Ҳушдори генерал: Мансабдоронро ҷазо медиҳем, агар…

Раҳмон Юсуф Аҳмадзода, Прокурори генералии Тоҷикистон, аз хунукназарии баъзе аз масъулини баландпояи кишвар дар масъалаи дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» изҳори нигаронӣ кард.

Ба гуфтаи Раҳмон Юсуф, ҳоло ҳам аксарияти роҳбарони вазорату идораҳо ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро поймол мекунанд. Аксарияти роҳбарон ба шикоятҳои онҳо сатҳӣ назар карда, талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» — ро риоя намекунанд.

— Шумораи зиёди муроҷиатҳои хаттиву шифоҳии шаҳрвандон ба Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон дар сатҳи зарурӣ ҳоло ба роҳ монда нашудааст, — афзуд генерал.

Раҳмон Юсуф аз тамоми корхонаҳои сатҳи ҳукуматӣ тақозо кардааст, ки дар акси ҳол онҳо нисбати мансабдорон чораҳои зарурӣ меандешанд.

 

http://faraj.tj/news/10812-1202ushdori-general-mansabdoronro-1207azo-medi1203em-agar.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *