Архив рубрики: Хабарҳо

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 30-юми ноябр шикояти Ӯрунбой Усмонов алайҳи ҳукми додгоҳи вилояти Суғдро баррасӣ карда ва ин ҳукмро бетағйир боқӣ гузошт

[b]Додгоҳи вилояти Суғд Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ дар Хуҷандро рӯзи 14-уми октябри соли ҷорӣ дар иртибот бо тарафдорони Ҳизби таҳрир, як созмони мазҳабии мамнуъ муҷрим шинохта ва ӯро барои се сол маҳкум ба зиндон карда ва тибқи Қонуни афв аз иҷрои ин ҷазо муъоф карда буд.[/b]

Вале Ӯрунбой Усмонов ҳукми додгоҳро «ғайриодилона» унвон кард ва вакилони мудофеъи вай бо дархости табраъа шудани комили муваккилашон ба додгоҳи олӣ муроҷеъат карданд.

Аммо додгоҳи олии Тоҷикистон ин ҳукмро дуруст хонд. Абдуқаюм Юсупов, вакили мудофеъ Урунбой Усмонов гуфт, ки ҳукми додгоҳи истинофиро барои таҷдиди назар ба додгоҳи назоратии Додгоҳи олӣ ирсол хоҳад кард.

Вай гуфт: «Агар дар инҷо низ Урунбой Усмонов табраъа нашавад, мо ба Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони миллали муттаҳид муроҷеъат хоҳем кард.»

Оқои Усмонов бидуни тағйир боқӣ гузоштани ҳукми додгоҳи вилояти Суғдро «ғайримунсифона» хонда ва бори дигар таъкид кард, ки ӯ бегуноҳ аст ва барои анҷоми фаъолияти хабарнигорӣ маҳкум шудааст.

Қаблан давлати Бритониё зимни истиқбол аз афв шудани хабарнигори Би-би-сӣ гуфта буд, дар заминаи ин, ки додгоҳ ӯро муҷрим шинохт, «тардидҳо дорад.»

Он замон Би-би-сӣ бо судури як баёния иброз дошт, ки ҳеҷ гуна шавоҳиде барои таъйиди иртикоби тахаллуфе аз сӯи оқои Усмонов дар ҷараёни додгоҳ пайдо нашудааст ва танҳо табраъаи комил ва бидуни маҳкумияти ин хабарнигор қобили қабул хоҳад буд.

Би-би-сӣ гуфта буд, ки аз ин хабарнигори худ, ки «мехоҳад ба додгоҳи таҷдиди назар барои дифоъ аз ҳайсият ва обрӯи худ шикоят бубарад» тарафдорӣ хоҳад кард.

Дар ҷаласаи додгоҳи истинофии Урунбой Усмонов сафири Бритониё дар Душанбе, раиси намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар Тоҷикистон ва раиси бахши озодии матбуъоти ин созмон ширкат доранд.

Ӯрунбой Усмонов 13 июни соли ҷорӣ аз сӯйи маъмурони амниятӣ дар шимоли Тоҷикистон боздошт шуд. Мақомоти амниятӣ ӯро дар иртибот бо Ҳизби Таҳрир муттаҳам карда буданд. Вай рӯзи 14 июл пас аз як моҳи боздошт ба дунболи дархостҳои байналмилалӣ таҳти шароити «берун нарафтан аз маҳалли зист» озод шуда буд.

Ҳизби Таҳрир, ки идаи бунёди хилофати исломиро дар минтақа дар барномаи худ ҷо додааст, аз суи ҳукуматҳои секулори кишварҳои Осиёи Миёна шомили феҳристи созмонҳои ифротӣ шуда ва мамнуъ эълом шудааст.

Дар ҷараёни муҳоқимаи додгоҳӣ оқои Усмонов ба қозии парванда гуфта буд, ки пас аз боздошташ дар рӯзи 13-уми июн дар боздоштгоҳ шиканҷа шудааст, аз ҷумла мавриди зарбу шатм қарор гирифта ва маъмурини амниятӣ ӯро маҷбур кардаанд, то эътирофотеро имзо кунад, ки барояш қироъат шуда буд.

Вакилони мудофеъи оқои Усмонов низ тамоми далоилеро, ки бозрасон ҷамъоварӣ кардаанд, «берун аз эътибори қонунӣ» хондаанд, зеро ба гуфтаи онҳо «ин далоил бо истифода аз шиканҷа ва бо нақзи муқаррароти тафтишу таҳқиқ ба даст оварда шудаанд.»

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/11/111128_mm_usmanov.shtml

Баррасии масоили вобаста ба рушди телевизион ва радиоҳои мустақил дар пойтахт

[b]Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ доир гардид. Тавре раиси Ассотсиатсия Зинатулло Исмоилов хабар дод, роҳбарони ВАО-и электронии мустақили кишвар аз шаҳри Душанбе, вилоёти Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи марказ масоили вобаста ба рушди телевизион ва радиоҳои мустақилро баррасӣ намуданд.[/b]

Қайд гардид, ки муттаҳид намудани иқдомот бобати табодули ахбор, беҳтар намудани сифати барномаҳо, мушаххас намудани имконот ва зарфияти телевизион ва радиоҳои мустақил ҷиҳати гузариш ба пахши рақамӣ аз ҳадафҳои асосии Ассотсиатсия маҳсуб мегардад.

Дар ҷаласа роҳбарони ширкатҳои телевизиониву радиоии «Азия» ва «СМ-1»-и шаҳри Хуҷанд ва «Азия-плюс»-и шаҳри Душанбе изҳор доштанд, ки ба Ассотсиатсия ҳамроҳ мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ моҳи августи соли 2011 таъсис ёфта, муассисони он — ТВ «СМТ», ТВ «Регар», ТВ «Қӯрғонтеппа», ТВ «Мавҷи озод»-и Восеъ, ТВ 5 -и Конибодом, ТВ «Симо»-и Панҷакент ва ҶДММ «Ориёномедиа» мебошанд.

Нилуфари КАРИМ

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=20696&Itemid=30

Ҳукми Урунбой Усмонов бетағйир монд

[b]Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистонро сарфи назар кард ва онро бетағйир гузошт.[/b]

Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 14 октябри соли ҷорӣ Урунбой Усмоновро ба се соли зиндон маҳкум кард, вале бо таваҷҷӯҳ ба иҷрои Қонуни афв ӯро аз толори додгоҳ озод намуда буд. Аммо хабарнигори Би-би-сӣ ин ҳукми додгоҳи вилояти Суғдро “ғайриодилона” хонда ва аз Додгоҳи олӣ хост, ки ӯро “сафед” намояд.

Ҳамзамон вакили мудофеи Урунбой Усмонов ба ин ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистон эътироз намуда, гуфтааст, ки ба Раёсати додгоҳи олии Тоҷикистон- охирин марҳилаи баррасии парвандаҳо шикоят хоҳанд бурд.

Худи Урунбой Усмонов низ ҳар гуна ҳамкорӣ бо гурӯҳи мамнӯи “Ҳизби Таҳрир”-ро рад карда ва мегӯяд, ки барои «сафед» шудани худ то охир мубориза хоҳад бурд. Вай мегӯянд, сӯҳбату дидорҳояш бо аъзои “Ҳизби Таҳрир”, на ба маънои ҳамкорӣ ва ё таблиғи ин гурӯҳ, балки дар пайи адои кори хабарнигорияш будааст.

Пас аз ҳукми додгоҳи вилояти Суғд ҳарчанд Би-би-сӣ низ аз раҳоии хабарнигораш истиқбол кард, вале гуфта буд, ки ҳамчунон барои барқарории номи неки Урунбой Усмонов ба унвони хабарнигор ва нависанда талош хоҳад кард.

Дар ин робита Питер Ҳорокс, раиси барномаҳои ҷаҳонии хабарии Би-би-сӣ, пас аз судури ҳукми додгоҳи вилояти Суғд гуфта буд, ки «мо ба дифои худ аз Урунбой идома хоҳем дод ва умедворем, ки таҷдиди назар дар бораи ҳукми додгоҳ номи неки ӯро ба унвони як нависанда ва рӯзноманигори шинохта барқарор хоҳад кард.»

Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбакии Би-би-сӣ моҳи июни соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони амниятии ин вилоят боздошт шуда, тӯл як моҳ дар боздоштгоҳ ба сар бурд. Баъдан, таҳти фишори созмонҳои маҳалливу байнулмилалии ҳомии хабарнигорон раҳо шуд.

Оқои Усмонов дар ҷараёни баҳси парвандааш дар додгоҳи вилояти Суғд гуфт, ки ҳангоми боздошташ аз сӯи маъмурони амниятии вилоят таҳти фишор ва шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифтааст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24405235.html

Шикояти Усмонов ба Додгоҳи олӣ: «Маро сафед кунед»

[b]Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасии шикояти Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбакии Би-би-сӣ оғоз намуд.[/b]

Урунбой Усмонов ва вакилони дифои ӯ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурда, хостори бознигарии ҳукми додгоҳи вилояти Суғд шудаанд, ки оқои Усмоновро ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи мамнӯи “Ҳизби Таҳрир” муҷрим шинохт.

Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 14 октябри соли ҷорӣ Урунбой Усмоновро ба се соли зиндон маҳкум кард, вале бо таваҷҷӯҳ ба иҷрои Қонуни афв ӯро аз толори додгоҳ озод намуд. Аммо хабарнигори Би-би-сӣ ин ҳукми додгоҳи вилояти Суғдро “ғайриодилона” медонад ва аз Додгоҳи олӣ хостааст, ки ӯро “сафед” намояд.

Ӯ ҳамкорӣ бо гурӯҳи мамнӯи “Ҳизби Таҳрир”-ро рад карда ва мегӯяд, ки сӯҳбату дидорҳояш бо аъзои “Ҳизби Таҳрир”, на ба маънои ҳамкорӣ ва ё таблиғи ин гурӯҳ, балки дар пайи адои кори хабарнигорияш будааст. Ҳарчанд Би-би-сӣ низ аз раҳоии хабарнигораш истиқбол кард, вале гуфта буд, ки ҳамчунон барои барқарории номи неки Урунбой Усмонов ба унвони хабарнигор ва нависанда талош хоҳад кард.

Дар ин робита Питер Ҳорокс, раиси барномаҳои ҷаҳонии хабарии Би-би-сӣ, пас аз судури ҳукми додгоҳи вилояти Суғд гуфта буд, ки «мо ба дифои худ аз Урунбой идома хоҳем дод ва умедворем, ки таҷдиди назар дар бораи ҳукми додгоҳ номи неки ӯро ба унвони як нависанда ва рӯзноманигори шинохта барқарор хоҳад кард.»

Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбакии Би-би-сӣ моҳи июни соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони амниятии ин вилоят боздошт шуда, тӯл як моҳ дар боздоштгоҳ ба сар бурд. Баъдан, таҳти фишори созмонҳои маҳалливу байнулмилалии ҳомии хабарнигорон раҳо шуд.

Оқои Усмонов дар ҷараёни баҳси парвандааш дар додгоҳи вилояти Суғд гуфт, ки ҳангоми боздошташ аз сӯи маъмурони амниятии вилоят таҳти фишор ва шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифтааст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24405235.html

Ҳушдори САҲА аз маҳдудият ба озодиҳои интернетӣ

[b]Масъули САҲА дар умури матбуот аз хатари афзоянда ба озодии интернет дар Осиёи Миёна ҳушдор дод.[/b]

Дуня Миятович, масъули Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар умури матбуот ин нуктаро рӯзи сешанбе дар нишасти минтақавии «13-умин конфронси Осиёи миёнагии ВАО» дар Душанбе баён дошт.

Хонум Миятович аз ҳукуматҳои минтақа хост, дастрасӣ ба интернетро маҳдуд накунанд. Вай аз ҷумла афзуд, бастани торнамоҳо, полудани иттилоот, таъқиби хабарнигорон ва муқаррароти сахтгирона ва зербунёдҳои номуносиб мисли як сирояте барои Интернет аст.“

Дуня Миятович, гуфтааст, агарчӣ ҳукуматҳо ҳақ доранд барои муқобила бо ҷиноятҳои интернетӣ иқдом кунанд, аммо дар ин зимн озодии сухан набояд осеб бинад. Дуня Миятович дар ҷараёни сафараш қарор аст, бо Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон мулоқот кунад.

Аз ҷониби дигар Маҳмудҷон Собиров, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар ин нишаст гуфтааст, ки сензура дар Тоҷикистон манъ аст, вале интернет бояд ба навъе идора шавад.

Ин суханони масъули САҲА дар ҳоле садо медиҳад, ки дар тобистони соли ҷорӣ як гузориши ин созмон аз маҳдудиятҳои ҳар чи бештари кишварҳои узви ин созмон дар истифодаи интернет ҳикоят мекард.

Созмони мустақар дар Вена бо нашри гузориши худ навишта буд, ки кишварҳое ҳастанд, ки даст ба масдуд ва ё филтркунии интернет зада, бо ин амали худ қариб ба таври доимӣ принсипҳои озодии баён ва матбуотро поймол кардаанд.

Дар ин гузориш инчунин гуфта мешуд, ки маводи масдудшаванда асосан марбут ба порнографияи кӯдакона аст, ки бар асоси машварати байни мақомот ва провайдерҳо ба чашм мехӯрад. САҲА мегӯяд, ки чунин корҳо бояд дар чаҳорчӯби қонунҳои мушаххас анҷом шавад. Ин гузориш мегуфт, ки дар 20 кишварҳои аврупоиву Осиёи Марказӣ аз пахши матнҳои шадидлаҳни танқидкунандаи ҳукумат ҷилавгирӣ мекунанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24405618.html

Сулҳи пинҳонии генерал Тағоймуродов ва «Азия-Плюс»

[b]Даъвои додгоҳии генерал Анвар Тағоймуродов бо нашрияи русизабони «Азия-Плюс» бо мусолимат анҷом ёфт.[/b]

Ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки ҷанҷоли пурғавғоро бе сару садо ва ба шарти пахш накардани иттилоъ дар бораи фарҷоми парванда хотима диҳанд. Ин дар ҳолест, ки сардори пешини Раёсати ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД ва ҳоло муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон, Анвар Тағоймуродов, нашрияро барои мақолае роҷеъ ба шиканҷа ба додгоҳ кашида ва талаб кард, барои зарба ба шаъну шарафи муассисаи ӯ нашрия ва муаллифи матлаб 1 миллион сомонӣ ҷубронпулӣ бипардозад.

Ҳоло маълум мешавад, ҷаноби Тағоймуродов аз даъвои худ ва ҳам 1 миллион сомонӣ даст кашидааст. Ба қавли Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи рӯзномаи «Азия-Плюс», ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ҳанӯз дар моҳи октябр ва бинобар даст кашидани генерал Тағоймуродов аз даъвояш содир шуд ва дар таърихи 10 ноябр ба тасвиб расид. Аммо дар мавриди фарҷоми ин баҳси пурсарусадо бино бар шарти мусоҳила то кунун ҳеҷ расона иттилоъ надодаст.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=150]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=150[/url]

Мирзонабии Холиқзод

Источник:

Хабарнигорони тоҷик — «гаравгон»-и қонунҳои духӯра

[b]Хабарнигорони тоҷик дар дуроҳа мондаанд. Ё бояд сарчашмаи иттилоъро ифшо кунанд ва ё худ муҷозот шаванд.[/b]

Пас аз мурофиаи додгоҳии Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбакии Би-би-сӣ, мавзӯи ҳуқуқи рӯзноманигор дар мавриди пинҳон нигоҳ доштани сарчашмаи ахбор доғ шуд.

Қонун дар бораи матбуот ва дигар васоити ахбори умуми Тоҷикистон ба журналист ҳаққи маҳфуз нигоҳ доштани манбаи иттилоъро медиҳад ва танҳо додгоҳ ҳаққи талаби ифшои онро дорад.

Аммо ба гуфтаи Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқдони тоҷик, дар банди 144-уми Кодекси мурофиаи ҷиноии Тоҷикистон омадааст, ки мақомоти таъқиби ҷиноӣ ҳаққи тақозои фошсозии сарчашмаи хабарро доранд. Яъне, амалан, ҳатто нозири Кумитаи андоз ё корманди Хадамоти оташнишонӣ низ ҳуқуқ дорад, ки журналистро барои махфӣ доштани сарчашмаи хабараш ба додгоҳ бикашад.

Хонум Воҳидова мегӯяд, «агар имрӯз мо аз ин гуна мухолифатҳои қонун ҷилавгирӣ накунем, эҳтимоли ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидану таъқиби тамоми журналистону расонаҳои хабарии Тоҷикистон вуҷуд дорад.»

Ба иддаои хабарнигорон, ҳоло дастрасии онҳо ба иттилоъ, бахусус, дар музофоти Тоҷикистон маҳдуд аст, биноан, онҳо водор мешаванд, ки шарти маҳфуз нигоҳ доштани манобеи хабарро бипазиранд.

Тилав Расулзода, хабарнигори тоҷик, мегӯяд, дар таҷрибаи кории худ борҳо шудааст, ки ӯро мақомоти тафтишотӣ даъват намуда ва талаби ифшои сарчашмаҳои хабари нашркардаашро пеш овардаанд. Агарчӣ ба қавли ӯ, на ҳамеша иттилои зарурӣ ба расонаҳо дода мешавад.

Ба гуфтаи ҷаноби Расулзода, ҷомеаи хабарнигоронро лозим аст, ҷӯёи роҳу чораҳое шаванд, ки ҳокимияти қонунгузорро ба ислоҳи мухолифатҳо дар қонунгузории кишвар моил кунанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон, бархе аз мақомот ба ислоҳи қонуни матбуот ва додани ҳақ барои махфӣ нигоҳ доштани сарчашмаи иттилоъ ба хабарнигорон манфиатдор нестанд.

Ӯ мегӯяд, «одамони манфиатдори зиёде ҳастанд, аз ҷумла дар мақомоти қудратии кишвар, ки намехоҳанд духӯрагиҳо дар қонунҳои ҷориро ислоҳ кунанд. Зеро ин як механизми ҷазо додани журналистон аст, ки мехоҳанд ҳамеша журналистонро битарсонанд.»

Хабарнигорони тоҷик мегӯянд, бояд ба порлумони кишвар пешниҳод карда шавад, ки дар тарҳи нави қонуни матбуоти Тоҷикистон, ки ҳоло мавриди баррасӣ қарор дорад, масъалаи комилан махфӣ нигаҳ доштани манобеи хабарӣ ворид карда шавад. Зеро, ба иддаои хабарнигорон, бисёре аз сарчашмаҳои ахбор, бахусус, кормандони ниҳодҳои давлатӣ, бинобар тарси ифшо шудани ҳуввияти хеш аз додани иттилои дақиқ ба расонаҳо худдорӣ мекунанд. Ва ин ба мушкили хабарнигорон дар мавриди ба даст овардани иттилоъ хоҳад афзуд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24401134.html

Оё телевизиони тоҷик бинандаи худро қонеъ мекунад?

ТЕЛЕВИЗИЗОН — ДАСТГОҲИ ҚАВИИ ИДЕОЛОГӢ

Ин назарсанҷӣ ҳокист, ки беш аз 70 дарсади тамошобини телевизион дар русто ба сар мебарад. Ин дар ҳолест, ки телевизион аз давраи пайдоиши худ дар Тоҷикистон, ки ба даҳаи 60-уми асри гузашта рост меояд, то ба ин сӯ ҳамчун як дасгоҳи қавии иделогӣ барои ҳукумат хизмат мекунад.

Солҳои шӯравӣ барномаҳои муҳими телевизион, аз қабили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз ҷониби ҳукумат тарҳрезӣ мешуд. Ва ҳоло ҳам бахшҳои муҳими телевизионҳои давлатӣ зери назар ва барномаҳои ҳукуматӣ ба нақша гирифта мешаванд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=149]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=149[/url]

Источник:

«Ҷанги иттилооти»-и Русия алайҳи Тоҷикистон дар пайи қазияи халабонҳо

[b]Қазияи зиндонӣ шудани халабони Русия дар Тоҷикистон “ҷанги иттилоотӣ” миёни ду кишварро тақвият додааст. Дар ҳоле, ки дар 24 соъати охир расонаҳои Русия бо чопи матолиби шадидуллаҳн алайҳи ҳукми додгоҳи Қурғонтеппа ба халабонҳо ва мавқеъи давлати Тоҷикистон дар ин қазия интиқод кардааст, ба назар мерасад расонаҳои Тоҷикистон дар он чи «ҷанги иттилоотӣ» номида мешавад, бо камбуди мавод барои матолиби ҷавобӣ рӯбарӯ ҳастанд.[/b]

Ба нувони мисол бархе аз нашрияҳои Русия навиштаанд, ки ҳукми додгоҳ алайҳи халабони Русия ба мавзӯъи озодии Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов, раиси ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва яке аз шахсиятҳои пурнуфуз дар сиёсати кишвар рабт дорад. Аммо мақомоти зидахли Тоҷикистон дурустии ин хабарро ба расонаҳои тоҷикӣ таъйид ё такзиб намекунанд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=148]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=148[/url]

Источник:

Ӯрунбой Усмонов: Озодии баён нишонаи демукросӣ дар кишвар аст

[b]Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши ӯзбакии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон, тавассути пусти электронӣ ё имейли uzbek@bbc.co.uk ба суолоти хонандагони сойти интернетӣ ва шунавандагони радиои Би-би-сӣ посух гуфтааст.[/b]

[b]Би-би-си: Оқои Усмонов, нахуст дар бораи хонавода ва падару модари худ иттилоъ медодед.[/b]

Ӯрунбой Усмонов: Ассалому алайкум! Ман дар рустои Исфисори вилояти Суғди Тоҷикистон чашм ба олам кушодаам.Падарам Усмон Умар ва модарам Зиннатой духтари Абдулло аз рӯшанфикорони ҷомеъа буданд. Масалан, падарам дар канори ӯзбакӣ ба забонҳои русӣ ва арабӣ хуб сӯҳбат мекард. Нақши волидайн дар рӯ овардани ман ба фарҳанг ва адаб бузург аст. Дар хонаводаи мо ҳамеша маҳофили адабӣ баргузор мешуд ва дар онҳо ҳунарпешаҳо ширкат мекарданд. Аз шаҳри Қӯқанди Ӯзбакистон Раҳима Мазоҳидова, ҳунарпешаи саршинос ба манзили мо меомад. Падарам ошиқи адабиёту ҳунар буд. Ҳангоми таҳсил дар мактаби мутавассита маро ба шаҳри Тошканд мебурд. Он замон дар тиётри ба номи Муқимӣ намоишномаи “Тошболта ошиқ”-ро тамошо карда будам. Аммо баъдан ба ин тиётр нарафтем. Пас аз издивоҷ далели ин амр бароям рӯшан шуд. Намоишномаи “Тошболта ошиқ” чанд лаҳзаи ҳаҷвӣ дар бораи намозхонҳо дошт. Дар синни 12 солагӣ намоишномаи “Нодирабегим”-ро дар тиётри шаҳри Андиҷон тамошо кардам. Тамошои намоишномаҳо меҳри маро ба навиштани дром бедор кард. Пас аз ду сол 3 намоишнома навиштам. Ҳамин тур, ба хабарнигорӣ рӯй овардам.

[b]Матни пурраи мусоҳибаи маҷозиро дар торномаи мо бо пахш кардани нишонии зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=147]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=147[/url]

Источник: