Изҳороти Раёсати ИЖТ бар зидди ҳамлаи гурӯҳи муташаккил

Раёсати Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи гурӯҳи муташаккилро ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат, инчунин дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҷинояти ваҳшатангез ва амали террористӣ маҳкум кардааст.

Дар изҳороти ин ниҳод аз ҷумла омадааст, ки «терроризм маҳал, миллат, мазҳабу макон надорад ва бо масъулияти тому қотеъона аз сохторҳои қудратии кишвар таҳқиқва тафтиши ин амали зиштро тақозо менамояд. Бояд тазаккур дод, ки ин амали нангин дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва авҷи созандагию бунёдкории халқи тоҷик ҳеҷгоҳ обрӯ, мақом, шӯҳрати ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ коста намекунад. Имрӯз ба иқтидори ҳарбӣ, тавоноии мудофиавӣ, ҷасорату матонати сохторҳои қудратӣ дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша бо сарварии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон шакку шубҳа нест».

Ба изҳори ин ниҳод, ҳамлаи ноҷавонмардонаи террористии як гурӯҳиҷинояткор ҳеҷ гоҳ фазои ором, сулҳу субот, ваҳдати кулли шикастнопазири моро халалдор карда наметавонад.

— Дар баробари маҳкуми ин амал, мо аз ҳамкасбони гиромӣ, ҳамаи кормандони васоити ахбори умум эҳтиромона тақозо мекунем, ки дар инъикоси ин амалҳои ҷиноӣ ба эҳсосот, мӯъҷизасозӣ дода нашаванд. Дар чунин ҳолат манфиати миллӣ ва ватанпарастӣ аз манфиати гурӯҳӣ, шахсӣ садҳо бор болотар аст. Ба замми ин, мо инъикоси инҳодисаҳои ҷиноиро аз ҷониби як идда расонаҳои иғвоангези хориҷӣ, иғвогарони зархариди хориҷи кишварро чун терроризми иттиллотӣ, «ҷанги иттиллотӣ»-и ноҷавонмардона ва хиёнат ба Ватан арзёбӣмекунем,- омадааст дар изҳорот.

 

http://faraj.tj/news/10689-iz1203oroti-raesati-izht-bar-ziddi-1203amlai-gur12631203i-mutashakkil.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *