Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги кишвар истифодаи калимаи «Стриптизклуб»-ро, кичанде пеш номбурда вобаста ба клубҳои шабона дар шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣнамуда буд, рад кард.
Вазири фарҳанг дирӯз, 22-июл зимни нишасти матбуотии вазорат аз он изҳори нороҳатӣнамуд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ калимаи «Стриптизклуб»-ро ба забон наовардааст ва тасмим дошт радия нависад:
-Ман ҳеҷ гоҳ чунин калимаро истифода набурдаам. Воқеан, ман бояд раддия менавиштам. Инкалимаро шумо, муҳтарам хабарнигорон истифода бурдед! Мо фармоиши махсус баровардем, ки дар ҳамкорӣ бо органҳои ҳифзи қонун, Кумитаи занон дар ин самт рейдҳо гузаронем. Вале теъдоди зиёди ҳунармандон бегоҳиҳо дар чорабиниҳои фарҳангӣ ширкат меварзанд. Нисбати он клубҳои шабонае, ки фаъолият доранд, бевосита ба доираи фаъолияти органҳои ҳифзи қонун рабт дорад. Мо тасмим гирифтем,ки дар ҳамкорӣ бо онҳо рейдҳо мегузаронем, вале мутаассифона то имрӯз чунин рейдҳо доир карда нашудааст, -иброз дошт Орумбекзода.
Ин дар ҳолест, ки сару садоҳо дар мавриди зиёд будани клубҳои шабона, инчунин «Стриптизклубҳо» дар шаҳри Душанбе шунида мешавад. Ахиран бо зиёд гардидани шикоятҳои сокинони маҳалли ин клубҳо аз ҷониби шаҳрдорӣ тасмим гирифта шуд, ки фаъолияти ҳама гунаклубҳои шабона то соати 23:00 иҷозат дода шавад.