Архив рубрики: Хабарҳо

Муҳаммадюсуф Исмоилов: «Маро озод кунед!»

[b]Ҳукми хабарнигори боздоштшудаи тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоилов пас аз зӯҳри фардо, 14 октябр, эълон хоҳад шуд.[/b]

Аммо субҳи имрӯз сухани охирини оқои Исмоилов дар СИЗО-и шаҳри Хуҷанд шунида шуд, ки ӯ гуфт, ба ҳеҷ ваҷҳ худро гунаҳкор намешуморад.

Хабарнигори «Озодӣ» дар Хуҷанд мегӯяд, Муҳаммадюсуф Исмоилов ба қозии парванда гуфтааст, ки ӯро дар пайи фаъолиятҳои касбияш, яъне хабарнигорӣ боздошт намудаанд ва ӯ бояд сафед ва толори додгоҳ озод шавад.

Хабарнигори «Нури зиндагӣ» афзудааст, матолиби интиқодии худро на барои тӯҳмату таҳқири мақомдорон, балки барои ислоҳи вазъ навишта ва чоп кардааст. Ӯ гуфтааст, чанде аз мақолаҳояш вокунишҳои зиёдеро дар миёни сокинони ноҳияи Ашт ва мақомдорони ин ноҳия ба вуҷуд оварда, ҳатто бархе аз камбудҳо ислоҳи худро ёфта буданд. «Ҳадаф аз ин навиштаҳо танҳо рушди ҷомеа буд»,илова кардааст оқои Исмоилов.

Сухани охирини Муҳаммадюсуф Исмоилов дар ҳоле шунида шуд, ки намояндаи додситонӣ, ки парвандаи ӯро таҳқиқ намудааст, аз қозии парванда хоста буд, ки ин хабарнигори тоҷикро ба мӯҳлати 16 сол аз озодӣ маҳрум намояд. Вай ҳамзамон бо таваҷҷӯҳ ба иҷрои Қонуни афв гуфт, ин ҳукм ҳадди ақал 14 сол бошад.

Ин дархости додситон вокунишҳои мухталифро дар миёни хабарнигорон ва созмонҳои хабарнигории дохилу хориҷ ба вуҷуд овард. Аксари созмонҳои хабарнигорӣ ин дархости додситонро «берун аз тасаввур» хонданд. Зеро ба бовари онҳо Муҳаммадюсуф Исмоилов танҳо кори хабарнигории худро анҷом додааст ва намешавад барои баёни ҳақиқати ҳол ӯро ба 16 ё 14 соли зиндон маҳкум кард.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи вакилони мудофеи ин хабарнигори тоҷик, нафари таҳти ҳимояти онҳо ҷурмеро муртакиб нашудааст ва бояд аз толори додгоҳ озод ва ҳамин тавр сафед карда шавад.

Ахиран Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) низ бо пахши изҳороте аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кард, ки Муҳаммадюсуф Исмоиловро фавран аз боздошт озод намоянд. Дуня Миятович, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот, боздошт ва парвандаи Исмоиловро натиҷаи фаъолияти хабарнигории ӯ унвон кард.

Дуня Миятович мегӯяд, се бор аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ба қазияи Исмоилов расидагӣ кунанд. Аммо то ҳол ҳеҷ посухе дарёфт накардаст. Қарор аст, Миятович масъалаи Муҳаммадюсуф Исмоилов ва ҳамчунин қазияи хабарнигори Бӣ-бӣ-сӣ Урунбой Усмоновро дар як сафари қарибулвуқӯъяш ба Тоҷикистон бо мақомоти ин кишвар баррасӣ намояд.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи “Нурӣ Зиндагӣ”, 11 моҳ пеш дар ноҳияи Ашт боздошт шуда, ҳоло дар боздоштгоҳе дар Хуҷанд ба сар мебарад. Рӯзи севуми октябри имсол бояд додгоҳ ҳукми худро дар баробари ин хабарнигори тоҷик, ки тибқи чаҳор банди Кодекси ҷиноӣ муттаҳам мешавад, эълон мекард. Аммо ба далели маризии ёвари қозии парванда ин ҳукм мавқуф гузошта шуд.

Бархе аз нозирони ин қазия мегӯянд, шояд бо таваҷӯҳ ба нигарониҳои афзуни созмонҳои байнулмилалӣ мақомот назари худро дар мавриди қазияи Муҳаммадюсуф Исмоилов тағйир бидиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба хабари дигар интизор меравад рӯзи ҷумъа, 14 октябр, ҳукми хабарнигори бахши узбакии Радиои Би-би-сӣ Урунбой Усмонов, ки ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи мамнӯъи Ҳизби Таҳрир муттаҳам мешавад, низ эълон гардад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24358166.html

Русия: Расонаҳои мустақилро «бӯғӣ» мекунанд

[b]Бахши аввали силсилаи мақолаҳо дар бораи фазои иттилоот ва хабарнигорӣ дар Русия.[/b]

Ахбори телевизиони Русия ба монанди даврони Шӯравӣ якранг шудааст. Аксаран ин гузоришҳо аз ширкати раҳбарони кишвар дар кушоиши муассисаҳои нав, сӯҳбатҳои раҳбарон бо пешвоёни кишварҳои хориҷӣ ва танқиду таҳқири зердастон дар мазҳари ом иборат ҳастанд.

Телевизиони ғайридавлатии НТВ-и Русия то соли 2000-ум яке аз мунтақидони асосии Кремл ба шумор мерафт, вале вақте Владимир Путин сарвазир таъйин шуд, ӯ молики НТВ, ба истилоҳ олигарх Гусинскийро муддате ба ҳабс гирифт. Дар ин байн ширкати давлатии «Газпром» НТВ-ро аз худ намуда, онро дар амал ба канали сеюми давлатӣ табдил дод.

[b]Матни пурраи гузоришро дар торномаи мо бо пахш кардани нишонии зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=134]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=134[/url]

Источник:

САҲА хостори раҳоии хабарнигори тоҷик шуд

[b]Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфт, мақомот бояд Муҳаммадюсуф Исмоиловро фавран озод намоянд.[/b]

Дуня Миятович, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот, боздошт ва парвандаи Исмоиловро натиҷаи фаъолияти хабарнигории ӯ унвон кард.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи маҳалии «Нури зиндагӣ» дар шимоли Тоҷикистон, аз 23 ноябри соли 2010 ба ин тараф дар боздоштгоҳи ноҳияи Ашт ва шаҳри Хуҷанд зиндонӣ аст.

Ӯ ба тӯҳмат ва таҳқири мақомоти расмӣ, тамаъҷӯӣ ва барангехтани маҳалгароӣ муттаҳам мешавад. Ба гуфтаи додситонӣ, Исмоилов бахши умдаи ин ҷурмҳоро моҳи августи соли 2010 содир кардааст. Замоне ки ин хабарнигори тоҷик дар нашрияи «Нури зиндагӣ» фаъолият мекард ва силсиламақолаҳоеро дар бораи фаъолияти додситонӣ ва дигар мақомдорони ноҳияи Ашт ба нашр расонида буд.

«Агар Тоҷикистон ҳар хабарнигорро барои танқиди мақомот ба муддати тӯлонӣ дар боздоштгоҳ нигоҳ дорад ва ё ба зиндон афканад, пас, ин кишвар ба хатари саркӯб кардани афкори умум рӯ ба рӯ аст»,-таъкид намудааст Дуня Миятович, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот.

Намояндаи Созмони Амният ваҲамкории Аврупо бо танқиди фишори мақомот ба хабарнигори «Нури зиндагӣ» ҳамчунин гуфт, «Зиндонӣ шудани Муҳаммадюсуф Исмоилов оқибати хуб надорад ва ин ҳама муддат дар боздоштгоҳ нигаҳ доштани журналист ба хабарнигорони тоҷик пайғоми таҳдидомез медиҳад.»

Дуня Миятович, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот мегӯяд, се бор аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ба қазияи Исмоилов расидагӣ кунанд. Аммо то ҳол ҳеҷ посухе дарёфт накардаст. Қарор аст, Миятович масъалаи Муҳаммадюсуф Исмоилов ва ҳамчунин қазияи хабарнигори Бӣ-бӣ-сӣ Урунбой Усмоновро дар як сафари қарибулвуқӯъяш ба Тоҷикистон бо мақомот баррасӣ кунад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи “Нурӣ Зиндагӣ”, 11 моҳ пеш дар ноҳияи Ашт боздошт шуда, ҳоло дар боздоштгоҳе дар Хуҷанд ба сар мебарад. Рӯзи севуми октябри имсол бояд додгоҳ ҳукми худро дар баробари ин хабарнигори тоҷик, ки тибқи чаҳор банди Кодекси ҷиноӣ муттаҳам мешавад, эълон мекард. Аммо ба далели маризии ёвари қозии парванда ин ҳукм то ҳанӯз эълон нашудааст.

Бо ин вуҷуд, талаби ҳабси дарозмуддати Исмоилов (14 сол) созмонҳои журналистӣ ва ҳамкасбони ӯро дар Тоҷикистон ва хориҷ аз кишвар такон додааст. Яке паси дигар ду созмони бонуфузи байнулмилалӣ, Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ ) аз Ню-Йорк ва Гузоришгарони бидуни марз (RSF) аз Порис аз муҳокимаи хабарнигори тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоилов дар додгоҳ ва дархости ҳабси дарозмуддати ӯ башиддат ибрози нигаронӣ карданд.

RSF дар изҳороте, ки рӯзи 30-юми сентябр пахш кард, гуфт, “муҳокимаи Исмоилов танҳо ба хотири ниқор гирифтан аст, на бештар аз ин.” Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, қароргоҳаш дар Ню Йорк низ муҳокимаи Муҳаммадюсуф Исмоиловро маҳкум кард ва гуфт, «мақомоти Тоҷикистон аз ин роҳ мехоҳанд, хабарнигорони тоҷикро битарсонанд.»

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24354724.html

Ҷаласаи шӯрои раҳбарони хабаргузориҳои миллии иттилоотии ИДМ дар Озарбойҷон

[b]Бахшида ба 20-умин солгарди таъсисиёбии кишварҳои ҳамсуд имрӯз дар пойтахти Озарбойҷон ҷаласаи шӯрои раҳбарони хабагузориҳои миллии иттилоотӣ доир мешавад.[/b]

Дар ин нишаст масоили ҳамкориҳо дар фазои якҷояи иттилоотӣ матраҳ гардида, ҳамчунин, ҷараёни омодагиҳо ва инъикоси чорабиниҳо вобаста ба таҷлили 20- солагии кишварҳои муштаракулманофеъ таҳлил мешавад.

Гуфтанист,шӯрои иттилоотии кишварҳои ҳамсуд соли 1995 ташкил шуда, сарварии онро раҳбари ИТАР-ТАСС Виталий Игнатенко ба дӯш дорад. Шӯрои мазкур сарварони оҷонсиҳои миллии Тоҷикистон, Русия, Молдова, Қирғизистон,Қазоқистон,Белорусия,Арманистон ва Озарбойҷонро муттаҳид мекунад.

Шаҳлои Гулхоҷа, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=18811&Itemid=30

Дар Фейсбук бо Радиои Озодӣ бипайвандед!

[b]Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук чизе бештар аз сабти барномаҳои радиоӣ, видеоҳо ва навиштаҳои моро хоҳед дид.[/b]

Шумори корбарони Фейсбук дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш дорад. Дар ним соли гузашта наздик ба 8 000 нафар ба сафи онҳо пайвастанд ва теъдоди умумии “фейсбукиён” дар кишвар ҳоло 22 620 нафарро ташкил медиҳад. Дар се моҳи охир даҳҳо гурӯҳу маҳфил ва ҷомеаҳои фейсбукии тоҷикистониён таъсис ёфтаанд, ки бархе аз онҳо акнун барои ом баста буда, дар дохили худ “меҷӯшанд” ва гоҳе ҳавру буғе ба берун меафкананд.

Радиои Озодӣ дар ин шабака нав нест, аммо ҳаргиз талош накардааст, хонандагонро дар гурӯҳ ё маҳфилҳои пӯшида ҷамъ оварад. Баръакс, тамоми маводе, ки Радиои Озодӣ дар ин шабака нашр мекунад, ба ҳар хоҳишманд дастрас буда, ҳар фейсбукие, ки мехоҳад, метавонад, ба ин мавод шарҳ нависад, назар диҳад, ҷанбаъҳои нави мавзӯъро ба миён гузорад ва ҳатто ба кормандони Радиои Озодӣ супорише фиристанд.

Сабти овозии ҳамаи барномаҳои Радиои Озодӣ, беҳтарин мақолаҳо, аксҳо, гузоришҳоеи видеоии моро метавонад дар сафҳаи вижаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук пайдо кунед. Аммо на танҳо ин, балки бештар аз ин ҳама, дар сафҳаи мо дар Фейсбук аксҳое, ки дар торнамои радио нашр нашудаанд ё дар замони мухталиф дар гузашта омода гаштаанд, дар шакли албомҳо пешкаши бинандагон мешаванд.

Инчунин дар сафҳаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук ҳар сари чанд рӯз назарсанҷиҳое ҷараён мегирад, ки Шумо бо як клик ё “нохун задан” метавонед, назари хешро баён доред. Барои намуна, назарсанҷии охир, ақидаву сӯҳбатҳоро дар бораи завқу ормони ҷавонони тоҷик баҳам зад. Пурсиш ин буд, ки оё бузургтарин орзуи ҷавонони тоҷик чист ва дар посух ба он аз гузинаҳои “мансаби баланд”, “таҳсил ва дониши олӣ”, “издивоҷ”, “рафтан ба хориҷа”, “харидани мошини БМВ” аксарияти кул “таҳсил ва дониши олӣ”-ро интихоб карданд, ки метавонад, мояи ифтихори ҷавонони тоҷик бошад.

То ин лаҳза Радиои Озодӣ дар Фейсбук зиёда аз 4500 шарик, дӯст ва ҳамсӯҳбат дорад, ки бо як «нохун задан» маводи радио ба ҳами онҳо мерасад. Агар Шумо ҳам дар Фейсбук сафҳаи худро доред, дар бахши ҷустуҷӯ ё бо истифода аз ибораҳои кабуди ин навишта сафҳаи моро пайдо кунед ва тугмаи «писанд» (like)-ро фишор диҳед. Он гоҳ ба қатори дӯстону шарикону ҳамсафарони Радиои Озодӣ ҳамроҳ мешавед ва мо аз меҳмон шудани Шумо шоду сарафроз мегардем. Он гоҳ хоҳед тавонист, ба матолиби мо дар Фейсбук шарҳу назар нависед ва ё хабару маълумоти муҳиму наверо ба таваҷҷӯҳи ҳамкорони мо расонед, дар назарсанҷиҳо саҳм бигиред.

Бисёр вақт сӯҳбате, ки дар Радиои Озодӣ ё торнамои он сар шудааст, дар Фейсбук идома мекунад ва ҳамчунин хеле мешавад, ки ҷумла ё иборае дар Фейсбук ба гузориш ё таҳлиле сабаб гашта, дар барномаҳои Радиои Озодӣ садо медиҳад ва дар торнамои он ҷойгир мешавад. Чунин намунаҳо зиёданд.

Чизе, ки беш аз ҳама дар Фейсбуки тоҷикистониён ва дар навбати аввал миёни фейсбукиёни Радиои Озодӣ эҳсос мешавад, гармӣ ва меҳрубонии онҳост, ки ба ҳамаи мо нерӯи бузурге медиҳад. Ин ҷо ҳарфи дурушт тақрибан шунида намешавад, ҳарчанд гоҳе мубоҳисон дар ҳимоят аз мавзеи худ хеле сахту шадид сӯҳбат мекунанд, ба сатҳи таҳқиру тавҳин поин намеоянд. Ба ҳар ҳол, ин як хубию рӯшании фейбукиёни Радиои Озодист.

Субҳи имрӯз ҳамагӣ пас аз чанд лаҳзаи нашри аксҳо аз хокбориш ва чангбод дар Душанбе фейсбукиёни мо изҳори нигаронӣ карданд, ки чунин ҳаво барои беморони астма, аллергия ва дилкасалҳо хеле бад аст ва ё пешакӣ онҳоро огоҳ карда бошанд, ки эҳтиёт кунанд. Бо чунин дӯстону шарикон Радиои Озодӣ дар Фейсбук роҳи дарозеро дар пеш хоҳад дошт ва ҳамеша, то замоне ки ҳаст, ҳамсафари онҳо хоҳад буд. Роҳи сафед!

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24349577.html

Мавҷи «Азия-Плюс» ба тамоми Тоҷикистон паҳн мешавад

[b]Радиои «Азия-Плюс» барои пахши барномаҳояш дар саросари Тоҷикистон ва ҳам аз тариқи интернет иҷоза гирифт.[/b]

Ҳайати литсензионии Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон дархости «Азия-Плюс»-ро пазируфт. Мудири кулли радиои «Азия-Плюс», Парвона Аҳрорӣ гуфтааст, мутахассисон дар ҳоли омӯзиши шароити пахши амвоҷи барномаҳо дар манотиқи гуногуни кишваранд ва бо назардошти густариши ҳавзаи пахш барномаҳои наве омода мешаванд.

Хонуми Аҳрорӣ ба хабаргузории «Азия-Плюс», ки бахше аз Гурӯҳи расонаии журналисти саршиноси тоҷик Умед Бобохонов аст, гуфтааст, “аммо шакл ва забони пахши барномаҳо бетағйир, дар доираи мусиқию ахбор ва русию тоҷикӣ боқӣ хоҳад монд.”

Дар риштаи пахши интернетии барномаҳо Радиои «Азия-Плюс» амалан ба нахустин радиои дохили кишвар табдил хоҳад ёфт, ки ин қаламрави навро расман фатҳ мекунад. “Ҳамаи онҳое, ки ҳоло барномаҳои худро дар интернет пахш мекунанд, иҷозаи расмӣ надоранд,” – гуфт Аҳрорӣ.

Аз он ҷо, ки шабакаи интернет моли як давлати мушаххас нест, пахши садо ё видео ва ҳамчунин маълумот дар он озод аст.

Радиои «Азия-Плюс» нӯҳ сол пеш таъсис ёфта, нахустин барномаи он дар рӯзи Истиқлолияти миллии Тоҷикистон — 9-уми сентябри соли 2002 рӯйи мавҷи 107-и FM дар ҳудуди шаҳри Душанбе пахш шудааст. Барномаҳои он асосан аз фишурдаи ахбор, барномаҳои мусиқӣ, мусоҳиба ва сӯҳбатҳои гирди мизи мудаввар иборат аст. Беш аз ҳама гурӯҳҳои мусиқии рӯз ба монанди «Парем», «Шамс», «Lady J», овозхони саршинос Парвина Юсуфӣ ва дигарон меҳмони радио будаанд.

Радиои «Азия-Плюс» бо Радиои Озодӣ дар пахши таблиғ ва барномаҳои мусиқӣ ҳамкорӣ кардааст.

Источник: HTTP://WWW.OZODI.ORG/CONTENT/ARTICLE/24349840.HTML

Cозмонҳои рӯзноманигорон умед доранд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба қазияи Исмоилов таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад

[b]Созмонҳои журналистии Тоҷикистон зимни як муроҷиатнома аз президенти кишвар хостори он шудаанд, ки қазияи хабарнигори ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ», Маҳмадюсуф Исмоиловро таҳти назорати шахсӣ гирад.[/b]

Роҳбарони чаҳор созмони рӯзноманигорӣ, Иттифоқи журналистон, Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақил, Шӯрои ВАО ва Медиа Алянси Тоҷикистон дар номаи худ ба раисҷумҳур изҳор доштаанд, ки талаби айбдоркунандаи давлатӣ ба мӯҳлати 14 сол аз озодӣ маҳрум кардани Маҳмадюсуф Исмоилов боиси ташвиш ва нигаронии онҳост.

Дар ин нома аз ҷумла зикр мешавад, ки чунин ҷазо, ки бо амалҳои рӯзноманигор қиёснашаванда аст, ба озодии ВАО хатар эҷод карда, метавонад ба эътибори Тоҷикистон ҳамчун давлати пешгирифтаи роҳи рушди демократӣ латма ворид кунад.

«Созмонҳои миллию байналмилалии рӯзноманигорӣ ва ҳимояи ҳуқуқи башар, ки парвандаи мазкурро пайгирӣ менамоянд, чунин меҳисобанд, ки Исмоилов бо сабаби дар матбуот ба табъ расондани мақолаҳои танқидӣ мавриди таъқиб қарор гирифтааст. Исмоилов борҳо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи қонун ва сохторҳои судиро танқид карда, саҳлангорӣ, сиёсати сусти иҷтимоию иқтисодӣ ва сӯистифода аз мансабро дар ноҳияи Ашт фош кардааст», омадааст дар изҳорот.

Созмонҳои рӯзноманигорӣ ба хотири он ки парвандаи мазкур дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди вокунишҳои шадид қарор гирифтааст, дар номаи худ ба президент илова кардаанд, ки — созмонҳои рӯзноманигорӣ ба Шумо — Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуда, аз Шумо роҳбари давлат, ҳамчун кафили ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш дорем, ки парвандаи ҷиноятии хабарнигори рӯзномаи «Нури зиндагӣ», Маҳмадюсуф Исмоиловро таҳти назорати шахсии худ қарор диҳед. Мо умедвор ҳастем, ки риояи меъёрҳои эҳтимоли бегуноҳӣ ва адолати судӣ нисбат ба ҳамкори мо таъмин мегардад.

Бояд гуфт, ки Маҳмадюсуф Исмоилов 23-юми ноябри соли 2010 ба хотири барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ, маҳаллӣ ва динӣ, тӯҳмат, таҳқир ва тамаъҷӯйӣ аз тарафи мақомоти ҳифзи тартиботи қонуни ноҳияи Ашт дастгир ва ҳабс шудааст.

Фаридуни УМАРБЕК, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=18663&Itemid=30

Ҷумъаи Толиб: “Маро ноҷавонмардии дӯст мекушад…”

[b]Сардабири ҳафтаномаи мустақили «Пайкон» — Ҷумъаи Толиб, ҳашт моҳ боз аз маризӣ ранҷ мебарад.[/b]

Дар ин муддат ҳафтаномае, ки ӯ сардабираш буд ва Дафтари мушовара, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журналистие, ки ӯ сарварӣ мекард, бо даъвои Вазорати адлияи Тоҷикистон баста шуданд. Ин хабарнигори тоҷик ҳоло дур аз сарусадои пойтахт, дар зодгоҳаш деҳаи Испағни ноҳияи Айнӣ ба сар мебарад. Мо ба аёдати ӯ рафтем ва дар манзилаш бо ӯ сӯҳбат оростем. Шунида будем, ки ӯ сахт мариз аства ҳам бо азоб сӯҳбат мекунад.

[b]Матни пурраи мусоҳибаро дар торномаи мо баъди пахш кардани нишонии зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=133]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=133[/url]

Фарҳоди Милод

Источник:

Дархости созмонҳои хабарнигорӣ аз Раҳмон дар мавриди Исмоилов

[b]Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон дар номае аз Президент Раҳмон ба унвони кафили таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон хостаанд, ки раванди муҳокимаи Маҳмадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи “Нури зиндагӣ”-ро таҳти назорат бигирад.[/b]

Дар ин нома, ки рӯзи сешанбеи 4 октябр мунташир шуд, ибрози умедворӣ шудааст, ки дар қиболи оқои Исмоилов асли бароат ва адолати додгоҳӣ риъоят шавад.

Зери ин нома руасои Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон ва созмони “Медиа Алянси Тоҷикистон” имзо гузоштаанд.

Ниҳодҳои рӯзноманигории Тоҷикистон дар ин нома бори дигар аз тақозои намояндаи додситонӣ барои маҳкумияти Маҳмадюсуф Исмоилов ба муддати 14 сол зиндон ибрози нигаронӣ кардаанд.

Онҳо гуфтаанд, ки ин гуна ҳукми сангин барои фаъолияти хабарнигории оқои Исмоилов таҳдиде ҷиддӣ барои озодии баён дар кишвар маҳсуб мешавад ва ба эътибори байналмилалии Тоҷикистон, ки роҳи демукросиро дар пеш гирифтааст, латмаи ҷиддӣ хоҳад зад.

Парвандаи ҷиноии оқои Исмоилов аз моҳи майи соли ҷорӣ бад-ин сӯ аз сӯйи додгоҳи шаҳри Табошари вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, баррасӣ мешавад.

Маҳмадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ», дар моҳи ноябри соли гузашта ба иттиҳоми таҳқиру тавҳин ва барангехтани низоъи миллию мазҳабӣ дар ноҳияи Ашт аз сӯйи кормандони ниҳодҳои интизомӣ боздошт шуда буд.

Аммо Ҷумъаи Мирзо, сардабири нашрияи мустақилли “Нури зиндагӣ”, ин иддаъоро рад карда ва гуфт, ки ин хабарнигор барои чопи силсилае аз матолиби интиқодӣ дар бораи фаъъолияти раиси ноҳия, додситони пешин ва дигар мақомҳои давлатии ноҳияи Ашт боздошт шудааст.

Оқои Мирзо ба унвони мисол аз матолиби “Ашт валангор мешавад”, “Қотили Наргис кист?” ва “Худкушӣ дар Ашт” ном бурд, ки ба қавле ба “иззати нафси масъулони давлатии ин ноҳия” расидааст.

Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон ё НАНСМИТ низ боздошти ӯро ба чопи матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои қудратӣ марбут хондааст.

Чанде аз созмонҳои бонуфузи мудофеъи ҳуқуқи хабарнигорон дар ҷаҳон низ аз давлати Тоҷикистон қотеъона хостаанд, ки Маҳмадюсуф Исмоиловро озод кунад.

Аз ҷумла, Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон (CPJ), созмонҳои бонуфузи байналмилалие, ки аз озодии баён ва ҳуқуқи рӯзноманигорон ҳимоят мекунанд, хостори озодии оқои Исмоилов шудаанд, вале мақомоти тоҷик ба ин дархостҳо посухе надодаанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/10/111004_mm_appeal.shtml

Муроҷиатномаи созмонҳои журналистӣ ба Президенти Тоҷикистон

Созмонҳои журналистии Тоҷикистон аз талаби айбдоркунандаи давлатӣ ба мухлати 14 сол аз озодӣ маҳрум кардани хабарнигори рӯзномаи «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов изҳори ташвиш мекунанд. Чунин ҷазо, ки бо амалҳои рӯзноманигор қиёснашаванда аст, ба озодии ВАО хатар эҷод карда, ба эътибори Тоҷикистон ҳамчун давлати пешгирифтаи роҳи рушди демократӣ зарари ҷиддӣ мерасонад.

Парвандаи ҷиноятии Исмоилов, хабарнигори рӯзномаи «Нури зиндагӣ» аллакай моҳи чорум аз чониби суди шаҳри Табошари вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дорад. Маҳмадюсуф Исмоилов рӯзи 23 ноябри соли 2010 аз тарафи мақомоти ҳифзи тартиботи қонуни ноҳияи Ашт дастгир ва ҳабс карда шудааст. Ба вай тибқи моддаҳои 135 (Тӯҳмат), 136 (Таҳқир), 189 қисми 2 (Барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ, маҳаллӣ ва динӣ» ва 250 (Тамаъҷӯйӣ) КҶ ҶТ айб эълон карда шудааст. Созмонҳои миллию байналмилалии рӯзноманигорӣ ва ҳимояи ҳуқуқи башар, ки парвандаи мазкурро пайгирӣ менамоянд, чунин меҳисобанд, ки Исмоилов бо сабаби дар матбуот ба табъ расондани мақолаҳои танқидӣ мавриди таъқиб қарор гирифтааст. Исмоилов борҳо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи қонун ва сохторҳои судиро танқид карда, ҳатӯлкорӣ, сиёсати сусти иҷтимоию иқтисодӣ ва сӯистифода аз мансабро дар ноҳияи Ашт фош кардааст.

Рӯзи 29 сентябр дар суд, дар ҷараёни музокираи тарафҳо айбдоркунандаи давлатӣ, ёрдамчии прокурори шаҳри Табошар Амирҷон Ғафуров аз суд пурсид, ки рӯзноманигорро 16 сол аз озодӣ маҳрум карда, бо истифодаи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» мӯҳлати ҷазо ду сол кам карда шавад. Вале адвокатҳои рӯзноманигор Муҳаббат Ҷӯраева ва Садриддин Саидов дар амалҳои рӯзноманигор мавҷуд набудани таркиби ҷиноятиро исбот карда, талаб доранд, ки зерҳимояи онҳо сафед карда шавад. Ба андешаи дигар коршиносони миллӣ ва байналмилӣ низ дар ҷараёни оғоз кардан ва тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Исмоилов як қатор вайронкуниҳои дағалонаи меъёрҳои протсессуалии қонунгузории ҶТ роҳ дода шудааст.

Бо сабаби он, ки парвандаи мазкур дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди вокунишҳои шадид қарор гирифт, созмонҳои рӯзноманигорӣ ба Шумо – Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуда, аз Шумо роҳбари давлат, ҳамчун кафили ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони ҷумҳурӣ хохиш дорем, ки парвандаи ҷиноятии хабарнигори рӯзномаи «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоиловро таҳти назорати шахсии худ қарор диҳед. Мо умедвор хастем, ки риояи меъёрхои эҳтимолияти бегуноҳӣ ва адолати судӣ нисбат ба ҳамкори мо — М.Исмоилов таъмин мегардад.

[b]Акбаралӣ САТТОРОВ, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, раиси АМВАОМТ

Зинатулло ИСМОИЛОВ, раиси Шӯрои оид ба ВАО ҶТ

Хуршед НИЁЗОВ, Дабири кулли Медиа Алянси Тоҷикистон

ш. Душанбе, 4 октябри соли 2011[/b]

Источник: