Шаҳрдории Душанбе омода аст, ки дар бораи фаъолияти шашмоҳааш дар соли 2015 ба суолҳои хабарнигорон посух диҳад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, нишасти матбуотӣ ин ниҳод рӯзи чоршанбе, 29-уми июл, соати 10-00 дар толори КВД «Маркази равобити пойтахт» баргузор мешавад.
Аммо дар Ҳукумати шаҳри Душанбе нагуфтанд, ки Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси ширкат ширкат мекунад ё на. Дар нишастҳои қаблии шаҳрдорӣ ҳамеша муовинони раиси шаҳр ширкат мекарданд.
http://tojnews.tj/tj/news/anons-shakhrdorii-dushanbe-habarnigoronro-ba-nishasti-habari-davat-mekunad