«Одноклассники» ҳам баста шуд

Имрӯз аз тарафи Хадамоти алоқа шабакаи иҷтимоии «Однаклассники» баста шуд.

Як манбаъ аз ин ниҳод ба faraj.tj хабари қатъ гардидани ин шабакаро тасдиқ кард ва иброз намуд, ки дар ин бора дастури шифоҳӣ ба ширкатҳои интернетрасони кишвар сурат гирифтааст.

Аз ин пеш шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» ва портали «Ютуб» ҳам дар Тоҷикистон масдуд шуда буданд. Баъдан корбарони торнамои бахши тоҷикии Радиои «Озодӣ» ҳам гуфтанд, ки дар вуруд ба ин сайт мушкил доранд.

Масдудияти «Одноклассники», «Фейсбук» ва портали «Ютуб» дарҳолест, ки хабари ҳамлаҳои мусаллаҳонаи ахир ба Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат баҳси зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст.

 

http://faraj.tj/news/10666-odnoklassniki-1203am-basta-shud.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *