Архив рубрики: Хабарҳо

ПРОФЕССОР А.НУРАЛИЕВ 70 – СОЛА ШУД

[b]28 октябр, дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бахшида ба ҷашни солгарди доктори илми филология, профессор Абдусаттор Нуралиев конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Саҳми профессор А.Нуралиев ба рушди журналистикаи тоҷик» баргузор гардид.[/b]

Дар конфронс ректори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, профессор Муҳаммадюсуф Имомов сарсухан мекунад. Иштирокдорони конфронс ҳамчунин гузоришҳоро дар мавзӯи «Фаъолияти илмию тадқиқотии профессор А.Нуралиев» ва «Саромади таҳсилоти журналистӣ ва илм» мешунаванд. Дар конфронс Ходими шоистаи илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Иброҳим Усмонов, дотсенти кафедраи матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Пайванд Гулмуродов ва худи соҳибҷашн — А.Нуралиев суханронӣ карданд.

Источник:

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ҲУҚУҚӣ ПЕРОМУНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ

[b]Аз 27 то 28 октябри соли 2011 дар Вазорати фарҳанги Чумҳурии Точикистон дар мавзўи “Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои иҷрогарон” семинар баргузор мегардад.[/b]

Мақсад аз гузаронидани семинар пешгирии вайронкунии ҳуқуқи муаллифон, ҳамкории мақомоти дахлдор, муассисаву идораҳое, ки бевосита ба пешгирии вайрон кардани ҳуқуқ дар ин соҳа масъуланд, беҳтар намудани ҳифзи манфиатҳои муаллифон ҳангоми истифодаи асарҳои онҳо, омўзиши санадҳои ҳуқуқию меъёрие, ки муносибатҳои байни муаллифонро ба танзим медарорад, мебошад.

Масъалаи дигаре, ки дар семинар мавриди омўзиши ҷиддӣ қарор мегирад, аз мутобиқати муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи муаллиф ба талаботи Конвенсияи ҷанбаъҳои ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ, ки аз тарафи Созмони умумиҷаҳонии савдо қабул гардидааст, мебошад. Мутахассисон доир ба мутобик намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муқаррароти ин ҳуҷҷат пешниҳодҳои худро иброз медоранд.

АМИТ «Ховар»

Источник: http://khovar.tj/society/19301-barguzorii-seminari-1203u1179u11791251-peromuni-1203ifzi-1203u1179u11

Муколамаи Тоҷикистону Аврупо. Аз озодии баён то хушунат

[b]Даври чаҳоруми муколамаи Тоҷикистону Иттиҳодияи Аврупо пиромуни вазъи ҳуқуқи башар баргузор шуд.[/b]

Вазъи озодии матбуот, ҳуқуқи занон, ҳуқуқи муҳоҷирон, коҳиш додани зӯроварӣ дар хонаводаҳо алайҳи занон ва бекор кардани ҳукми қатл дар Тоҷикистон аз масоили муҳиме ба шумор меоянд, ки Иттиҳодияи Аврупо аз ҳукумати ин кишвар ҳалли сареъ ва ҳамаҷонибаи онҳоро мехоҳад.

Ба хабарнигорон иҷоза надоданд, ки ҷараёни баҳсро сабт кунанд ва сабаби онро ҳам шарҳ надоданд. Вақте танаффус эълон карда шуд, танҳо дар ҳамин лаҳза фурсате пеш омад, ки бо намоянадгони мизи гирд суҳбат бикунем.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=143]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=143[/url]

Мирзонабии Холиқзод, Бароти Юсуфӣ

Источник:

Исмоилов: «Аз навиштаҳоям пушаймон нестам»

[b]Гуфтугӯи хабарнигори «Озодӣ» бо Муҳаммадюсуф Исмоилов, ки тӯли ёздаҳ моҳи ахир дар боздошт буд.[/b]

[b]Муҳаммадюсуфи Исмоилов пас аз раҳоияш аз боздоштгоҳи Хуҷанд барои як дидорбинӣ бо дӯстону наздикон ба Душанбе омада буд ва мо аз фурсат истифода карда, бо эшон сӯҳбате анҷом додем.[/b]

[b]Муҳаммадюсуф Исмоилов:[/b] «Дар соли 2006 Даврон Зоҳидов, ки ҳоло дар Дастгоҳи иҷроияи президент фаъолият дорад, ба ноҳияи Ашт раис ва Хуршед Улмасов додситон таъйин шуданд. Аммо онҳо ба ободкориву пешравии ноҳия эътибор намедоданд. Кӯчаҳои Шайдон, маркази ноҳияи Ашт, пурчангу ғубор, дарахтон хушк, беморхона ва сохтмонҳои соҳаи маориф рӯ ба таназзул ниҳоданд. Роҳҳо ба дараҷае харобу валангор шуданд, ки кӯчаҳои Шайдон солҳои 1941-42-ро ба хотир меовард. Мардуми Шайдон ва меҳмонон аз чунин вазъ нороҳат шуда, мепурсиданд, ки оё як одами зинда ҳаст, ки ба боло ин вазъро бифаҳмонад. Ман ин ҳарфҳоро шунида, азият мекашидам. Зеро ман хабарнигори “Нури зиндагӣ” будам. Чандин навбат ба масъулин, аз ҷумла раиси ноҳия муроҷиат карда, гуфтам, ки чорае биҷӯянд, аммо онҳо парво намекарданд. Ҷамоати шаҳраки Шайдон ду маротиба муроҷиат кард, ки барои бартараф кардани камбудҳо ёрӣ кунанд, вале бидуни натиҷаИдораи бозрасии автомобилӣ низ панҷ маротиба дарбораи валангору тахриб шудани роҳҳои Шайдон муроҷиат кард, вале нафаре додшунав пайдо нашуд. Бо ҳамаи масъулини ин соҳаҳо сӯҳбат карда, дар заминаи гуфтаи онҳо як мақола бо номи “Вайронаҳои Шайдонро кӣ обод мекунад” дар “Нури зиндагӣ” ба нашр расонидам. Пас аз нашри ин матлаб ба кор сар карданд. Аммо боз ҳам корҳоро то ба охир нарасониданд. Боз мақолаи дигареро бо номи “Чанги Шайдон дар осмон” чоп кардам. Ин мақола аз мушкилоти беморхонаи Шайдон, ки солҳои чилум сохта шуда ва боре ҳам рӯи тармимро надида буд, ҳикоят мекард. Тирезаҳои ин беморхонаро кушода намешуд, чунки чангу хоки кӯча ба дохил медаромад ва худи касалхона ба ҳадде бӯй гирифта буд, ки кас ҳайрон мемонд. Аммо ягон маротиба раиси ноҳияро надидам, ки пиёда аз ин ҷо гузар карда, ин манзараҳоро дида бошад. Аз утоқи корӣ рост ба мошин ва аз мошин рост ба утоқи корӣ медаромад.»

[b]Матни пурраи сӯҳбатро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=142]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=142[/url]

Абдуқаюми Қаюмзод

Источник:

Иттиҳодияи Урупо: Вазъи озодии баён дар Тоҷикистон бадтар шуд

[b]Дар Душанбе даври чаҳоруми “Муколамаи ҳуқуқи башар миёни Иттиҳодияи Урупо ва Тоҷикистон” оғоз шуд.[/b]

Ҳоло ҳайъате аз намояндагони Иттиҳодияи Урупо барои анҷоми гутфугӯ бо мақомоти тоҷик дар ин бора дар Душанбе ба сар мебарад. Ин ҳайъат рӯзи 25 октябр бо намояндагони давлати Тоҷикистон ҷаласае барпо кард.

Дар ин ҷаласа ҷониби Тоҷикистон ба намояндагони Иттиҳодияи Урупо дар бораи вазъи зиндонҳо ва фаъолияти омбудсмен ё кумисери ҳуқуқи башар, раванди ислоҳоти системи қазоӣ ва вазъи озодии баён дар ин кишвар гузориш доданд.

Рина Кионк, масъули бахши ҳуқуқи башари Шӯрои Урупо дар умури равобити байналмилалӣ, ки дар ин музокира раёсати ҳайъати Иттиҳодияи Урупоро бар ӯҳда дорад, гуфт, ки мавзӯъи мавриди нигаронии ин даври музокирот барои онҳо бад шудани вазъи озодии баён дар Тоҷикистон аст.

Вай дар ин бора ба Би-би-сӣ гуфт: “Мо чандин мушкили ҳуқуқи башарро бо давлати Тоҷикистон матраҳ кардем ва дунбол мекунем. Яке аз масоили хосси мавриди назари мо вазъи озодии баён аст. Мо ҳоло дар бораи Урунбой Усмонов сӯҳбат доштем. Мо мехоҳем, давлати Тоҷикистон дар бораи мавзеъгирӣ ва иқдомоти баъдии худ дар заминаи ин масъалаи бӯҳронӣ ба мо тавзеҳ бидиҳад.”

Намояндагони Иттиҳодияи Урупо дар ҷаласаи рӯзи 25 октябр гуфтанд аз ин ки оқои Усмонов равонаи зиндон нашуда, истиқбол мекунанд, вале дар мавриди мунсифона будани ҳукми додгоҳ алайҳи ӯ тардид доранд.

Аммо Сайфулло Қодиров, масъули раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи Муколамаи ҳуқуқи башари миёни Иттиҳодияи Урупо ва Тоҷикистон дар бораи озодии баён гузориш медод, нигаронии диплумотҳои урупоиро бепоя хонд.

Вай гуфт дар ҳамаи мавориде, ки рӯзноманигорон, аз ҷумла ва Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ ва Маҳмадюсуф Исмоъилов, хабарнигори нашрияи «Нури Зиндагӣ», ба додгоҳ кашида шудаанд, онҳо на ба унвони рӯзноманигор, балки ҳамчун шаҳрвандони ин кишвар дар пеши қонун ҷавоб медиҳанд.

Оқои Қодиров гуфт, ки парвандаҳои онҳо ба фаъолияти рӯзноманигорияшон марбут набуда ва рафтор ва амалҳои онҳо ба унвони рафтор ва амалҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар додгоҳ арзёбӣ мешавад.

Аммо ҳайъати Иттиҳодияи Урупо дар даври чаҳоруми муколамаи ҳуқуқи башари худ бо Тоҷикистон аз мақомоти ин кишвар хост, ки мавориди эҳтимолии шиканҷаи Ӯрунбой Усмонов дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷандро ҷиддан таҳқиқ кунад.

Аз сӯйи дигар, хонуми Кионк таъкид кард, ки вазъи озодии баён дар Тоҷикистон, ки дар даври чаҳоруми муколама бо давлати ин кишвар матраҳ мешавад, хеле нигаронкунанда аст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле ки Иттиҳодияи Урупо мукарраран аз мақомоти тоҷик хостааст, ки муқаррароти марбут ба тавҳин ва таҳқирро аз қонуни ҷиноӣ ҳазф ё декриминализатсия (ғайриҷиноӣ) кунанд, вале мақомоти тоҷик ин дархостро нодида гирифтаанд.

Вай афзуд: «Мо қаблан ин мавзӯъро, ки “тавҳин” набояд дар чорчӯби қонуни кайфарӣ (кодекси ҷиноӣ) баррасӣ шавад, бо мақомоти тоҷик матраҳ карда будем, аммо сӯҳбатҳои мо натиҷае надод. Мо мебинем, ки вазъият баръакс бӯҳронитар шудааст.»

Тайи ду соли ахир аксари парвандаҳое, ки рӯзноманигорон бар асоси онҳо ба додгоҳҳо кашида шудаанд, ба «тавҳин» ва «латма задан ба шаъну шарафи» мақомҳои давлатӣ марбут будаанд. Додгоҳҳо низ бархе аз рӯзноманигорон ва нашрияҳоро ба пардохти ҷаримаҳои ҳангуфт водор кардаанд.

Масъулони нашрияҳои мустақил иддаъо мекунанд, ки онҳо ба хотири интишори матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ин ё он мақоми давлатӣ мавриди пайгарди қонунӣ қарор гирифтаанд ва додгоҳҳо дар бештари маворид ба сурати «ғайримустақил» ва «муғризона» парвандаҳоро ба нафъи мақомот ҳал мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Сайфулло Қодиров гуфт, бо ин ки вазорати фарҳанг ва додситонии Тоҷикистон — ду ниҳоде, ки салоҳият доранд ба додгоҳ шикоят бурда ва фаъолияти ин ё он нашрия ё расонаро қатъ кунанд, аммо ин вазорат «дар тӯли ду даҳсолаи ахир ҳеҷ гоҳ аз ин салоҳияти худ истифода набурда ва ба додгоҳ шикоят набурдааст.»

Аммо ҳар сол дар Тоҷикистон фаъъолияти нашрияҳои мустақил ва вебсойтҳои хабарӣ ба далоили мухталиф мутаваққиф ва ё қатъ мешаванд, ки дар бештари маворид масъулони расонаҳо фишори мақомотро сабаби ин амр арзёбӣ мекунанд.

Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ нашрияҳои мустақилли «Фараж», «Озодагон», «Азия-Plus» ва «Миллат» дар мавориди мухталиф бо муҳокимаҳои додгоҳии тӯлонӣ рӯбарӯ буданд. Созмонҳои байналмилалалӣ ин равандро талоше барои маҳдудсозии озодии баён дар Тоҷикистон хонда буданд.

Вале боздошт ва муҳокимаи Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар вилояти Суғд, яке аз пурсарусадотарин қазоёии марбут ба озодии баён дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ будааст.

Вай дар моҳи июни соли ҷорӣ тавассути маъмурони амниятӣ дар Суғд боздошт шуда ва ба доштани иртибот бо тарафдорони Ҳизби Таҳрир муттаҳам шуд.

Оқои Усмонов пас аз фишорҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ бар давлати Тоҷикистон пас аз як моҳи боздошт озод шуд, вале дар моҳи октябри соли ҷорӣ додгоҳи вилояти Суғд ӯро ба се сол зиндон маҳкум ва сипас афв кард.

Оқои Усмонов ва Би-би-сӣ пайваста бар бегуноҳии ӯ таъкид карда ва гуфтаанд, ки вай ба хотири фаъъолиятҳои хабарнигорияш ҳадаф қарор гирифтааст.

Ахиран оқои Усмонов аз ҳукми додгоҳи вилояти Суғд ба додгоҳи истинофӣ шикоят бурдааст. Би-би-сӣ низ аз ин тасмими хабарнигори худ пуштибонӣ карда ва гуфтааст, ки то охир аз хабарнигораш ҳимоят хоҳад кард.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/10/111025_sq_humanrights_eu_urunboy.shtml

Баҳсҳои исломӣ дар матбуот. Таблиғи дин ё ҷалби муштарӣ?

[b]Ширкати “Азия-Плюс” эълом кард, ки ба зудӣ торнамои махсуси ислом тиҷейро роҳандозӣ хоҳад кард.[/b]

Ин сафҳа, ки бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ матолиб нашр мекунад, бештар ба бозтоби масоили дини мубини Ислом ва рӯҳониён дар Тоҷикистон хоҳад пардохт.

Марат Мамадшоев, муҳаррири нашрияи “Азия-Плюс”, мегӯяд, бар хилофи бархе дигар аз расонаҳо онҳо ба коршиносони умури динӣ ҳам имкон хоҳанд дод, то назару матолибашонро дар вебсайти ислом тиҷей нашр кунанд: “Дар ин сайт мо барои хонандаи одӣ ва ҳам барои онҳое, ки дар бораи дин маълумот доранд, иттилоъ ва таҳлилҳо пешкаш мекунем. Яъне, як қисми торнамои ислом нуқта тиҷей барои таҳлилгарон мешавад.”

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутоиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=141]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=141[/url]

Каюмарси Ато

Источник:

Ҳ.Клинтон: «Аз вазъи озодиҳои мазҳабӣ ва матбуот нигаронем»

[b]Ҳилларӣ Клинтон гуфт, бо Э.Раҳмон қазияҳои маҳдуд шудани озодии мазҳабӣ ва матбуотро дар миён гузоштааст.[/b]

Хонум Клинтон афзуд, Амрико аз бархе қазияҳои вобаста ба маҳдудияти озодии матбуот ва фаъолиятҳои мазҳабӣ нигарон аст.

[b]АМРИКО АЗ МАҲДУДИЯТҲОИ МАЗҲАБӢ НИГАРОН АСТ[/b]

Хонум Клинтон аз ҷумла гуфт: “Мо бо президент дар мавриди озодиии баён ва озодиҳои мазҳабӣ сӯҳбат кардем. Ҳамчунон, ки ман субҳ гуфтам, ҳар кас ҳақ дорад, ки фароизи мазҳабии худро озодона иҷро намояд. Бинобар ҳамин ман мухолифи ҳар гуна маҳдудиятҳои мазҳабӣ мебошам ва ин ҷойи нигаронӣ ҳам дорад, зеро ҳаққи ибодат аз ҳуқуқи аввалияи ҳар шахс дар ҳар давр ва ҳар ҷой ҳаст.”

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=140]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=140[/url]

Раҳматкарими Давлат, Акрами Абдуқа&#12

Источник:

«Додгоҳҳои намоишӣ» таҳдид ба рӯзноманигорон дар Тоҷикистон аст»

[b]Ҳарчанд давлати Бритониё аз афв шудани хабарнигори Би-би-сӣ дар вилояти Суғд истиқбол мекунад, вале дар заминаи ин, ки додгоҳ ӯро муҷрим шинохт, «тардидҳо дорад.»[/b]

Ин суханонро Девид Лингтон, раиси бахши Урупои вазорати хориҷаи Бритониё дар вокуниш ба ҳукми додгоҳ алайҳи Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт.

Ин мақоми давлати Бритониё гуфт: “Мо аз ин, ки хабарнигори маҳаллии Би-би-сӣ афв шудааст, истиқбол мекунем. Зеро акнун оқои Усмонов як шаҳрванди озод аст. Аммо мо дар бораи муҷрим шинохта шудани ӯ аз сӯйи додгоҳ ва ҳукми додгоҳ алайҳи ӯ сахт тардид дорем.”

[b]Матни пурраи гузоришро дар торномаи мо бо пахш кардани нишонии зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=139]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=139[/url]

Источник:

Алан Данкан: Аз маҳкумияти хабарнигрон дар Тоҷикистон нигаронем

[b]Алан Данкан, нахустин вазири бритониёӣ, ки вориди Тоҷикистон шуд дар мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи муҷрим шинохта шудани хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард.[/b]

Тибқи баёнияи Вазорати рушди байналмилалии Бритониё, оқои Данкан, раҳбари ин вазорат дар мулоқоти худ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи 17-уми октябр ин мавзӯъро матраҳ кардааст.

Ҳарчанд вай дар ин бора ба хабарнигорон пас аз дидораш бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон ибрози назар накард.

[b]Матни пурраи гузоришро дар торномаи мо бо пахш кардани нишонии зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=138]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=138[/url]

Источник:

Акбари Саттор: “Наметавонам дар сафи оппозитсия бошам”

[b]Гуфтугӯ бо Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистон ва мудири кулли шабакаи нашаротии “Чархи гардун”.[/b]

Рӯзи 15 октябри соли ҷорӣ Акбари Саттор дубора ва бидуни рақиб раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб гардид.

Вай, ки барои бори дуввум раиси Иттиҳодияи журналистон интихоб шудааст, аз чеҳраҳои муҳим дар майдони расонаҳои Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва аз обрӯи хубе ҳам дар миёни маҳофили мухталифи журналистӣ бархӯрдор аст. Ӯ чандин нашрия, аз ҷумла “Чархи гардун”, “Вечерний Душанбе”, “Дайджест-Пресс”-ро дар ихтиёр дорад.

[b]Матни пурраи мусоҳибаро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=137]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=137[/url]

Абдуқаюми Қаюмзод

Источник: