Ҷашни озодии матбуот ва тақдими ҷоизаҳо ба рӯзноманигорони фаъол

Созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон 3-юми май зимни таҷлили Рӯзи байналмилалии озодии матбуот дар Душанбе аз қурбониёни роҳи озодии баён ёд карда, хабарнигорони фаъоли кишварро бо ҷоизаю дипломҳо қадрдонӣ намуданд.

Тавре хабарнигори “Озодагон” аз маросими супоридани ҷоизаҳо иттилоъ дод, Ҷоизаи созмони “Медиа Алянс”-и Тоҷикистон ба номи Отахон Латифӣ соли равон ба Салими Аюбзод ва Наҷмиддини Шоҳинбод тақдим гардид: “Ҷоизаи “Медиа Алянс” ба номи Мазҳабшо Муҳаббатшоев барои ҷасорати журналистӣ ба Иршод Сулаймонӣ дода шуд”.

Манбаъ афзуд, ки ҷоизаи “Эътимод”-и Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба Ҳуриниссо Ализода супорида шуд: “Ҷоизаи Эътилофи бонувони журналист ба номи Ҳуриниссо Бердиева, дар бахши матбуот ба Адолати Мирзо, дар бахши радио ба Саодат Исмоилӣ, дар бахши телевизион ба Фирӯза Мирҷумъаева тақдим гардид”.

Одили Нозир, корманди ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва Карим Мусо, корманди радиои Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи Шӯрои ВАО ба номи Пайванд Гулмуродзода шуданд.

Ҷоизаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ба номи Ҷумъа Толибро Ҷамшед Маъруфов, Мушкиниссо Хоҷаева ва Саиди Ҳайдар гирифтанд.

Ба рӯзноманигор Фирӯз Баротов диплом барои рушди ВАО супорида шуд.

Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон хабарнигорони фаъол, Алишер Зарифӣ, Мирзонабӣ Холиқзод, Мавзуна Абдуллоева, Шамсулло Фозиловро бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда, ба расонаҳои фаъоли кишвар дипломҳо тақдим намуд.

http://www.ozodagon.tj/index.php?newsid=29913

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *