Нишасти навбатии САҲА дар Душанбе

Дар Душанбе тайи ду рӯз 27-28 июл, ҳаштумин нишасти омодабошии САҲА дар самти иҷрои ӯҳдадориҳои ҳуқуқи инсон баргузор мешавад.

Тавре намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо иттилоъ додааст, дар ин нишаст 129 намояндаи ташкилотҳои давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъятӣ, ҳуқуқшиносон ва коршинос ширкат хоҳанд кард.

Ғайр аз ин ширкати намояндагони ташкилотҳои байналмиллалии мустақари Тоҷикистон низ дар назар дошта шудааст. Ин нишаст таҳти роҳбарии ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода доир мешавад.

Муҳимтарин масъалаҳои дар ин нишаст муҳокимашаванда, масъалаҳои иқтисодӣ иҷтимоӣ ва муҳоҷират иборат буда, ҳамчунин масъалаи ҳуқуқи кормандони ҳарбӣ, озоди аз нақзи ҳуқуқ ва соири масъалаҳои ба ҳуқуқҳои инсон дахл дошта мавриди баррасии васеи намояндагони созмонҳои мухталифи хориҷиву ватанӣ сурат мегирад.

 

http://faraj.tj/news/10106-nishasti-navbatii-sa1202a-dar-dushanbe.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *