Конфронс бахшида ба Рӯзи озодии матбуот

Конфронсиҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Тамойил ва мушкилоти нави ВАО» бахшида ба Рӯзи байналмилалии озодии матбуот, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон рӯзи 3-юми май қайд карда мешавад, дар меҳмонасарои «Шератон» баргузор шуд.

Сараввал дар оғози конфронс ҳозирин ба хотири тамоми журналистони фавтидаи тоҷик дақиқае хомӯш истоданд.

Мақсад аз ин конфронс таҳлили дастовард, мушкилот ва пешомадҳои ВАО дар Тоҷикистон дар як соли охир ва таҳияи тавсияҳо барои рушди озодии матбуот дар кишвар мебошад.

Дар конфронс Шаҳло Акобирова, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар мавзӯи «Журналиистика — суханҳои ногуфта (перомуни далелҳои қатл ва куштори рӯзноманигорони тоҷик дар замони истиқлол)», Раҷаби Мирзо, журналист ва узви раёсати Шӯрои ВАО дар мавзӯи «Журналистика- пешаи хатарнок», Сайёфи Мизроб, муассис ва сардабири нашрияи СССР дар мавзӯи «Журналистикаи ҷавонмарг» (Сабабҳои ҷавонмаргии журналистони журналистикаи кишвар), Нуриддин Қаршибоев, раиси АМВАОМТ,  «Баҳсҳои судӣ: Сабақҳо ва дурнамо (перомуни баҳсҳои судӣ бо ширкати рӯзноманигорон ва ВАО ва бардошту хулоса аз онҳо)», Хуршед Ниёзов, раиси Шӯрои ВАО дар мавзӯи «Чопхона: STOP, ҷойи дигар ёбед» (Омилҳои воқеӣ ва сунъии қатъ, имкони нашр наёфтан, масдуд шудани сомонаҳои интернетӣ) ва Муҳаё Нозимова, раиси Асотсиатсияи бонувони журналисти Тоҷикистон дар мавзӯи “Фирори рӯзноманигорон аз журналистика” (Омилҳои тарки пеша намудани журналистони Тоҷикистон аз аз забони худи эшон) маърӯза намуданд.

Созмондиҳангони ин чорабинӣ ташкилоти ҷамъитии Шӯрои ВАО-и ҶТ, АМВАОМТ, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» ва Маркази татқиқоти Тоҷикистон бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, Сафорати Британия дар Тоҷикистон ва Институти «Ҷамъияти кушода»-Бунёди       Мадад дар Тоҷикистон мебошанд.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13771-konfrons-bakhshida-ba-r-zi-ozodii-matbuot.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *