Архив рубрики: Хабарҳо

«Даҳони баста»-и милисаҳо дар Кӯлоб

[b]Рӯзноманигорони маҳаллӣ мегӯянд, мақомоти милисаи Кӯлоб дигар дар бораи кору фаъолияти худ ба онҳо иттилоъ намедиҳад.[/b]

Ба гуфтаи онҳо, тайи як моҳи ахир Шӯъбаҳои корҳои дохилӣ, мизҳои шиносномадиҳӣ ва Бозрасии давлатии автомобилӣ аз додани ҳамагуна иттилоъ ба хабарнигорон худдорӣ мекунанд.

[b]Матни пурраи гузоришро дар торномаи мо бо пахш кардани нишонии зерин мутолиа кунед: [/b][url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=136]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=136[/url]

Мӯъмин Аҳмадӣ

Источник:

Ҳимояти намояндаи САҲА аз Исмоилов ва Усмонов

[b]Намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот хостори бозбинии ҳукми М.Исмоилов ва У. Усмонов шуд.[/b]

Дуня Миятович, намояндаи ин созмон гуфтааст, ки ин ду хабарнигоре, ки рӯзи ҷумъаи гузашта маҳкум шуданд, бо ҷурми фаъолияти касбӣ таъқиб мешуданд ва дархости бозбинии ҳукми онҳо бояд муроот шавад.

Дуня Миятович изҳори умедворӣ кард, ки иттиҳомоти алайҳи хабарнигори “Нури зиндагӣ” Муҳаммадюсуф Исмоилов ва гузоришгари бахши узбакии Бӣ-Бӣ-Сӣ дар Тоҷикистон Урунбой Усмонов лағв хоҳад шуд.

Муҳаммадюсуф Исмоилов 35 000 сомонӣ ҷарима баста шуда, бо ҳукми додгоҳ барои 3 сол аз ҳаққи хабарнигорӣ маҳрум шуд. Аммо Урунбой Усмонов бо ҷурми ҳамкорӣ бо Ҳизби Таҳрир 3 сол ҳукми зиндон гирифт, вале ба дунбол афв шуд.

Муҳаммадюсуф Исмоилов дар нахустин вокуниши худ ба ҳукми додгоҳ гуфта буд, ки аз он чандон розӣ нест ва аз болои ин ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳад бурд: «Бовар кунед, аз ин ҳукм чандон розӣ нестам. Ба чӣ далел маро ҷарима ва ба мӯҳлати се сол аз фаъолияти хабарнигорӣ маҳрум мекунанд? Наход даҳони кормандони васоити ахбори оммаро бубанданд. Ҳоло он, ки мо ба фоидаи ҷамъият кор кардем. Мо бештар аз камбудиҳо гуфтем ва ба ислоҳи он таъкид намудем, на чизе бештар аз он.»

Урунбой Усмонов низ ба дунболи эълони ҳукми додгоҳ, дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, бо ҳукми додгоҳ розӣ нест ва ба хотири исбот кардани бегуноҳиаш ба додгоҳи болотар шикоят хоҳад бурд.

Хонум Миятович гуфт, ин ду қазияро зимни сафараш ба Душанбе бо мақомоти Тоҷикистон матраҳ хоҳад кард.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24362889.html

«Додгоҳҳои намоишӣ» таҳдид ба рӯзноманигорон дар Тоҷикистон аст»

[b]Ҳарчанд давлати Бритониё аз афв шудани хабарнигори Би-би-сӣ дар вилояти Суғд истиқбол мекунад, вале дар заминаи ин, ки додгоҳ ӯро муҷрим шинохт, «тардидҳо дорад.»[/b]

Ин суханонро Девид Лингтон, раиси бахши Урупои вазорати хориҷаи Бритониё дар вокуниш ба ҳукми додгоҳ алайҳи Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт.

Ин мақоми давлати Бритониё гуфт: “Мо аз ин, ки хабарнигори маҳаллии Би-би-сӣ афв шудааст, истиқбол мекунем. Зеро акнун оқои Усмонов як шаҳрванди озод аст. Аммо мо дар бораи муҷрим шинохта шудани ӯ аз сӯйи додгоҳ ва ҳукми додгоҳ алайҳи ӯ сахт тардид дорем.”

Вай афзуд: “Мо ҳамчунин дар мавриди наҳваи баргузории муҳокимаи додгоҳ, тардидҳо дорем.”

Оқои Лингтон гуфт, давлати Бритониё аз теъдоди муҳокимаҳои додгоҳии хабарнигорон дар робита ба мавзӯъи “латма ба шаъну шараф”, ки аҳёнан метавонанд, боъиси зиндонӣ шудани онҳо шаванд, нигарон боқӣ мемонад.

Оқои Лингтон дар изҳороташ гуфт: “Озодии баён бояд дар меҳвари ҳар кишвари демукротик бошад. Мо аз давлати Тоҷикистон мехоҳем, ки усулҳои рӯзноманигории байналмилалиро бипазирад.”

“Рӯзноманигорон бояд бим аз таъқиб ва маҳкумият ба зиндон, фаъолияти худро анҷом дода таваонанд.”

Рӯзи 14-уми октябр додгоҳи Суғд Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши осиёи Миёнаи Би-би-сӣ дар ин вилоятро дар «иртибот бо ифротгароёни исломӣ» муҷрим шинохта ва ӯро барои се сол маҳкум ба зиндон кард. Додгоҳ ҳамзамон ӯро тибқи қонуни афв аз иҷрои ин ҷазо маъоф кард.

Пас аз зӯҳри ҳамин рӯз додгоҳи шаҳри Табошар Маҳмадюсуф Исмоъилов, хабарнигори маҳаллии ноҳияи Аштро ба пардохти беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима ва се соли худдорӣ аз фаъолияти хабарнигорӣ маҳкум кардааст.

Ин хабарнигори нашрияи маҳаллии «Нури Зиндагӣ» дар «тавҳин, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ» муттаҳам шуда буд ва то баргузории муҳокимаи додгоҳ, беш аз 11 моҳ дар боздоштгоҳ ба сар бурдааст. Ба ин хотир додгоҳ тасмим гирифтааст, ки аз ҷаримаи 52 ҳазорсомонии ӯ 17 ҳазор кам карда шавад.

Вай пас аз эъломи ҳукми додгоҳ аз толори додгоҳ озод шуд.

[b]“Додгоҳҳои намоишӣ”[/b]

Рӯзноманигорони Бидуни Марз рӯзи 14-уми октябр пас аз ин, ки додгоҳҳо дар шимоли Тоҷикистон ду рӯзноманигорро дар мавориди мухталиф муҷрим шинохта ва алайҳи онҳо ҳукм баровардаанд, нигаронии худро баён кард.

Дар баёнияи ин ниҳоди дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон мехонем: “Мо аз ин ки Маҳмадюсуф Исмоъилов, ки тақрибан як сол, бидуни таваҷҷӯҳ ба вазъи саломаташ дар боздошт ба сар бурд, билохира озод шуд.”

Аммо баёния меафзояд: “Бо ин вуҷуд, ҳукми додгоҳҳо ҳам алайҳи ӯ ва ҳам алайҳи Урунбой Усмонов ғайри қобили қабул ҳастанд. Ин ду рӯзноманигор аллакай барои мустақилияти худ қимати хеле боло пардохтаанд. Онҳо бояд табраъа мешуданд ва ба онҳо ҳатто ҷубронпулӣ бояд дода мешуд.”

“Ба ин хотир мо аз тасмими онҳо дар бораи шикоят ба додгоҳи олӣ комилан пуштибонӣ мекунем.”

Созмони Рӯзноманигорони Бидуни Марз ҳамчунин навиштааст, ки “фишорҳои байналмилалӣ дар заминаи рафтор бо ин ду хабарнигор муассир будаанд, вале маҳкумияти онҳо аз сӯйи додгоҳҳо қасди таҳдид ба рӯзноманигорони дигар дар Тоҷикистонро дорад.”

“Системи қазоӣ талош кард, обрӯйи худро наҷот бидиҳад. Аммо додгоҳҳои намоишӣ натавонистанд, истиқлолияти додгоҳро нишон бидиҳанд.”

Созмони Рӯзноманигорони Бидуни Марз Тоҷикистонро дар миёни 178 кишвари ҷаҳон дар феҳристи озодии баён дар ҷойи 115 қарор додааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/10/111015_sq_media_reaction_urunboy.shtml

АКБАРИ САТТОР: «ҲАДАФИ МО БЕШТАР КАРДАНИ УЗВИ ИЖ НЕСТ»

[b]Акбари Саттор дубора ва бидуни рақиб раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб гардид. Муҳимтарин таҳаввули анҷумани 11-уми Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон интихоби дигарбораи Акбари Саттор ба унвони раиси ин иттиҳодия буд.[/b]

Интихоби ӯ ба ин мақом кори қобили пешбинӣ буд ва ҳамчунон бидуни рақиб дубора номзад шуд ва бо иттифоқи оро барои панҷ соли дигар ба симмати созмони собиқадортарини журналистони Тоҷикистон баргузида шуд. Оқои Саттор мегӯяд, барномаи ӯ дар панҷ соли оянда идомаи барномаи панҷ соли гузашта хоҳад буд. Яъне такмили Иттиҳодияи журналистон, ки бештару беҳтар битавонад барои ҳалли масоили рӯзномагирон ва рӯзноманигорӣ мусоидат кунад.

Акбари Саттор мегӯяд: «Барномаи мо асосан такмил додан аст. Ҳар он барномаеро, ки натавонистем иҷро кунем ва ё нимакора доштем, мехоҳем онро ба иҷро бирасонем. Масалан, мехостем як маркази таҳқиқоти журналистӣ дошта бошем, рӯзномаи «Сухан»-ро дубора нашр кунем, ки натавонистем. Аъзоро ҷавон кунем, аъзои раёсатро хеле ҷавон кардем. Аммо ҳадаф зиёд кардани аъзо нест. Дар раёсат мавқеъ ва нукта назарҳои мухталифро ҷой додем, ки барои ҳалли бисёр масъалаҳо мусоидат мекунад.»

Гуфтанист, ки ҳамчунин Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи мустақили “СССР”, ба унвони номзад ба раёсати Иттиҳодияи журналистон аз сӯи бархе вакилон муаррифӣ гардид, вале ӯ номзадии худро бозпас гирифта ва вориди рақобат нашуд. Оқои Сайёф ин иқдоми худро ба вазъи сиҳатии худ марбут донист ва гуфт, сиҳаташ феълан ба ӯ ин имконро намедиҳад, ки ин масъулиятро бар ӯҳда бигирад.

Аммо тасаввуроти комил ин аст, ки Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон мисли Иттиҳодияи нависандагони кишвар ҳамчунон як созмони зери нуфузи ҳукумат ва ҳоло дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ боқӣ мондааст ва аксари ҳозирин дар ин анҷуман низ масъулини ниҳодҳо ва расонаҳои давлатӣ ё умдатан собиқадорону ҳаводорони давлат буданд.

Баҳси дигари бархе аз вакилони Анҷумани журналистон ин буд, ки раис ва аксари аъзои раёсати нави Иттиҳодияи журналистон масъулини расонаҳо интихоб шудаанд. Дар ҳоле ки Иттиҳодияи журналистон як созмони ҳирфаист ва ҳадафи аслии он ҳимояи ҳуқуқи рӯзноманигорон мебошад. Вале аъзои раёсати Иттиҳодияи журналистон, ки ҳама масъулин ва корфармоён ҳастанд дар сурати пеш омадани бархӯрди манифатҳо дар тарафи кӣ қарор хоҳанд гирифт: Дар тарафи корфармо, яъне худашон ва ё дар тарафи ҷабрдида?

Қироншоҳи Шарифзода, вакили Анҷумани Иттиҳодияи журналистон ва устоди рӯзноманигорӣ дар Донишгоҳи миллӣ мегӯяд: «Мо гуфтем, ки фақат сардабирон ва моликони рӯзномаҳо дар раёсат набошанд. Журналистони қаторӣ ҳам бошанд ва кордиҳандаҳо аксариятро набояд дар раёсат ташкил кунанд. Зеро мо солҳои охир шоҳиди нақзи ҳуқуқи худи хабарнигорон аз сӯи корфармоҳо ҳастем. Вале, мутаассифона, пешниҳодҳо ба эътибор гирифта нашуданд ба ҳамин хотир ман зид овоз додам ба ҳайати раёсат.»

Аммо Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон, роҳи осонеро барои ҳалли чунин баҳсҳо пешниҳод мекунад. Ӯ мегуяд, ба манзури ҳалли баҳсҳои корӣ бояд Иттифоқи касабаи журналистон таъсис шавад. Ин дар ҳолест, ки худи Иттиҳодияи журналистон созмони коргарии рӯзноманигорон, яъне ба истилоҳ иттифоқи касаба ба шумор меравад.

Ба ҳар сурат, Акбари Саттор, ки барои бори дуввум раиси Иттиҳодияи журналистон интихоб шудааст, аз чеҳраҳои муҳим дар майдони расонаҳои Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва аз обрӯи хубе ҳам дар миёни маҳофили мухталифи журналистӣ бархӯрдор аст. Ӯ чандин нашрия, аз ҷумла “Чархи гардун”, “Вечерний Душанбе”, “Дайджест-Пресс”-ро дар ихтиёр дорад.

Дар панҷ соли пеш, баъди ба раёсати Иттиҳодияи журналистон нишастани Акбари Саттор, фаъолияти ин созмони журналистии бозмонда аз Шӯравии пешин ҷони дубора гирифт. Аммо боз ҳам бархе аз хабарнигорони тоҷик фаъолияти Иттифоқи журналистонро дар дифоъ аз ҳуқуқи журналистон муассир намедонанд, вале ин иттиҳодия ахиран дар чандин муроҷиати созмонҳои хабарнигорӣ имзо гузошта, мавқеи худро дар мавриди баҳсҳои додгоҳии нашрияҳо баён кардааст.

Дар анҷумани ёздаҳуми ИЖТ ҳамчунин масоили доғи фаъолияти матбуоти Тоҷикистон, аз ҷумла риояи ҳуқуқу озодиҳои хабарнигорон, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва боло бурдани ихтисоси хабарнигорони тоҷик баррасӣ шуд. Ин дар ҳолест, ки ду соли ахир барои матбуоти мустақил ва хабарнигорони Тоҷикистон солҳои хубе набудааст, зеро чандин ҳафтанома ва хабарнигоронро мақомоти расмӣ бо иттиҳоми тӯҳмату бӯҳтон ба додгоҳ кашиданд.

Раҳматкарими Давлат, «Озодӣ»

Источник: http://ruzgor.tj/matbuot/6336.html

Акбари Саттор дубора ва бидуни рақиб раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб гардид

[b]Интихоби дигарбораи ӯ ба ҳайси раиси Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон имрӯз, 15 октябр, зимни баргузории Анҷумани 11-уми ин иттиҳодия дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.[/b]

Ҳарчанд гурӯҳе аз хабарнигорон номзадии Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи мустақили “СССР”-ро ба раҳбарии Иттифоқи журналистон пешбарӣ карданд, аммо худи ӯ инро рад намуд.

Акбари Саттор, аз медиамагнатҳои Тоҷикистон, ки чандин нашрияҳои мустақил, аз ҷумла “Чархи гардун”, “Вечерний Душанбе”, “Дайджест-Пресс”-ро дар ихтиёр дорад, панҷ сол боз раҳбарии ин иттиҳодияро ба ӯҳда дошт. Вай ин вазифаро аз раҳбари собиқи ин иттиҳодия марҳум Мирзоҳаёт Давлатов гирифта буд.

Оқои Саттор, ки ҳамакнун то панҷ соли дигар дар садри Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон боқӣ мемонад, гуфт, ки фаъолияти иттиҳодияро таҳким мебахашад ва ҳам барои дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорони тоҷик ва покизагии забони матбуот талошҳо анҷом хоҳад дод.

Дар анҷумани ёздаҳуми ИЖТ ҳамчунин масоили доғи фаъолияти матбуоти Тоҷикистон, аз ҷумла риояи ҳуқуқу озодиҳои хабарнигорон, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва боло бурдани ихтисоси хабарнигорони тоҷик баррасӣ шуд.

Дар ҳоле ки ду соли ахир барои матбуоти мустақил ва хабарнигорони Тоҷикистон солҳои хубе набудааст, зеро чандин ҳафтанома ва хабарнигоронро мақомоти расмӣ бо иттиҳоми тӯҳмату бӯҳтон ба додгоҳ кашиданд. Аз ҷумла, то ҳанӯз баҳси ҳафтаномаи “Азия-Плюс” бо муовини вазири корҳои дохилӣ, Анвар Тағоймуродов, дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии Душанбе идома дорад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24360479.html

Бо эъломи ҳукми додгоҳ Маҳмадюсуф Исмоъилов аз толори додгоҳ озод шуд

[b]Додгоҳи шаҳри Табошар Маҳмадюсуф Исмоъилов, хабарнигор дар шимоли Тоҷикистонро ба пардохти беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима ва се соли худдорӣ аз фаъолияти хабарнигорӣ маҳкум кардааст.[/b]

Ин хабарнигори нашрияи маҳаллии «Нури Зиндагӣ» пас аз 11 моҳи боздошташ ба иттиҳоми «таҳқир, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ» пас аз эъломи ҳукми додгоҳ дар Хуҷанд дар рӯзи 14-уми октябр аз толори додгоҳ озод шуд.

Саодат Атоева, қозии парванда гуфт, ки ӯ ба пардохти ҷаримаи 52 ҳазору 500 сомонӣ ба давлат ва ба се соли худдорӣ аз фаъолияти хабарнигорӣ маҳкум шуд. Аммо ба далели ин, ки оқои Исмоъилов даҳ моҳу 26 рӯзи худро дар боздошт сипарӣ кард вай акнун танҳо бояд 35 ҳазор сомонӣ ба давлат ҷарима супорад.

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеъи оқои Исмоъилов ҳукмb додгоҳро «одилона» хонд ва гуфт, ки алайҳи ҳукми ин додгоҳ ба додгоҳи истинофӣ шикоят нахоҳад бурд.

Ҳарчанд оқои Исмоъилов дар иттиҳомоти ворида ба ӯ, яъне «тӯҳмат, тамаъҷӯйӣ ва маҳалгароӣ» муҷрим шинохта шуд, бо дарназардошти озод шудани ин хабарнигор аз толори додгоҳ, Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМРМТ) ва ё НАНСМИТ? ҳукми додгоҳро «мунсифона» хонд.

Вай гуфт: «Bн ҳукми додгоҳ дарвоқеъ тантанаи адолат дар Тоҷикистон аст ва озодии ин хабарнигор аз боздошт обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ хеле боло хоҳад бурд.»

Оқои Исмоъилов барои нашри матолиби интиқодӣ дар бораи мақомоти давлатии ноҳияи Ашт боздошт шуда ва аз 23 ноябри соли гузашта дар боздоштгоҳ ба сар мебарад. Вай аз сӯйи мақомоти маҳаллӣ ба «тамаъҷӯӣ, маҳаллгароӣ, тӯҳмат ва таҳқир» муттаҳам шудааст.

Амирҷон Ғафуров, додситон ва айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ талаб карда буд, ин хабарнигори тоҷик ба муддати 16 сол маҳкум ба зиндон шавад ва тибқи қонуни авф 2 сол ҳукми вай кам карда шавад.

Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, ки мақарраш дар Ню-Йурк аст, дар баёнияи худ боздошти Муҳаммадюсуф Исмоъиловро маҳкум карда ва гуфта буд, ки аз дархости додситонӣ, яъне таъйини 16 сол зиндон ба иттиҳоми «тӯҳмат» ба ин хабарнигор «ваҳшатзада» шудааст.

Маҳмадюсуф Исмоъилов, хабарнигори зиндонии тоҷик, дар ҷаласаи додгоҳ, ки имрӯз 13 октябр, дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, зимни охирин суханаш аз додгоҳ дархости табраъа карда буд.

Қазияи додгоҳии ин хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ» вокунишҳои густардаи созмонҳои дохилӣ ва хориҷиро ба вуҷуд овард. Аз ҷумла Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМРМТ) ва ё НАНСМИТ пайваста боздошти ӯро ба чопи матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои қудратӣ марбут мехонад.

Созмонҳои бонуфузи Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи Дифоъ аз Ҳуқуқи Рӯзноманигорон (CPJ) аз давлати Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки Маҳмудюсуф Исмоъиловро озод кунад.

Гузоришҳо ҳокист, ки тайи соли 2010 мtлодӣ дар Тоҷикистон чанд нашрия бо баҳонаҳои мухталиф ба додгоҳ кашида шуда ва хабарнигорони зиёде низ барои нашри матолиби интиқодомез бо фишори мақомоти давлатӣ ва афроди алоҳида рӯбарӯ шудаанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/10/111014_sq_aa_media_ismailov.shtml

Ҳушдори Би-би-сӣ дар робита ба маҳкумияти Урунбой Усмонов

[b]Шабакаи хабарии Би-би-сӣ бо судури баёнияе ҳукми додгоҳ дар бораи муҷрим шинохтани Урунбой Усмонов, хабарнигори худ дар Тоҷикистонро шадидан маҳкум кардааст.[/b]

Додгоҳи вилояти Суғд хабарнигори Би-би-сиро дар «иртибот бо ифротгароёни исломӣ» муҷрим шинохта ва ӯро барои се сол маҳкум ба зиндон кард, вале ҳамзамон ӯро тибқи қонуни афв аз иҷрои ҷазо маъоф кард.

Урунбой Усмонов ин ҳукми додгоҳро «беадолатӣ» унвон карда ва вакилони мудофеъи вай гуфтанд, ки ба додгоҳи истинофӣ шикоят хоҳанд бурд.

Дар биёнияи Би-би-сӣ омадааст, ин созмони расонаӣ муътақид аст, ки ҳеҷ гуна шавоҳиде барои таъйиди иртикоби тахаллуфе аз сӯи оқои Усмонов дар ҷараёни додгоҳ пайдо нашудааст ва танҳо табраъаи комил ва бидуни маҳкумияти ин хабарнигор қобили қабул аст.

Би-би-сӣ мегӯяд, «сарфи назар аз ҳукми додгоҳ дар бораи афви ӯ оқои Усмонов мехоҳад ба додгоҳи таҷдиди назар барои дифоъ аз ҳайсият ва обрӯи худ шикоят бубарад.»

Питер Ҳорокс, раиси барномаҳои ҷаҳонии хабарии Би-би-сӣ дар ин баёния гуфт: «Мо ба дифоъи худ аз Урунбой идома хоҳем дод ва умедворем, ки таҷдиди назар дар бораи ҳукми додгоҳ номи неки ӯро ба унвони як нависанда ва рӯзноманигори шинохта барқарор хоҳад кард.»

Ӯ афзуд: «Мо ҳамчунин қасд дорем барои дарёфти посух дар мавриди бадрафторӣ ва эъмоли шиканҷа нисбати Урунбой дар боздоштгоҳ иқдом кунем ва нигарониҳои воқеъии худ дар робита ба навоқиси раванди таҳқиқи қонуниро дар ин қазия матраҳ кунем.»

Оқои Усмонов дар ҷараёни додгоҳ зимни ироаи посух ба пурсишҳо ба додгоҳ гуфт, ки пас аз боздошташ дар рӯзи 13 июн ӯ дар боздоштгоҳ шиканҷа шудааст, аз ҷумла мавриди зарбу шатм қарор гирифта ва маъмурини амниятӣ дастони ӯро бо сигор сӯзондаанд.

Баёния меафзояд: «Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ӯро маҷбур кардаанд, то эътирофотеро имзо кунад, ки барояш қироъат шуда буд.»

Ин дар ҳолест, ки вакилони мудофеъи оқои Усмонов низ тамоми далоилеро, ки бозрасон ҷамъоварӣ кардаанд, «берун аз эътибори қонунӣ» хондаанд, зеро ба гуфтаи онҳо «ин далоил бо истифода аз шиканҷа ва бо нақзи муқаррароти тафтишу таҳқиқ ба даст оварда шудаанд.»

Вакилони мудофеъ дар додгоҳ хостанд, ки Эраҷ Давлатов, масъули бахши амниятии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки Урунбой Усмоновро боздошт карда буд, “ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад” ва алайҳи Хуршед Досов, раҳбари гурӯҳи бозрасони бахши кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Саидмуҳиддин Саймудинов, бозраси ин парванда, “таъйиноти махсус бароварда шавад.”

Дар ҳамин ҳол рӯзи 13-уми октябр Кумитаи Дифоъ аз Ҳуқуқи Рӯзноманигорон бо интишори баёнияе аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки «иттиҳомоти бемаврид алайҳи Ӯрунбой Усмонов ва Маҳмадюсуф Исмоъилов лағв ва онҳо бидуни шарту шароъит озод шаванд.»

Як соат қабл аз эъломи ҳукми додгоҳ дар робита ба Урунбой Усмонов, додгоҳи шаҳри Табошар ҳукми худро дар робита ба парвандаи Маҳмадюсуф Исмоъилов, хабарнигори маҳаллии ноҳияи Ашт содир кард.

Ин хабарнигори маҳаллӣ, ки аз 23 ноябри соли гузашта дар боздошт қарор дошт аз толори додгоҳ озод шуд, вале додгоҳ ӯро дар «тӯҳмат, таҳқир ва маҳалгароӣ» муҷрим шинохта ва ба пардохти беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима ва се соли худдорӣ аз фаъолияти хабарнигорӣ маҳкум кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Нина Огнианова, раиси барномаи Урупо ва Осиёи Миёнаи Кумитаи Дифоъ аз Ҳуқуқи Рӯноманигорон гуфт, ки «ҳар ду хабарнигорон (Урунбой Усмонов ва Маҳмадюсуф Исмоъилов) ба хотири гузоришгарии мустақилонаи худ дар бораи мавзӯъоти муҳимми иҷтимоъӣ таъқиб шудаанд, на барои чизе дигар.»

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/10/111014_l16_bbc_statement_urunbay.shtml

«Бо 52 сомонӣ нафақа 35 000 ҷаримаро чӣ гуна пардозам?»

[b]Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори тоҷик, мегӯяд, аз ҳукми додгоҳ дар бораи ҷарима шудани ӯ розӣ нест.[/b]

Раҳоии Муҳаммадюсуф Исмоилов пас аз 10 моҳу 26 рӯз аз боздоштгоҳро вакилони дифоъ, рӯзноманигорону созмонҳои хабарнигории тоҷик ва ҳам дӯстону мухлисони қалами ӯ хуш истиқбол карданд.

Додгоҳи Табошар ба сурати умум Исмоиловро мутобиқи чаҳор банди асноди ҷиноии Тоҷикистон: тӯҳмат, таҳқир, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ гунаҳкор ҳисобид. Вале ба гуфтаи Саодат Атоева, раиси мурофиа, додгоҳ бо истифода аз ҳаққи худ барои сабук кардани таъйини ҷазо онро аз ҳабс дар маҷмӯъ ба 52 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима иваз кард.

Вай ҳамзамон гуфт, ки бо назардошти тақрибан 11 моҳ дар боздоштгоҳ будани Исмоилов ҷаримаи ниҳоӣ 35 ҳазор сомонӣ аст. Ҳамчунин, бино ба қавли мақомоти додгоҳ ӯ тӯли се соли оянда наметавонад ба фаъолияти хабарнигорӣ машғул бишавад.

Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ, ҳукми додгоҳро дар муқоиса ба дархости додситон, ки 14 соли зиндони Исмоиловро талаб карда буд, «одилона» арзёбӣ кард. Вай афзуд: «Гумон мекунам, ин натиҷаи ҳамраъйии рӯзноманигорон ва созмонҳои хабарнигорӣ аст. Чунин қазияҳо ба ҳамкасбони дигари мо сабақ бошад, ки ба нақзи ҳуқуқи касе роҳ надиҳанд.»

Муҳаммадраҳим Абдуманнофов, яке аз дӯстони Муҳаммадюсуф Исмоилов ва аз фаъолони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон қазиаи Исмоиловро иқдоме аз ҷониби мақомот ба хотири маҳдуд кардани озодии баён ва маҳдуд кардани фаъолияти хабарнигорони ошкоргӯ донист: «Ин як маъракаи дастаҷамъонаи мақомоти ноҳияи Ашт ба муқобили як рӯзноманигори мустақиле буд, ки фаъолияти номуассири онҳоро танқид мекард. Онҳо бо ҳамин роҳ мехостанд чашми хабарнигорон ва нашрияҳои мустақилеро, ки мақомотро зери интиқод мегиранд, тарсонанд. Онҳо, хушбахтона, ба ин мақсади ниҳоии худ нарасиданд, баръакс имиҷи Тоҷикистонро дар миқёси байнулмилалӣ паст заданд, худро дар додгоҳ шарманда карданд ва хатову камбудҳои худро бори дигар рӯи об оварда, ба ҳама намоиш доданд.»

Қамари Аҳрор, хабарнигори нашрияи «Озодагон» дар Хуҷанд гуфт, маҳкум шудани Исмоиловро фишори равонӣ ба рӯзноманигорони боҷуръат ва мунаққид, бахусус, рӯзноманигорони навқалам аст. Вай афзуд: «Додгоҳ Исмоиловро раҳо кард, вале ӯро айбдор эълон намуд ва ҳам зери 35 ҳазор ҷарима. Хуб, акнун посухи қариб 11 моҳ дар маҳбас нигаҳ доштани ӯро кӣ медиҳад? Ба фикри ман, мақомот бо ин кори худ мехостанд рӯзноманигорони дигар аз худсензура кор бигиранд ва аз навиштани мақолаҳои танқидӣ худдорӣ намоянд.»

Муҳаммадюсуф Исмоилов тақрибан пас аз як соати эълони ҳукм аз боздоштгоҳи муваққат, ба истилоҳ СИЗО-и рақами 2-и Хуҷанд раҳо гашт. Вайро дар озодӣ гурӯҳи рӯзноманигорону вакилони дифоъ ва дӯстонаш истиқбол карданд. Аз чеҳраи Муҳаммадюсуф аён буд, ки озодӣ ба вай рӯҳу нерӯи тозае бахшидааст. Аз ҳарфи аввали ӯ маълум гашт, ӯро аз ҳама бештар маҳрум гаштанаш аз кори рӯзноманигорӣ нигарон кардааст: «Барои ман тамоман норӯшан, ки чаро 3 сол аз машғул шудан ба рӯноманигорӣ маҳрум карданд. Ман ба фоидаи мардум, ҷомеа кор кардам. Ин ҷо маро ҷаримаи калон бастанд. 11 моҳ нигаҳ доштанд. Ин чӣ хел мешавад?»

Исмоилов ҳамчунин гуфт, агар рӯзноманигорони тоҷик аз таълифи мақолаҳои танқидиву таҳлилӣ даст кашида, фақат ба таърифу тавсиф машғул бошанд, аз ин барои пешрафти Тоҷикистон суде нахоҳад буд.

Муҳаммадюсуф Исмоилов ба гуфтаи худаш, аз давлат 52 сомонӣ, баробари синнаш нафақаи беморӣ мегирад ва парастории ҳамсару 3 фарзанд ва як хоҳари бемораш низ бар дӯши ӯст ва ҳоло намедонад ҷаримаро аз куҷо пардохт хоҳад кард.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24360108.html

Вокунишҳо ба «озодӣ»-и Исмоилов ва Усмонов

[b]СPJ ва RSW агарчӣ аз раҳоии ду хабарнигори тоҷик хуш шуда, вале муҷозот шудани онҳоро маҳкум мекунанд.[/b]

Йоҳан Бир, мудири бахши АвроОсиёи созмони Хабарнигорони бидуни марз, мақараш дар Порис, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз раҳоии Муҳаммадюсуф Исмоилов оҳи сабук кашид, вале ин ки ҳам Исмоилов ва ҳам Урунбой Усмонов муҷозот шуданд, таассуфангез ва ғайри қобили қабул аст.

Музаффар Сулаймонов, масъули Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон дар вокуниш ба ин ду ҳукм низ гуфт, аз раҳоии Исмоилов хуш шудаанд, вале муҷозот шудани ӯву хабарнигори Би-би-сиро маҳкум мекунанд ва ҳамчунон ба бегуноҳии ҳарду исрор меварзанд.

Ҳарду созмон хостори бознигарии ҳукми рӯзи 14 октябр дар қиболи ду хабарнигори тоҷик шуда, хостори лағви ин ду ҳукм шуданд. Ба таъбири оқои Сулаймонов, додгоҳҳои Тоҷикистон бояд бо лағви ин ҳукмҳо домани худро аз доғи нангине, ки аз муҷозоти хабарнигорон ба обрӯи онҳо зада шуд, пок кунанд.

[b]Матни пурраи гузоришро дар торномаи мо бо пахш кардани нишонии зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=135]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=135[/url]

Источник:

Маҳмадюсуф Исмоилов аз додгоҳ дархост кард, ки ӯро табраъа кунанд

[b]Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори зиндонии тоҷик, дар ҷаласаи додгоҳ, ки имрӯз 13 октябр, дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, зимни ироаи «охирин суханаш» аз додгоҳ дархости табраъаи худро кардааст.[/b]

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифоъи Муҳаммадюсуф Исмоилов ба Би-би-сӣ гуфт, ки паёми аслии «сухани охирини» оқои Исмоилов ба қозӣ ин буд, ки ҳадаф аз навиштани мақолаҳои интиқодиаш «такон додан ба рушди ҷомеъа» будааст.

Оқои Исмоилов гуфтааст, ки ҳеҷ хусусати шахсӣ алайҳи мансабдорони ноҳияи Ашт надоштааст ва ҳадаф аз навиштани мақолаҳояш нишон додани камбудиҳои ҷомеъа будааст.

Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМРМТ) ва ё НАНСМИТ ба Би-би-сӣ гуфт, ки қазияҳои додгоҳии Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ ва Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ» вокунишҳои байналмилалиеро ба вуҷуд оварданд.

Ба андешаи оқои Қаршибоев, қазияи додгоҳии ду хабарнигор дар як минтақа аз эҷоди мавонеъ дар густариши озодии баён дар Тоҷикистон дарак медиҳад ва сатҳи арҷ гузоштан ба арзишҳои демукросиро дар ин нишон медиҳад.

Зимнан, дар ҷаласаи қаблии додгоҳӣ Амирҷон Ғафуров, додситон ва айбдоркунандаи давлатӣ аз қозӣ талаб карда буд, ки Муҳаммадюсуф Исмоиловро ба муддати 16 сол маҳкум ба зиндон кунад ва тибқи қонуни авф ду сол аз ин ҳукми ӯ кам карда шавад.

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифоъи Муҳаммадюсуф Исмоилов гуфта буд, ки иттиҳомоти ворида алайҳи муваккилаш собит нашуданд ва ӯ бояд табраъа шавад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов дар тавҳини мақомдорони давлатии ноҳияи Ашт мутаҳҳам мешавад ва аз таърихи 23 ноябри соли гузашта дар боздоштгоҳе дар вилояти Суғд ба сар мебарад. Вай ҳамчунин дар «тамаъҷӯӣ, барангехтани маҳалгароӣ, тӯҳмат ва таҳқир» муттаҳам шудааст.

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМРМТ) ва ё НАНСМИТ мукарраран боздошти ин хабарнигорро ба фаъолияти ҳирфаиаш ва нашри матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои қудратӣ марбут мехонад.

Ба ин хотир созмонҳои бонуфузи дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон ва дидбонҳои ҳуқуқи башар аз давлати Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки Муҳаммудюсуф Исмоиловро озод кунад.

Аз ҷумла, созмони Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон (CPJ) созмонҳое, ки аз озодии баён ва ҳуқуқи рӯзноманигорон ҳимоят мекунанд, пештар хостори озодии Муҳаммадюсуф Исмоилов шуда буданд.

Гузоришҳо ҳокист, ки тайи соли 2010 милодӣ дар Тоҷикистон чанд нашрия бо далоили мухталиф ба додгоҳ кашида шуда ва хабарнигорони зиёде барои нашри матолиби интиқодӣ бо фишорҳои мақомоти давлатӣ ва афроди алоҳида рӯбарӯ шудаанд.

Эҳтимол меравад, ки ҳукми додгоҳ дар робита ба парвандаи Муҳаммадюсуф Исмоилов фардо, рӯзи 14 октябр дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд эълом шавад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/10/111013_sq_aa_media_ismailov.shtml