Сардабири маҷаллаи «Паёми Суғд» Неъмати Оташ дар шаҳри Хуҷанд аз олам даргузашт.
Шоир ва сардабири маҷаллаи «Паёми Суғд» Неъмати Оташ бар асари сактаи қалб дар синни 62-солагӣ фавтид. Рӯзи 8 ноябр дар шаҳри Хуҷанд маросими ҷанозаи ӯ баргузор шуд.
Маҷмӯаи аввали Неъмати Оташ таҳти унвони «Шукуфа» соли 1989 аз ҷониби нашриёти «Адиб» ба табъ расида, боз се маҷмӯаи дигари ӯ — «Садои сабзи шукуфтан», «Мунтахаби ашъор» ва «Ба ишқ бовар кун» давоми солҳои 1999-2003 ба нашр расидаанд.
http://news.tj/tj/news/darguzashti-sardabiri-ma-allai-paemi-su-d-nemati-otash