Ғуломҷон Маҳмудов, муовини пешини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон шаби 22 ба 23-юми июл дар синни 75-солагӣ даргузаштаст. Зайнуддин Орифӣ, рӯзноманигор ва ҳамкори собиқи марҳум бо таъйиди ин хабар ба “Озодагон” гуфт, Ғуломҷон Маҳмудов аз бемории қалб даргузаштааст: “Ғуломҷон Маҳмудов аз соли 1977 то 1997 ба ҳайси муовини раиси Кумитаи радио ва телевизион фаъолият мекард. Ӯ яке аз бунёдгузорони телевизиони маҳаллии “Анис”-и шаҳри Конибодом дар соли 1992 буд ва баъди ба нафақа баромадан директори ҳамин телевизион шуд”.
Ғуломҷон Маҳмудов аълочӣ ва корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Маросими видоъ бо ӯ имрӯз дар шаҳри Конибодом дар назар аст.
Шаби гузашта инчунин Галина Дзутсева, муҳаррири нашрияи русзабони “Бизнес и политика” дар пайи фишорбаландӣ ва хуруҷи бемории қалб дар синни 72- солагӣ даргузашт.
http://www.ozodagon.tj/27187-darguzashti-zhurnalisti-duyumi-toik-dar-1-rz-az-dardi-alb.html