Бо гузашти беш аз 10 рӯз хидматрасонии паёмакҳо ба воситаи телефонҳои ҳамроҳ аз нав имконпазир шуд.
Бо гузашти якуним рӯз аз шуруъи амалиёти мақомот алайҳи гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар дараи Ромит, нимаи дуюми рӯзи 6-уми сентябр истифода аз хидматрасонии sms ва mms аз ҷониби ширкатҳои мобилии Тоҷикистон қатъ гардид. Ширкатҳо бидуни ҳеч огоҳие ин хидмарасониро барои муштариёнашон дастнорас карданд.
Як манбаъ аз мақомот ба TojNews гуфта буд, ки манъи табодули sms ва mms ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон сурат гирифтааст. Мумкин аст, ки баъди таҷлил аз Рӯзи Истиқолол ин хидматрасониҳо аз сар гирифта шавад, — гуфта буд ӯ. Аммо ин хидматрасонӣ бо анҷоми амалиёт алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим, ки 16-уми сентябр бо кушта шудани ӯ ва ҳамроҳонаш бо гузашти 12 рӯз ба охир расид, аз нав барқарор шуд.
Соли гузашта низ дар моҳи октябр дар пайи паҳни овозаҳо дар бораи гирдиҳамоӣ дар Душанбе ирсоли паёмак ба воситаи телефонҳои ҳамроҳро қатъ карда буданд.
Аммо то ҳол дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ назири Фейсбук ва Одноклассники ва видеопортали ютюб дар Тоҷикистон дастнорасӣ боқӣ мондааст.
http://www.tojnews.tj/tj/news/masdudiyat-dar-istifodai-sms-va-mms-bartaraf-shud