Архив рубрики: Хабарҳо

«Бухорои шариф» эҳё мешавад

[b]Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази сотсиологии «Бозтоб» тасмим гирифтаанд, нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои Шариф»-ро эҳё кунанд.[/b]

Ин иқдом ба муносибати 100-умин солгарди ҷашни матбуоти миллии тоҷик сурат мегирад.

Акбаралӣ Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо РО зимни таъйиди ин хабар гуфт, «ин пешниҳоди журналисти варзида — Раҷаби Мирзо аст ва мо низ аз он истиқбол кардем. Умедворем ин тадбир тӯҳфае хубе дар рӯзи матбуоти миллии тоҷик шавад.»

Хуршеди Ҳамдам

Источник: http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=165

Тӯҳмату таҳқир. Банде барои бастани даҳони журналист

Созмонҳои ғайридавлатӣ аз мақомот тақозо карданд, ки аз Кодекси ҷиноӣ моддаи таъқибу муҷозот барои таҳқир ва тӯҳматро лағв кунанд.

Парҳез аз кадом мавзӯьҳо беҳтар аст?

Чопи матолиб дар бораи зиндагӣ ва кори шахсиятҳои аввали давлат, хонаводаи онҳо ва афроди наздик ба ин мақомот аз мавзӯҳои мамнӯъи матбуоти тоҷик ба ҳисоб меравад.

Источник: http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=164

Дархости ҳазфи «таҳқиру туҳмат» аз қонуни кайфарии Тоҷикистон

[b]Дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон иддае аз хабарнигорон ба иттиҳоми туҳмат ва тавҳин ба додгоҳҳо кашида шудаанд.[/b]

Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон бо интишори қатъномае аз талоши давлат барои лағви ҳукми эъдом истиқбол карда ва хостори ҳазфи моддаҳои марбут ба таҳқиру туҳмат аз қонуни кайфарии ин кишвар шудааст.

Ин эътилоф аз худдории давлати Тоҷикистон аз пазируфтани тавсияҳои СММ дар мавриди «ғайриҷиноӣ» кардани ҷароими марбут ба таҳқиру туҳмат ибрози таассуф кардааст.

Источник: http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=163

Рӯзи Ҷаҳонии Радио фархунда бод!

[b]Бунгоҳи омӯзиш, илм ва фарҳанги Созмони Милал мегӯяд, “бо он ки ҷаҳон ин гуна босуръат тағйир меёбад, мо бояд тавонмандиҳои асосии радиоро барои пайванд додани мардум ва ҷомеаҳо, табодули дониш ва маълумот ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ арҷ гузорем.[/b]

Дар изҳороти Юнеско ба муносибати аввалин бор таҷлил шудани Рӯзи Ҷаҳонии Радио гуфта мешавад, радио расонаест, ки ба 95 дарсади аҳолии ҷаҳон ва махсусан ба ҷомеаҳои дурдасту ҳошиягӣ ба нархи арзон дастрас аст. “Исбот шудааст, ки радио бо фарогирифт ва платформаҳои нашраш як расонаи қавиест, ки бо корбасти технологияҳои нав рушд меёбад.”

Мудири кулли Бунгоҳи омӯзиш, илм ва фарҳанги Созмони Милал, Ирина Бокова, дар паёмаш ба муносибати Рӯзи Ҷаҳонии Радио гуфт: “Радио расонаи оммавиест, ки барои густардатарин мухотабон, махсусан дар бахшҳои канорафтодаи ҷомеаи мо дастрас аст. Радиои озод, мустақил ва чандандеш барои ҷомеаҳои солим ҳалкунанда буда, барои пешбурди ҳуқуқи инсон ва озодиҳои бунёдӣ ҳаётан муҳим аст.”

Иттиҳоди Нашаротии Арупо ба муносибати Рӯзи Ҷаҳонии Радио оғози “Ҳафтаи Радио”-ро эълон кард. Раиси он Ингрид Делтенр гуфт, ин ташаббус ҳарсола хоҳад буд ва “бо роҳи ба ҳам овардани дурахшонтарин ситораҳои радио, барномасозони компютерӣ, муҳандисон, хидматрасонҳо, мудирони шабакаҳо ва тавлидгарони саноатӣ абзори беҳтари фаннӣ ва роҳҳои рушдро муайян хоҳанд кард.”

Ҷашни Рӯзи Ҷаҳонии Радио дар 13-уми феврал ҳамчунин ёдбуде аз рӯзи таъсиси Радиои Созмони Милал дар соли 1946 мебошад.

Радиои Озодӣ Рӯзи Ҷаҳонии Радиоро ба ҳамаи ҳамкорону ҳампешагон ва шунавандагони худ дар саросари ҷаҳон табрик мегӯяд. Радиои Шумо ҳамеша пур аз садо бод!

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24482261.html

Панҷ соли матбуоти тоҷик. Аз рушд то монеаҳо

[b]Анҷумани миллии расонаҳои мустақил гузорише аз вазъи матбуоти тоҷик аз соли 2005 то соли 2010-ро нашр кард.[/b]

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) ва муаллифи ин гузориш мегӯяд, таҳқиқоти мазкур умдатан дар заминаи мониторинги муназзами ин анҷуман аз вазъи матбуот ва назари коршиносону таҳлилгарони расонаӣ анҷом шудааст. Ва ҳадаф аз он нишон додани вазъи матбуот ба манзури ислоҳи мушкилот ва ҷилавгирӣ аз пешомадҳои эҳтимолиест, ки метавонад дар фаъолияти расонаҳо сар бизанад.

Оқои Қаршибоев мегӯяд, ба сурати умумӣ аз соли 2005 ба ин сӯ матбуоти миллӣ рушд карда, аммо ҳамзамон бо мушкил ва монеаҳо рӯ ба рӯ будааст. Ба гуфтаи муалифи ин таҳқиқот, намешавад гуфт, ки матбуот ба сурати якмаром ва собит пешрафт кардааст. Монеаҳои мухталиф.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар сомонаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=162]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=162[/url]

Раҳматкарими Давлат

Источник:

Вахомати вазъи озодии баён дар Тоҷикистон дар соле, ки гузашт

[b]Дар соли ҷорӣ Тоҷикистон дар феҳристи озодии баён ҳафт зина пойин рафта ва дар мақоми 122 қарор гирифтааст.[/b]

Вазъи озодии баён дар Тоҷикистон аз соли 2010 то ҳоло бамаротиб бадтар шудааст. Дар ин бора гузориши ҷадиди Гузоришгарони Бидуни Марз ҳикоят мекунад.

Бино ба феҳристи ҷадиди ин созмони байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи рӯзноманигорон, мақомоти Тоҷикистон ба саркӯбии расонаҳои мустақил бо баҳонаи пешгирӣ аз ба ҳам задани субот ва мубориза бо ифротгароӣ идома медиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки коршиносони маҳаллӣ дар Тоҷикистон пешбинӣ мекунанд, ки дар остонаи интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ вазъи озодии баён дар ин кишвар беш аз пеш маҳдуд хоҳад шуд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=161]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=161[/url]

Источник:

Озодии баён дар Тоҷикистон маҳдудтар шудааст?

[b]Мувофиқи баҳогузории ин созмон,Тоҷикистон агар дар соли 2010 дар ҷои 115 қарор дошт, дар соли гузашта 5 зина поин рафт ва дар мавқеи 122 қарор гирифт.[/b]

Анҷумани миллии расонаҳои озоди Тоҷикистон ҳафт зина поён фаромадани мавқеи Тоҷикистон дар индекси Созмони «Гузоришгарони бидани марз»-ро ба баҳсҳои додгоҳии хабарнигори ББС Урунбой Усмонов ва рӯзноманигори маҳаллӣ Муҳаммадюсуф Исмоилов вобаста медонад, ки он таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб кард ва ҳукумати Тоҷикистонро дар миқёси байналмиллал душмани матбуот ҷилва дод.

Абдуфаттоҳ Воҳидов, намояндаи НАНСМИТ мегӯяд, ки агар ин ҳодисаҳо ба журналистҳо рух намедод, шояд Тоҷикистон дар мавқеи пешини худ боқӣ мемонд: «Ҳама дар ҷомеаи мо огоҳ аст, ки ба ҳабс гирифта шудани Урунбой Усмонов ва Муҳаммадюсуф Исмоилов, ки яке дар расонаҳои хориҷӣ фаъолият дошту дигаре дар рӯзномаи маҳаллӣ, дар миқёси байналмилалӣ вокуниш пайдо карданд. Дар баҳси ин хабарнигорон созмонҳои журналистии Аврупо ва Амрико ширкат доштанд ва диданд, ки то кадом андоза аз лиҳози қонуну ҳуқуқ ин баҳсҳо ва иддаои мақомоти ҳукумати Тоҷикистон асос дошт ё не. Худи созмони Гузоришгарони бидуни марз чанд маротиба баёния пахш кард ва аз ҳукумати Тоҷикистон тақозои раҳоии хабарнигоронро карда буд. Мусаллам аст, ки ин ба обрӯи Тоҷикистон бетаъсир намемонд.»

Бар иловаи баҳси ба ҳабс кашида шудани ин ду хабарнигор, баҳсҳои додгоҳии ҳафтаномаи «Азия плюс» бо АнварТағоймуродов, муовини пешини вазири умури дохилии Тоҷикистон, баҳсҳои додгоҳии ҳафтаномаҳои мустақили «Миллат» ва «Пайкон» бо мақомоти ҳукумати кишвар, Тоҷикистонро як ҷазираи таҳдиду таъқиб бар матбуот нишон дод.

Аммо ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба шеваи баҳогузории созмони «Гузоришгарони бидани марз» розӣ нест. Зеро ба қавли як мақоми ҳукумати Тоҷикистон, меъёр ва наҳваи баҳогузории ин созмон барои онҳо рӯшан намебошад.

Сармутахасиси Бахши таҳлил ва иттилооти дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудхон Сараев мегӯяд, ки ҳукумати Тоҷикстон бо матбуоти кишвар, хусусан бо матбуоти мустақил ҳеҷ мушкил надорад ва баҳсҳое, ки

миёни мақомоти алоҳидаи ҳукумат бо расонаҳо сурат гирифта буд, аз роҳи ҳуқуқӣ ҳалли мусбати худро пайдо карданд: «Ҳолатҳое, ки дар муносибати баъзе мақомоти ҳукумати Тоҷикистон бо расонаҳои васоити омма ба вуқуъ пайваста буданд, он ҳам тавассути шароити ҳуқуқӣ дар додгоҳҳо ҳалли мусбати худро ёфтанд. Дар соли гузашта дар муносибати байни мақомоти ҳукумати кишвар ва матбуот шаффофият таъмин буд. Аз ин рӯ ба хулосаи ин созмони байнулмилалӣ розӣ буда наметавонем.»

Ахиран созмони «Хонаи Озодӣ» низ дар гузориши солонаи худ дар робита ба вазъи озодиҳо дар саросари ҷаҳон, Тоҷикистонро ҳамроҳ бо Узбакистон ва Туркманистон кишвари «ғайриозод» унвон кардааст.

Аммо сардабири ҳафтаномаи русизабони «Азия плюс» Марат Маҳмадшоев мегӯяд, ки ба наҳваи баҳогузории

Гузоришгарони бидуни марз розӣ буда наметавонад. Зеро ба қавли ӯ, дар сутуни мавқеъгузории кишварҳо Қазоқистон, ки дар масъалаи озодии матбуот бозтар ва беҳтар аз Тоҷикистон аст, дар ҷои 154-ум, вале Тоҷикистон дар мавқеи 122-юм қарор дорад:«Ба назари ман ин рейтинг чандон воқеӣ нест, бубинед дар Тоҷикистон хабарнигор ҳабс мешавад ва барои андак калима ё вожа ба додгоҳ кашида мешавад, чӣ гуна мешавад, ки Қазоқистон дар ҷои 154 ва Тоҷикистон дар зинаи 122 қарор мегирад. Барои ман рӯшан нест, ки аз рӯи кадом меъёр Гузоришгарони бидуни марз таҳлили худро анҷом медиҳанд?»

Тавре аз таҳлилу баррасӣ ва баҳогузории созмонҳои масоили матбуот маълум мешавад, Тоҷикистон дар масъалаи озодии матбуот, хусусан дар мавриди бархӯрди мақомоти ҳукуматӣ ба васоити ахбори мустақил муносибати нек надоранд. Танҳо бо баргузории нишастҳои матбуотии нимсола наметавон гуфт, ки дар Тоҷикистон фазои озоду шаффоф барои матбуот ҷой дорад.

Мирзонабии Холиқзод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24465292.html

Раҳимов: Агар дархост шавад, ҳамла ба Атовуллоевро таҳқиқ мекунем

[b]Пулиси Тоҷикистон мегӯяд, ки дар сурати дархости мақомоти Русия иддаъои Додоҷони Атовуллоҳ мабнӣ ба даст доштани мақомоти тоҷик дар сӯиқасд ба ҷонашро таҳқиқ хоҳад кард.[/b]

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 20 январ дар як нишасти матбуъотӣ дар ин бора ибрози назар кард, аммо вай гуфт, ки то ҳол чунин дархосте аз ҷониби Русия ворид нашудааст.

[b]Матни пурраи гузоришро дар торномаи мо бо пахш кардани нишонии зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=160]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=160[/url]

Источник:

Атовуллоҳ мақоми Тоҷикистонро дар сўиқасд ба худ мазнун медонад

[b]Чаҳор рӯз пас аз суиқасд ба ҷони Додоҷони Атовуллоҳ, рӯзноманигори мухолифи давлати Тоҷикистон, нашрияи “Новая газета”, чопи Маскав, мусоҳибае бо ӯро мунташир кардааст.[/b]

Дар ин мусоҳиба муассиси нашрияи «Чароғи рӯз» ва созмони мухолифи «Ватандор» мақомоти Тоҷикистонро ба даст доштан дар суиқасд ба ҷони худ муттаҳам кардааст.

Хабарнигори «Новая газета» аз ӯ пурсидааст, ки оё ӯ ҳамла ба худро «дастуре сиёсӣ» медонад, оқои Атовуллоҳ гуфтааст, ки дар ин амр «тардиде надорам.»

[b]Матни пурраи гузоришро дар торномаи мо бо пахш кардани нишонии зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=159]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=159[/url]

Источник:

«Амнияти Атовуллоҳ дар замони муъолиҷа таъмин шавад»

[b]Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон ҳамла ба Додоҷони Атовуллоҳ, хабарнигори табъидии тоҷики муқими Русия ва сардабири нашрияи «Чароғи рӯз»-ро маҳкум кардааст.[/b]

Ин созмони мудофеъи ҳуқуқи рӯзноманигорон, ки мақарраш дар Ню-Йурк аст, аз мақомоти Русия хостааст, ки амнияти оқои Атовуллоҳро дар замони муъолиҷа таъмин кунанд.

Дар изҳороти ин созмони байналмилалӣ, ки рӯзи ҷумъаи 13 январ мунташир шуд, омадааст: «Нашрияи «Чароғи рӯз» бо интиқодоти тундаш аз давлати кунунии Тоҷикистон, бахусус Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури ин кишвар, шинохта шудааст. Вақте ки чопи ин рӯзнома дар Тоҷикистон мамнӯъ шуд, Додоҷони Атовуллоҳ ба интишори он дар табъид идома дод.»

[b]Матни пурраи гузоришро дар торномаи мо бо пахш кардани нишонии зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=158]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=158[/url]

Источник: