Архив рубрики: Хабарҳо

Додгоҳ ҳалнома алайҳи «Миллат»-ро бекор кард

[b]Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар моҳи марти соли гузашта даъвои вазири кишоварзӣ Қосим Қосимро алайҳи нашрияи “Миллат”-ро қонеъ карда ва ин ҳафтаномаро барои пардохти 1 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима ва узрхоҳӣ муваззаф карда буд.[/b]

Ин қарори додгоҳро зинаи кассатсионии додгоҳи шаҳри Душанбе низ таъйид карда буд. Раёсати додгоҳи шаҳри Душанбе акнун ҳам ҳалномаи додгоҳи Фирдавсӣ ва ҳам қарори додгоҳи кассатсиониро лағв карда ва ба баррасии такрорӣ ирсол кардааст.

Вазорати кишоварзӣ матлаби нашрнамудаи ҳафтаномаи «Миллат» зери номи «Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод» дар яке аз шумораҳои ин нашрия дар охири соли 2009 -ро тӯҳмате нисбати ин вазорат хонда ва тақозои пардохти 1 миллион сомонӣ товон карда буд.

Дар муқобил нашрияи «Миллат» ба додгоҳ даъвои мутақобила бурд ва аз вазорати кишоварзӣ 1 сомонӣ товон талаб кард.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24517394.html

Эъломи барандагони ҷоизаи Лоҳутӣ барои хабарнигорон

[b]Барои бори нахуст Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба даҳ тан аз хабарнигорони кишвар ҷоизаи Абулқосим Лоҳутиро эъто кард.[/b]

Интизор меравад, 17 март ҳайъат раисаи Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон ин ҷавоизро дар маросиме ба барандагон тақдим кунад.

Ҳарчанд, тибқи иттилоъи манобеъи огоҳ, қарор буд эътои ин ҷавоиз дар маросими таҷлил аз садумин солгарди интшори нахустин шумораи “Бухорои шариф” бо ҳузури раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта баргузор шавад.

“Фергана.ру”, як сойти иттилоъотии Русия, бо такя ба манобеъи худ навишта буд, ки дар соли ҷорӣ яке аз ин ҷавоиз ба хабарнигори родию “Озодӣ” ихтисос ёфтааст ва ба ин далел мақомот тасмим гирифтаанд, ки маросими эъто ба таври мустақил баргузор шавад.

Зимнан, дар ин маросим ба ҷуз ду тан аз хабарнигорони расонаҳои Русия намояндагони расонаҳои дигари кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон даъват нашуданд.

Ҳамчунин, нафароне, ки аз онҳо умдатан ба унвони “хабарнигорони мунтақид” ном бурда мешавад, низ дар ин маҳфил ширкат надоштанд. Теъдоде аз хабарнигорон ба нишони эътироз низ аз ширкат дар ин маросим сарфи назар карданд.

Дар маҷмӯъ, дар соли ҷорӣ даҳ тан аз хабарнигорони кишвар барандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ шудаанд.

Аз ҷумла, дар миёни ин афрод Абдуқаюми Қаюмзод (родию “Озодӣ”), Абдуғафори Камол (шабакаи телевизиюнии “Ҷаҳоннамо”), Фирӯза Саидова (Родиюи давлатии Тоҷикистон), Сайёфи Мизроб (сардабири нашрияи мустақили “СССР”), Зафар Саидов (телевизиюни “Сафина”), Ҷумъа Қувват (нашрияи “Нури Нуробод”), Гавҳар Умарова (Донишгоҳи давлатии ҳунарҳои зебои Турсунзодаи Тоҷикистон), Игор Сатторов (ҳафтаномаи “Алюминийи Тоҷикистон”), Солеҳбой Дадабоев (нашрияи “Ҳақиқати Суғд”) ва Айниддин Қурбонов (рӯзномаи «Истиқлол» дар ноҳияи Темурмалик) мебошанд.

Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон дар посух ба ин суол, ки чаро дар соли ҷорӣ теъдоди барандагони ин ҷоъиза дар муқоъиса бо солҳои қаблӣ бештар аст, гуфт, ки ин мавзӯъ ба ҷашни садсолагии “Бухорои шариф” рабт дорад.

Вай гуфт: “Қаблан, мо ҳамасола ба чаҳор ё панҷ нафар хабарнигор ин ҷоизаро тақдим мекардем. Имсол тасмим шуд, ки ба хотири таҷлил аз садумин солгарди интишори шумораи нахустини “Бухорои шариф” теъдоди барандагони ҷоизаи Лоҳутӣ то ба даҳ нафар афзоиш дода шавад.”

Зимнан, соли гузашта бахши пулии ҳар ҷоизаи Лоҳутӣ ҳазор сомонро ташкил медод. Тибқи иттилоъи масъулони Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон, феълан рӯшан нест, ки дар соли ҷорӣ бахши пулии ин ҷоиза муъодили чанд сомонӣ хоҳад буд.

Ба гуфтаи ин манобеъ, мизони ҷоизаи пулӣ ба кумакҳои созмонҳои сармоягузор бастагӣ дошта ва музокирот дар ин замина идома дорад.

Вале вуҷуди масъули нашрияи “Алюминийи Тоҷикистон” дар феҳристи барандагони ҷоизаи имсоли Лоҳутӣ чунин сару садоҳоро низ ба дунбол дошт, ки ширкати “Талко” аз фароҳамкунандагони ҳазинаи молии ин ҷоиза аст.

Аммо, ба гуфтаи масъулони Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон, ширкати “Талко” танҳо дар таҳияи нишонҳои ин ҷоиза кумак карда ва бо таъмини молии ин тарҳ иртиботе надорад.

Зимнан, соли гузашта Вазорати кишоварзии Тоҷикистон яке аз сармоягузорони ҷоизаи Лоҳутӣ буд ва Толибшоҳи Саидзода, хабарнигори нашрияи «Миллат» ба хотири қазияии додгоҳӣ бо ин вазоратхона аз гирифтани ин ҷоиза худдорӣ кард.

Зимнан, ин ҷоиза соли 1968 таъсис ёфта буд ва ҳамасола “барои беҳтарин журнолистон” иттихоз мешавад.

Вале рӯзи шанбеи гузашта Президент Раҳмон дар суханронии худ дар маросими таҷлил аз Рӯзи матбуъоти тоҷик пешниҳод кард, барои беҳтарин хабарнигорон ҷоизаи давлатии Садриддин Айнӣ таъсис дода шавад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/03/120314_if_press_prize.shtml

Аксари фейсбукиёни тоҷик ҷавононанд

[b]Тоҷикистон бо 34 ҳазору 640 корбари шабакаи «Фейсбук» миёни кишварҳои ҷаҳон дар мақоми 170-ум қарор дорад.[/b]

Socialbakers , ниҳоде, ки фаъолияти шабакаҳои иҷтимоиро баррасӣ мекунад, дар таҳқиқи худ гуфтааст, теъдоди корбарони шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» дар Тоҷикистон дар шаш моҳи ахир 12 ҳазору 580 нафар афзоиш ёфт.

Тоҷикистон дар ин робита аз Узбакистони ҳамсояаш пешгом буда, дар мақоми баъд аз Эфиопия қарор дорад.

Бештари корбарони шабакаи «Фейсбук» афроди аз 18 то 24-сола буда, намояндагони синну соли аз 25 то 34 дар мақоми дуввум қарор доранд. Аксари корбарони шабакаи «Фейсбук»-ро дар Тоҷикистон мардон ташкил медодаанд. Бар асоси ин пажӯҳиш, 69 дарсади корбарони «Фейсбук» дар Тоҷикистон мардон ва танҳо 31 дарсад хонумҳо будаанд.

Ин пажӯҳиш мегӯяд, дар се моҳи ахир дар Тоҷикистон аз ҳама бештар афроди то 24-сола дар шабакаи «Фейсбук» сабти ном кардаанд.

Дастрасӣ ба шабакаи «Фейсбук» дар ҳафтаи гузашта маҳдуд гардида, вале баъдан дар пайи дархостҳо ва баёнияҳои созмонҳои байнулмилалӣ ва Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон дубора фаъол гардид. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон маҳдудияти дастрасӣ ба сафҳаи «Фейсбук»-ро мушкили фаннӣ номид.

Бино ба иттилои расмӣ дар ҳоли ҳозир ҳудуди 2 миллион сокини Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доранд. Ин нуктаро худи раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар мулоқоташ бо хабарнигорон (рӯзи 10-уми март) дар Душанбе баён дошт. Ӯ илова кард, «6 миллион нафар муштариёни алоқаи мобилӣ низ метавонанд ҳар лаҳза ба ин шабака пайваст шаванд.»

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24512482.html

Моддаи 137. Ҷазо барои тӯҳмату таҳқир ҳанӯз боқист?

[b]Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, нафақат ду банди Кодекси ҷиноӣ, балки ҳамаи моддаҳои марбут ба тӯҳмату таҳқир поксозӣ шаванд.[/b]

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ниҳодҳои вобаста дастур дод, ки тарҳи ислоҳотро ҷиҳати аз банди 135 ва 136-и Кодекси ҷиноӣ лағв кардани моддаҳои «тӯҳмат» ва «таҳқир» омода кунанд. Ин ду банди қонуни ҷиноӣ бояд ба қонуни шаҳрвандӣ интиқол шаванд.

Яъне барои тӯҳмат ва таҳқир бар асоси ин ду банд, дигар алайҳи журналист ва ё гӯяндаи сухан парвандаи ҷиноӣ боз намешавад ва ин баҳсро додгоҳи шаҳрвандӣ файсала хоҳад кард. Албатта, дар сурати пазируфта шудани пешниҳоди раисиҷумҳур, он бо истиқболи маҳофили журналистӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. Зеро то ҷое метавонад таҳдиди рафтан ба зиндонро коҳиш диҳад.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=177]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=177[/url]

Источник:

Э.Раҳмон дар бораи тӯҳмат, Интернет ва ҷанги иттилоотӣ

[b]Раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур дод, ки моддаҳои»тӯҳмат» ва «таҳқир»аз Қонуни ҷиноии кишвар ҳазф шавад.[/b]

Эмомалӣ Раҳмон , ки дар маҷлиси бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик ва дар ҳузури ҷамъе аз хабарнигорон дар Театри опера ва балети Душанбе суханронӣ мекард, гуфт, аз баҳсҳои додгоҳии миёни рӯзноманигорон ва бархе аз мансабдорон дар заминаи ин моддаҳои қонун огоҳ аст.

Ба таъбири раисиҷумҳури Тоҷикистон «на ҳамаи мансабдорон танқиди воситаҳои ахбори оммаро дуруст қабул мекунанд ва на ҳамеша аз он хулоса бароварда, ҷиҳати ислоҳи камбудиву мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ меандешанд». Ба изофа афзуд ӯ, «баъзеҳо ҳатто ифшои камбудиҳои ин ё он соҳа ё ҳолатҳои ҷудогонаи ҳаёти ҷомеаро танқиди шахсияти худ пиндошта, изҳори норизоият ва ранҷиш мекунанд.»

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=176]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=176[/url]

Источник:

Таҷлил аз 100-умин солгарди чопи нашрияи «Бухорои шариф»

[b]Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар остонаи Рӯзи матбуъоти миллӣ, ки бо 11 март мусодиф аст, ҳамоише илмӣ зери унвони «Бухорои шариф» ва ташаккули матбуъоти тоҷикӣ» баргузор шуд.[/b]

«Бухорои шариф» нахустин нашрияи форсӣ буд, ки 11 марти соли 1912 дар шаҳри Бухоро мунташир шуд ва дар Тоҷикистон аз ин рӯ ба унвони «Рӯзи матбуъоти миллӣ» ҳамасола таҷлил мешавад.

Дар ин ҳамоиши илмӣ донишмандон, муаррихон ва рӯзноманигорон дар мавзӯъоти мухталиф, бавижа муҳтаво, забон, рисолат ва шароити нашри рӯзномаи «Бухорои шариф» суханронӣ карданд.

Нахустин рӯзномаҳо ба забони форсӣ дар ҷаҳон бо номи «Ҷоми Ҷаҳоннамо» ва «Миръот-ул-Ахбор» дар соли 1822 дар Ҳинд ба нашр расидаанд. Ва дар соли 1907 дар Эрон, 90 номгӯ рӯзнома ба забони форсӣ ба чоп мерасид ва нахустин рӯзнома барои занон дар ин кишвар дар соли 1911 нашр шуда буд.

Аммо Тоҷикистон рӯзи матбуъоти худро ба нахустин рӯзи нашри рӯзномаи «Бухорои шариф», нахустин рӯзномаи форсизабон дар Фароруд ё Осиёи Миёна вобаста кардааст, ки дар соли 1912 чоп шуда буд.

Қабл аз ин, дар соли 1830 дар Қафқоз низ рӯзномае форсизабон таҳти унвони «Фарсийские ведомости» чоп мешуд, вале ду сол баъд, дар соли 1832, ин рӯзнома ба нашрияе ба забони туркии озарбойҷонӣ табдил ёфта «Вести с этой стороны Кавказа» ном гирифт.

Дар ин кунфронс гуфта шуд, ки ин амр ба далели «сиёсатҳои миллигарои тоторҳо» анҷом шуда буд.

Ширкаткунандагони нишасти Донишгоҳи миллӣ дар Душанбе дар бораи вазъи сиёсии замони оғози фаъъолияти нашрияи «Бухорои шариф» суханронӣ карданд.

Таъкид шуд, ки равшанфикрони тоҷики вақт, ки онҳоро «ҷадидҳо» мегуфтанд, таҳти таъсири идеулужии понтуркистӣ воқеъ шуда буданд, вале ба бовари бархе аз донишмандон, бо вуҷуди ҷой доштани сиёсатҳои понтуркистӣ ин афрод бар мардуми минтақа бештар суд овардаанд, то зиён.

Муртазо Зайниддинов, муҳаққиқи адабиёт, дар ин бора гуфт: «Вуҷуд доштани понтуркисмро мо инкор карда наметавонем. Лекин бо ҳамин раванд нашри рӯзнома, ташкили мактабҳо ва матбаъаҳо барои нашри китоб низ оғоз шуд, ки бояд иқрор шавем, ки паҳлуи хубиаш барои пешрафти мо бештар будааст.»

Оқои Зайниддинов дар ин ҳамоиш ҳамчунин пешниҳод кард, ки ба муносибати 100-умин солгарди нашри нахустин рӯзномаи форсӣ дар Осиёи Миёна ва «Рӯзи матбуъоти Тоҷикистон» дар саҳни Хонаи матбуъот як лавҳи ёдгории муҳташам аз нашрияи «Бухорои шариф» шавад.

Зимнан, дар кунфронс таъкид бар ин шуд, ки маҳфуми миллат аз замони Иморати Бухоро то замони муъосир табдили маъно кардааст.

Пайванди Гулмуродзода, муҳаққиқи дигар, ки солҳои зиёде нашрияи «Бухорои шариф» мавзӯъи аслии таҳқиқоти ӯ будааст, мегӯяд: «Дар ин нашрия мавзӯъи миллатгароӣ ба маънои ба ҳам овардани мардуми мусулмон буд. Дар ин нашрия аз иборати «миллати Бухоро» кор мегирифтанд.»

Вай меафзояд, ки ҳадафи ниҳоӣ барои рӯзнома ва равшанфикрони он замон таъсиси ҳаракати миллӣ ва озодихоҳӣ буд. Ӯ мегӯяд: «Гаравидани равшанфикрони мо ба баъзе равандҳо, ки имрӯз мо онҳоро лаънат мехонем, дарвоқеъ ҳадафашон пешрафт ва ободии кишвар буд. Ҳадафҳояшон бисёр бомулоҳиза ва дурандешона буд.»

Бо ин ҳама, дар суханрониҳои нишасти марбут ба нашрияи «Бухорои шариф» ба ин нукта низ ишора шуд, ки он замон сонсури ақида ва озодии баён вуҷуд доштааст.

Муҳаққиқон бо истинод ба мақолаҳои он давр таъкид карданд, ки Русияи подшоҳӣ бештар аз амир аз нашри рӯзномаҳо норозӣ будааст.

Аз нашри нахустин рӯзномаи форсизабон дар Осиёи Миёна, ки он замон ба хатти форсӣ чоп мешуд, сад сол сипарӣ мешавад, аммо сонсур дар минтақа ва Тоҷикистон ҳамчунон вуҷуд дорад.

Ҳарчанд созмонҳои байналмилалалии мудофеъи ҳуқуқи башар борҳо аз саркӯб шудани нашрияҳо ва рӯзноманигорони мустақил дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ мекунанд, вале масъулони Донишгоҳи миллии ин кишвар аз вазъи кунунии матбуъот ибрози ризоят мекунанд.

Аз ҷумла Қаҳор Расулов, раиси донишкадаи рӯзноманигории ин донишгоҳ, ки танҳо мактаби рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон аст, дар посух ба ин савол, ки вазъи озодии матбуъот дар Тоҷикистон чӣ гуна аст, гуфт: «Озодии баён дар Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳои ҳамсоя беҳтар аст.»

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/03/120302_sq_bokhara_sharif_media.shtml

Суханронии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик

Дӯстони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Мулоқоти мо бо рӯзноманигорон, кормандони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони соҳаи матбуот дар остонаи санаи муҳими таърихиву фарҳангӣ — садумин солгарди матбуоти тоҷик баргузор мегардад.

Бинобар ин, ҳамаи шумо – аҳли матбуоти кишварро ба ифтихори ин санаи таърихӣ самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар корҳои эҷодиатон барору комёбӣ орзу менамоям.

Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд.

[b]Матни пурраи суханронии президентро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=175]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=175[/url]

Источник:

Фейсбук дар Тоҷикистон боз шуд

[b]Ба иттилои даҳҳо корбари шабакаи иҷтимоӣ дастрасӣ ба Фейсбук дар Тоҷикистон озод шудааст.[/b]

Корбарандаҳои Фейсбук аз Тоҷикистон ба думболи боз шудани ин пойгоҳ то дили шаб бо дӯстони худ дар сӯҳбат буданд ва хумори хомушии чандрӯзаро шикастанд. Аммо дастрасӣ ба чанд сомонаи дигар, ки якҷо бо фейсбук масдуд шудаанд, ҳанӯз маҳдуд аст.

Бо ин ҳол, корбарони тоҷикистонии Фейсбук мегӯянд, дастрасии онҳо ба шабака дигар мушкиле надорад. Дар худи шабака низ даҳҳо нафар иттилоъ додаанд, ки ҳангоми мустақиман боз кардан ва бастану дигарбора боз намудани Фейсбук ба мушкиле рӯбарӯ нашудаанд.

Намояндаи яке аз ширкатҳои ироакунандаи интернет мегӯяд аз Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон дастури шифоҳӣ гирифтааст, ки дастрасии корбарон ба Фейсбукро мумкин гардонад. Гуфта мешавад, дастури хаттӣ дар ин бора ба зудтарин фурсат ба ҳамаи ширкатҳои интернетрасон хоҳад расид.

Асомуддин Атоев, мудири Академияи шабакавии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон низ гуфт, иттилои расмӣ дорад, ки ба ширкатҳои интернетрасон супориш шудааст, аз монеагузорӣ ба шабакаи Фейсбук даст кашанд.

Ёдовар мешавем, сар аз 2-юми март бо дархости Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаи Facebook ва торнамоҳои tjknews.com, maxala.org, centrasia.ru ва zvezda.ru-ро дар қаламрави Тоҷикистон қатъ шуда буд.

Дар посух ба пурсиши хабарнигорон дар ин бора раиси ин идора Бег Зуҳуров гуфта буд, маҳдудияти дастрасӣ ба Фейсбук ва чанд торнамо «мушкили фаннӣ» буда, ба зудӣ ҳал хоҳад шуд. Аммо бо интиқод аз корбарони Интернет вай афзуд, гурӯҳе Интернетро ба «бозори сиёҳ» тадил додаанд. Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки бархе аз коршиносон қатъи дастрасӣ ба торнамоҳои муайян ва шабакаи Фейсбукро ба нашри асноди як ҷаласаи махфӣ бастагӣ доданд, ки дар он гӯё аз талошҳои ҳукумат ба таъқиби мухолифони сиёсӣ сухан рафтааст.

Ин иқдом танқидҳоеро аз тарафи Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳида, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ва ниҳодҳои дигари озодии баён ва ҳуқуқи инсон ба бор овард. Дар посух Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) Нуриддин Шамсов иқдоми мазкурро ба “таъмини амнияти миллӣ ва эътидол» ва ҳамчунин нақши давлат дар «ҳимоят аз фазои миллии иттилоотӣ ва дар мубориза бо ҷиноятҳои кибернетӣ” бастагӣ дод.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24510542.html

Моҷарои Фейсбук. Амнияти миллӣ, субот ва ахлоқ?

[b]Нуриддин Шамсов дар изҳороти худ гуфтааст, матбуоту Интернет бояд барои оқибатҳои аъмолашон посухгӯ бошанд.[/b]

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) Нуриддин Шамсов дар изҳороте ба баёнияи Дания — раҳбари даврии Иттиҳодияи Аврупо ва баёнияи Иёлоти Муттаҳида дар мавриди озодии Интернет ва матбуоти Тоҷикистон посух гуфт.

Ӯ дар ин изҳороти худ баён дошт, ки Тоҷикистон “дастрасӣ ба иттилоъро ҳаққи бунёдӣ ва таҳкурсии ҷомеаи озод ва демократӣ” мешуморад, аммо мӯътақид аст, ки ҳар кишвари узви САҲА дар “таъмини амнияти миллӣ ва эътидол ва ҳамчунин ҳимоят аз фазои миллии иттилоотӣ ва дар мубориза бо ҷиноятҳои кибернетӣ нақши қонунӣ дорад.”

Дар изҳороти сафири Тоҷикистон инчунин гуфта мешавад, ки матбуот ва Интернет дар ҷомеаи демократӣ бояд барои оқибатҳои аъмоли худ посухгӯ бошанд ва ба меъёрҳои баландтарини ахлоқию ҳирфаӣ арҷ гузоранд.

Пеш аз ин, Дуня Миятович, масъули бахши озодии баён дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват карда буд, ки дастури бастани шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва чаҳор торнамои дигарро бекор кунанд. Хонум Миятович гуфт, ӯ дар номааш ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ дар рӯзи 5-уми март низ таъкид кардааст, “Интернет, ҳамон гуна ки дар Эъломияи Умумии Ҳуқуқи Башар зикр ёфтааст, бояд ба ҳайси майдони баҳси озоди мардум ва изҳори ақидаи онҳо боқӣ бимонад.» Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон низ аз бастани баъзе торнамоҳо, аз ҷумла шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар Тоҷикистон шадидан интиқод кардааст.

Ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон аз рӯзи дуюми март ба ин сӯ дастрасӣ ба шабакаи Facebook ва торнамоҳои tjknews.com, maxala.org, centrasia.ru ва zvezda.ru-ро қатъ кардаанд. Маҳдудияти дастрасӣ ба Фейсбук ва чаҳор торнамои дигар дар пайи як номаи Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Аммо Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, маҳдудияти дастрасӣ ба Фейсбук ва чанде дигар аз торнамоҳо «мушкили фаннӣ» аст ва ба зудӣ ҳал хоҳад шуд. Ҷаноби Зуҳуров ҳамзамон аз он изҳори ташвиш кард, ки як гурӯҳ Интернетро ба «бозори сиёҳ» табдил додаанд.

Бо ин ҳол, Анҷумани ширкатҳои ироакунандаи Интернет дар Тоҷикистон аз ин амали ба гуфтаи онҳо «ғайриҳирфаӣ» изҳори нигаронӣ кард. Ин анҷуман дар номаи худ ба унвонии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон навишт, ки «чунин бархӯрди беасос ва ғайриҳуқуқӣ ба имиҷи Тоҷикистон дар сатҳи байнуламилалӣ латма зада, ҳамчунин ба амнияти иттилоотии кишвар хатар дорад.»

Анҷумани ширкатҳои ироакунандаи Интернет дар Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кард, ки «таҷрубаи солҳои қаблӣ нишон доданд, чунин иқдомот барои маҳдуд кардани пойгоҳҳои иттилоотӣ муассир нестанд. Одатан ин маҳдудиятҳо сабаби маъруфтар шудани сомонаҳо дар миёни ҷомеа мегарданд.» Номае, ки ҳанӯз Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон посухи онро надодааст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24509249.html

Матбуот — охирин зинаи додхоҳии мардум

[b]Расонаҳои Тоҷикистон охирин зинае шудаанд, ки як нафари тариқи зинаҳои қонунӣ ба адолат нарасида, ба онҳо муроҷиат мекунад.[/b]

Самеъуллоҳ , сокини Ҳисор, ки як баҳси моликияташро дар додгоҳҳо натавонист ҳал намояд, аз ин хотир, дар як нашрия матлаберо ҳам ба нашр расонд, то таваҷҷӯҳи мақомотро ба худ ҷалб кунад. Аммо аз он замон муддати тӯлонӣ гузаштаву ӯ аз баҳри баҳсу ҳалли мушкилаш ҳам баромадааст.

Вай мегӯяд, «мақоларо дар нашрия чоп кардам, ба умеде, ки масъулон мехонанду масъалаи маро баррасӣ мекунанд. Чанд моҳ гузашт. Фақат як бор як нафар аз ноҳия омад ва ҳамроҳи ман сӯҳбат кард. Бо ҳамин касе маро ба ҷое даъват накард. Ман ҳам аз баҳри даъвоҳоям гузаштам.»

Муроҷиат ба нашрия ва матраҳ кардани мушкили худ танҳо ҷузъи қиссаи дурударози Самеъуллоҳ нест. Ҳар ҳафта дар нашрияҳои чопи Душанбе чандин мақолаи афроди норозӣ аз қарори додгоҳҳо ё як-ду муроҷиат ба президенти Тоҷикистон нашр мешаванд. Аз сӯи дигар, ин намунаи кӯшишҳои мардум барои барқарор кардани адолат тариқи матбуот ба унвони охирин зинаи додхоҳӣ ба нашр мерасанд. Бар асоси қарори вижаи ҳукумати Тоҷикистон матолиби баҳсбарангези матбуот бояд ба баррасӣ гирифта шаванд, аммо ба монанди Самеъуллоҳ на ҳама ба ҳалли мушкили худ даст меёбанд.

Қироншоҳ Шарифзода, устоди бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллӣ мегӯяд, рӯ овардани мардум ба расонаҳо як гуна таваккал аст: «Ба ғайр аз худро таскин додан ё шикояти худро ба мардум расондан, илоҷи дигар наёфтаанд. Яъне чун мақомоти болоиву поёнӣ ба дарди мардум кам мерасанд ё умуман намерасанд, мардум рӯ ба расонаҳо меоранд.»

Коршиносон мегӯянд, матбуот гӯё озодии суханро барои як шаҳрванди Тоҷикистон таъмин мекунад, аммо мусоидати он ба барқарор шудани адолат мавзӯи дигар аст. Ба қавли онҳо, ниҳодҳои зидахл, аз ҷумла додгоҳҳо умдатан дар ҳоле ин матолибро ба баррасӣ мегиранд, ки аз дастгоҳи раисиҷумҳур дастур мегиранд.

Як масъули ҳукуматӣ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, агар ҳамаи муроҷиату матолиби шикоятии рӯзномаҳо ба баррасӣ гирифта шаванд, магар ин ки додгоҳҳо ё ягон ниҳоди дигар фақат ба ҷавобнависӣ машғул гарданд.

Аммо ҳамсӯҳбати мо Самеъуллоҳ мегӯяд, ягон зинаи додгоҳ ӯро қаноат дода натавонистааст ва ҳоло ҳам азоби виҷдон мекашад, ки чаро алайҳи ҳамчунин беадолатӣ сурат гирифтааст.

Ҷамшед Муқимов, коршинос дар умури матбуот, мегӯяд, рисолати расона мусоидат ба барқарории адолату ҳақиқат аст, аммо расонаҳои Тоҷикистон маъмулан як маводро нашр карда, аз пайи он намешаванд ва ё бо гирифтани посухе аз мақомот дигар хомӯш менишинанд: «Барои он ки намехоҳанд сари худ ягон ҷанҷол хезонанд. Ин воқеият аст, ки ҳоло матбуот ҳам тиҷорат шудааст. Онҳое, ки нашрияву радиову телевизион доранд, мехоҳанд даромад ба даст оранд. Онҳо ҳеҷ гоҳ намехоҳанд, ки муносибаташонро бо ҳукумат бад кунанд.»

Дар ҳамин ҳол, дар сӯҳбат бо мо иддае аз сарварони расонаҳо гуфтанд, ки бархе аз матолиби онҳо аз сӯи ниҳодҳои зидахл баррасӣ шуда, ҳақ ба ҳақдор расидааст. Вале коршиносон мегӯянд, асосан даъвоҳои хурду реза шояд бозбинӣ шуда, ҳалли мусбати худро ёбанд. Ба қавли онҳо, то замоне ки тамоми мақомот вазифаи худро дуруст анҷом намедиҳанд ва даст ба фасоду дигар қонунвайронкуниҳо мезананд, мардум боз дари расонаҳоро хоҳанд кӯфт.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24510898.html