Академияи ВАО ҳамоиши об баргузор кард

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» дар мавзӯи «инъикоси мавзӯи истифодаи захоири об ва масоил тарғиби он дар ВАО» мизи мудаввар бо иштироки мутахассисон ва намояндагони васоити ахбори умум доир гардид.

Нуктаи муҳиме, ки дар ин нишаст зикр гардид, ин буд, ки мушкили норасоии об имрӯз ба доғтарин масъалаи ҷомеаи башарӣ мубаддал гаштааст.

Ин дар ҳолоест, ки мутахассисон мегӯянд, ҳар ҳафта дар дунё 42 нафар кӯдак аз ҳисоби истеъмоли обҳои ифлос ба ҳалокат мерасанд.

Дар вохурӣ ҳамчунин баён гардид, ки тибқи гузориши мутаххасисони тиб, 88 фоизи сабабҳои ангезиши бемории диабет ба истифодаи обҳои ифлос алоқамандӣ дорад.

Дар ҳамоиши мазкур мутахассисон аз Институти масоили об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои ҶТ ва Академияи кишоварзӣ доир ба паҳлуҳои гуногуни масоили вобаста ба об иштирок намуданд.

Ҳадафи баргузории мизи гирд татбиқи барномаи байналмилалии даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» унвон шуд.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12947-akademiyai-vao-amoishi-ob-barguzor-kard.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *