Архив рубрики: Хабарҳо

Оё матбуот ҷои баҳси мову ман аст? (Кисми аввал))

[b]Нишасти маҷозӣ[/b]

21 декабри соли равон бо ибтикори Анҷумани миллии воситахои ахбори оммаи Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар фазои Facebook як нишасти маҷозӣ дар мавзӯи «Назокати сухан дар ВАО Тоҷикистон» доир гардид, ки фишурдаи он сӯҳбатро манзури шумо мегардонем.

[b]Матни пурраи нишастро дар торномаи мо бо пахш кардани нишонии зерин мутолиа намоед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=152]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=152[/url]

Источник:

Тасмими таъсиси иттиҳоди адвокатҳои соҳаи ВАО

[b]Ассотсиатсияи журналистони «Медиа Алянси Тоҷикистон» бо кӯмак ва маблағгузории намояндагии «Интернюс Нетуорк» дар Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Мушкилоти ҳамкории камтаъсири намояндагони ВАО ва мудофиёни ҳуқуқи башар» баргузор намуд.[/b]

Мавзӯи асосии ин нишаст ҳал намудани мушкилоти ҳуқуқии журналистон, хусусан баррасии парвандаҳои журналистон дар рафти мурофиаҳои судӣ буд. Баромадкунандагони мизи гирд он журналистоне буданд, ки нисбати онҳо парвандаи судӣ боз шуда буд. Аз ҷумла хабарнигори бахши ӯзбекии радиои ВВС дар Тоҷикистон Урунбой Усмонов дар мавзӯи «Баррасии мавзӯъҳои хатарнок дар ВАО: таъсири он ба фаъолияти касбӣ ва амнияти журналистон», Раҷаби Мирзо «Мо кистем — журналист ё террорист?» баромад карданд. Дар ҷамъбаст аз ҷониби ташкилкунандагони мизи гирд лоиҳаи тавсияҳо, аз қабили:

1. Созмон додани иттиҳоди адвокатҳои соҳаи ВАО ва ба он ҷалб намудани ҳуқуқшиносони ҷавону болаёқат;

2. Таҳкиму тавсеаи ҳамкории ҳомиёни хуқуқи инсон, ВАО ва созмонҳои рӯзноманигорӣ баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои рӯзноманигорон, ВАО;

3. Амалӣ намудани барномаҳои омӯзишӣ барои рӯзноманигорон, сардабирон ва муассисони ВАО дар мавзӯи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо дар чаҳорчӯбаи қонунгузории Тоҷикистон;

4. Таъсиси Хазинаи фавқулоддаи дастгирии ҳуқуқии ВАО қабул гардид.
Ҳамчунин дар ин мизи гирд коршиносон, намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва доираи васеи хабарнигорон иштирок доштанд.

Аҳлиддини НУРИДДИН, TojNews

Источник:

Нашрияҳоро боз аз элак мегузаронанд

[b]Вазорати фарҳанг аз масъулини рӯзномаҳо тақозо кардааст, ки нашрияҳои худро ба сурати шахси ҳуқуқӣ дубора сабти ном кунанд.[/b]

Мақомот ҳадаф аз ин тақозоро мутобиқсозии фаъолияти нашрияҳо ба муқаррароти ба қайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ унвон мекунанд. Аммо масъулини нашрияҳо мегӯянд, вазъи ба миёномада натиҷаи зидду нақизи қонунҳои амалкунанда дар Тоҷикистон мебошад ва нашрияҳо набояд барои посухи носуфтагии қонунҳоро бидиҳанд. Ба ин манзур, масъулони нашрияҳо ва созмонҳои журналистӣ аз мақомот дархост кардаанд, ки сабти номи такрории нашрияҳоро ба таъхир андозад.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар сомонаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=151]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=151[/url]

Источник:

Ҳафтаномаи иттилоотиву сиёсии «Нигоҳ» 5-сола шуд

[b]Имрӯз ҳафтаномаи иттилоотиву сиёсии «Нигоҳ» 5-сола мешавад. Панҷ сол муқаддам як ҷаридаи нав, ки дар саҳфаҳои худ масоили сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии кишварро бо усул ва баёни хоса ҷой медод, ба майдони матбуоти тоҷик ворид шуд.[/b]

Ҳафтанома бо ташаббуси Саймиддин Дӯстов, раиси Созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ» — муассиси ҳафтаномаи «Нигоҳ» нашр шуд ва ҳамчун «нашрия барои интелектуалҳои кишвар» мавзеъгирӣ мекард. Сармуҳаррири нахустини он — журналисти шинохта ва муаррихи варзида Нуралӣ Давлат буд, ки баръакси тарҳҳои дигари матбуотӣ дар атрофаш на журналистони варзида, балки ҷавононро ҷамъ овард.

Дере нагузашта, номҳои журналистони ҷавон — Фазлиддин Асозода, Фаридун Раҳнавард, Ҳарамгули Қодир, Абдуазими Абдуваҳҳоб, Мушкинисо Хоҷаева, Эраҷи Амон ва дигарон вирди забонҳо гашт ва «Нигоҳ» ҳамчун нашрияи миллии мустақил эътироф шуд. Дар солҳои 2007, 2008 ва 2009, замоне, ки ҳама ҷоизаҳои бонуфузи журналистиро созмонҳои байналмилалӣ таъсис медоданд, «Нигоҳ» ва кормандонаш, тақрибан, ҳамаи онҳоро соҳибӣ мекарданд. Дар солҳои баъдӣ низ журналистони «Нигоҳ» аз беҳтаринҳо буда, худи нашрия бо унвонҳои «Беҳтарин нашрияи сол» ва «Беҳтарин ҳимоятгари ормонҳои миллӣ» сарфароз карда шудааст. Ба эътирофи умум, стратегияи мустақили хабарӣ, таҳлилҳои амиқи масоили иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодӣ, усули хоси баёни журналистӣ, мустақилият аз ҳукумату аҳзоби сиёсӣ, гурӯҳҳои моливу пулӣ ва рекломдиҳандагони бузург, ҷуръати журналистӣ ва мавзеъгирии шадид дар масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон аз вижагиҳои «Нигоҳ» мебошанд.

Роҳи панҷсолаи «Нигоҳ» ҳамвор набуда, дар ин муддат нашрия ду бор баста шудааст. Ахирин бор дар моҳи октябри соли 2010 «Нигоҳ» зери фишор болои чопхонаҳои кишвар аз чоп монд, вале бо фаъол шудани «Кумитаи 29-уми сентябр» ва дастгирии ҷомеаи байналмилал дубора ба чоп расид. Ҳарчанд «Нигоҳ» сиёсати фош накардани баҳсҳои судиро амалӣ менамояд, аммо ҳудуди даҳ маротиба дар мурофиаҳои судӣ ғалаба кардааст. Ахирин баҳси судии «Нигоҳ» бо Гвардияи миллии ҶТ Тоҷикистон атрофи мақолаи «Дуздӣ дар ИБО-и «Роғон» буд.

Дар ҳоли ҳозир, «Нигоҳ» аз муваффақтарин нашрияҳои миллӣ маҳсуб ёфта, бо шиори «Иттилооти мустақил ва таҳлилҳои касбӣ барои одамони фаъол» мавзеъгирӣ менамояд.

Бо истифода аз фурсат, тими TojNews ҳайати эҷодии «Нигоҳ»-ро бо ҷашни мубораки 5-солагӣ табрик гуфта, ба эшон муваффақиятҳои нав ба навро орзуманд аст.

TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=21122&Itemid=28

«Демократия»-и тоҷик соҳиби ҷоиза шуд

[b]Рассом ва хабарнигори тоҷик Фаррух Аҳроров дар озмуни ҷаҳонии карикатуранигорӣ пирӯз шуд.[/b]

Ин карикатураи рассоми тоҷик моҳе қабл дар қатори 30 асари беҳтарин аз сӯи ҳайати доварони озмун интихоб гардида ва барои раъйдиҳии мардум дар шабакаи Интернет гузошта шуд.

Дар пайи раъйдиҳии корбарони интернет дар ҷаҳон асари карикатурии намояндаи Тоҷикистон дар бахши «Демократия» ҷоизаи дуюмро соҳиб гашт. Фаррух Аҳроров аз миёни намояндагони кишварҳои Шӯравии пешин, ки дар ин озмун довталабӣ мекарданд, танҳо нафарест, ки соҳиби ҷоиза шудааст.

Ин озмунро созмони «Сenter for International Рrivate Enterprise» (Маркази байнулмилалии соҳибкории хусусии Амрико) баргузор намуд, ки ба он 1000 асари рассомон аз 73 кишвари ҷаҳон ворид шуда буд.

Фаррух Аҳроров дар як суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки «мунтазир набудам карикатураи ман миёни беҳтаринҳо ҷой мегирад. Чун овоздиҳӣ ва тасмими ниҳоӣ ба дасти корбарони интернет буд. Дар Тоҷикистон дастрасии сокинон дар муқоиса ба кишварҳои пешрафта камтар аст ва фикр мекардам, теъдоди маҳдуди сокинони мо ба саҳифаи маркази мазкур сар мезананд. Бароям муҳимтар он буд, ки бо истифода аз ин маврид асари худро ба тамошои ҳаводорони карикатура гузорам. Ҳоло шодам, ки шабакаи ҷаҳонӣ барои рушди карикатуранигорӣ, ки дар кишвари мо ва бисёр кишварҳои пасошӯравӣ аз равнақ афтодааст, майдони фарохи рушд фароҳам меорад ва ин маро ба машғул шудан ба карикатурнигорӣ дилгарм месозад.»

Ин хабарнигор ва рассоми тоҷик соли гузашта низ филми «Аз намоз то намоз» пиромуни зиндагӣ ва кори мусулмонони Амрикоро ба навор гирифта буд.

Оқои Аҳроров он вақт дар як сӯҳбаташ ба «Озодӣ» гуфта буд, ки мӯҳтаво ва сужаи филми «Аз намоз то намоз» аслан аз таъсири ҳодисаи 11 сентябр ба зиндагӣ ва ҳуқуқи мусалмонони Амрико ва ҳамзамон муносибати намояндагони динҳои дигар ба ислом ва мусулмонон иборат аст.

Фаррух Аҳроров дар маҳофили Хуҷанд бештар ҳамчун раҳбари созмони ҷамъиятии «MGM», ки дар самтҳои ислоҳоти демократӣ фаъолият мебарад, шинохта шудааст. Ӯ муддате вазифаи сардабирии нашрияи «Согдийская правда»-ро низ бар дӯш дошт. Оқои Аҳроров хатмкардаи факултаи рассомист.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24420040.html

СҶ “Журналист” масъалаи мутобиқгардонии стандартҳои низоми кредитии таҳсилро ба баррасӣ мегирад

[b]Имруз, 12 декабри соли 2011 ТҶ «Журналист» дар толори «Вэфа-сентр» дар мавзӯи «Мутобиқгардонии стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои журналистӣ ба низоми кредитии таҳсилот” мизи мудаввар баргузор менамояд.[/b]

Тибқи иттилои расида масъалаи аслии ин нишаст мусоидат ба таҳияи стандартҳои нави таҳсилоти журналистӣ ва бо ҳамин роҳ таъмини рақобатпазирии мутахассисони соҳа аст, ки дар доираи лоиҳаи “Мутобиқгардонии стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ доир ба ихтисосҳои самти журналистӣ ба стандартҳои байналмилалӣ”, аз ҷониби Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода”- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст, амалӣ мегардад. Гузариши макотиби олӣ ба низоми дузинагӣ ва таҳсилоти кредитӣ яке аз талаботи муҳим дар Созишномаи Болония (Италия с. 1999) аст. Ба хотири ҳамгунсозии низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо системаи таҳсилоти кишварҳои дигар, бо мақсади воридшавии баробарҳуқуқ ба фазои таълимии байналмилалӣ ва суръат бахшидан ба ислоҳоти соҳаи маориф, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори №698 аз 22 сентябри с соли 2004 тасмим гирифтааст, ки донишгоҳҳои ҷумҳуриро тадриҷан ба низоми кредитии таҳсилот гузаронад.

Манбаъ афзуд, дар соли таҳсили 2008-2009 баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, ки факултет ва шӯъбаҳои журналистика доранд, қисман ба низоми кредитии таҳсилот гузаштанд. Мутаассифона, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, ки ихтисосҳои журналистӣ доранд, бинобар фароҳам набудани шароиту имкониятҳои зарурӣ, дар гузариш ба ин низом ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯянд. Як мушкили умда то ҳанӯз мавҷуд набудани “Стандартҳои давлатии таълими ихтисосҳои журналистӣ” мувофиқи низоми кредитии таҳсилот мебошад.

Дар ҳамин ҳол, СҶ “Журналист” дар ҳамкорӣ бо роҳбарият ва устодони факултаву шӯъбаҳои журналистикаи донишгоҳҳо, Вазорати маорифи Тоҷикистон, журналистон ва коршиносони соҳа тасмим гирифтаанд, ки стандартҳои таҳсилотро дар ин соҳа омода карда, масъалаи мазкурро ҳал намоянд. Дар нишаст пас аз шунидани маърӯзаҳои мутасаддиён, коршиносон ва дастандаркорони татбиқи низоми кредитии таҳсилот, баҳсу мунозира, табодули афкор перомуни зарурати таҳияи “Стандарти давлатии таълимии ихтисосҳои журналистӣ” вобаста ба тақозои талаботи низоми кредитии таҳсилот сурат мегирад.Дар назар аст, ки барои омодасозӣ ва таҳияи Стандартҳои таълимии ихтисосҳои журналистӣ (ихтисоси “Журналистика” ва “Журналистикаи байналхалқӣ” ва тавсияҳо барои таҳияи стандартҳои дигар ихтисосҳои журналистӣ), гурӯҳҳои корӣ созмон дода шаванд. Ба мизи мудаввар ҳудуди 40 нафар коршиносон ва мутахассисони соҳа аз донишгоҳҳо, Вазорати маорифи Тоҷикистон, созмонҳои журналистӣ ва ВАО даъват гардидаанд.

Источник: Хадамоти мониторинги АМВАОМТ.

Исмоилов аз пардохти ҷарима озод шуд

[b]Додгоҳи вилояти Суғд Муҳаммадюсуф Исмоиловро аз пардохти ҷарима ба маблағи 35000 сомонӣ озод кард.[/b]

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар бо Озодӣ гуфт, додгоҳ зимни баррасии шикояти хабарнигори «Нури зиндагӣ», ҳукми додгоҳи шаҳри Табошарро бидуни тағйир гузошт, аммо хабарнигорро аз пардохти ҷарима озод кард. Ҳамчунин ҳукми додгоҳ дар мавриди маҳрумият аз фаъолияти рӯзноманигориро низ дар нисбати Исмоилов лағв намуд.

Ин дар ҳолест, ки 14-уми октябр, додгоҳи шаҳри Табошар хабарнигори «Нури зиндагӣ» Муҳаммадюсуф Исмоиловро 35 ҳазор сомонӣ ҷарима баста ва аз толори додгоҳ озод кард. Қозии парванда ҳамчунин гуфта буд, ки Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори «Нури зиндагӣ» наметавонад то се соли дигар ба фаъолияти рӯзноманигорияш идома бидиҳад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов дар нахустин вокуниши худ ба ҳукми додгоҳ гуфта буд, ки аз он чандон розӣ нест ва аз болои ин ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳад бурд.

Муҳаммадюсуф Исмоилов мегуфт, дар сурати бознигарӣ нашудани ҳукмаш дар додгоҳҳои кишвар, маҷбур мешавад ба додгоҳҳои байнулмилалӣ муроҷиат кунад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори «Нури зиндагӣ» тӯли ёздаҳ моҳ дар боздошт ба сар мебурд ва мақомот ӯро дар таҳқиру тавҳин, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ айбдор мекарданд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24414541.html

Исмоилов аз пардохти ҷарима озод шуд

[b]Додгоҳи вилояти Суғд Муҳаммадюсуф Исмоиловро аз пардохти ҷарима ба маблағи 35000 сомонӣ озод кард.[/b]

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар бо Озодӣ гуфт, додгоҳ зимни баррасии шикояти хабарнигори «Нури зиндагӣ», ҳукми додгоҳи шаҳри Табошарро бидуни тағйир гузошт, аммо хабарнигорро аз пардохти ҷарима озод кард. Ҳамчунин ҳукми додгоҳ дар мавриди маҳрумият аз фаъолияти рӯзноманигориро низ дар нисбати Исмоилов лағв намуд.

Ин дар ҳолест, ки 14-уми октябр, додгоҳи шаҳри Табошар хабарнигори «Нури зиндагӣ» Муҳаммадюсуф Исмоиловро 35 ҳазор сомонӣ ҷарима баста ва аз толори додгоҳ озод кард. Қозии парванда ҳамчунин гуфта буд, ки Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори «Нури зиндагӣ» наметавонад то се соли дигар ба фаъолияти рӯзноманигорияш идома бидиҳад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов дар нахустин вокуниши худ ба ҳукми додгоҳ гуфта буд, ки аз он чандон розӣ нест ва аз болои ин ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳад бурд.

Муҳаммадюсуф Исмоилов мегуфт, дар сурати бознигарӣ нашудани ҳукмаш дар додгоҳҳои кишвар, маҷбур мешавад ба додгоҳҳои байнулмилалӣ муроҷиат кунад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори «Нури зиндагӣ» тӯли ёздаҳ моҳ дар боздошт ба сар мебурд ва мақомот ӯро дар таҳқиру тавҳин, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ айбдор мекарданд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24414541.html

Бунёди базаи тренерони миллии ВАО

[b]Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» бо дастгирии Институти «Ҷомеаи кушода», Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Мактаби олии журналистика дар назди Мактаби олии иқтисодии Россия ва Мактаби олии журналистикаи Молдова озмун барои иштирок дар лоиҳаи «Бунёди базаи тренерони миллии ВАО» эълон мекунанд[/b]

Лоиҳа ба рушди ВАО дар Тоҷикистон равона шуда, тавассути бунёди базаи тренерони касбӣ дар самтҳои зерин амалӣ мегардад: радио, ТВ, расонаҳои чопӣ ва он-лайн журналистика.

Барои бо омӯзиши ҳамаҷониба ва мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ фаро гирифтани иштирокчиёни лоиҳа муаллимони баландихтисоси мактабҳои пешқадами журналистикаи давлатҳои собиқ шӯравӣ ҷалб шудаанд.

[b]Матни пурраи эълонро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/?page=events&id=3]http://www.taj.nansmit.tj/?page=events&id=3[/url]

Ташкилоти ҷамъиятии «Хома»

Источник:

Маҷлиси солонаи Шӯрои ВАО Тоҷикистон

[b]Рӯзи 1 декабр дар меҳмонхонаи Тоҷикистон маҷлиси навбатии солонаи Шӯрои ВАО-и Чумҳурии Тоҷикистон барпо гашт.[/b]

Иштироккунандагони маҷлис ҳисоботи раиси Шӯрои ВАО Тоҷикистон Зинатулло Исмоилов ва раиси комиссияи тафтишоти созмон Нуриддин Қаршибоевро шунида, перомуни онҳо баҳсу мунозира карданд.

Тавре раиси Шӯрои ВАО Тоҷикистон Зинатулло Исмоилов дар ҳисоботи худ қайд кард, миқдори созмонҳо ва воситаҳои ахбори эътирофнамудаи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон аз 15 адад афзуда, ба 72 расидааст.

Бо вуҷуди он, як идда воситаҳои ахбор, аз ҷумла «Миллат», «Нигоҳ» ва «СССР», ки дар ҷомеаи Тоҷикистон хонандагони зиёд доранд, то ҳол Меъёрҳои ахлоқи журналистро намеписанданд.

Дар фарҷоми маҷлиси солона аъзои нав ва раиси Шӯрои ВАО интихоб карда шуданд. Зинатулло Исмоило дар вазифаи раисӣ боқӣ монда, Мухтори Боқизода ва Қироншоҳи Шарифзода узви нави Шӯрои ВАО Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Источник: Шабакаи мониторинги нақзи ҳуқуқи журналистон ва ВАО.