Изҳороти муштараки Шӯрои ВАО ва АМВАОМТ

Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ва Анҷумани миллии  воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон дар робита ба нооромиҳои ахири кишвар, изҳори нигаронӣ менамоянд. Ин ҳодисаҳо боиси  маҳдудияти ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба дастрасӣ ба иттилоот гардид. Мо ба ин боварем, ки ягон масъаларо бо хунрезиву иқдоми эҳсосотӣ ҳал кардан имкон надорад. Ҳама мушкилот бояд дар доираи қонун  ва бо риояи манфиатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон мавриди баррасӣ қарор бигирад.

Мутаассифона, норасоии маълумоту ахбори дақиқ аз манбаъҳои расмӣ зимни қазияҳои моҳи сентябри соли равон расонаҳои хабарии кишвар ва хориҷиро, ки вазифаашон расонидани маълумоти мӯътамаду санҷидашуда аст, ба мушкилоти касбӣ дар инъикоси ин ҳодисаҳо рӯ ба рӯ кард. Дастрасии маҳдуд ба ахбор ба зиёд шудани ҳар гуна овозаҳо  мусоидат мекунад. Дар натиҷа ҳам дар нашрияҳои  мустақил ва ҳам матбуоти расмии давлатӣ матлабҳое паҳн  гардиданд, ки ҳодисаҳоро аз ҳад эҳсосотӣ ва якҷониба бозтоб мекунанд. Ин ҳолат  масъулияти аслии журналистиро зери шубҳа мебарад. Илова ба ин, дар паи боздошти фаъолони ҲНИТ дар робита ба ҳодисаҳои ахир, бархе аз ҳамкасбони мо чанд рӯз боз дар боздоштгоҳ қарор доранд. Бино бар иттилооти пайвандони Ҳикматулло Сайфуллозода — сармуҳаррири нашрияи «Наҷот» — ҲНИТ, Абдуқаҳҳори Давлат, хатмкардаи факултаи журналистика ва собиқ сармуҳаррири нашрияи ҳизбӣ, Зарафо Раҳмонӣ — масъули нашрияҳои ҳизбии ҲНИТ тайи рӯзҳои боздошт онҳо дар бораи ҷурми наздиконашон хабаре надоштанд, онҳоро бо адвокат низ таъмин накардаанд. Ҳол он ки тибқи изҳороти Прокуратураи генералӣ боздоштшудагон ба ҷурми даст доштан дар нооромиҳои охири кишвар гумонбар дониста мешаванд.

Ҷомеаи Тоҷикистон то имрӯз дар бораи иттиҳомоти фавқуззикр маълумоти дақиқ надоранд ва то кадом андоза асоси қонунӣ доштани онҳоро намедонанд. Аз ҳамин хотир, мо аз Ҳукумати Тоҷикистон, масъулини ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва амниятӣ, ки ба баррасии ин қазияҳо машѓуланд, дархост дорем, ки тафтишоти пешакиро бо шаффофияти том ва пешниҳоди маълумоти саривақтӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ба роҳ монанд.

Дар ҷараёни таҳқиқот аз ҳама гуна манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ ва пешдовариҳо сарфи назар бояд кард.  Мо мутмаинем, ки ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодии баёну андеша — шарт ва кафолати пешрафти дилхоҳ давлатест, ки худро демокративу ҳуқуқбунёд унвон мекунад.

 

ш.Душанбе, 21 сенятбри соли 2015

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *