Архив рубрики: Хабарҳо

CPJ: “Аз иттиҳомоти сохта алайҳи Усмонов даст кашед”

[b]Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, (CPJ) як созмони байналмилалии мудофеъи озодии баён, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки аз “иттиҳомоти сохта” алайҳи Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар шимоли ин кишвар, даст кашанд.[/b]

Дар баёнияи ин созмон, ки шоми 17-уми август мунташир шуд, таъкид шудааст, ки ин хабарнигори Би-би-сӣ танҳо ба манзури фаъолияти ҳирфаии худ ба ҷамъоварии мавод дар бораи Ҳизби Таҳрир машғул будааст.

[b]Идомаи гузоришро дар торномаи мо бо пахш кардани нишонии зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=120]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=120[/url]

Источник:

Би-би-сӣ эъмоли шиканҷа алайҳи Усмоновро маҳкум кард

[b]Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ эъмоли шиканҷа алайҳи Урунбой Усмонов, хабарнигори ин шабака дар шимоли Тоҷикистон, дар замони боздошташро маҳкум кардааст.[/b]

Ин шабакаи хабарӣ рӯзи ҷумъаи 19 август бо интишори баёнияе аз наҳваи бархӯрди маъмурони амниятӣ бо оқои Усмонов ибрози нигаронӣ карда ва аз мақомоти тоҷик хостааст, ки ба мавориди шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба ин хабарнигор расидагӣ кунанд.

[b]Идомаи гузоришро дар торномаи мо бо пахш кардани нишонии зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=119]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=119[/url]

Источник:

Кӯмак ба хонаводаи хабарнигори зиндонии тоҷик

[b]Беш аз 6 ҳазор сомонӣ кӯмаки хабарнигорон ва созмонҳои журналистӣ ба хонаводаи хабарнигори зиндонии тоҷик, Муҳаммадюсуф Исмоилов, супурда шуд.[/b]

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, аз ин ҳисоб бештар аз 4 ҳазор сомониро нашрияҳо, созмонҳои хабарнигорӣ, Дафтари ҳуқуқи башар ва намояндагии Интернюс нетворк дар Тоҷикистон ҷамъоварӣ кардаанд.

Ҷаноби Қаршибоев гуфт, ҳамчунин бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз хориҷи кишвар низ ба хонаводаи Муҳаммадюсуф Исмоилов дасти кӯмаки худро дароз намудаанд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=118]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=118[/url]

Источник:

Шарте, ки монеи созиши «Азия-Плюс» ва Тағоймуродов шуд

[b]Баҳси додгоҳии «Азия-Плюс» ва муовини вазири корҳои дохилӣ дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба таъхир гузошта шуд.[/b]

Баҳс аслан сари он аст, ки тақрибан шаш моҳи пеш нашрияи «Азия-Плюс» ин раёсатро ба истифода аз шиканҷа ва зӯроварӣ алайҳи боздоштшудагон дар рафти тафтишот муттаҳам карда буд.

Анвар Тағоймуродов, сардори пешини Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД ва ҳоло муовини вазири корҳои дохилӣ нашрия ва муаллифи мақола — Рамзия Мирзобековаро барои паст задани шаъну шараф ба додгоҳ кашид ва 1 миллион сомонӣ ҷуброн хост.

Дар баҳси навбатӣ, ки рӯзи 15-уми август доир шуд, ҷонибҳо хостори расидан ба созиш шуданд. Тозагии ин баҳси додгоҳӣ низ инбуд, ки нахуст ҷониби даъвогар пешниҳоди гузашти ҳамдигар ва ё созишро пешниҳод кард.

Масъулони нашрияи «Азия-Плюс» ин пешниҳодро ҷонибдорӣ карданд, вале гуфтанд, ба хотире ба ин созиш розиянд, ки агар ҷониби даъвогар ягон шарти худро дар миён нагузорад.

Аммо ҷониби даъвогар мегӯяд, пас аз расидан ба созиш, нашрия бояд ягон раддияе ба нашр бирасонад. Барои мисол, бинависад, ки баъзе аз факту далелҳои овардааш нодуруст ё ин ки бармаҳал будаанд.

Масъулони «Азия-Плюс» ба ин шарт ризо нашуда ва гуфтанд, ки агар ҷониби даъвогар худ ягон номае дар ин бора ба нашрия фиристад, онро чоп мекунанд, аммо худ ягон гуна раддия нахоҳанд навишт.

Идомаи баррасии парвандаи мазкур ба рӯзи чаҳоршанбе, яъне 17-уми август мафқуф гузошта шуд ва коршиносон мегӯянд, аз эҳтимол дур нест, ки дар баҳси ниҳоӣ ҷонибҳо ба ҳам гузашт карда, ба созиш бирасанд.

Сафаргули Олимӣ

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24297538.html

Мурофиаи Усмонов, Ҳизбуттаҳрир ва «Субҳи хилофат»

Бозбинии парвандаи Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ, рӯзи панҷшанбеи 18-уми август идома хоҳад ёфт.

Нахустин рӯзи муҳокимаи парвандаи хабарнигори Би-би-сӣ, Урунбой Усмонов, дар боздоштгоҳи рақами 2-и шаҳри Хуҷанд сурат гирифт. Дар ин рӯз хулосаи айбдорӣ азсӯи Назир Абдураҳимов, намояндаи

Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ бар асоси ду банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне барои «шарикӣ дар ҷиноят» ва «ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ» айбдор дониста мешавад.

Ба қавли мақомҳои додгоҳӣ, хабарнигори Би-би-сӣ дар як соли ахир бо чанд узви Ҳизбуттаҳрир мулоқот ва аз як узви он маҷаллаи «Субҳи хилофат», нашрияи ин созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъро дастрас намуда ва дар ин бора ба мақомот хабар надодааст.

Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ зимни суханронӣ дар ин мурофиа иртиботаш бо Ҳизбуттаҳрирро рад кард ва худро бегуноҳхонд. Вай гуфт, сӯҳбатҳояш бо чанд аъзои Ҳизбуттаҳрир ва дарёфти як маҷаллаи ин ҳизби мамнӯъ дар пайи фаъолиятҳои касбиаш сурат гирифтааст, на аз рӯи таваҷҷӯҳу иртиботаш бо ин ҳизб.

Аммо чаҳор нафаре, ки барои иртиботбо Ҳизбуттаҳрир муттаҳм мешаванд ва мурофиаи онҳо низ якҷоя бо Урунбой Усмонов сурат гирифт, баён доштанд, ки Усмоновро чун узви Ҳизбуттаҳрир намешиносанд. Танҳо яке аз онҳо — Яҳё Раҳмонхоҷаев, ба гуфтаи худаш, бо хабарнигори Би-би-сӣ дар коргоҳи ӯ мулоқот карда ва ба ӯ маҷаллаи «Субҳи хилофат»-ро додааст.

Ин чаҳор айбдоршаванда узвияти худ дар Ҳизбуттаҳрирро тасдиқ карданд. Онҳо танҳо воқеият надоштани бархе аъмолро, ки ҷониби айбдоркунанда ба онҳо иртибот медиҳад, баён доштанд. Ин чаҳор нафар Абдунабӣ Абдулқодиров, Яҳёхон Раҳмонхоҷаев, Талъат Мавлонов ва Иброҳимбек Маҳмудов мебошанд, ки дар оғози моҳи июни соли ҷорӣ аз сӯи нерӯҳои амниятӣ боздошт шудаанд.

Муҳокимаи парвандаи хабарнигори Би-би-сӣ, Урунбой Усмонов, қарор буд субҳи рӯзи 16-уми август дар толори Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ва бо дарҳои боз баргузор шавад. Аммо додгоҳ онро дар боздоштгоҳи муваққати рақами 2- и шаҳри Хуҷанд баргузор кард.

Вакилони мудофеи Усмонов мегӯянд, мақомот талош карданд, то ин муҳокима дар доираи маҳдуд баргузор бишавад. Дар зимн, ба толори додгоҳ ба ҷуз вакилони мудофеъ танҳо 3 хабарнигор ва он ҳам бо талоши зиёд ворид гаштем.

Хабарнигори Би-би-сӣ рӯзи 13-уми июни соли ҷорӣ аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ба иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯъ ва ифротгарои Ҳизбуттаҳрир боздошт шуда ва пас аз тақрибан як моҳ шартан аз боздоштгоҳ раҳо гардид. Чаҳор нафари дигари парвандаи вай низ дар аввали моҳи июн аз ҷониби кормандони интизомиву амничятӣ дастгир шудаанд.

Боздошти Усмонов вокунишҳои байнулмилалро дар пай дошт ва ҳамкорони вай дар дафтари марказии Би-би-сӣ дар Лондон чанд бор дар рӯ ба рӯи сафорати Тоҷикистон дар Бритониё ба нишони эътироз ва ба ҳадафи озодии вай таҷаммӯъ карданд.

Урунбой Усмонов, ки беш аз 10 соли ахир ба унвони хабарнигори бахши Осиёи Марказии радиои Би-би-сӣ дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, фаъолият мекунад, 59 сол дорад. Вай раҳбарии бахши адабиёти узбакӣ дар Иттиҳоди нависандагони вилояти Суғдро низ ӯҳда дорад.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Озодӣ

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24297991.html

Оғози муҳокимаи хабарнигори Би-би-сӣ дар Суғд

[b]Додгоҳи вилояти Суғд муҳокимаи парвандаи Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар шимоли Тоҷикистонро, пас аз як соъат таъхир оғоз кард.[/b]

Интизор мерафт ҷаласаи додгоҳ дар соъати 10-и субҳи рӯзи сешанбе дар додгоҳи вилояти Суғд шурӯъ шавад. Аммо ба гуфтаи масъулони додгоҳ, “ба далели нокофӣ будани ҷойи нишаст дар толори додгоҳи вилояти Суғд” муҳокимаи ин парванда пас аз як соъат таъхир дар боздоштгоҳи Вазорати адлияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оғоз шуд.

Гуфта мешавад танҳо ба се хабарнигор иҷоза дода шуда дар ҷараёни муҳокима ҳузур дошта бошанд.

Вакилони мудофеъи Ӯрунбой Усмонов ин тасмими додгоҳро навъе талош «барои маҳдуд сохтани дастрасии хабарнигорон ба ҷаласоти додгоҳ” арзёбӣ кардаанд.
Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши ӯзбакии Би-би-сӣ ба ширкат дар фаъолияти созмонҳо ва аҳзоби динии мамнӯъшуда аз сӯйи додгоҳ ё ифротгаро муттаҳам шудааст.
Вале ҳам Ӯрунбой Усмонов, ҳам вакилони мудофеъаш ва ҳам Би-би-сӣ ин иттиҳомро бакуллӣ рад мекунанд.

Дар додгоҳ ҳамчунин 4 нафари дигар аз муттаҳамон ба узвияти Ҳизби Таҳрир, Абдунабӣ Абдулқодиров, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Яҳёхон Раҳмонхоҷаев, сокини шаҳри Хуҷанд, Талъат Мавлонов, сокини шаҳри Истаравшан ва Иброҳимбек Маҳмудов, сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар авоили моҳи июни соли ҷорӣ ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҳизби мамнӯъи Таҳрир дар вилояти Суғди Тоҷикистон боздошт шуда буданд, муҳокима мешаванд.

Дар рӯзи аввали ҷаласаи додгоҳ, ки 5 соъат идома дошт, ба Ӯрунбой Усмонов ва чаҳор нафари дигар айбнома эълом шуд.

Чаҳор нафар аз муттаҳамон бархе аз иттиҳомоти воридаро пазируфтаанд аммо оқои Усмонов гуфтааст комилан бегуноҳ аст.

Ҷаласаи навбатии додгоҳ рӯзи панҷшанбеи 18 август, дар боздоштгоҳи Вазорати адлияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд.

Оқои Усмонов пас аз поёни ҷаласаи муҳокима ба манзили худ баргаштааст.

Ӯрунбой Усмонов рӯзи 13 июни соли ҷорӣ, ҳангоме ки аз маҳалли кор ба хона бармегашт, нопадид шуд. Як рӯз пас, маъмурони амниятӣ ва пулис ӯро ба хонааш оварда, манзилашро такурӯ карданд ва дубора бо худ бурданд.

Шоми панҷшанбеи 14 июл Ӯрунбой Усмонов пас аз як моҳи боздошт аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҳти шароити «берун нарафтан аз маҳалли зист» аз боздошт озод шуд.

Би-Би-Си

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/08/110816_mm_usmonov.shtml

Раҷаби Мирзо: Дар 7 соли ахир маро касе задан намехоҳад

Ҳашт сол қабл аз ин, дурусттараш 7-уми августи соли 2003 дар Душанбе нашрияи мустақили «Рӯзи нав» ба табъ расида, дастраси хонандагон гардид. Дар як муддати кӯтоҳ ин ҳафтанома дар фазои иттилоотии Тоҷикистон мақоми хосаеро касб карда, нашрияи серхаридортарини кишвар гардид. Аммо ин нашрия ҳамагӣ як солу як ҳафта умр дид ва шумораи охирини он рӯзи 12-уми августи соли 2004 чоп шуд.

Тайи 7 соли ахир сабабҳои мутаваққиф шудани нашри «Рӯзи нав»-ро ба муассису ҳайати эҷодии он касе аз масъулини мақомот то ҳол шарҳ надодааст. Дар ин бора ва дар чанд мавзӯи дигар «Озодагон» сӯҳбате дошт бо Раҷаби Мирзо (Мараимов), сардабири «Рӯзи нав».

[b]Матни пурраи матлабро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=117]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=117[/url]

Источник:

Б.Абдураззоқов: «МАН ДИГАР ТВТ-РО ТАМОШО НАМЕКУНАМ»

[b]Мухтасари мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Барзу Абдураззоқов-коргардони шинохтаи тоҷик.[/b]

[b]»МАН ДИГАР ТВТ-РО ТАМОШО НАМЕКУНАМ»[/b]

[b]Суол:[/b] Шумо ба хориҷи кишвар зиёд сафар мекунед. Барои муқоиса кардан ҳам таҷрибаи зиёд доред. Албатта ҳоло моҳвора корро осон кардааст. Аммо телевизионҳои Тоҷикистон танҳо чеҳраи як нафарро нишон медиҳанд ва ҳама корро ба он як нафар мансуб медиҳанд. Фикр намекунед чунин роҳи таблиғот дилбазан мешавад барои тамошобин. Оё Шумо шабакаҳои Тоҷикистонро тамошо мекунед?

[b]Ҷавоб:[/b] Ман, Шумо ва ягон нафар тоҷики дигар, вақте ҳарфи диламонро, сухани ростро, ки ҳар рӯз мебинем бигӯем аз мо душман месозанд. Барои чӣ? Онҳо фикр мекунанд, ки агар фикри мо ба ТВТ ё ба рӯзномаҳои “Садои Мардум” ва “Ҷумҳурият” дуруст наомад, мо душмани миллатем. Ё дигар “вовчик” мешавем ва ё ҷосуси кадом мамлакате.( инҷо механдад). Онҳо фикр намекунанд, ки мо фарзанди ҳамин сарзамин ҳастем ва дар вақти лозима аз онҳо дида зиёдтар аз ин Ватан дифоъ метавонем кардан ва шукри Парвардигор кардем то ин дам. Дар шиносномаи ман ҳар ҷое, ки рафтаму ҷоизаҳо ҳам гирифтам, тоҷик навишта шудааст. Дар ҳама афишаҳои намоишҳои ман дар ҳар ҷое, ки будам менависанд: Барзу Абдураззоқов-Тоҷикистон. Ростӣ ман аз ин чизро фаҳмонидан хаста ҳам шудам. Агар ман сарҳади Тоҷикистонро убур кунам яҳуд, уйғур, ӯзбак ва ё олмонӣ мешавам магар? Баргардем сари мавзӯъ. Ман дигар ТВТ-ро нигоҳ намекунам. Чун ҳар вақте, ки ин шабакаро рӯшан мекардам, фикр мекардам, ки ман аблаҳам. Аз он тарафи экран касе мегуфт, ки бародар ту аблаҳӣ, ту беақлӣ ва ҳар чизе, ки ман мегӯям ин аст ақл. Ва ман дигар тарсидам. Он чизе, ки ба ман мегуфт маро ба даҳшат меовард. Ҳам намоиш, ҳам ахбор ва ҳам он очеркҳову филмҳое, ки нишон медиҳанд бо як мақсад аст :- ту тамошобин беақлӣ, бетафаккурӣ, бефарҳангӣ ва ин мо ҳастем, ки ба ту фарҳангро меомӯзонем. Гузаронданд. Агар ТВ-ҳои мо аз тариқи моҳвора мунташир намешуд, ин қадар азоб намекашидам, чун онро имрӯз оламиён мебинанд. Обрӯву эътибори миллатро резонида истодаанд. Ман шарм мекунам, аммо чӣ кор кунам, замин сахту осмон баланд.

[b]»ЧУН ЭҶОДКОР НИСБАТАН ОЗОДАМ, АММО…»[/b]

[b]Суол:[/b] Имрӯзҳо дар бораи Истиқлол зиёд мегӯянд ва ба наздикӣ ҷашни 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Шумо дар замони Истиқлолият то чӣ ҳад худро мустақил эҳсос мекунед?

[b]Ҷавоб:[/b] Барои эҷодкор мустақилият хеле муҳим аст. Новобаста ба равишҳои сиёсиву дигар чизҳо. Ҳамчу эҷодкор нисбатан озодам, аммо ҳамчун як шаҳрванди ин ҷумҳурӣ умуман озодиро эҳсос намекунам. Ҳар бегоҳ вақте бо духтарам Ҳанно ва занам Шоира берун мебароям, мебинам, ки озод нестам. Телевизион мебинам, озод нестам, рӯзнома мехонам озод нестам. Театр мераваму мавзӯъ мегирам ва ин мавзӯъ даҳҳо маротиба аз филтратсия мегузарад, озод нестам. Сензура ҳатто аз даврони шӯравии соли 37 бадтар шудааст. Вақте мо эҷодкорро то ба ин ҳад сахт меқапему меҷафем куҷо мемонад дигар озодӣ? Ҳар чизи классикӣ ҳама вақт сиёсӣ аст. Ҳатто “Мадам Баварӣ”, ҳатто “Золушка”-и Андерсон ва ё “Ҳамлет”-у“Тӯфон”-и Шекспир ҳамаи инҳоро ҳеҷ наметавон аз сиёсат орӣ донист. Классика бе сиёсат буда наметавонад.“Гулистон”-и Саъдӣ чӣ? Чунки дард дошт он мард. “Бӯстон” ҳам. Шоҳ аз раъияти худ як себ гирифт ва аҳли дарбор дарахтро мебурад ва агар як тухм гирифт одамонаш даҳ ҳазор мурғро қурбонӣ мекунанд. Инро Саъдӣ гуфтааст. Аммо ин чиз рӯи саҳна намеояд. Бубинед ҳамин ҳозир бо мошин омадем. Корманди БДА намегузорад бо роҳ гузарӣ ва ба паскӯчаҳо пиёда роҳ рафтем, ним соат зиёдтар дер кардем то ба корхонаи Шумо омадан. Аммо сабабашро нагуфт, ки роҳро барои чӣ бастаанд. Куҷо аст озодӣ? Милиса бояд мефаҳмонид, ки бародар, хоҳиш мекунам, мошинатро онҷо мон, барои он, ки фалону фалон кор ҳаст.

Абдуқаюми Қаюмзод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24292256.html

М.Ҷӯраева: «Айбнома алайҳи Исмоилов исбот нашуд»

[b]Вакили мудофеи хабарнигори «Нури зиндагӣ» мегӯяд, ки айбнома алайҳи Исмоилов исбот нашудааст.[/b]

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори маҳалии «Нури зиндагӣ» дар ноҳияи Ашт, бо айбҳои тамаъҷӯӣ, маҳалгароӣ, тӯҳмат ва таҳқири мансабдорони ноҳия аз моҳи декабри соли гузашта то ба ҳол дар боздоштгоҳ ба сар мебарад .

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеи Муҳаммадюсуф Исмоилов гуфт, дар ҷараёни тафтиши парванда аз охири соли гузашта то кунун айбҳои эълоншуда дар муқобили нафари таҳти ҳимояаш, яъне «тамаъҷӯӣ» ва «маҳалгароӣ» исботи худро наёфтааст.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=116]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=116[/url]

Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Источник:

Рустами Ҷонӣ: Таъсиси радиои «Имрӯз» идеяи як нафар буд, касе бо ман паҳлӯ ба паҳлӯ ин идеяро ба вуҷуд наовардааст.

Радиои мустақили мавсум ба «Имрӯз» 4 сола шуд. Барои аввалин маротиба барномаи нахустини ин расона 9-уми августи соли 2007 рӯйи мавҷи 107,4 FM дар Душанбе пахш гардида буд. Тӯли чор соли фаъолият дар фазои иттиллотии кишвар ин расона тавонист ҳаводорони зиёдеро пайдо кунад. Дар арафаи таҷлили чорсолагии радиои мазкур хабарнигори «Озодагон» бо Рустами Ҷонӣ, сарвари кулли ширкати «Ориёно-Медиа», ки муассиси радиои «Имрӯз» маҳсуб мегардад, мусоҳибаи кӯтоҳе анҷом дод. Инак, фишурдаи онро пешниҳоди шумо мекунем.

[b]Матни пурраи мусоҳибаро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=115]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=115[/url]

Источник: