Архив рубрики: Хабарҳо

Лату кӯби Хуршеди Атовулло дар рӯзи иди Фитр

[b]Пас аз зӯҳри 31-уми август вақте дар саросари Тоҷикистон аз иди саиди Фитр таҷлил мекарданд, дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи «Фараж» ва ҳамроҳони ӯ мавриди лату кӯб қарор гирифтанд.[/b]

Тавре худи журналист ба хабаргузории «Озодагон» зимни як сӯҳбати телефонӣ иброз дошт: «Мо чанд нафар ба табрики рафиқону пайвандон мерафтем. Ин буд, ки як худрави сафедранги тамғаи ВАЗ-2106 бо рақами давлатии У 21 37 РТ аз маҳаллаи 102 то ин ҷо, яъне маҳаллаи «Зарафшон-2» ман ва ду тан аз ҳамроҳонамро таъқиб карданд ва ниҳоят пеши мошини моро гирифтанд ва вақте ки аз мошин фаромада пурсон шудем, ки чаро чунин мекунем, бе ягон сабаб бо калтакҳо моро лату кӯб карданд».

Дар ҳамин ҳол, масъулини шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино, ки ҳодисаи ҳамла ба журналист ва ёрони ӯ дар қаламрави ин минтақа сурат гирифтааст, мегӯянд, албатта лату кӯби шаҳрванд новобаста аз он ки ӯ чӣ кора аст ва ба кадом хотир ин ҳодиса рух додааст, пайгирӣ хоҳад шуд. Аммо то ин замон дар қиболи муҳоҷимин парвандаи ҷиноӣ бо далели дар даст надоштани санади ташхиси тиббӣ боз нашудааст.

Зимнан, Хуршеди Атовулло гуфт, ӯ аллакай дар маркази миллии табобат ва тандурустӣ аз ташхиси тиббӣ гузаштааст ва натоиҷи он имрӯз ба мақомоти марбута пешниҳод мешавад.

Маврид ба тазаккур аст, ки кулли ҷомеъаи журналистӣ ва созмонҳои дифоъ аз рӯзноманигорони кишвар аз ин қазия изҳори нигаронӣ карда, ҳар чӣ зудтар пайдо кардани муҷриминро аз масъулини ҳифзи ҳуқуқ тақозо доранд.

Ёдрас менамоем, як ҳодисаи ба ин монанд ҳанӯз чанд моҳ қабл дар қиболи Ҳикматулло Сайфуллозода, муҳаррири ҳафтаномаи «Наҷот» (нашрияи ҲНИТ) сурат гирифта буд, аммо бо гузашти 7 моҳ дастандаркорон ва иҷрочиёни сӯйиқасд ҳанӯз боздошт нашуда, шахсияташон муайян нагаштааст.

Источник: http://www.ozodagon.com/khabarho/tojikiston/2016-2011-09-01-04-16-00

Изҳороти муштараки

[b]Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон ва Бюрои оид ба ҳуқуқҳои инсон ва риояи қонуният[/b]

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОТ) ва Бюрои оид ба ҳуқуқҳои инсон ва риояи қонуният (BHR) факти аз тарафи шахсони номаълум лату кўб шудани сармуҳаррири ҳафтаномаи «Фараж» Хуршед Ниёзов (Хуршеди Атовулло)-ро сахт маҳкум мекунанд. Воқеаи мазкур дар соли ҷорӣ ҳодисаи дуюми ҳамла ба журналист аст, ки боиси ташвиши журналистон гаштааст. Моҳи феврали соли 2011 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозода низ мавриди лату кўб қарор гирифта буд.

Рўзи 31 август, тахминан соати 12:30 дар ҳудуди маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе сармуҳаррири ҳафтаномаи «Фараж», Котиби генералии Медиа Алянси Тоҷикистон Хуршед Ниёзов аз тарафи шахсони номаълум мавриди лату кўб қарор гирифт. Дар натиҷаи ҳодисаи мазкур ду нафар ҳамсафарони журналист ҳам зарар дидаанд. Зарардидагон бо ариза ба ШКД-2 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат намуданд.

То ҳол аниқ гуфтан мумкин нест, ки ҳодисаи мазкур ҳамла ба журналист буда, ба фаъолияти касбии сармуҳаррири ҳафтаномаи «Фараж» Хуршед Ниёзов вобаста мебошад, вале дар рўзҳои таҷлили 20-солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ ба амал омадани ҳамла ба ҳар шаҳрванди Тоҷикистон боиси ташвиш мегардад ва дар пасманзари баҳсҳои серсару садои вақтҳои охир нисбат ба ВАО баамаломада ҳодисаи мазкур дар муҳити журналистон боиси ташвиши ҷиддӣ гаштааст.

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, АМВАОТ ва BHR аз мақомоти ҳомии қонунҳои ҷумҳурӣ таҳқиқи фаврии ҳамла ба яке аз журналистони шинохтаи ҷумҳурӣ Хуршед Ниёзов (Хуршеди Атовулло) ва ба ҷавобгарӣ кашидани айбдорони ҳамлаи мазкурро талаб менамоянд. Мо ҷонибдори дар чорчўбаи меъёрҳои байналмилалӣ ва миллии ҳуқуқ ҳал намудани ҳар гуна баҳс буда, инчунин зарурати аз тарафи мақомоти босалоҳияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври фаврӣ, бечуну чаро риоя намудани амнияти шаҳрвандон, аз ҷумла ҳуқуқ ба озодии суханро қайд менамоем.

[b]Акбаралӣ Сатторов,
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Наргис ЗОКИРОВА,
Директори Бюрои оид ба ҳуқуқҳои инсон ва риояи қонуният

Нуриддин ҚАРШИБОЕВ,
Раиси АМВАОМТ

ш. Душанбе, 1 сентябри соли 2011[/b]

Источник:

Қазияи латукӯби Хуршеди Атовулло таҳқиқ мешавад

[b]Аммо, ба гуфтаи намояндаи шӯъбаи умури дохилӣ, парвандаи ҷиноӣ ҳанӯз боз нашудааст.[/b]

Масъулони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мегӯянд, ҳодисаи лату кӯби Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи мустақили «Фараж» таҳқиқ хоҳад шуд. Вале афзуданд, ҳанӯз парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.

Қайсиддин Алиев, як масъули шӯъбаи навбатдорӣ дар идораи пулиси ноҳияи Сино ба Радиои Озодӣ гуфт, «дар ҳақиқат вай (Хуршеди Атовулло) ба мо муроҷиат кард ва мо ӯро ба корманди шӯъбаи кофтукоб вобаста кардем. Аризаи ҷабрдида низ гирифта шуд ва ин ҳодиса тавассути корманди мо таҳқиқ мешавад ва ҳатман афроде, ки ҳамла кардаанд, аз рӯи шумораи мошинашон ёфт хоҳанд шуд.»

Ҷаноби Алиев дар посухи ин суол, ки оё нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз хоҳад шуд ё хайр, гуфт, «ҳоло ҷабрдида бояд ташхиси тиббӣ-судӣ биёрад ва албатта, чун лату кӯб шудааст, парванда боз хоҳад шуд».

Итминони масъулони идораи пулиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар мавриди пайдо кардани ҳодисаи лату кӯби Хуршеди Атовулло дар ҳолест, ки чанд моҳе пеш Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири нашрияи «Наҷот» низ аз сӯи афроди ношинос мавриди ҳамла қарор гирифта буд, аммо бо гузашти моҳҳо то ҳол омилони ин ҳодиса пайдо нашудаанд.

Хуршеди Атовулло, қабл аз зӯҳри рӯзи чаҳоршанбе тавассути ҳафт тан аз афроди ношинос дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Душанбе мавриди лату кӯб қарор гирифт.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=124]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=124[/url]

Хуршеди Ҳамдам

Источник:

Хабарнигорон чаро ҳаққи худро талаб намекунанд?

[b]Иддае аз хабарнигорони тоҷик мегӯянд, моҳҳо боз наметавонанд маоши худро дарёфт бикунанд.[/b]

Як хабарнигори радиои «Имрӯз» мегӯяд, ӯ ва се ҳамкораш ба далели нагирифтани маоши чанд моҳи охирашон корро дар ин расона қатъ кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки бино ба мушкилоти молӣ баъзе аз нашрияҳо наметавонанд маоши кормандонро саривақт бидиҳанд ва замонате ҳам нест, ки дар ҳоли аз кор рафтан хабарнигор оё метавонад маоши худро комилан ба даст биёрад ё на.

Ҳамин тавр, дар Тоҷикистон ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи хабарнигорон дар коргоҳҳо кам нест, аммо хабаранигорон дар қиболи ин гуна ҳолатҳо ҳамеша сукутро ихтиёр мекунанд. Фазлиддин Хоҷаев, сардабири торнамои «Тоҷнюс» мегӯяд, хабарнигорони тоҷик дар чунин ҳолатҳо мавқеи хотирбиниро мегиранд, зеро агар эътирози худро нишон диҳанд, пас, дар оянда барои онҳо ёфтани кор имконнопазир хоҳад шуд.

«Ду соли охир хабарнигороне буданд, ки дар алоҳидагӣ ва бо усулҳои хос эътироз карда буданд, аммо хабарнигорони мо, ки одати шарқиёна доранд, хотирбиниро ҳамеша дар авлавият қарор медиҳанд. Вале ин падидаи бад аст, вақте аз худат дифоъ накунӣ»,-афзуд ӯ.

Нақзи ҳуқуқи хабарнигорон ҳам дар корхонаҳои хусусӣ ва ҳам расмӣ мушоҳида мешавад. Аҳлиддин, як хабарнигори ҷавон, мегӯяд, нобоварӣ ба адолати додгоҳӣ ва эҳтимоли сард шудани муносибати расонаҳои дигар ба хабарнигор, далели аслии аз баҳсҳои додгоҳӣ канораҷӯӣ кардани хабарнигор аст.

Ӯ мегӯяд, қаблан дар як пойгоҳи хабарии маҳаллӣ кор мекард, аммо азбаски музд каму кор бисёр буд, ӯ маҷбур шудааст, корро тарк кунад.

Соли гузашта Заррина Абдулвоҳидова, хабарнигори Радиои Тоҷикистон низ ба далели он ки маоши рӯзҳои кории иловагии ӯро пардохт накардаанд, ба додгоҳ муроҷиат кард ва додгоҳ ӯро ҳақ донист.

Заррина Абдулвоҳидова мегӯяд, агарчӣ то ба ҳол корхона маоши иловагии ӯро пардохт накардааст, вале ӯ то охир истодагарӣ мекунад ва мунтазир аст, ки рӯзе ҳаққи худро боз хоҳад гирифт. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик, мегӯяд, хабарнигорон мардуми пешсафи ҷомеа ҳастанд ва дар роҳи дифоъ аз ҳуқуқи худ бояд ба дигарон намуна бошанд.

Абуалӣ Некрӯзов, хабарнигори ҳафтаномаи “Нигоҳ” мегӯяд, омили аслии сукути хабарнигорон дар баробари нақзи ҳуқуқи онҳо ин аст, ки онҳо тавони молии нашрияҳоро медонанд ва дарк мекунанд, ки нақзи ҳуқуқ барқасдона сурат намегирад. Аммо ба гуфтаи ӯ дар бисёр ҳолатҳо наҷобати хабарнигорон сӯистифода мешавад.

Вай гуфт: «Вақте як хабарнигор ба додгоҳ шикоят мекунад, ҳамон додгоҳ низ мебинад, ки ин расона ё ҳафтанома моли кӣ аст. Яъне дар зери сояи кӣ аст. Агар нафари мансабдор бошад, даъвои хабарнигор дар ҳаво муааллақ мемонад.»

Абӯалӣ мегӯяд, бемавқеӣ ва беҷуръатӣ дар қиболи нақзи ҳуқуқҳои хеш ояндаи журналистикаро дар Тоҷикистон ба зери соя мекашад. Афзун бар ин, вақте хабарнигор барои ҳимояи ҳуқуқҳои хеш ташаббус нишон намедиҳад, пас, ӯ чӣ гуна метавонад бо навиштаҳои хеш дар афкори ҷомеа ва ҳалли мушкилоту нуқсонҳои ҷомеа таъсиргузор бошад?

Ҳарамгули Қодир

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24310968.html

Парвандаи Усмоновро бозраси “ҷавон ва камтаҷриба” таҳқиқ кардааст

[b]“Ҷавонӣ ва камтаҷрибагии” бозрас боъиси “хатогиҳо” дар парвандаи Урунбой Усмонов шудааст.[/b]

Ин матлабро раҳбари гурӯҳи бозрасони бахши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд рӯзи ҷумъаи 26 сентябр дар ҷаласаи муҳокимаи парвандаи ин хабарнигори Би-би-сӣ дар шаҳри Хуҷанд эълом кардааст.

Хуршед Досов, раҳбари гурӯҳи бозрасони бахши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҷаласаи додгоҳ ба манзури ироаи иттилоъот дар бораи наҳваи боздошт ва таҳқиқи парвандаи оқои Усмонов даъват шуда буд.

Ба гуфтаи Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов, ин маъмури амниятӣ дар вилояти Суғд аз посух ба бархе аз суолоти вакилони мудофеъ худдорӣ кардааст.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=123]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=123[/url]

Би-Би-Си

Источник:

АНҶУМАНИ НАВИ РАСОНАӢ. ЧАШМ БА САРМОЯИ ТАБЛИҒҲО

[b]Созмони нави радио ва телевизионҳои хусусии Тоҷикистон мехоҳад, бозори реклама аз нав танзим шавад. «Анҷумани истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи аудио-визуалӣ”, таҳти ин унвон як созмони нави журналистӣ дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд, ки мехоҳад, ба мушкили радио ва телевизониҳои хусусӣ расидагӣ кунад.[/b]

Ҳоло ин ассотсиатсия дар заминаи СМТ ё Симои Мустақили Тоҷикистон, телевизиони «Регар», телевизион ва радиои мустақили Қӯрғонтеппа, «Мавҷи озод»и ноҳияи Восеъ, ТВ-5 шаҳри Конибодом, ТВ «Симо»-и шаҳри Панҷакент ва ҳолдинги “Ориёно-медиа”, ки дар таркиби худ чанд радио дорад, таъсис ёфтааст.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=122]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=122[/url]

Источник:

Сафорати ИМА гуфт, «таҳдиди афсари УБОП таҳқиқ шавад»

[b]Сафорати Амрико дар Тоҷикистон аз таҳдиди Валихон Муллоев ба ду вакили мудофеъ изҳори нигаронӣ кард.[/b]

Весли Робертсон, масъули бахши робита бо ҷомеаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфт: «Амали мазкур дар сурати ҳақиқат доштанаш дар толори додгоҳ таҳаммулнопазир аст. Ин ҳодиса бояд таҳқиқ шавад. Мо изҳороти Вазорати умури дохила роҷеъ ба ифтитоҳи таҳқиқи дохилиро ҳамчун як қадами мусбат арзёбӣ мекунем. Бояд ин гуна таҳдидҳоро ҷиддӣ қабул карда, ҳамаҷониба таҳқиқ кунанд ва вобаста ба натоиҷи таҳқиқот чораҳои лозим биандешанд.»

[b]Весли Робертсон дар бораи нигаронии сафорати Амрико[/b]

Шӯҳрат Қудратов ва Абдураҳмон Шарифов, ду вакили мудофеи нашрияи «Азия-Плюс», рӯзи 17-уми август эълон карданд, ки дар толори додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Валихон Муллоев, як афсари Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД, онҳоро ба марг таҳдид кардааст.

Ҳарду ин вакили мудофеъ мегӯянд, Валихон Муллоев таҳдиди худро чанд бор такрор кардааст ва шоҳидон ҳам ин ҳарфҳоро шунидаанд.

Пас аз ин, Шӯҳрат Қудратов ва Абдураҳмон Шарифов ба Додситонии кулли Тоҷикистон муроҷиат карда ва дархост намуданд, ки таҳдиди Валихон Муллоевро ҷиддӣ бигирад.

Ин дар ҳолест, ки Валихон Муллоев пас аз рӯ задани ин мавзӯъ раҳбари Раёсати мубориза бо виноятҳои созмонёфтаи ВКД дар вилояти Хатлон таъйин шуда, ба кори худ шурӯъ кардааст.

Вай дар сӯҳбати чанд рӯзи пешаш бо Радиои Озодӣ, изҳороти ду вакили мудофеи нашрияи «Азия-Плюс»-ро тӯҳмате беш нахонд ва гуфт: «Ин тӯҳмат аст. Чаро ки ман нисбати ин афрод ягон хусумати шахсӣ надорам. Аммо чаро чунин дасисабозӣ мекунанд, намедонам. Агар ман чизе мегуфтам, адвокат Ҷамшед Ғиёсов, ки дар рӯ ба рӯи ман нишаста буд, инро мешнид. Ҳол он ки ман бо ин вакилон рӯ ба рӯ гап назадаам ва ман танҳо дар ҷойи худам нишаста будам. Ин ҳарфҳо беасосанд.»

Валихон Муллоев, собиқ афсари Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД ва ҳоло сардори ин раёсат дар вилояти Хатлон, дар баҳси додгоҳии нашрияи «Азия-Плюс» аз Анвар Тағоймуродов , муовини вазири умури дохилӣ, намояндагӣ мекард.

Анвар Тағоймуродов, сардори пешини Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД ва ҳоло муовини вазири умури дохилӣ, нашрияи «Азия-Плюс» барои нашри як матлаб ба додгоҳ кашида ва як миллион сомонӣ ғаромат хостааст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24308647.html

У.Усмонов: «Таҳти фишори додситонӣ баёнот навиштам»

[b]Маъмурони амниятии Суғд гуфтанд, ки Урунбой Усмоновро ба даст кашидан аз вакили дифоъ маҷбур накардаанд.[/b]

Вакилони мудофеи Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ мегӯянд, дар рӯзи чаҳоруми муҳокимаи парвандаи ӯ дар Додгоҳи вилояти Суғд ягон далели тасдиқкунандаи айбдории нафари таҳти ҳимояташон баён нашудааст.

Баръакс, Хуршед Ғиёсов, сардори шӯъбаи тафтишотии Раёсати амнияти миллӣ дар вилояти Суғд дар мурофиа гуфт, ки маъмурони амниятӣ дар масъалаи таъмин намудани Урунбой Усмонов ба вакили дифоъ ба хатоӣ роҳ додаанд. Аммо ӯ афзуд, мақомоти тафтишот Усмоновро ба даст кашидан аз вакили дифоъ маҷбур накарда буданд.

Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 26-уми август Хуршед Ғиёсов ва ҳамчунин Малоҳат Абдуазимова, ҳамсари Урунбой Усмоновро ба унвони шоҳид бозпурсӣ кард.

Файзиниссо Воҳидова, вакили мудофеи Усмонов пас аз анҷоми мурофиа дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи чаҳоруми муҳокима рӯшан кард, ки далелҳо барои айбдор кардани Усмонов бо роҳи ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ шудаанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, ҳангоми таҳияи онҳо аз тартиб ва талаботи қонуни мурофиаи ҷиноятии Тоҷикистон сарфи назар карда шуда, бино ба ҳарфи қонун далел шумурда намешаванд.

Хонум Воҳидова афзуд: «Гузаронидани амалиёти тафтишотӣ ва тартиб додани протоколи боздид ё кофтуков низ танҳо бар дӯши муфаттиш вогузор шудааст. Аммо мо имрӯз дар ҷараёни мурофиа муқаррар намудем, ки чунин амалиёти тафтишотӣ аз ҷониби ваколатдори фаврӣ тартиб дода шудааст, ки ҳуқуқи гузаронидани чунин амалиёти тафтишотиро надошт.»

Дар ҷараёни бозпурсӣ Малоҳат Абдуазимова, ҳамсари Урунбой Усмонов, гуфт, то 9 рӯзи аввали боздошти шавҳараш мақомот иҷозаи дидор бо ӯро надоданд. Хонум Абдуазимова мегӯяд, эҳтимол, ба он хотир ки асари латукӯб дар бадани Усмонов аз байн биравад.

Аммо айбдоркунандаи давлатӣ Назирҷон Абдураҳимов мавриди шиканҷаву латукӯб қарор гирифтани Усмоновро рад кард ва гуфт, дар ин бора Усмонов рӯзи 14-уми июл, пас аз озодии машруташ дар додситонӣ баёнот додааст. Дар ин баёнот гуфта шудааст, ки ӯ мавриди ҳеҷ гуна рафтори бад қарор наёфтааст.

Худи Усмонов гуфт, баёнотро таҳти фишори додситонӣ ба хотири зуд озод шудан иншо кардааст. Аммо вакилони мудофеи Усмонов гуфтанд, ки қонун забонхатти айбдоршавандаро далели додгоҳӣ намешумора ва биноан он эътибор надорад.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24309128.html

ТАЪСИСИ АСОСИАТСИЯИ НАВ

[b]Дар шаҳри Душанбе ташкилоти нави журналистӣ – Асосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ ба қайд гирифта шуд.[/b]

Ҳадафи созмони навтаъсис ҳимояи манфиатҳои ташкилотҳои радиотелевизионӣ ва студияҳои истеҳсолкунандаи маводи аудиовизуалӣ мебошад. Тавре роҳбари Асосиатсияи мазкур, директори ТВ «Симои мустақили Тоқикистон» Зинатулло Исмоилов иброз дошт, Асосиасияро ҳафт ташкилот ТВ «СМТ», ТВ «Регар», ТВ «Мавҷи озод»-и ноҳияи Восеъ, ТВ 5- шаҳри Конибодом, ТВ «Симо»-и шаҳри Панҷакент, Телевизион ва радиои мустақили Қӯрғонтеппа ва ҶДММ «Ориёномедиа» таъсис доданд.

Дар ҷаласаи муассисон зикр гардид, ки дигар ташкилоти телевизионӣ ва радиоӣ низ омода ҳастанд, ки ба узвияти Асосисатсия шомил гарданд. Мақсади асосӣ он аст, ки – мегўяд Зинатулло Исмоилов, то кунун манфиатҳои васоити ахбори чопӣ ва масоили ҳуқуқии фаъолияти журналистии онҳо баррасӣ мешуданд, аммо ба васоити электронии ахбор таваҷҷўҳ хеле кам буд. Ҳол он ки ин васоит дар пурра намудани фазои иттилоотии кишвар бо маводи босифати журналистӣ саҳми хоссае доранд ва ягона манбаи алтернативии дастрасии мардум ба иттилоот мебошанд. Илова бар ин соли 2015 Тоҷикистон дар баробари 100 мамлакати дигари ҷаҳон ба пахши рақамӣ мегузарад ва дар ин замина дифоъи мавқеи телевизион ва радиоҳои мустақил аз аввалинтарин вазифаҳои Асосиатсияи навтаъсис мебошад.

Источник: Хадамоти мониторинги АМВАОМТ.

Урунбой Усмонов мегӯяд, «ҳақ ба ҳақдор мерасад»

[b]Ба қавли вакили мудофеи Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ, нафари таҳти ҳимояташ шиканҷа шудааст.[/b]

Файзинисо Воҳидова гуфт, боздошти Урунбой Усмонов санаи 13-уми июни соли ҷорӣ сурат гирифта, аммо дар протокол як рӯз дертар, 14-уми июн сабт шудааст.

Дар тӯли ин як шабонарӯз, ба гуфтаи хонум Воҳидова, хабарнигори Би-би-сӣ мавриди озору азият қарор гирифтааст. Бинобар ин, ӯ аз додгоҳи вилояти Суғд хостааст, то он кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки Усмоновро боздошт кардаанд, ҷиҳати бозпурсӣ даъват карда шаванд.

[b]Матни пурраи мусоҳибаро дар торномаи мо бо пахш кардани нишонии зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=121]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=121[/url]

Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Источник: