О.Матхолов, Р.Одинаев, М.Юсуфӣ – чеҳраҳои нави раҳбарикунанда дар радиои Тоҷикистон

Фаррух Зиёев, директори нави радиои Тоҷикистон дар ниҳоди зертобеаш тағйироти кадрӣ гузаронд.

Бино ба иттилои як масъули радиои Тоҷикистон, 7-уми август муовини директори радиои Тоҷикистон ва сармуҳаррирони радиоҳои “Садои Душанбе” ва “Овози тоҷик” нав шуданд. Ба гуфтаи ин масъули радио, Обид Матхолов, ки дар вазифаи муҳаррири варзиди идораи барномаҳои таҳлилӣ кор мекард, муовини директор таъин шуд. Дар ин вазифа Фаррух Зиёев кор мекард, ки моҳи июн ба курсии директори радио нишаст.

Инчунин, Раҳматилло Одинаев сармуҳаррири идораи барномаҳои таҳлилии радиои Тоҷикистон таъин шудааст.

Тибқи тағйироти нав Махфират Юсуфӣ, муҳаррири идораи барномаҳои субҳи радиои Тоҷикистон минбаъд сармуҳаррири радиои “Садои Душанбе” хоҳад буд. Қаблан, Шоира Раҳимҷон дар як маҳфил эълон карда буд, ки аз рӯзи душанбе (3-юми август) сармуҳаррири “Садои Душанбе” мешавад.

Машраб Маликов, ки дар вазифаи мудири шӯъбаи танзим кор мекард, сармуҳаррири радиои “Овози тоҷик” шудааст.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/omatholov-rodinaev-myusufi-chekhrakhoi-navi-rakhbarikunanda-dar-radioi-tochikiston

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *