Нишасти матбуотӣ агар барои журналистон чун шаст дар дарёи иттилоот бошаду аз истифодаи он хушашон ояд, барои намояндагони мақомот, ки моҳиёни ин дарёро мемонанд, як дарди саре беш нест.
Яқин аст, ки дар арафаи нишастҳо ҳам журналистон, ҳам тарафи ҳисоботдиҳанда тайёрӣ мебинанд ва ҳар ду ҷониб ҷаҳд менамоянд, ки масъулияти худро ба хубӣ иҷро кунанд. Вале бадбахтона, ин давра на ҳамаи масъулин масъулияти худро иҷро карда тавонистанд.
Мувофиқ ба талаботе, ки ҳар як нишасти матбуотӣ дар бар мегирад, бояд барои баргузории нишастҳо шароит фароҳам оварда шавад. Яъне, нишастро дар як маконе бояд барпо кард, ки ҳам барои журналистон роҳат бошаду ҳам барои нафарони масъул. Хушбахтона, аз ҷониби давлат ҳамчунин ҷойе бино карда шудааст, бо номи «толори маркази матбуотӣ», ки дар бинои Маркази таҳқиқоти стратегӣ ҷойгир аст. Аммо на ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ хоҳиши истифодаи онро доранду гузаронидани нишастҳоро дар толори маҷлисгоҳҳои идораҳояшон авло медонанд. Агар маҷлисгоҳҳои баъзеи ниҳодҳо дорои шароити хуб бошанд, бархе танҳо маҷлисгоҳ асту бас, на макони баргузории нишасти хабарӣ.
Бигирем нишасти Донишгоҳи омӯзгориро, ки дар маҷлисгоҳи донишгоҳ баргузор гашт. Яке аз камбудиҳояш ин буд, ки дар ҳавои гарм ҳавокаш гармӣ медод ва ҳарчанд аз масъулин хостем, то хомӯшаш кунанд, касе «пулт» — ашро пайдо карда натавонист. Ва ё бигирем нишастеро, ки дар идораи оҷонсии зидди фасод доир шуд. Садои баланди кондитсионер сабаб шуд, ки на журналистон овози масъулинро мешуниданду на масъулин суолҳои журналистонро. Ба мисли ин ниҳод боз буданд чандин вазорату муассисаҳое, ки нишасти хабариро дар толорҳои маҷлисӣ, ки онҷо танҳо тариқи баландгӯякҳо овозро мешавад шунид, барпо карданд ва бадбахтона, ҳеҷ кадоми онҳо баландгӯяк надоштанд.
Илова бар ин, дар аксари нишастҳое, ки берун аз Маркази матбуотӣ доир мегашт, оддитарин чиз — муҳайё кардани дафтару қалам барои рӯзноманигорон ба назар гирифта нашуда буд. Инҷо бар замми ниҳодҳои зикршуда боз метавонам Вазорати молияро, ки яке аз ниҳодҳои сармоядори кишвар аст, мисол оварам, чун харидории як қаламу дафтар барояшон гаронӣ кардааст. Ҳатто дар аксари нишастҳо обе барои нӯшидан гузошта нашуда буд.
Яке аз мушкилҳои муҳиме, ки қариб дар ҳамаи нишастҳо дида мешуд, ин ҳузур надоштани вазирону раисони ниҳодҳо буд. Бадбахтона, дар ин давра якчанд манотиқи кишвар офатзада шуду ба гуфтае, вазирон ҳам дар пайи ёрӣ кардан ба офатзадагон будаанд. Вале намедонам чӣ мушкилие дошт, барои вазиру раисе, ки агар хоҳанд, дар як он ба Дубаю Истамбул дамгирӣ мераванд, ҳамагӣ як рӯзак назди рӯзноманигорон оянду ба суолҳои онҳо посух гӯянд… Шояд онҳо аз сабаби ба посух гуфтан омода набуданашон баҳонаҷӯӣ карда, худро канор гирифтанд?!
Чизи дигаре, ки дар ҳамаи масъулин дида мешуд, ин канораҷӯӣ аз сиёсат ва суолҳои ба сиёсат рабтдошта буд. Ҳеҷ кадоме аз онҳо ба чунин суолҳо ҷавоби аниқ дода наметавонист ва агар донанд ҳам, канораҷӯӣ мекарданд. Ба мисле, ки қаблан ба ҳамаи онҳо фаҳмонида бошанд, ки ба чунин суолҳо чунин посух гӯед, ё аз посух додан худдорӣ кунед. Ва маҳз канораҷӯии онҳо боис гашт, ки чандин суол беҷавобу чандин масъалаҳо норӯшан монад…
Хулоса, дар нишасти имсола бо вуҷуди ҳамаи нуқсонҳояш ҳар касе то андозае тавонист дар шасти худ моҳиеро биафтонад, аммо ҳамоно моҳиҳои бузург дар дарё бепарвоёна шино мекунанд…
Кӣ медонад, эҳтимол моҳидори хубе пайдо гардаду дар мавсими оянда ин моҳиҳои бузургро ба шаст андозад?