро ифротгаро эълом кард ва дастур дод, ки нашри рӯзномаҳои мухолифи ҳукумат, «Голос Республики» ва «Взгляд» қатъ карда шавад.

Додситонии кул ба феҳристи «расонаҳои ифротгаро» шабакаи телевизионии К+ ва сомонаи интернетии Stan.tv-ро ҳам шомил кардааст. Пахши ҳама гуна барномаҳои тавлидкардаи онҳо дар қаламрави Қазоқистон манъ карда хоҳад шуд. «Айб»-и ин созмону расонаҳо дар он аст, ки, аз нигоҳи Остона, онҳо аз тоҷиру сиёсатмадори маъруфи фирорӣ Мухтор Аблязов пуштибонӣ мекунанд.

Дар сомонаи Додситонии куллии Қазоқистон матни суханронии намояндаи додситонӣ, Нурдавлат Саундиқов нашр шудааст, ки бар пояи он, 19 ноябр, додгоҳи вилояти Мангистау аризаи раҳбари ҳизби «Олға», Владимир Козлов дар робита ба бознигарии ҳукми додгоҳи шаҳри Оқтауро баррасӣ кард ва онро бетағйир гузошт. «Ҳамин тариқ, гуфтааст намояндаи Додситонии кулл, ҳукми додгоҳии Владимир Козлов, Серик Сапаргалӣ ва Оқҷаннат Аминова қонунӣ шуд».

Нурдавлат Саундиқов афзудааст, ки «бар пояи ин ҳукми додгоҳӣ дар баробари Козлов ва дигарон созмонҳои сабтиномнашудаи «Олға» ва «Халиқ майдони» ва чанд расонаи хабарӣ ифтротгаро эълон шудааст ва фаъолияти онҳо бояд қатъ карда шавад. Додситонии кулли Қазоқистон ин созмону расонаҳоро «дар барангехтани низои иҷтимоӣ, тарғиби аз роҳи зӯрӣ ба даст овардани қудрат ва латма задан ба амнияти Қазоқистон» айбдор кардааст.

Болат Абилов, ҳамраиси Ҳизби сотсиал-демократии “Азат”, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ тасмими ахири Додситонии кулли Қазоқистонро як “беақлии навбатии Остона” номид. Ба гуфтаи ӯ, ба ҷойи аз байн бурдани камбудиҳо, мақомот мехоҳанд ин нашрияҳоро бо баҳонаи “ифротгароӣ” ва аммо дар асл барои бо Мухтор Аблязов рабт доштанашон банданд. Болат Абилов меафзояд, ки “хабари фоҷиае, ки соли гузашта дар Жанаозен рӯй дод, асосан тавассути ин нашрияҳо, сомонаҳо ва ин телевизионҳо дар олам паҳн шуд. Аз ин рӯ манъ кардан ё мубориза бурдан зарур нест, балки бояд ҳар мавзӯъро баҳсу баррасӣ кард.»

Мусоҳиби мо мегӯяд, “табиист, ки ин ҷо ягон хел ифротгароӣ нест. Вақте дар бораи коршиканӣ, фасод ё норасоиҳои ҷомеъа ҳарф мезанӣ, ин, тавре ҳукумат мехоҳад нишон диҳад, ифротгароӣ ё доман задани адоват дар ҷомеъа нест.”

Болат Абилов мегӯяд, ки ҳукумат роҳи нодурустро интихоб кардааст, зеро баъд аз баста шудани ин расонаҳо ҳатман нашрияҳои дигар арзи вуҷуд хоҳанд кард.

Аз нигоҳи Татяна Калеева, раиси созмони дифоъ аз ҳуқуқи расонаҳои хабарии Қазоқистонӣ, мақомоти Остона бо ифротгаро эълон кардани созмонҳову нашрияҳои мухолифин худро ва кишварро бадном хоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ, ин нашрияҳо режими феълиро танқид мекунанд ва “дар ҳар кишваре, ки худро демократӣ мехонад ва худро эҳтиром мекунад, ин як падидаи демократия маҳсуб мешавад”.

Источник: http://www.ozodi.org/content/kazaks-court—declared-kplus-televisoin-extremist/24777436.html

«ТВ Пойтахт минбари таблиғи шаҳрдорӣ нест»

[b]Ҳамасола дар саросари олам 21-уми ноябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии телевизион таҷлил карда мешавад.[/b]

Ин сана ба ифтихори нахустин Форуми байналмилалии телевизион, ки дар таърихи 21-22 ноябри соли 1996 сурат гирифт, бо қарори Ассамблеяи генералии СММ интихоб гардидааст. Телевизион яке аз васоити муассири ахбори омма ба шумор меравад, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаи мардум нақши муҳим мебозад.

Дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир чаҳор Шабакаи сартосарии давлатӣ: Шабакаи Якум, ТВ «Сафина», ТВ «Баҳористон» ва ТВ «Ҷаҳоннамо» фаъолият мекунанд. Ин Шабакаҳо аз тариқи моҳвораҳо низ барномаҳои худро дар саросари олам пахш мекунанд. Аммо бештари сокинони Тоҷикистон ахбору иттилоъро аз шабакаҳои хусусӣ ё хориҷӣ дастрас мекунанд, чун гуфта мешавад Шабакаҳои расмии Тоҷикистон барномаҳои ҷолиб ва диданӣ таҳия ва нашр намекунанд.

Аммо дар ин авохир ТВ Пойтахт, Шабакаи марбут ба шаҳрдории Душанбе ба нашру пахши барномаҳое шурӯъ кардааст, ки нашру пахши чунин барномаҳо дар Шабакаҳои дигар тақрибан номумкин аст. Чунин гардиши баъди ба вазифаи мудири ин Шабака омадани Абдуқодири Абдуқаҳҳор, раиси пешини Радиои тоҷик сурат гирифтааст. Хабарнигори «Озодӣ» бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии телевизион сӯҳбате дошт бо мудири нави ин шабака ва нахуст аз ӯ пурсид, ки бо чи ҳадаф ба нашру пахши барномаҳое даст задааст, ки дар Шабакаҳои дигар мамнӯъ аст:

[b]Абдуқодири Абдуқаҳҳор:[/b] Ҳар кас, ки профессионал ва ҳирфавист, ҳуқуқи дар телевизиони мо сӯҳбат карданро дорад. Ва ҳар кас сухане гуфтанӣ ба манфиати миллат ба манфиати шаҳри Душанбе ва ба бартараф кардани проблемаҳои пойтахт, мо барои ӯ вақти эфирӣ хоҳем дод. Ҳар кас, ки ҳунари ноб дорад, дар телевизиони мо баромад хоҳад кард. Мо ба хулоса омадем, ки ягон нафар мамнӯъ эълон намешавад ва нахоҳем гузошт, ки чунин шавад. Як ҳунарманд мумтоз бошад, чанд сад ҳазор бинанда дошта бошад, чи ҳақ дорем, ки онро дар ТВ роҳ надиҳем. Вай агар ҷинояткор набошад, дар пушти панҷара набошад ва баракс вай маҳбуб бошад, бинанда дошта бошад, чаро ӯ аз чашму назари тамошобин канор афтад. Баъдан ТВ моли падари ман ва ё аз касе дигар нест. Телевизиони шаҳри Душанбе аз ҳисоби андозсупорандаҳои пойтахт фаъолият мекунад. Ва шаҳрванди Душанбе чун андоз месупорад, ин телевизион аз они ӯст, чун мо аз ҳисоби бюҷети Душанбе фаъолияти худро пеш мебарем ва ӯ ҳақ дорад аз мо тақозо кунад, ки чаро фалон ҳунармандро шумо нишон намедиҳед, шумо аз ҳисоби маблағҳои мо фаъолият карда истодаед, ку. Аз ин рӯ ман гумон мекунам, ки ҳамаи онҳое, ки дар ҳавзаи бузурги фарҳангии шаҳри Душанбе ба сар мебаранд, бояд онҳо эфир дошта бошанд.

[b]Озодӣ:[/b] Радио,ТВ ва умуман Васоити ахбори омма асбоби сиёсӣ ҳастанд ва бидуни инъикоси масоили сиёсӣ фаъолияти онҳо то андозае камранг мешавад. Агар намояндагони аҳзоби сиёсии расмии Тоҷикистон бихоҳанд, ки аз тариқи Шабакаи «Пойтахт» сӯҳбатҳо дошта бошанд, мусоҳибаҳо ороянд, назарашонро дар ин ё он маврид иброз намоянд омода ҳастед, ки бо онҳо минбар диҳед?

[b]Абдуқодири Абдуқаҳҳор:[/b] Гуфтан мумкин аст, ки мо то андозае формати корро иваз кардем. Мо ба хулосае омадем, ки дар шаҳри Душанбе як шабакае намерасад, ки ниёзи мардумро дар иртибот ба масоили фарҳангиву фароғатӣ бароварда битавонад. Аслан мо мехоҳем, ки ТВ-и мо фарҳангиву фароғатӣ бошад. Аз ин рӯ мо барномаҳои сиёсиро дар Шабака камтар кардем.

[b]Озодӣ:[/b] Соли оянда соли интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаст ва ҳатто сӯҳбатҳое ҳам ба гӯш мерасанд, ки ТВ Пойтахт низ дар ин рухдод бетараф буда наметавонад ва муассисонаш шояд ҳадафҳое ҳам дошта бошанд ва аз ин хотир имкон дорад таблиғу ташвиқи шаҳрдорӣ бештар шавад?

[b]Абдуқодири Абдуқаҳҳор:[/b] Мо ҳама хуб медонем, ки ин овозаҳо ва ин суханҳо асос надорад. Мо медонем, ки ҲХДТ номзади арзандаи худро, яъне Ҷаноби Олиро интихоб кардааст. Дар сӯҳбати нахустине, ки бо шаҳрдор доштам, таъкид карданд, ки дар бораи он кас, яъне раиси шаҳр барномаҳо таҳия нашавад, гирди номи он кас ҳарфе нагӯем. Худашон намехоҳанд, ки дар навор бошанд. Мо шояд ягон нақл ё ягон план медиҳем, лекин қатъиян зид ҳастанд. Ба чӣ хотир мо «Пойтахт»-ро фарҳангиву фароғатӣ кардем? Мо паём доданӣ ҳастем, ки ин ҳадафро касе надорад ва худи ҷаноби раис ҳам гуфтанд, ки мо як номзад дорем – сарвари давлат, як пешво дорем – он ҳам сарвари давлат. Аз ин рӯ ин овозаҳо ҳам асос надоранд, ки шабакаро он кас барои тарғиби худ фаъол карда бошанд. Гуфтем, ки форматро дигар кардем, яъне соли оянда мо тақрибан бо сиёсат сарукор намегирем. Аз рӯи қонунҳое, ки моро иҷозат медиҳанд ва албатта, тарғиби интихобот, ки ҳар шабака бояд анҷом диҳад, яъне мардумро ба интихобот даъват кунад. Атрофи ин ё он шахсияти алоҳида мо намеистем. Ҳатто ман пешниҳод кардам, ки дар назди ҳукумати шаҳр як гурӯҳи вижа ташкил кунем. Аммо он кас розӣ нашуданд.Танҳо дар як ҳафта муҳимтарин рӯйдоде, ки дар шаҳр мешавад, ё иҷлосия мешавад, танҳо дар он сурат иҷозат доданд, ки як дақиқа дар бораи ҳамон иҷлосия маълумот диҳем, на дар бораи худашон. Худашон намехоҳанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24777490.html

Ассосиатсияи нави намояндагони хадамоти матбуот

[b]Тавре роҳбари Ассосиатсияи миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев дар семинари «Ҳамкории судманди намояндагони ВАО ва хадамоти матбуоти сохторҳои давлатӣ» дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон иброз дошт, дар Тоҷикистон ассосиатсияи нави намояндагони хадамоти матбуот ба миён меояд.[/b]

Мувофиқи суханони мавсуф, кумитаи тадорукотӣ аз ҷумлаи намояндагони хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф, Вазорати тандурустӣ, Кумитаи ҳифзи сарҳадоти давлатӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар семинаре, ки Ассосиатсия дар шаҳри Душанбе аз рӯи масоили муносибатҳои байни хадамоти матбуоти сохторҳои давлатӣ ва намояндагони ВАО доир намуд, тасмим гирифт, ки Ассосиатсияи намояндагони хадамоти матбуоти сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ таъсис дода шавад.

Ба қарибӣ дар шаҳри Душанбе конфронси тадорукотии ассосиатсияи мазкур баргузор мегардад. Мақсад аз фаъолияти он баланд бардоштани сатҳи касбии намояндагони хадамоти матбуот, ҳамчунин дастгирии техникии хадамоти матбуоти сохторҳои давлатӣ мебошад.

Источник: АМИТ «Ховар»

Мақоми сухангӯӣ — номи калону шаҳри вайрон?

[b]Сухангӯёни ниҳодҳои расмии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки Анҷумани намояндагони хадамоти матбуотиро таъсис диҳанд.[/b]

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин тасмим бо ҳамоҳангии хадамоти матбуотии вазоратҳои корҳои хориҷӣ, маориф, тандурустӣ ва раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ ва Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон гирифта шудааст. Вай афзуд, ҳадаф аз ташкили ин анҷуман, боло бурдани сатҳу сифати кори хадамоти матбуотии ҳукумати Тоҷикистон ба хотири беҳтар кардани дастрасии мардум ба иттилои расмист.

Ҳамчунин ба марокизи навтаъсиси матбуотӣ кӯмак расонида мешавад, ки барои расонидани иттилоъ ба мардум мусоидат кунанд. Дастрасӣ ба иттилоот ҳаққи қонунии ҳар як шаҳрванд аст, то ба истифода аз он дар ҳолатҳои зарурӣ тасмими заруриро гирифта тавонад».

Эҷоди Анҷумани сухангӯён дар ҳолест, ки аксари хабарнигорон кори марокизи матбуотии идораҳои давлатии Тоҷикистонро чандон муассир намедонанд ва мегӯянд, ба ҳамин далел дастрасӣ ба иттилои комилу фарогир, ки ироааш ба расонаҳо умдатарин вазифаи дафтарҳои матбуот аст, як мушкили асосӣ барои озодии матбуот дар ин кишвар боқӣ мемонад.

Дар ҳоле, ки дар дунёи имрӯз манобеи хабарсоз сухангӯёнанд, ки дар бораи ҳаводис ё таҳаввулоти муҳим мавқеи раҳбарият ва ҳукумати худро баён мекунанд, сухангӯёни ҳукумати Тоҷикистон дар аксар маворид ба даҳон об мегиранд ва дар иҷрои рисолати худ қафо мондаанд.

Тоҷикистон аз соли 2007 ба ин сӯ «Консепсияи сиёсати давлатӣ – иттилоотӣ» — ро қабул кардааст, ки бар пояи он, ҳар як ниҳоди давлатӣ бояд маркази матбуотии худро дошта бошад.

Давлат Назриев, сарвари Департаменти таҳлил ва иттилооти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, иҷрои ин консепсия камбудиҳои зиёд дорад ва дар бархе мақомот ба аҳамияти иттилоъ ҳанӯз сарфаҳм нарафтаанд. Вай афзуд: «Дар баъзе вазорату идораҳо ҳамчун як воҳид ё зерсохтори алоҳида вуҷуд доранд, аммо дар бархеи дигар сухангӯён ҳамчунин бо корҳои дигар машғуланд ва аз ӯҳдаи кори худ намебароянд. Дуюм масъала, ин салоҳияти онҳо аст, ки то куҷо дастрасӣ ба иттилоъ ва ҳаққи пешниҳод кардани онро доранд. Дар ин маврид сухангӯён бояд мустақим ба раҳбари ин ё он ниҳод ва иттилои дасти аввал дастрасӣ дошта бошанд».

Хабарнигорон фаъолияти чанд маркази матбуотии муассир дар Тоҷикистон, аз қабили хадамоти матбуотии вазоратҳои корҳои хориҷӣ, дохилӣ, дифоъ, маориф, Агентии назорати маводи мухаддир ва шаҳрдории Душанберо беҳтар мешуморанд, аммо ба қавли як рӯзноманигор, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, тайи як соли ахир онҳо ҳам «ҳисоби корро рафтаанд».

Ба қавли ӯ, бахусус ҳангоми ҳаводиси Бадахшон ҳеҷ як аз сухангӯёни таърифии ҳукумати Тоҷикистон аз ӯҳдаи вазифаи худ — дастрас кардани ҳатто иттилои расмӣ набаромад ва хабари Бадахшон аз манбаъҳои беруна бештар мерасид, то аз дафтарҳои матбуоти идораҳои расмӣ ва масъул.

Фаридуни Раҳнавард, сардабири Оҷонсии Тоҷнюс мегӯяд, хадамоти матбуотӣ бештар майл ба тарғиби фаъолияти ниҳодҳои худро доранд, на расонидани иттилоъ. Вай афзуд: «Аммо вақте иттилои хеле муҳим пайдо мешавад, марокизи матбуотӣ ё мегӯянд, ки пешниҳоди ин иттилоъ танҳо бо ризоияти раҳбар имкон дорад, ё мегӯянд, ки ягон мактуб орем ва ё умуман гӯширо намебардоранд. Ҳол он ки як оҷонсӣ бояд бо фаврияти худ аз дигар расонаҳо фарқ кунад».

Дар сӯҳбат бо мо як корманди маркази матбуотӣ бар нокифоятии маоши сухангӯён низ ишора карда, гуфт, дар асл ин вазифа «номи калону шаҳри вайрон» аст. Коршиносон ҳамчунин ба сатҳи нокифояи касбияти бархе сухангӯён дар идороти давлатии Тоҷикистон ҳам ишора мекунанд, ки танҳо ба хотири доштани дипломи рӯзноманигорӣ, соҳиби мақоми сухангӯ шудаанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24772996.html

Муфлисии рӯзномаҳо ба манфиати кист?

[b]Мо ба дараҷае нарасидаем, ки нашрияҳоямон аз дӯконҳо дар ҳоли навбатпоии хонандагони бешумор (чанд лаҳза ҳам бошад) фурӯхта шаванд. Мо ба дараҷае нарасидаем, ки матбуоти озод имкони фаротар аз пойтахти кишвар инъикоси воқеаю проблемаро дошта бошад, ки бештар идоранишин будани журналистонро гувоҳ аст. Аммо дар ҳолате қарор дорем, ки аз ҳама паҳлӯи фаъолияти онҳо андоз меситонем, ки мувофиқи зербанди 2-и моддаи 211-и Кодекси андоз, ба ин зайланд:[/b]

— андози ҳадди ақал (1% аз даромади корхонаҳо);

— андоз аз истифодаи роҳҳои автомобилгард (2% аз фонди музди меҳнат);

— андози замин (дар як сол як маротиба);

— андоз аз даромади шахсони воқеӣ;

— андоз аз хароҷот (то 13%);

— андози тибқи низоми соддакардашуда (4% аз даромади корхонаҳо) ва мувофиқ ба Кодекси нави таҳияшудаи андоз, ки аз якуми январи соли 2013 амал хоҳад кард, 6%-ро ташкил медиҳад;

— андоз аз фонд (25% солона).

Агар шавад, ки рӯзномаву маҷаллаҳои мустақили мо аз 200000 сомонӣ боло даромад кунанд, андоз аз арзиши иловашуда низ болояшон бор карда мешавад. Ҳарчанд аз даромади 200000 сомонӣ болои корхонаҳо андози тибқи низоми соддакардашуда ва андоз аз истифодаи роҳҳои автомобилгард дар ин ҳол гирифта намешавад, лек боз ҳам вазнинӣ болои ВАО меафтад.

Шояд фикр мекунед, ки ин қадар вазнин будааст, то нашрияе таъсис бидиҳию аз пайи муваффақиятҳояш бошӣ. Аммо ҳоло ҳам ин барои парлумону ҳукумат кам буд, ки ин қадар нашрияҳои мустақилро меҷафиданд ва метарсониданд, ки боз иқдом карданду дар таҳияи Кодекси нави андоз, ки аз якуми январи соли 2013 амал хоҳад кард, андоз аз арзиши иловашуда (НДС)-ро ҳам зам намуданд. Тибқи моддаи 169, банди 2-и он барои таҳвили рӯзномаю маҷаллаҳо, адабиёти бадеӣ, адабиёти бачагона, асарҳои илмӣ ва ғайра андоз аз арзиши иловашуда (НДС) ситонида мешавад, ки бечуну чаро боиси муфлисии рӯзномаю маҷаллаҳои мустақил хоҳад гардид. Зеро имрӯз нашрияву маҷаллаҳои хусусии мо то он ҳад камдаромаданд, ки мухбиронашон тавони аз пойтахти кишвар фаротару дуртар рафта, аз он ҷойҳо инъикоси воқеаю мушкили мардумро надоранд. Хатмкардаҳои факултаҳо ва дигар муассисаҳои таълимии журналистии кишвар бо сабаби камии маош дар идораҳои матбуот, намехоҳанд рӯзноманигор шуда кор кунанд ва барои нашрияҳо низ корманди зиёд доштан муҳим нест. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳоло матбуот ва минбари озодии сухани мо худ дар ҳоли буҳрон аст. Куҷо расад ба он, ки болояшон ин қадар андозбандӣ мекунанд, ки дар боло зикрашон рафт.

Дар Амрико, Англия, Шветсия, Дания, Олмон ва дигар кишварҳои мутараққӣ барои рӯзномаю маҷаллаҳо имкониятҳои зиёди молию ҳуқуқӣ дода шудааст, ки он беҳуда нест. Пеш аз ҳама барои ҳифзи идеологияи миллӣ ва фалаҷ нагардидани ҳукумат аст.

Даргириҳо ва тазоҳурот дар Тунис, Либия, Сурия ва дигар кишварҳои Шарқи наздик, ки боиси истеъфои ҳукуматҳо низ шудааст, ҳамин хел ба вуқӯъ наомадааст. Балки бо пошидани «шарбати заҳролуд», яъне иттилооъ ва мулоҳизаҳои бофтаю сохтаи ҷосусони интернетии Ғарб тариқи ВАО дар бораи ҳукумати онҳо ба вуҷуд омадааст.

Пас муфлисии рӯзномаҳои миллӣ ба манфиати кист? Ба манфиати тоҷик? Ба фоидаи ҳукумати кунунӣ? Не! Ҳеҷ гоҳ! Танҳо ба нафъи аҷнабиёни пулдору доною зирак ва муғриз. Ана баъд, онҳо пул медиҳанду матбуоти мустақилро фаъол мекунанд. Ба хотире, ки идеологияи худро тавассути он болои оммаи бедониш бор кунанд ва онро барои фалаҷ гардидани ҳукумат, ваҳдат, якпорчагӣ, демократия, дин ва ғайра ба по хезонанд.

Ин ки вазъ то ҷоест, ки ҳатман буҷаи давлатро бояд тавассути андозбандии ВАО пур кард, «русиёҳист». Агар «русиёҳӣ» нест, пас чаро ширкатҳои тиҷории «Ҳауксин Ғаюр семент», «IRS» ва ахиран «Осиё экспресс»-ро, ки нафъаш чисту соҳибаш кист, мақсадаш чист муайян нест, ҳукумат тавонист аз пардохти андоз озод кунад?

Аммо матбуоти озод аз онҳо дида, барои мардум бамаротиб нафъовартар аст. Рӯзномаҳои давлатӣ дар идораҳо болои ҳам хобанд. Чунки онҳоро ҳатто кормандони давлат ба пуррагӣ намехонанд, ки рисолаташон то ҷое амалӣ шавад.

Ва ахиран як сухани устод Айниро дар нисбати рӯзномаҳо иқтибос меорем, ки гуфтааст: «Миллате, ки рӯзнома надорад, забон надорад». Лек агар устод имрӯз мебуданд, шояд чунин мегуфтанд: «Миллате, ки рӯзнома надорад, аз худ бехуд шуда, забоне мебарорад, ки оқибат худро мехӯрад».

Ташрифуллоҳ САЪДУЛЛОЕВ

Источник: http://www.faraj.tj/index.php?newsid=1517

Шаҳрдори Душанбе Кабириро ба додгоҳ кашидааст

[b]Шаҳрдори Душанбе алайҳи Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раиси ҲНИТ, ба додгоҳ шикоят бурдааст.[/b]

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, аз болои Муҳиддин Кабирӣ, ҳамчун вакили Маҷлиси Намояндагон, ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шикоят бурдааст.

Як корманди шӯъбаи умумии Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 15-уми ноябр ин хабарро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карда гуфт, номаи шикоятӣ дар охирҳои ҳафтаи гузашта ба дасти онҳо расида буд.

Аммо дар хусуси ин ки Маҳмадсаид Убайдуллоев дар аризаи худ мушаххасан аз кадом амал ва ё ҳарфи Муҳиддин Кабирӣ шикоят кардааст, корманди шӯъбаи умумии додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ изҳори бехабарӣ кард. Вай гуфт, ки аз ин масъала муфаттишон огоҳанд.

Бо ин ҳол, ба қавли манбаъ, азбаски маҳалли ҷойгиршавии Маҷлиси Намояндагон ба қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонӣ тааллуқ дорад, аз ин рӯ, аризаи шикоятии шаҳрдорӣ низ ба Додгоҳи ин ноҳия фиристода шудааст. Манбаъ гуфт, ин нома ҳоло дар дасти муфаттишон аст.

То ҳол мақомоти шаҳрдорӣ дар бораи ин масъала ҳарфе нагуфта ва даъвои худро ҳам шарҳ надодаанд. Вале яке аз устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи рӯзи 12-уми ноябри ҳукумати шаҳри Душанбе ҳузур дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар мавриди нигарониҳои Муҳиддин Кабирӣ оид ба буридани дарахтҳо дар шаҳри Душанбе бо хашм сӯҳбат карда ва дар ин ҷаласа гуфтааст, ки зидди Муҳиддин Кабирӣ ба додгоҳ шикоят мебарад.

Қаблан Муҳиддин Кабирӣ дар як матлабе, ки таҳти унвони “10 сол пас Душанбе урён мешавад” (Тоҷнюс) дар хусуси дарахтбуриҳо дар хиёбонҳои пойтахт изҳори ташвиш карда буд.

Ҳукумати Душанбе дафъатан ба ин ҳарфҳои Кабирӣ посух дода, нигарониҳои раиси ҲНИТ-ро бепоя хонд.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ба посухи шаҳрдорӣ ҷавоб гардонида гуфта буд, ки «даври дӯғу пӯписа ва воҳимаҳо кайҳо гузаштааст ва ҳатто ин гуна шеваи раҳбарӣ низ дигар ба кор намеравад. Беҳтар аст, бо тафоҳум ва орому бидуни асабоният сӯҳбат кард ва ба шаҳрвандон низ имкон бояд дод, то танқид кунанд ва эрод бигиранд.»

Дар чанд моҳи пеш низ шаҳрдории Душанбе шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистонро барои нашри матлабе интиқодӣ ба додгоҳ кашонид ва додгоҳ низ ин қазияро ба нафъи шаҳрдорӣ ҳал кард ва ҳатто шабакаи телевизион муваззаф шуд, ки аз шаҳрдорӣ узр пурсад. Аммо шабакаи аввал на танҳо узр напурсид, балки барномаи муфассале дар бораи матлабаш ва иддаои шаҳрдориро нашр кард.

Источник: http://www.ozodi.org/content/ubaydulloev-vs-kabiri/24771837.html

«Ҷаҳоноро» аз додгоҳ қатъи парвандаашро талаб кард

[b]Телевизиони “Ҷаҳоноро” дар Чкалов аз додгоҳи шаҳри Хуҷанд талаб кардааст, парванда алайҳи ин муассисаро қатъ намояд.[/b]

Додситонии вилояти Суғд охири моҳи сентябри соли равон алайҳи телевизиони хусусии “Ҷаҳоноро” барои пахши хабари «нодуруст» дар бораи ҳалокати 38 нафар дар сӯхтори бозори “Корвон”, мутобиқи банди 373- и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, парванда боз карда буд.

Як манбаъи наздик ба тафтиши ин қазия аз додситонӣ ба “Озодӣ” гуфт, дар сарчашмаи иттилоъ шумораи эҳтимолии ҳалокшудагон “бинобар маълумоти ғайрирасмӣ 3 – 8 нафар” нашр шуда буд, вале “Ҷаҳоноро» бидуни санҷиш, иштибоҳан онро “38 нафар” эълон кард, вале баъдан ҳам дар мавриди хабари нодурусти худ раддия пахш накард.

Аммо Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифоъи телевизиони мазкур ба “Озодӣ” гуфт, манбаъи он хабар хабаргузории “Тоҷнюс” буда, Қонуни матбуоти Тоҷикистон дар чунин ҳолат истифодакунандаи онро “бо зикри манбаъ” аз ҷавобгарӣ озод менамояд. Ҳамчунин, дар пайи пахши он хабар, “Ҷаҳоноро” раддия пахш карда, хабари дурустро дар ихтиёри бинандаҳои худ гузошт, вале аз ҷониби мақомот нодида гирифта шуд.

Хонум Ҷӯраева афзуд, додситонӣ бо мухолифат ба қонунгузорӣ беш аз 40 рӯзи баъди ифтитоҳи парванда аз додани нусхаи қарор ба “Ҷаҳоноро” худдорӣ мекард ва онҳо ҳамакнун баъди ба даст овардани он, ба додгоҳ шикот бурданд. Дар сурати исботи шудани даъвои додситонӣ, қонун ба раҳбар ва сармуҳаррири телевизиони хусусии “Ҷаҳоноро” аз 30 тоо 200 нишондиҳандаи ҳадди ақал ҷарима пешбинӣ кардааст.

Ба гуфтаи хабарнигорони “Ҷаҳоноро”, пас аз нашри хабари нодуруст мақомот роҳбар ва сармуҳаррири телевизиони мазкурро мавриди фишору таҳдид қарор додаанд. Маҳмудон Дадобоев, раҳбари “Ҷаҳоноро” ба “Озодӣ” гуфт, дар пайи фишорҳои мақомот ва соҳиби телевизион, ночор зери аризаи истеъфои худ имзо гузошт.

Телевизиони хусусии “Ҷаҳоноро” соли 1992 таъсис ёфта, субҳу шом 8 соат намоиш пахш мекунад. Ҳамчунин, дар канори он радиои ҳамномаш низ аз моҳи июли соли равон бо 6 соат барномаҳои хабариву мусиқӣ дар шабонарӯз фаъол шудааст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24770323.html

Фароҳамоварони интернет: Бег Зуҳуров, биёед, вохӯрем!

[b]Анҷумани ширкатҳои интернетрасон хостори мулоқот бо Бег Зуҳуров, сарвари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шудааст.[/b]

Асомуддин Атоев, сарвари Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет дар Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз ин мулоқот баёни нигаронӣ аз ташаббуси нави Хадамот дар мавриди ташкили Маркази мониторинги шабакаҳои АйПӣ (IP) ва ҳам пешниҳоди роҳи ҳалҳост.

Қаблан, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни як нома аз вазоратҳои молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, ҳамчунин кумитаҳои амният ва сармоягузории кишвар, пешниҳод карда буд, ки аз таъсиси ҳамчунин ниҳод пуштибонӣ кунанд. Зарурати таъсиси ин марказ дар ин нома ба ҳадафи таъмини амнияти иттилоотӣ, ҷилавгирӣ аз мавридҳои нақзи ҳуқуқи шахсони ҳуқуқиву воқеӣ ва муайян намудани масъулият барои пешниҳоди хадамоти пастсифат шарҳ меёбад.

Ҳамчунин дар ин нома омадааст, ки «ҳангоми бақайдгирии муштариён ва истифода аз хидматрсонии интернет амнияти иттилоотӣ халалдор гардида, ба ин васила амалҳои таҳдидкунандаи суботи миллӣ ба воситаи иттилоот сурат мегиранд ва саривақт танзим нагардидани хадамоти мазкур авзои сиёсии кишварро метавонад зери таҳдид қарор диҳад.»

Аммо Асомуддин Атоев мегӯяд, Хадамоти алоқа мақсаде гузоштааст, ки аз рӯи имконоти мавҷуда расидан ба он имконнопазир аст, аммо ба амнияти иттилоотиву иқтисодии Тоҷикистон таъсири манфӣ дорад. Ба қавли ӯ, ин вазъ рақобатро миёни ширкатҳо танг ва даромади онҳоро кам мекунад ва дар бозори хидматрасониҳои Осиёи Марказӣ маҳдудиятҳо ба миён меорад.

Ҳадаф аз ташкили Маркази мониторинги шабакаҳои АйПӣ (IP) ба таври физикӣ ба як марказ пайваст кардани ширкатҳои интернетрасон аст, ки тамоми бозорро вобастаи технологияи як ширкати мухобиротӣ мекунад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/ip-internet-tajikistan/24769235.html

Ещё один сайт на WordPress