Архив рубрики: Хабарҳо

Звезда.ру дар дохили ҳукумат «одам» дорад?

[b]Мақомоти тоҷик мақолаи «Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб»-ро, ки «Звезда.ру» чоп карда буд, бӯҳтон номиданд.[/b]

Ҳафтаи гузашта дар торнамои «Звезда.ру» мақолае зери унвони «Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб» ба табъ расид, ки дар он ҳукумати Тоҷикистон ба тарҳрезии барномаи муфассали таъқиби мухолифин муттаҳам мешавад. Афроде, ки мақоларо дар интернет ҷо додаанд, мегӯянд, онҳо ба ҳадафи худ расиданд, зеро шореҳони умури Тоҷикистону Осиёи Марказӣ ва мансабдорони тоҷик аз он огоҳ шудаанд.

Сергей Строкан, шореҳи ҳафтавори “Коммерсант”, чопи Маскав, мегӯяд, ӯ ба мақолаи «Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб», ки ибтидои моҳи март дар торнамои русзабони «Полярная Звезда» ба табъ расидааст, ҳеҷ иртиботе надорад. Вай гуфт, намедонад, муаллифони воқеӣ бо кадом ҳадаф аз номи ӯ истифода кардаанд.

Строкан афзуд, «мехоҳам расман таъкид кунам, ки ман ба ин мақола ҳеҷ иртиботе надорам. Онро нанавиштаам, таҳрир накардаам ва бо тааҷҷуби зиёд хабар ёфтам, ки касе бо сабабҳои бароям номаълум маро муаллифи ин мақола номбар кардааст. Дар масъалаи мушкилиҳои матраҳ дар ин мақола ман чизе гуфта наметавонам. Таҳлилу хулосаҳои матлаб бар дӯши муаллифи он аст.»
Дар мақолае, ки бо имзои хабарнигор Строкан дар сомонаи «Звезда.ру» нашр шудааст, мақомоти Тоҷикистон ба роҳандозии сиёсати фишору зӯроварӣ ба ҳизбҳои мухолифи ҳукумат ва бозгашт ба мухолифатҳои солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон муттаҳам шудаанд. Муаллифони мақола дурустии таҳлили худро бо нашри чанд санад, ки гуфта мешавад аз ҷаласаи махфии ҳукумати Тоҷикистон берун шудааст, тавҷеҳ кардаанд.

Аммо мақомоти Тоҷикистон ин матлабро пур аз дурӯғу бӯҳтон номиданд. Давлат Назрӣ, масъули дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, «маълум аст, ки ин матлаб аз номи каси дигар тартиб дода шудааст. Мутаассифона, тайи чанд моҳи охир ҳамин гуна мавод дар бораи Тоҷикистон бисёр чоп шуд. Шояд доираҳои муайян ҳавасманди он бошанд, ки ҳамин гуна маводро нашр кунанд. Бисёре аз ин мавод ғаразнок буда, ба ҳақиқат наздик нестанд. Муаллифони чунин матлабҳо бояд донанд, ки бо ташкил кардани чунин матлабҳо ба мақсади худ намерасанд. Зеро мардум воқеиятро медонад.»

Ба дунболи нашри ин мақола дар торнамои русии «Звезда.ру» дастрасии истифодабарандагони Интернет ба шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва якчанд сомонаи интернетӣ, аз ҷумла «Звезда.ру» ғайриимкон шудааст.

Қабл аз сӯҳбат бо шореҳи «Коммерсант» Сергей Строкан, мо бо сармуҳаррири сомонаи «Звезда.ру» Дмитрий Родин дар тамос шудем ва ӯ тасдиқ кард, ки муаллифи мақола маҳз Сергей Строкан, шореҳи «Коммерсант» аст. Родин гуфт, ҷамоаи истифодабарандагони интернет ва шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон аз 30 ҳазор нафар бештар нест ва онҳо ба роҳандозии инқилоби шабеҳи кишварҳои арабӣ қодир нестанд.

Вале ин шахс, ки худро сармуҳаррири сомонаи «Звезда.ру» номид, афзуд, аксуламали ҳукумат шаҳодати он аст, ки баъзе мансабдорон аз ҳаёт дур мондаанд: «Худи ҳамин аксуламали ҳукумати Тоҷикистон шаҳодати он аст, ки санадҳои нашр шуда аслӣ мебошанду хулосаҳои таҳлили сомона воқеият доранд.»

Родин илова кард, ки мақолаи онҳоро чандин торнамои дигар дар саҳифаҳои худ ҷо додаанд ва агар ҳукумат дастрасии комил ба интернетро ҳам мутаваққиф кунад, мақола ба истилоҳ миссияи худро иҷро кард.

Источник: HTTP://WWW.OZODI.ORG/CONTENT/ARTICLE/24505411.HTML

Таљлил аз 100-умин солгарди чопи нашрияи «Бухорои шариф

[b]Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар остонаи Рӯзи матбуъоти миллӣ, ки бо 11 март мусодиф аст, ҳамоише илмӣ зери унвони «Бухорои шариф» ва ташаккули матбуъоти тоҷикӣ» баргузор шуд.[/b]

«Бухорои шариф» нахустин нашрияи форсӣ буд, ки 11 марти соли 1912 дар шаҳри Бухоро мунташир шуд ва дар Тоҷикистон аз ин рӯ ба унвони «Рӯзи матбуъоти миллӣ» ҳамасола таҷлил мешавад.

Дар ин ҳамоиши илмӣ донишмандон, муаррихон ва рӯзноманигорон дар мавзӯъоти мухталиф, бавижа муҳтаво, забон, рисолат ва шароити нашри рӯзномаи «Бухорои шариф» суханронӣ карданд.

Нахустин рӯзномаҳо ба забони форсӣ дар ҷаҳон бо номи «Ҷоми Ҷаҳоннамо» ва «Миръот-ул-Ахбор» дар соли 1822 дар Ҳинд ба нашр расидаанд. Ва дар соли 1907 дар Эрон, 90 номгӯ рӯзнома ба забони форсӣ ба чоп мерасид ва нахустин рӯзнома барои занон дар ин кишвар дар соли 1911 нашр шуда буд.

Аммо Тоҷикистон рӯзи матбуъоти худро ба нахустин рӯзи нашри рӯзномаи «Бухорои шариф», нахустин рӯзномаи форсизабон дар Фароруд ё Осиёи Миёна вобаста кардааст, ки дар соли 1912 чоп шуда буд.

Қабл аз ин, дар соли 1830 дар Қафқоз низ рӯзномае форсизабон таҳти унвони «Фарсийские ведомости» чоп мешуд, вале ду сол баъд, дар соли 1832, ин рӯзнома ба нашрияе ба забони туркии озарбойҷонӣ табдил ёфта «Вести с этой стороны Кавказа» ном гирифт.

Дар ин кунфронс гуфта шуд, ки ин амр ба далели «сиёсатҳои миллигарои тоторҳо» анҷом шуда буд.

Ширкаткунандагони нишасти Донишгоҳи миллӣ дар Душанбе дар бораи вазъи сиёсии замони оғози фаъъолияти нашрияи «Бухорои шариф» суханронӣ карданд.

Таъкид шуд, ки равшанфикрони тоҷики вақт, ки онҳоро «ҷадидҳо» мегуфтанд, таҳти таъсири идеулужии понтуркистӣ воқеъ шуда буданд, вале ба бовари бархе аз донишмандон, бо вуҷуди ҷой доштани сиёсатҳои понтуркистӣ ин афрод бар мардуми минтақа бештар суд овардаанд, то зиён.

Муртазо Зайниддинов, муҳаққиқи адабиёт, дар ин бора гуфт: «Вуҷуд доштани понтуркисмро мо инкор карда наметавонем. Лекин бо ҳамин раванд нашри рӯзнома, ташкили мактабҳо ва матбаъаҳо барои нашри китоб низ оғоз шуд, ки бояд иқрор шавем, ки паҳлуи хубиаш барои пешрафти мо бештар будааст.»

Оқои Зайниддинов дар ин ҳамоиш ҳамчунин пешниҳод кард, ки ба муносибати 100-умин солгарди нашри нахустин рӯзномаи форсӣ дар Осиёи Миёна ва «Рӯзи матбуъоти Тоҷикистон» дар саҳни Хонаи матбуъот як лавҳи ёдгории муҳташам аз нашрияи «Бухорои шариф» шавад.

Зимнан, дар кунфронс таъкид бар ин шуд, ки маҳфуми миллат аз замони Иморати Бухоро то замони муъосир табдили маъно кардааст.

Пайванди Гулмуродзода, муҳаққиқи дигар, ки солҳои зиёде нашрияи «Бухорои шариф» мавзӯъи аслии таҳқиқоти ӯ будааст, мегӯяд: «Дар ин нашрия мавзӯъи миллатгароӣ ба маънои ба ҳам овардани мардуми мусулмон буд. Дар ин нашрия аз иборати «миллати Бухоро» кор мегирифтанд.»

Вай меафзояд, ки ҳадафи ниҳоӣ барои рӯзнома ва равшанфикрони он замон таъсиси ҳаракати миллӣ ва озодихоҳӣ буд. Ӯ мегӯяд: «Гаравидани равшанфикрони мо ба баъзе равандҳо, ки имрӯз мо онҳоро лаънат мехонем, дарвоқеъ ҳадафашон пешрафт ва ободии кишвар буд. Ҳадафҳояшон бисёр бомулоҳиза ва дурандешона буд.»

Бо ин ҳама, дар суханрониҳои нишасти марбут ба нашрияи «Бухорои шариф» ба ин нукта низ ишора шуд, ки он замон сонсури ақида ва озодии баён вуҷуд доштааст.

Муҳаққиқон бо истинод ба мақолаҳои он давр таъкид карданд, ки Русияи подшоҳӣ бештар аз амир аз нашри рӯзномаҳо норозӣ будааст.

Аз нашри нахустин рӯзномаи форсизабон дар Осиёи Миёна, ки он замон ба хатти форсӣ чоп мешуд, сад сол сипарӣ мешавад, аммо сонсур дар минтақа ва Тоҷикистон ҳамчунон вуҷуд дорад.

Ҳарчанд созмонҳои байналмилалалии мудофеъи ҳуқуқи башар борҳо аз саркӯб шудани нашрияҳо ва рӯзноманигорони мустақил дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ мекунанд, вале масъулони Донишгоҳи миллии ин кишвар аз вазъи кунунии матбуъот ибрози ризоят мекунанд.

Аз ҷумла Қаҳор Расулов, раиси донишкадаи рӯзноманигории ин донишгоҳ, ки танҳо мактаби рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон аст, дар посух ба ин савол, ки вазъи озодии матбуъот дар Тоҷикистонро чӣ гуна аст, гуфт: «Озодии баён дар Тоҷикистон дар муқоиса бо дигари кишварҳои ҳамсоя беҳтар аст.»

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/03/120302_sq_bokhara_sharif_media.shtml

Чаро Фейсбук баста шуд?

[b]Аксари ширкатҳои ироакунандаи интернет дар Тоҷикистон дастрасӣ ба чанд сомонаи интернетӣ, аз ҷумла шабакаи Фейсбукро қатъ кардаанд.[/b]

Бино ба иттилои бархе манобеъи наздик ба ширкатҳои мухобиротӣ, ин тасмим дар пайи як номаи оҷили Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон гирифта шудааст. Дар ин нома аз ширкатҳои мухобиротӣ дархост шудааст, ки «вобаста ба ҳолати ба амаломада», дастрасӣ ба чанд сомона, аз ҷумла шабакаи Facebook.com ва сомонаи русии Zvezda.ru ва Tjknews.com -ро қатъ намоянд. Албатта дастрасӣ ба тҷкнюс.сом аз қабл ҳам баста буд.

То зуҳри рӯзи шанбе бархе аз корбарони Фейсбук имкони ворид шудан ба ин шабакаро доштанд, аммо баъд аз зуҳр афроди бештаре аз қатъ шудани дастрасӣ ба ин шабака шикоят мекунанд. Ҳоло тақрибан ҳамаи ширкатҳои умдаи фароҳамкунандаи интернет ин дархости Хадамоти алоқаро иҷро кардаанд. Ва фақат бархе ширкатҳои мобилӣ, ки низ ҳамзамон интернет ироа мекунанд, ҳанӯз ин саҳифаро боз мондаанд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=172]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=172[/url]

Раҳматкарими Давлат

Источник:

Наҷми Ковиёнӣ: «Бухорои шариф» дастаи нуре буд…»

[b]Дар Тоҷикистон ба муносибати 100-солагии матбуоти тоҷик ҷашнномаи «Бухорои шариф» аз чоп хоҳад баромад. Аммо ахиран хабар расидааст, ки мақомоти Тоҷикистон мухолифи ин коранд, чун онро ба равобити байнулмилалӣ рабт медиҳанд.[/b]

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Дар робита ба ин хабарҳо тасмим гирифтем бо Корманди Пажӯҳишгоҳи улуми иҷтимоии Амстердам, Наҷми Ковиёнӣ гуфтугӯе дошта бошем. Устод Ковиёнӣ дар Тоҷикистон мехоҳанд, ки рӯзномаи «Бухорои шариф»-ро барои меҳмонони ҷашнвора ба табъ расонанд ва аз матолиби шумораҳои мухталифи он як шумораи идона омода кунанд. Ба назари Шумо, ки пажӯҳиши зиёде дар таърих ва корномаи «Бухорои шариф» анҷом додаед, оё чӣ матолибе он ҷо буда метавонад, ки имрӯз ҳам арзишу дурахши худро гум накарда бошад?

[b]Матни пурраи мусоњибаро дар торномаи мо бо пахш кардани нишонии зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=171]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=171[/url]

Источник:

Ҳамкории хадамоти матбуотии мақомоти давлатӣ бо ВАО

[b]Дар «Кохи матбуот»-и шаҳри Хуҷанд, дар ин мавзӯъ бо иштироки рӯзноманигорон ва намояндагони хадамоти матбуотии мақомоти давлатӣ бо ибтикори хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд, Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон ва дастгирии IMS семинари омӯзишӣ ба кори худ оғоз кард.[/b]

Муовини аввали Раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов зимни сухани ифтитоҳӣ бо арзи паём аз номи Раиси вилоят аз муҳим будани масъалаҳои марбут ба ҳамкории рӯзноманигорон бо сохторҳои мақомоти давлатии маҳаллӣ андешаҳояшро баён дошта, аз ҷумла гуфт, ки « аз низоми мӯътадил ҷараён доштани ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо намояндагони васоити ахбори умум қаноатманд аст». Ҳамзамон ӯ аз вазъи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи таҳлилию интиқодӣ дар миқёси вилоят изҳори нигаронӣ намуд. Маълум гашт, ки аз 318 маводи танқидии ба табъ расида, ба 217-тои он вокуниш дарҷ гаштаву 66 адад мавриди баррасӣ қарор дорад. Ба 85 мавод, бахусус ашхоси масъул дар шаҳру навоҳии Панҷакенту Б.Ғафуров, Ашту Мастчоҳ вокуниш анҷом надодаанд.

Дар поёни сухани худ Ҷ.Сангинов рӯзноманигоронро аз таҷлили Иди матбуоти тоҷик ва 100 солагии нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф» санаҳои 9-10 марти соли 2012 дар сатҳи баланд дар Кохи Рӯдакии маркази вилоят баргузор мегардад, огоҳ намуд.

Доктори илмҳои филологӣ Раъно Бобоҷонова перомуни нақши ВАО дар инъикоси фаъолияти шохаҳои ҳокимият ва веҷагиҳои хадамоти матбуотии мақомоти давлатӣ маърӯза кард. Роҳбари Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев дар атрофи нишастҳои матбуотӣ, дастовард ва дурнамо афкорашро баён дошта, иштирокчиёнро ба баҳс хонд.

Илҳом Ҷамолов- муовини раиси иттифоқи ҷурналистони Тоҷикистон бобати муаммо ва мушкилоти ҷойдошта бобати қоидаҳои сабти номкунии намояндагони ВАО дар мақомоти давлатӣ, ташкили нишастҳои матбуотӣ маълумот дод. Семинар пагоҳ ҷамъбаст карда мешавад.

Источник:

CPJ: “Давлат рӯзноманигоронро ба баҳонаи ифротгароӣ саркуб мекунад”

[b]Дар ин гузориш аз чанд қазияи додгоҳии рӯзноманигорон дар Тоҷикистон дар соли 2011 ёдоварӣ шудааст.[/b]

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) гуфтааст давлати Тоҷикистон бо баҳонаи ифротгароӣ ва “тӯҳмат ва тавҳин” рӯзноманигорони воқеъӣ дар ин кишварро саркуб мекунад.

Дар гузориши вижаи ин созмон, ки рӯзи 21 феврал дар сойти он мунташир шуд, гуфта шудааст, ки “бархе аз таҳқиқотҳои рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон мунҷар ба боздошт ва таҳқиби журналистон ва муҳокимаҳои хастакунандаи онҳо дар додгоҳҳо шуда ва ин амр ба вазъи озодбаёнӣ дар ин кишвар таъсири манфӣ расонидааст.»

Источник: http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=169

Посухи Душанбе ба СPJ: Барои озодбаёнӣ монеае нест

[b]Мақомоти тоҷик гузориши CPJ дар мавриди озодиҳои матбуотро «аз пашша филсозӣ» номиданд.[/b]

Сайфулло Сафаров , муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, «созмонҳои байнулмилалӣ бар пояи далелҳои ба истилоҳ «хурду реза» хулосабарории бузург мекунанд.»

Ӯ дар сӯҳбат ба «Озодӣ» афзуд, «то ҷое воқеиятро медонем, чанд нафаре, ки муттаҳам шуда буданд, ба таври сулҳомез ё озод карда шуданд ё парвандаи онҳо баста шуд ё ниҳодҳои давлатӣ ба онҳо гузашт карданд. Яъне, дар маҷмӯъ, низоми сиёсӣ барои озодандешии рӯзноманигорон ҳеҷ монеае накардааст.»

Искандари Хоҷа Мирзода, Хуршеди Ҳамдам

Источник: http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=168

Шеваи таблиғ ба сабки шӯравӣ

[b]Ҷомеъашиносони тоҷик мегӯянд, бо вуҷуди таъсиси ҳизби алоҳида ва арҷгузорӣ ба арзишҳои демократӣ, шеваи таблиғоти давлатӣ чун замони шӯравӣ боқӣ мондааст.[/b]

Шиорнависиву насби овезаву портретҳои хиёбонӣ як бахши муҳими кори шаҳрдориҳост, ки бидуни таъхир ва беғалат иҷро мешавад. Дар Тоҷикистон ба ҷуз аз тоблуҳои бозаргонӣ (реклама), дигар ҳамаи шиору даъватҳо ва ибтикору иқдом ба раисиҷуҳмур Эмомалӣ Раҳмон рабт мегирад ва бахши умдаи онҳо аз суханрониҳои раисҷумҳур иқтибос шудаанд.

Масалан, як тан аз наттоқони радиои Тоҷикистон мегӯяд: «Ин иқдоми наҷибу инсонпарваронаи сарвари давлат аст, ки ба ҳукми анъана даромадааст. Тӯю хонадоршавӣ ва хатнаи мардуми камбизоат ва ё ки бепарасторро соҳибкорони номии мамлакат, вазорату идораҳо бар дӯш мегиранд, ки аз ин наҷибтарин хислат ва кори шоистае нест.»

Абдуқаюми Қаюмзод

Источник: http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=167

Раддияҳо — талоши худсафедкунӣ ё фишор ба матбуот?

[b]Мақомоти Тоҷикистон дар баробари матолиби интиқодӣ дар матбуот ҳассосияти аз ҳад беш нишон дода, дар бисёр маврид сардабиронро ба чопи раддия маҷбур мекунанд.[/b]

Ин вазъ хабарнигоронро нигарон кардааст ва онҳо умед доранд, ки қабули қонуни нави матбуот баҳси онҳоро бо даъвогарон сабуктар хоҳад кард. Раддия дар қонуни нави матбуоти Тоҷикистон банди махсусро дар бар гирифта, ба шаҳрванд ҳақ додааст, ки дар сурати бардурӯғ будани далелҳои мақола раддия бинависад. Матбуот низ муваззаф шудааст, ки ин ҷавобияи даъвогарро дар чаҳорчӯби қонун ба табъ расонад.

Мирзонабии Холиқзод

Источник: http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=166

Эмомалӣ Раҳмон ва журналистон бо ҳам чӣ хоҳанд гуфт?

[b]Интизор меравад дар остонаи таҷлил аз Рӯзи матбуот, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорон баргузор шавад.[/b]

Қабл аз ин, анҷуманҳои хабарнигорӣ ва кумитаи таҷлил аз садсолагии «Бухорои шариф» раиси ҷумҳурро барои ширкат дар ҷашни садсолагии нахустин рӯзномаи тоҷикӣ дар рӯзи 11-уми март даъват карда буданд. Ҳоло ниҳодҳои масъул ва дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва кумитаи баргузории ҷашни «Бухорои шариф» саргарми таҳияи барнома ва муқаддимасозии дидор ва мулоқоти раиси ҷумҳур бо хабарнигорон ҳастанд.

Сайфуло Қодиров, аз масъулони баргузории ҷашни матбуот ва «Бухорои шариф» дар вазорати фарҳанг аз ироаи ҳар гуна иттилоъ роҷеъ ба ширкати раиси ҷумҳур ва барномаи ҳузури ӯ дар ин ҷашн худдорӣ кард, аммо гуфт, вазорат саргарми омодасозии маҷлиси бошукӯҳ ва консерти идома ба ифтихори ҷашни матбуот аст.

Гуфта мешавад, нишасти хабарнигорон бо ширкати раиси ҷумҳур қарор аст, рӯзи 10-уми март, як рӯз қабл аз баргузори ҷашни матбуот ва садсолагии «Бухорои шариф» доир шавад. Дар ҳоли ҳозир дубора хабарнигорон ва масъулини расонаҳо барои ширкат дар ин мулоқот сабти ном мешаванд. Вале суоли матраҳ аст ин аст, ки оё ба ин мулоқот танҳо хабарнигорони дохилӣ даъват хоҳад шуд ва ё соири журналистон? Ва ин мулоқот ошкору муфид ва ё мисли мулоқот бо зиёиён хоҳад буд? Ва билохира чиро метавон аз ин мулоқот интизор дошт? Оё метавон интизори тағйири сиёсат ва бархӯрди давлат дар муносибат бо расонаҳо буд?

Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо қишрҳои дигар, аз ҷумла бо тоҷирону соҳибкорону ҳунармандону кӯҳкорон расм шудааст, аммо ин барои дуввум аст, ки ӯ бо маҳофили рӯзноманигорӣ мехоҳад мулоқот кунад. Таҳлилгарон мегӯянд, эҳтиром гузоштан ба таърих ба далели таҷлил аз ҷашни «Бухорои шариф» аз як сӯ, ва аз сӯи дигар дарки як воқеияти мусаллами дунёи имрӯз, ки режимҳои худкома дар муқобили мавҷи эътирозҳо нотавон маълум мешаванд, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро ба чунин тасмиме барои мулоқот бо ҷомеаи журналистӣ водор кардааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири нашрияи «Наҷот» мегӯяд, бовар дорад, ки ба ин далел мулоқоти мазкур ошкоро ва созанда воқеъ хоҳад шуд. Зеро танҳо қишре, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон бо назари интиқодӣ боқӣ мондааст ва ҳарфе барои гуфтан дорад, ин хабарнигорон ҳастанд. Ӯ мегӯяд: «Ин мулоқот мисли мулоқот бо соҳибкорону тоҷирону варзишгарон ва ё ба ном зиёиён нест. Ба ҳар ҳол хабарнигорон як қишре ҳастанд, ки афкори умумӣ ба миён меоранд, ҳарфҳои ҷомеаро мегӯянд. Пас ман умед ва бовар дорам, ки мулоқот озод, шаффоф доир хоҳад шуд. Ва имкони матраҳ кардани масоили доғ вуҷуд хоҳад дошт.»

Аммо Хилватшоҳи Маҳмуд, сардабири хабаргузории «Озодагон» мегӯяд, агар ин мулоқот протоколӣ ва таваҷҷӯҳ дар он ба масъулини расонаҳо ва матбуот бошад, онҳо ҷуръати гуфтани мушкили ҷомеъа ва расонаҳоро дар мулоқоти рӯбарӯ надоранд. Ва ин мулоқот низ шабеҳи мулоқот бо зиёиён анҷом хоҳад шуд.

Ӯ мегӯяд: «Хабарнигорони мустақил ҳарфе барои гуфтан ва матраҳ кардан доранд, аммо агар мулоқот протоколӣ ва номнависшуда бошад, мисли мулоқот бо зиёиёнамон анҷом хоҳад шуд. Зеро масъулини расонаҳо ҷуръати гуфтани масъалаҳоро дар рӯбарӯи раҳбари давлат надоранд.»

Аммо бархе дигар аз таҳлилагарон мегӯянд, ки сарфи назар аз он, ки ин мулоқот ошкору шаффоф хоҳад буд ё не ва кадом масоили дар он матраҳ мешавад, паёмади хубу дурусте барои расонаҳо нахоҳад дошт. Ва бархӯрди давлат бо расонаҳоро тағйир нахоҳад дод.

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари умури расонаҳо мегӯяд: «Ман чизи зиёдеро аз ин мулоқот интизор надорам. То ҷое ман огоҳ ҳастам, созмонҳо ва анҷуманҳои хабарнигорӣ мехоҳанд имтиёзталабӣ кунанд ва хостори лағви бархе молиёт шаванд. Аммо ман фикр мекунам, ки ин масъалаи муҳиме барои матбуоти тоҷик нест. Ба ҷои ин беҳтар мебуд, ки масъалаи ислоҳоти банди 135 ва 136 қонуни ҷиноиро матраҳ мекарданд, то хабарнигорон метавонистанд, бо ҷуръати бештар ва бидуни тарс аз таъқиби ҷиноӣ, фаъолият менамуданд. Аммо то ҷое ман медонам, матраҳ кардани ин масъала дар назар нест.»

Ҷаноби Абдуллоев ҳамчунин афзуд, дар мулоқоти се соли пеши хабарнигорон бо раиси ҷумҳур, масоили зиёде матраҳ шуд, аммо яке аз онҳо ҳам амалӣ нагашт. Аз ҷумла, масъалаи таъсиси Бунёди кӯмак ба матбуоти миллӣ пеш гузошта шуд, ки ҳадаф аз он озодсозии матбуот аз сармоягузорони хориҷӣ буд, аммо ин кор амалӣ нашуд.

Масъалаи коҳиши расонаҳои беш аз ҳадди давлатӣ, шабакаҳои зиёди беасари радиоӣ ва телевизонӣ ва ба ҷои он таъсиси як шабаки қавии ҷамъиятӣ, ки ҳаводиси минтақаро пӯшиш бидиҳад, матраҳ шуд, аммо то кунун таваҷҷуҳе ба он нашудааст. Ва ин навбат низ ба қавли оқои Абдуллоев, далеле барои хушбинӣ, ки баъди ширкати раиси ҷумҳур дар ин мулоқот масоили зиёде ҳал ва бархӯрди давлат бо расонаҳо баъди он тағйир хоҳад хӯрд, вуҷуд надорад.

Раҳматкарими Давлат, радио Озоди

Источник: