Феълан дар Тоҷикистон 26 номгӯ нашрияҳои кӯдакона чоп мешавад, ки тибқи омори расмӣ, моҳе куллан ҳудуди 30 000 нусха ба чоп мерасанд. Маъмултарини онҳо маҷаллаи наврасону ҷавонон «Истиқбол» (собиқ «Машъал»), маҷаллаи кӯдакон «Чашма», моҳномаи «Анбоз» (собиқ «Пионери Тоҷикистон») мебошанд. Дар қатори онҳо рӯзномаю маҷаллаҳои хусусии «Зангӯла», «Навниҳол», «Гул-гул», «Гулчин», «Сомониён», «Ворисони Сомониён», «Афсонаҳо», «Боғи дониш», «Субҳи дониш», «Ғунчаҳои умед», «Парвин», «Бойчечак», «Уқувчилар», «Устоз», «Замондош»-ро метавон ном гирифт, ки барои хонандагони макотиби таҳсилоти миёна нашр мешаванд.
Аммо Абдулвоҳиди Зевар, муҳаррири маҷаллаи кӯдаконаи «Чашма» мегӯяд, сифати нашрияҳои мазкурро метавон танҳо бо нашрияҳои дигари худи Тоҷикистон муқоиса кард, чун қобили қиёс бо матбуоти кӯдакони кишварҳои дигар нест. Ба ақидаи ӯ, нашрияҳои кӯдакона аз нигоҳи мӯҳтаво сифати хуб надоранд ва ҳам ба камбуди мутахасисони ҳирфаӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.
Абдулвоҳиди Зевар афзуд: “Дар Иттифоқи нависандагон бахши адабиёти бачагонаро бастанд, дар итиҳодияи рӯзноманигрон бошад, шӯъбае вуҷуд надорад, ки нашрияҳои кӯдаконаро танзим кунад ва ё ҳам дар факултаҳои журналистика дар донишгоҳҳои кишвар барои ин нашрияҳо кадр омода намекунанд. Бо ин ҳол намешавад барои хонандаи хурдсол матлабҳои ҷолибу хонданӣ таҳия ва пешниҳод кард.”
Бетаваҷҷуҳии толибилмон ба нашрияҳои даврии бачагона волидони онҳоро ҳам нигарон кардааст. Аксари онҳо мегӯянд, ҳоло дигар ин холигоҳро асосан бозиҳои компютерӣ ва смартфону интернет пур кардааст. Маҳтоб Каримова, сокини пойтахт гуфт, се сол пеш барои ду фарзандаш чанд номгӯи маҷаллаҳои кӯдаконаро мехарид, аммо ҳоло кӯдаконаш нашрия намехонанд: “Дар замони Шӯравӣ нашрияҳо вобаста ба зиндагии наврасон матлаб омода мекард. Ҳоло намедонам, ё бачаҳо пеш рафтаанд ваё матбуот қафо мондааст, ки фарзандон ба он завқ надоранд.”
Барнои Қодирдухт, сардабири «Истиқбол» — маҷаллаи наврасону ҷавонон мегӯяд, ҳарчанд имрӯз фанновариҳо рушд кардаву таваҷҷӯҳи бачаҳоро ба худ ҷалб кардааст, вале ба бовари , ягон фанноварӣ наметавонад, “ҷои як шеъри хуб ё ҳикояи ҷолибро бигирад.”
Таҳлилгарон мегӯянд, вақти он расидааст, ки масъалаи нашрияҳои кӯдакона мавриди таҳқиқи алоҳида қарор гирифта, ба вазъи онҳо аҳамияти бештар дода шавад. 5 сол пеш ҳам Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо як дастур обунаи нашрияҳои кӯдаконаро ки аксаран тобеъи Вазорати фарҳанганд, дар муассисаҳои таълимӣ манъ карда буд. Ва акнун ин ниҳод худ барои “газетхон” кардани хонандагони мактабҳо дастбакор шудааст.
http://www.ozodi.tj/content/children-media-in-tjk/27360229.html