Ифшои 57 ҳазор сомонаи таблиғкунандаи ДОИШ аз ҷониби СПАД

Николай Бордюжа, Дабири кулли СПАД мегӯяд, ки беш аз 57 ҳазор сомонае, ки бо кумаки онҳо афрод ба ҷангҳои Сурияву Ироқ таҳрик мешуданд, ифшо кардаанд.

Николай Бордюжа, ки 15-уми сентябр дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СПАД дар шаҳри Душанбе сухан мегуфт, изҳор дошт, ки ҳамаи ин сомонаҳо шаҳрвандони Осиёи Марказиро ба ҷонибдорӣ аз ДОИШ ҷалб мекарданд ва даъватҳо барои пайвастан ба сафи “Давлати исломӣ” низ аз ҳамин тариқ сурат мегирифт.

Дабири кулли СПАД хабар дод, ки фаъолияти зиёда аз 50 ҳазор аз ин гуна сомонаҳо қатъ шуд ва 7 ҳазори дигарро мақомот мавриди омӯзишу таҳлилу таҳқиқ қарор додаанд.

Бордюжа зимни суханронии худ аз афзудани пойгоҳҳои интернетии таблиғкунадаи даҳшату зӯроварӣ ва экстремистӣ дар минтақи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ кард.

«Амалиёти “Прокси”, ки ахиран бомуваффақият роҳандозӣ шуд, бештар аз 57 ҳазор сомонаҳои истихдомкунандаи шаҳрвандонро фош кард, ки ҳамаи онҳо ба амнияти миллии кишварҳои минтақа таҳдид мекарданд. Фаъолияти 50 ҳазори ин сомонаҳо қатъ карда шуда, иддае аз онҳо ҳоло омӯхта мешаванд”,- гуфт Николай Бордюжа.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/ifshoi-57-khazor-somonai-tabligkunandai-doish-az-chonibi-spad

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *