Дар нишасти хабарие, ки санаи 24-уми январи соли равон дар ноҳияи Файзобод доир гашт, Миралӣ Раҷабзода ба саволи хабарнигорон ҷавоб гардонид.
Гарчанде саволҳои аз сӯи рӯзноманигорон ва иштирокчиён хеле зиёд ва мушкилоти мардум аз он зиёдтар буданд, раиси ноҳияи мазкур вақтро ба «худтаърифкунӣ» ва корҳои анҷомдодаи худаш ҷамъбаст намуд.
Дар нишаст оид ба хизматҳои шоистаи кормандони мақомотҳои қудратии ноҳия дар самти решакан намудани унсурҳои ҷинояткорӣ аз сӯи раиси ноҳия ҳарфе гуфта нашуд ва дар мавриди соҳаи маориф бо вуҷуди пешрафту мушкилоташ ҳарфе иброз нагардид.
Оид ба проблеммаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла нарасидани оби полезӣ, тухмиҳо ва заҳрохимикатҳо дар баромади раиси ноҳияи мазкур чизе гуфта нашуд.
Гарчанде, ки дар Паёми худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нигоҳ доштани хоҷагиҳои тухмипарвар ба масъулин супоришҳои мушаххас дода бошанд ҳам, ҷаноби Миралӣ Раҷабзода ба саволи хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон посух дода гуфт, «дар ноҳия ҳазор хоҷагии деҳқонии нав ташкил намудан лозим аст».
Ин дар ҳолест, ки дар хоҷагии тухмипарвар аз тухмӣ ному нишоне набуда, зиёд иншоотҳои ёрирасону иҷтимоии ин хоҷагӣ дар гузашта ва имрӯз ба шахсони сармоядор фурӯхта шудаанд. Дар ҳоле, ки таҷдиди ин хоҷагӣ ва фурӯши амволи он танҳо ба ваколати раиси ҳукумати кишвар вобаста аст.