Архив рубрики: Хабарҳо

Душанбе ҳамла ба Додоҷони Атовуллоро маҳкум кард

[b]Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамла ба хабарнигори тоҷик Додоҷони Атовулло дар Маскавро маҳкум кард ва умедвори ҳарчӣ зудтар ошкор шудани омилони ин сӯъиқасд шуд. [/b]

Сухангӯи ин вазорат Давлат Назриев ба ИТАР-ТАСС гуфт, дар Душанбе шеваҳои муҷозоти худсаронаро қатъиян қабул надоранд. Муассиси нашрияи «Чароғи рӯз» ва раҳбари ҷунбиши «Ватандор» шаби панҷшанбе ду зарби корд хӯрд ва ӯро дар Пажӯҳишгоҳи «Ёрии таъҷилӣ»-и Маскав ҷарроҳӣ карданд.

Бо ин ҳол, пулиси Маскав мегӯяд, нафареро, ки бо гумони даст доштан дар ин сӯъиқасд боздошт шуда буд, баъди собит шудани бегуноҳиаш раҳо кардааст. Қаблан аз боздошти Бахтиёр Раҳимбердиев, як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон гузориш шуда буд.

«Хабарнигорони бидуни марз» ва 4 созмони журналистии Тоҷикистон – Иттиҳодияи журналистон, НАНСМИТ, Медиа-Алянс ва АФРӮЗ ҳамла ба Додоҷони Атовуллоро шадидан маҳкум ва ба таҳқиқи мӯшикофонаи қазия даъват карданд. Додоҷони Атовуллои 56- сола аз мунтақидони тунди давлати Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20120113/538/538.html?id=24451001

Оғози таҳқиқи ҳамла ба Додоҷони Атовулло

[b]Пулиси Маскав ба таҳқиқи ҳамла ба хабарнигори маъруфи тоҷик Додоҷони Атовулло шурӯъ кардааст. Пулис мегӯяд, Бахтиёр Раҳимбердиев, як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистонро бо гумони даст доштан дар ин сӯъиқасд дастгир карда, имрӯз дар бемористон худи хабарнигорро низ бозпурсӣ хоҳад кард.[/b]

Муассиси нашрияи «Чароғи рӯз» ва раҳбари ҷунбиши «Ватандор» шаби панҷшанбе бо ду зарби корд, ки якеаш ба ҷигари ӯ асобат кардааст, ба Пажӯҳишгоҳи «Ёрии таъҷилӣ»-и Маскав ба номи Склифосовский оварда шуд. Баъди ҷарроҳӣ, гуфтаи табибон, хатаре ба ҳаётаи ӯ таҳдид намекунад. Созмони «Хабарнигорони бидуни марз» ва 4созмони журналистии Тоҷикистон – Иттиҳодияи журналистон, НАНСМИТ, Медиа-Алянс ва АФРӮЗ ин ҳамларо шадидан маҳкум карданд. Додоҷони Атовуллои 56- сола аз мунтақидони тунди давлати Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20120113/538/538.html?id=24450669

Созмонҳои журналистӣ ҳамла ба Атовуллоро маҳкум карданд

[b]Журналистон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳамла ба Додоҷони Атовуллоро шадидан маҳкум мекунанд.[/b]

Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), Медия Алянси Тоҷикистон (МАТ), Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон (АФРӮЗ) ҳамла ба журналисти тоҷик Додоҷони Атовуллоро қатъиян маҳкум карданд ва аз ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Русия хостаанд, воқеа ба таври дақиқ пажӯҳиш шавад.

Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон дар изҳороти худ ҳамла ба Додоҷони Атовуллоро «сӯиқасд ба озодии баён ва ҳуқуқи инсон» номида, аз мақомоти марбутаи Русия хостори «таҳқиқи сареи ин қазия, ошкор кардани иҷрокунанда ва фармоишгари ин сӯиқасд» хостааст.

Дар ин баёния гуфта мешавад: «интизор дорем, ки мақомоти Тоҷикистон низ дар амри ҳимоят аз шаҳрванди худ, ошкор кардани омилони ин ҷиноят аз тамоми имконоти ихтиёрашон кор хоҳанд гирифт. Зеро ин сӯиқасд ба ҷони як журналисти маъруф ва шинохта ба обрӯ ва эътибори ҳар ду кишвар соя меафканад.»

Созмонҳои журналистии Тоҷикистон дар изҳороти муштараки худ гуфтаанд, солҳои охир Додоҷони Атовулло худро ҳамчун сиёсатмадори мухолиф муаррифӣ мекард. «Ҳанӯз рӯшан нест, ки ҳамла ба ӯ ба фаъолияти ҳирфаияш ҳамчун журналист бастагӣ дорад ё не, бо вуҷуди ин тасфияи ҳисоб бо мухолифон ба чунин шева амали ҷиноист ва бояд тибқи тамоми сахтии қонун муҷозот шавад.»

Ҳомиёни ҳуқуқи башар ва корбарони шабакаи Фейсбук низ ин ҳамларо бо лаҳни шадид маҳкум кардаанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24450483.html

Баёнияи созмони ҷамъиятии Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон

[b]«Афрўз» — Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон ҳамлаи ваҳшиёна ба Додоҷони Атовулло, муассис ва сардабири нашрияи «Чароғи рӯз»-ро қатъан маҳкум мекунад. Бар асари ин ҳамла, ки тавассути як фарди ношинохта дар шаҳри Маскав сурат гирифтааст, Додоҷони Атовулло ба шиддат маҷрўҳ гашта ва баъди анҷоми амали ҷарроҳӣ дар ҳоли бехудист.[/b]

«Афрӯз» ҳамла ба Додоҷони Атовуллоро сӯйиқасд ба озодии баён ва ҳуқуқи инсон медонад. Ва аз мақомоти марбутаи Русия хостори таҳқииқи сареъи ин қазия, ошкор кардани иҷрокунанда ва фармоишгари ин сӯйиқасд мебошад.

Ҳамчунин интизор дорем, ки мақомоти Тоҷикистон низ дар амри ҳимоят аз шаҳрванди худ, ошкор кардани омилони ин ҷиноят аз тамоми имконоти ихтиёрашон кор хоҳанд гирифт. Зеро ин сӯйиқасд ба ҷони як журналисти маъруф ва шинохта ба обрӯ ва эътибори ҳарду кишвар соя меафканад.

[b]Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон – «АФРӮЗ»

13.01.2012, Душанбе[/b]

Источник:

Баъд аз ду захми корд Додоҷони Атовулло ҷарроҳӣ шуд

[b]Дар ин бора Амонбой, дӯсти хабарнигори шинохтаи тоҷик, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иттилоъ дод. Ӯ бо такя ба гуфтаҳои табибон изҳор намуд, ки амалиёти ҷарроҳӣ хуб гузаштааст ва аммо афзуд, аз вазъи хабарнигор пайвандонашро фақат баъд аз соати даҳ ба вақти Маскав огаҳ хоҳанд кард.[/b]

Сӯиқасд ба ҷони Додҷони Атовулло шоми рӯзи панҷшанбе дар дохили тарабхонаи итолёвии “Виадҷио” рӯх дод. Ба иттилои пайвандони Додоҷони Атовулло, ки Радиои Озодӣ бо онҳо дар тамос шуд, як фарди зоҳиран осиёӣ ба қафаси синаи ӯ ду корд задааст.

Хабарнигорро дар мошини «Ёрии таъҷилӣ» ба бемористони ба номи Склифосовскийи Маскав интиқол додаанд. Табибон гуфтаанд, ки корд ба дили Атовуллои 56-сола нарасидааст, аз ин рӯ ба ҳаёти ӯ хатаре таҳдид намекунад, аммо то интиқол ёфтанаш ба бемористон, вай хуни бисёр бохтааст.

Ба гуфтаи Амонбой, гурӯҳи хабарнигорони маскавӣ барои аёдати Додоҷон ва пайдо кардани иттилоъ дар бораи вазъи сиҳати ӯ ба бемористон омадаанд.

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, дар бораи ҳодисаи дар тарабхона рӯйдода ба ӯ табибону дӯстони Додоҷон хабар додаанд – қабл аз ин ҳодиса ронанда Додоҷонро то манзилаш расонд ва онҳо бо ҳам хайрухуш карда буданд.

Амонбой мегӯяд, “кадом одаме бо ӯ мулоқот таъин карда будааст. Дар дохили ресторан Додоҷон хеста бо ӯ салом мекунад ва аммо ӯ ба Додоҷон ду бор корд зада фирор кардааст. Ин ҳодиса тахминан соатҳои нӯҳ то нӯҳу ним рӯй додаст. Аз ин пештар мо ҳамроҳ бозорӣ кардем ва ман ӯро бо мошин то хонааш бурда будам.”

Ӯ ҳадс мезанад, шояд одаме, ки мулоқот таъин карда буд, Додоҷонро аз дур нишон додааст ва каси дигар ба хабарнигор корд задааст.

Додоҷони Атовулло, хабарнигори 56-солаи тоҷик, дар соли 1990 ҳафтаномаи мустақили «Чароғи рӯз»-ро таъсис дода, охири соли 1992 Тоҷикистонро тарк кард ва дар Русияву Олмон ба сар мебарад. Ӯ раҳбари ҷунбиши мухолифи «Ватандор» низ ҳаст ва бо мақолаҳои танқидияш зидди ҳукумати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шӯҳрат дорад.

Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Додоҷони Атовулло бо иттиҳоми тӯҳмату таҳқир ба шахси раҳбарони аввали кишвар ва даъват ба сарнагун кардани низоми феълӣ, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Бори охир моҳи апрели соли гузашта мақомоти додситонии Тоҷикистон аз мақомоти Русия таслими ӯро ба Душанбе талаб карданд. Чанд сол пеш хабарнигори шинохта бо тақозои мақомоти Тоҷикистон дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав боздошт шуда буд ва аммо Русия, баъд аз эътирозҳои ҳомиёни ҳуқуқи башар ва созмонҳои хабарнигорӣ, аз истирдоди ӯ ба Тоҷикистон худдорӣ намуд.

Бори ахир Додоҷони Атовулло мақомоти Тоҷикистонро барои ба додгоҳ кашидани халабонҳои руси ширкати «Ролкан» ҳадафи танқиди шадид қарор дода буд ва ба гуфтаи баъзе манобеъ, интиқоди ӯ боиси хашму ғазаби мансабдорони тоҷик шуда буд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24450277.html

Додоҷони Атовулло дар ҳамлае шадидан захмӣ шудааст

[b]Журналисти шинохтаи тоҷик ва мухолифи ҳукумати Тоҷикистон Додоҷони Атовулло дар маркази Маскав мавриди ҳамла қарор гирифта, шадидан захмӣ шудааст. Ӯро дар мошини «Ёрии таъҷилӣ» ба бемористони ба номи Склифосовскийи Маскав интиқол додаанд. Бино бар хабарҳо марди ба зоҳир осиёӣ ба сари синаи Атовулло ду бор корд задааст. [/b]

Нашрияҳои интернетӣ, аз ҷумла торнамоҳои “Фергана.Ру” ва “Livenews.ru” мегӯянд, ҳамла ба Додоҷони Атовулло дар назди ресторани итолиёии “Viaggio” дар хиёбони Комсомолский байни соатҳои 9 ва 10-и шаб рӯй додааст. Ин манобеъ гуфтаанд, ҷаноби Атовулло барои мулоқот бо шахсе ба ин ҷо омадааст. Аммо ронандаи ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, Додоҷонро дар соати 7-и бегоҳ ба манзилаш расонд ва нақша ё қарори мулоқоте дар миён набудааст.

Вале дар ҳамин ҳол хабаргузории «Интерфакс» ба нақл аз манобеи худ дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, ки Додоҷони Атовуллоро касе ба мулоқот даъват кардаст. Хабаргузорӣ ба нақл аз ин манбаъ меафзояд, «вақте ки Атовуллоев ба ин ҷо омад ва паси мизе интизор менишаст, шахсе, ки симои осиёӣ дошт, ба сӯи давид ва ду бор ба ӯ корд зад.»

Пизишкон гуфтаанд, корд ба дили Атовуллои 56-сола нарасидааст, биноан хатаре ба ҳаёти ӯ таҳдид намекунад, аммо то интиқол ёфтанаш ба бемористон вай хуни бисёр бохтааст ва ҷарроҳон дар талоши наҷоти ӯянд. Гуфта мешавад, корд ба шуш ва ҷигари Додоҷони Атовулло расидааст. Гурӯҳе аз журналистони маскавӣ, дӯстон ва тарафдорони Атовулло ба бемористон омаданд ва қисме аз онҳо дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук лаҳза ба лаҳза аз вазъи ӯ иттилоъ медиҳанд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки ҷарроҳии аввал бо муваффақият гузаштааст. Фейсбукиён пешниҳод кардаанд, ки гурӯҳи кӯмак ба Атовулло таъсис ёбад. Чанд нафар изҳори омодагӣ ба донории хун кардаанд.

Додоҷони Атовулло, ки 56 сол дорад, дар соли 1990 ҳафтаномаи мустақили «Чароғи рӯз»-ро таъсис дода, охири соли 1992 Тоҷикистонро тарк кард ва дар Русия ва Олмон ба сар мебарад. Вай ба ҳайси раҳбари ҷунбиши мухолифи «Ватандор» бо мақолаҳои танқидияш зидди ҳукумати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шӯҳрат дорад. Вай борҳо гуфтааст, дар Тоҷикистон тарафдорони зиёд дорад, аммо ягон бор феҳрасти аъзои ҷунбиши «Ватандор»-ро эълон накардааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон бори охир дар моҳи апрели соли 2011 зидди Додоҷони Атовулло парвандаи ҷиноӣ боз ва аз мақомоти Русия истирдоди ӯро талаб кард. Вале тарафи Русия ин ҳар дафъа ин талабро рад намудааст. Мақомоти Тоҷикистон Додоҷони Атовуллоро ба тӯҳмату таҳқир ба шахси раҳбарони аввали кишвар ва даъват ба сарнагун кардани низом айбдор мекунанд.Як дафъа дар тобистони соли 2001 ҷаноби Атовулло бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар Маскав боздошт шуд, вале баъди якуним рӯзи ҳабс раҳо гашт. Созмонҳои журналистӣ ва ҳомии ҳуқуқи инсон ин парвандаҳо ва боздошти ӯро шадидан танқид кардаанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24450213.html

«Имрӯзнюс вобастаи Ориёнбонк ва Талко нест»

Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Рустами Ҷонӣ- мудири ширкати Ориёно-медиа ва бунёдгузори нашрияи “Имрӯзнюс”.

[b]Озодӣ: Дар авохири соли гузашта ва оғози соли ҷорӣ чанд рӯз “ Имрӯзнюс” ба нашр нарасид, ки сару садоҳои мухталифро ба бор овард. Хонандаҳо нашрияи шуморо дастрас накарданд. Сабаби аз нашр бозмондани нашрия чӣ буд?[/b]

Рустами Ҷонӣ: Боиси хурсандии мост, ки хонандаҳо рӯзномаи “Имрӯзнюс”-ро суроғ мекунанд. Вале ин чанд рӯзе, ки нашрия ба дасти хонандаҳо нарасид, кадом мушкилие ҷо надошт, танҳо як давраи истироҳат буд. Барои ҳамаи коргарон аз 25 декабр то 4-уми январ таътил эълон кардем. Мо тасмим гирифтем, ки ҳар сол дар ҳамин давра ба коргарон рӯзҳои истироҳат бидиҳем. Ин кор аз як тараф як навъ додани сабукиҳо барои кормандон бошад, то инки бештар дам бигиранд ва бо нерӯи тоза ба кор баргарданд, аз тарафи дигар сарфаи харҷи беҳуда аст, чун дар ин рӯзҳо хонандаҳо камтар ба суроғи рӯзнома меоянд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=157]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=157[/url]

Источник:

«Баъзе расонаҳо маҳалгароиро доман мезананд»

[b]Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон шуморе аз нашрияҳоро дар равнақи маҳалгароӣ муқассир хондааст.[/b]

Бар пояи тадқиқот ва пажӯҳиши коршиносони ин созмон, ки тайи як соли ахир идома доштааст, мавориди зиёде дар навиштаҳои нашрияҳо ошкор шудааст, ки дар масоили ёдшуда, яъне маҳалгароӣ ва равобити миллатҳо назокати сухан риоят нашудааст.

Чопи матолиб ва навиштаҳо бо руҳияи маҳаллӣ ва миллатгароӣ дар расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон, дар ниҳояти кор ба ваҳдат ва иттиҳоди милии ин кишвар зарбаи сахт хоҳад зад.

[b]Матни пурраи маводро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=156]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=156[/url]

Абдуқаюми Қаюмзод

Источник:

Соли 2011 тоҷикон дар интернет чӣ меҷӯстанд?

[b]Корбарони тоҷикистонии интернет дар давоми сол борҳо ба вожаҳое чун “Роғун”, “IRS” ва “парчам” рӯ овардаанд.[/b]

Шояд барои он ки тарҳи нерӯгоҳи Роғун тамоми сол сари забонҳо буду шикоятҳо аз ширкати Innovative Road Solutions Ltd баланд мешуду дар моҳи сентябр он ба як бор ҳамаи ҳайати раҳбарии худро иваз кард ва маълум шуд, ҳошияи роҳи пулакии Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ низ зери назораташ будааст. Аммо баландтарин парчами ҷаҳон дар Душанбе як бор дар моҳи май парафшон гашт, сипас дар иди истиқлолият ва баҳси он дар Фейсбук тамоми сол ба андозаи 165 метри баландияш дар авҷ буд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=154]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=154[/url]

Мирзонабии Холиқзод, Салими Аюбзод

Источник:

Оё матбуот ҷои баҳси мову ман аст? (Қисми дуюм)

Нишасти маҷозӣ

22 декабри соли равон бо ибтикори Анҷумани миллии воситахои ахбори оммаи Тоҷикистон (АМВАОМТ) ба воситаи почтаи электронӣ як нишасти маҷозӣ дар мавзӯи «Назокати сухан дар ВАО Тоҷикистон» доир гардид, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.

[b]Матни пурраи нишасттро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=153]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=153[/url]

Источник: