Архив рубрики: Хабарҳо

Даъво алайҳи «Фараж» ва идомаи баҳси «Мерседес»

Хуршеди Атовуллоҳ, сардабири «Фараж» ба РО гуфт, ин даъват идомаи даъвои Файзиддин Азизов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, муовини раисии маҳаллаи ҷамоати Чоряккорон аст, ки қаблан ба додгоҳи ноҳияи Рудакӣ ва ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат карда ва посухи рад гирифта буд.

Хуршеди Атовуллоҳ мегӯяд, рӯзномаи «Фараж» ба сифати шахси юридикӣ дар мақоме сабт нашудааст ва он нашрияи Маркази тақиқоти журналистии Тоҷикистон буда ва даъвоҳо бояд дар баробари ин марказ бошад.

Даъвои Файзиддин Азизов алайҳи нашрияи «Фараж», марбут ба матлабе бо унвони «Даҳшат. Дар Рӯдакӣ «Мерседес» 22 000 доллар» будааст, ки моҳи августи соли 2011 нашр шуда ва мегӯяд ин матлаб обрӯ ва шаъну шарафи ӯро поин карда, ба ӯ зарари маънавӣ расондааст.
Ҷониби даъвогар барои ҷуброни зарари маънавӣ, аз нашрияи «Фараж» 500 000 сомонӣ хостааст.

Ҳодиса ба ин тартиб ҳаст, ки бар асари бархӯрди мошини Файзиддин Азизов бо худрави фарзанди муаллифи мақола Зевар Шарипова, қазияи онҳо ба додгоҳ кашонида мешавад. Оқои Азизов дар додгоҳ қимати мошини худро 13 ҳазор доллар нархгузорӣ мекунад ва ҷониби ҷавобгар ҳам омода будааст, ки 12 ҳазор доллар ҷубронпулӣ пардохт намояд. Аммо додгоҳ бар изофаи ҷубронпулӣ, инчунин беқурбшавии пул ва зарарӣ маънавиро «дастак» карда дар маҷмӯъ аз ҷавобгар пардохти 22 ҳазор долларро тақозо мекунад.

Хуршеди Атовуллоҳ, сардабири нашрияи «Фараж» гуфт, ба баррасӣ гирифтани ин парвандаи даъвоии шаҳрванд Азизов дар муқобили рӯзномааш аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ғайриқонунӣ аст. Зеро ба гуфтаи ӯ, нашрияи «Фараж» дар ҳудуди ин ноҳия низ ба сифати шахси юридикӣ сабти ном нашудааст.

Аммо меафзояд оқои Атовуллоҳ, мо даъвати додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомониро рад накардем ва имрӯз ба додгоҳ рафта, бо аризаи даъвогӣ шинос шудем. Аммо ҷониби даъвогар бо сабаби беморӣ дар ин ҷаласаи шиносоӣ ширкат надоштааст.

Интизор меравад баррасии парвандаи даъвогӣ дар баробари нашрияи «Фараж» рӯзи 28-уми март дар додгоҳ шурӯъ шавад.

Дар зарфи ду ё се соли охир аксари нашрияҳои муҳими Тоҷикистон баҳсҳои додгоҳиро таҷриба карданд Даъвои Вазорати кишоварзӣ алайҳи нашрияи «Миллат» ва тақозои 1 миллион сомонӣ, даъвои 5 миллион сомонӣ товони се қозии додгоҳ алйҳи «Азия-Плюс», «Фараж» ва «Озодагон» ва даъвои «Тоҷикстандарт» алайҳи «Пайкон» аз пуровозатарини ин баҳсҳо дар ду соли охир аст.

Radio Ozodi

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24521320.html

Нуриддин ҚАРШИБОЕВ: Чаро ҷашнҳои касбӣ боиси «ҷудоиандозии» журналистон мегардад?

Чанде аз хабарнигорони дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз шеваи баргузории ҷашни 100-солагии матбуоти тоҷик, изҳори нигаронӣ карда, онро як навъ ҷудоиандозии журналистон, ба «худиҳо» ва «бегонаҳо» донистаанд. Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи Тоҷикистон(АМВАОТ) низ бо пахши як изҳорот, чунин «тақсимкарданҳоро» ғайри қобили қабул дониста, аз чунин шеваи бархӯрд бо журналистон изҳори нигаронӣ кард.

Ин ҳам дар ҳоле, ки зимни мулоқот президент Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки миёни расонаҳои гурӯҳии давлатӣ ва хусусӣ фарқе гузошта намешавад. Пас, чӣ боиси ин нигарониҳо шудааст? Боди ҷудоиандозиҳо аз куҷо мевазад? Кӣ аз ин манфиатбардор аст?

Барои ҷавоб ёфтан ба ин ва дигар суолҳо ОИ TojNews тасмим гирифт бо ҷаноби Нуриддин Қаршибоев як сӯҳбати виртулаӣ доир намояд.

[b]Матни пурраи сӯҳбати мачозииро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=188]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=188[/url]

TojNews.org

Источник:

Деҳқонони тоҷик ҳам ба «Фейсбук» меоянд?

[b]Дар Тоҷикистон «Фейсбук» ба тадриҷ ба абзоре барои ривоҷи соҳибкорӣ табдил мешавад[/b]
Одина Шомаҳмадов , деҳқони 55-солаи тоҷик дар байни себзори бузурге рӯи зону ноутбуки “Dell”-ро гузошта ва дар саҳифаи “Фейсбук” себҳои хубонии хоҷагии деҳқонияшро “реклама” мекунад. Вай ҷое ҳам навиштааст, ки “ҷаллобон ғам надиҳед”.

«Кош, чунин рӯз зудтар мерасид»,-мегӯяд Константин Бондаренко, раҳбари Маркази бозори озоди Тоҷикистон. Аммо ӯ мегӯяд, ҳаракат ба ин самт дар Тоҷикистон оғоз шудааст, зеро ширкату муассисаҳо дар кишвар ба тадриҷ дарк мекунанд, ки “Фейсбук” василаи хубе барои тарғиби мол ё хадамот аст.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=187]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=187[/url]

Источник:

Кушодашудани саҳфаи Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон дар Фейсбук

[b]Дар шабакаи ичтимоии Фейсбук (Facebook) саҳфаи Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боз шуд. Ба он мешавад, аз тариқи зайл мурур намуд.[/b]

Дар Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ба Хадамоти матбуотии роҳбари давлат тааллуқ доштани онро тасдиқ намуданд.

Дар айни замон, теъдоди дӯстони ин саҳфа хеле кам — 3 нафар аст, вале фейсбукиён ин хабарро беш аз 62 маротиба «писандам омад» ё «лайк» кардаанд.

Маврид ба зикр аст, ки ин саҳфа баъд аз махдудшавии шашрӯзаи Фейсбук (аз 3-юм то шаби 9-уми март) дар кишвар рӯи кор омада, баъд аз ифтитохи саҳфаи инфиродии раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дувумин саҳфаи мақомоти баландпояи кишвар дар шабакаи Фейсбук мебошад.

TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=24374&Itemid=30

Маҳдуд шудани саҳифаи Додоҷони Атовулло дар «Фейсбук»

15-уми марти соли ҷорӣ, саҳифаи дигарандеши тоҷик Додоҷони Атовулло дар шабакаи иҷтимои «Файсбук» масдуд карда шуд. Дар ин бора мавсуф ба хабаргузории «Фергана.ру» иттилоъ додаст.

Маъмурияти шабакаи мазкур ба саҳифаи ӯ навиштааст, ки «Нишонӣ, ному насаб ва дигар мушаххасоти шумо, (ки қаблан бо ҳамин ном сабт шуда буд), воқеӣ намебошанд. Дар сомона номҳо ва нишонии сохта роҳ дода намешавад».

Додоҷони Атовулло тақрибан 8 моҳ пеш ба сомонаи «Фейсбук» ҳамроҳ шуда буд. Дар ин мӯҳлат ӯ беш аз 2 ҳазор дӯст пайдо кард, вале нигоштаҳои ӯ, маъмулан «писандам омад» ё «like»-и зиёд намегиранд.

«Ман аввалин тоҷик будам, ки дар бораи президент Раҳмон навиштаам. Аввал одамон метарсиданд, ки ба ман нависанд, баъдан ин душвори рафъ шуду онҳо ба ман менавиштанду мукотиба мекарданд», -гуфтааст Додоҷони Атовулло.
Ба гумони ғолиб, маҳдуд кардани саҳфаи фейсбукии Додоҷони Атовулло аз ҷониби худи Фейсбук, бинобар шикоёти чандинмаротибаӣ сурат гирифтааст. Чунин амал таҷрибаи маъмулии ин шабакаи иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли ҷорӣ, дар Маскав суиқасде ба ҷони Додоҷони Атовулло сурат гирифт, ки дар пайи он рӯзноманигори мухолиф чанд зарби корд хурда, ҷарроҳӣ шуд. Тибқи иттилои ғайрирасмӣ ӯ дар Федератсияи Русия қарор дорад.

Нилуфари КАРИМ, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=24385&Itemid=30

Адолати Мирзо: «Муборизаи мо барои ҳақиқат буд»

Раёсати додгоҳи шаҳри Душанбе ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ алайҳи ҳафтаномаи «Миллат»-ро бекор кард.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар моҳи марти соли гузашта даъвои вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов алайҳи нашрияи “Миллат”-ро қонеъ карда ва ин ҳафтаномаро барои пардохти 1 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима ва узрхоҳӣ муваззаф карда буд.

Ин қарори додгоҳро зинаи кассатсионии додгоҳи шаҳри Душанбе низ таъйид карда буд. Раёсати додгоҳи шаҳри Душанбе акнун ҳам ҳалномаи додгоҳи Фирдавсӣ ва ҳам қарори додгоҳи кассатсиониро лағв карда ва ба баррасии такрорӣ ирсол кардааст.

Вазорати кишоварзӣ матлаби нашрнамудаи ҳафтаномаи «Миллат» зери номи «Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод» дар яке аз шумораҳои ин нашрия дар охири соли 2009 -ро тӯҳмате нисбати ин вазорат хонда ва тақозои пардохти 1 миллион сомонӣ товон карда буд.

Дар муқобил нашрияи «Миллат» ба додгоҳ даъвои мутақобила бурд ва аз вазорати кишоварзӣ 1 сомонӣ товон талаб кард.

Ба пай лағви ҳалнома алайҳи нашрияи «Миллат» аз сӯи Додгоҳи шаҳри Душанбе, аз хонум Адолати Мирзо, сардабири ин ҳафтанома пурсидем, ки ин қарорро чӣ гуна истиқбол карданд?

[b]Адолати Мирзо:[/b] Табиист, ки хуш истиқбол кардем. Ва ман қабл аз ҳама ин қадами нахуст дар ростои пирӯзиро ба ҷомеаи журналистии Тоҷикистон, ба ҳамаи онҳое, ки барои озодии баён кор мекунанд, табрик арз мекунам. Воқеан ин пирӯзии журналистикаи тоҷик аст, пирӯзии журналистони тоҷик аст, ба хотири он ки аз ҳамон рӯзи аввале, ки додгоҳ шурӯъ шуд, ба мо пешниҳоди оштӣ дода буданд то мо аз қазия берун биравем. Вале мо ба хотири он ки, ҳақ ба ҳақдор бирасад, ба хотири он ки қонун дар ҷои худ бошад, эҳтироми қонун аз сӯи мансабдорони тоҷик риоят бишавад, ин баҳси додгоҳиро идома додем.

[b]«Озодӣ»:[/b] Хуб пас аз ин, қадами баъдии шумо чист, оё дар баробари вазорати кишоварзӣ даъворо идома хоҳед дод ё хайр. Зеро дар оғоз, мавриди содир кардани ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, шумо гуфта будед, ки мо то охир баҳсро идома медиҳед.

[b]Адолати Мирзо:[/b] Ҳоло мо мунтазири марҳилаҳои баъдии додгоҳӣ ҳастем, ки шурӯъ бишаванд. Аллакай вакили мудофеи мо дар ин маврид омодагиҳо мегирад. Ва мо ҳатман барои расидан ба зинаи ниҳоии ҳақиқат, муборизаро идома хоҳем дод.

[b]«Озодӣ»:[/b] Аммо фикр намекунед, ки ин қарор ба манфиати «Миллат» ба дунболи он содир шуд, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар чанд рӯзи пеш зимни мулоқот бо хабарнигорон аз ниҳодҳои ҳукуматӣ хост, ки баҳсҳо бо нашрияҳоро камтар кунанду корро бештар. Яъне Шумо бовар доред, ки баъд аз ин сӯҳбатҳо баҳсҳои мақомот бо хабарнигорону рӯзномаҳо ва фишорҳо алайҳи рӯзнома камтар мешавад?

А[b]долати Мирзо:[/b] Бибинед, Тоҷикистон қонунҳои нонавишта дорад, ки пешгӯинашавандаанд. Ва ин ки додгоҳ бо чӣ амре ба ин иқдом даст зада ва баҳсро ба манфиати «Миллат» ҳал кард, ман наметавонам ҳадс бизанам. Вале ман ба адолати суд, адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон бовар дорам. На танҳо суханронии раисиҷумҳур, балки талошҳои зиёде ҳам аз сӯи ҳамкорони мо сурат гирифта буд ва номаҳои зиёде мо ба мақомоти қонунгузории Тоҷикистон ирсол карда будем. Ва фикр мекунам, ки дар пайи муроҷиатҳои пай дар пайи мо, ин иқдом сурат гирифтааст.

[b]«Озодӣ»:[/b] Шумо гуфтед, ки ин оғози муваффақияти журналистикаи тоҷик аст, ки як нашрия бар як мақоми ҳукумат то ҳадде ҳам бошад, муваффақ шуд. Шумо фикр мекунед, ки қазияи дигар нашрияҳо ва рӯзноманигорон дар баробари мақомот ба манфиати журналистон ва нашрияҳо анҷом хоҳад шуд?

[b]Адолати Мирзо:[/b] Дар ҳар коре ирода баранда аст. Агар ин иродаро ҳамкорони гиромии мо дошта бошанд, ки мубориза бикунанд, муқовимат бикунанд, ҳатман баранда хоҳанд шуд. Чун бубинед, дар оғоз, ки қазияи додгоҳии «Миллат» сурат гирифта буд ва мо шарти оштиро напазируфта будем, ҳатто хеле аз масъулони созмонҳои байналмилалии мудофеъ аз озодии баён, бо изҳори таассуф гуфтанд, ки мо бояд ин оштиро мепазируфтем. Аммо мо исрор доштем, ки таки танҳо низ мубориза хоҳем бурд, зеро мақоли хуби тоҷикӣ ҳаст, «Мурдани кампир ҳеҷ масъала нест, аммо аҷал одат мекунад.»

Ҳайати эҷодии нашрияи «Миллат» ва ҳуқуқшиносҳои мо ба ин натиҷа расиданд, ки мо бояд ҳаққи қонунии матбуотро ба исбот бирасонем, ки воқеан қонун дар Тоҷикистон аз ҳама дигар амру дастуроту бозиҳои пуштипардагӣ волотар аст.

[b]«Озодӣ»:[/b] Дар тӯли наздики дусоле, ки баҳси додгоҳии шумо бо вазорати кишварзӣ идома дошт, вазъият рӯи кори шумо таъсир гузошт?

[b]Адолати Мирзо:[/b] Мо дар ҳеҷ маврид аз танқид, ки аслиҳаи аслии журналистон аст, даст накашидем. Сахттар аз қабл гуфтем, фоштар аз қабл гуфтем. Ва пинҳон намекунам, ки як муддат худдорӣ буд, он ҳам ба хотири таъсир нарасондан ба раванди марҳилаҳои додгоҳӣ буд. Вале дар ин байн мо ҳушёртар шудем.

[b]«Озодӣ»:[/b] Аммо оё дигар рӯзномаҳо дар зимни баҳси тӯлонии догоҳии шумобо вазорати кишоварзӣ, зери таъсир монданд, яъне сахтгӯиро камтар карданд ва ба худсензурӣ роҳ доданд?

[b]Адолати Мирзо:[/b] Бале, як замоне буд, ки сӯҳбатҳо миёни нашрияҳо буд, ки зарби дасти фалон вазир ё мансабдор сахттар асту эҳсосшаванда. Вале дар маҷмӯъ дар рафтори он нашрияву рӯзноманигороне, ки воқеан ҷасорату ҷуръат доранд, ман ақибниширо эҳсос накардам.

Дар ниҳоят мехоҳам аз ҳамаи онҳое, ки дар расидан то ин қарор моро ҳамроҳӣ ва кӯмак карданд, изҳори ташаккур ва сипос кунам.

[b]«Озодӣ»:[/b] Ташаккур Адолати Мирзо барои сӯҳбат.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24517394.html

Хилватшоҳи Маҳмуд дабири Шӯрои ВАО интихоб шуд

Дар Шӯрои Воситаҳои Ахбори Оммаи Тоҷикистон бо иштироки раиси Шӯро ва кормандони дастгоҳи иҷроия ҷаласа баргузор гардид.

Тавре Зинатулло Исмоилов, роҳбари ин ниҳод хабар дод, дар он нақшаи кории Шӯро барои соли 2012 муҳокима шуда, дурнамои фаъолият мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимнан, таъкид шуд, ки соли равон таваҷҷӯҳ бештар ба ҳамкории Шӯро бо мақомоти давлатӣ ва ҷомеъа равона мегардад. Бо ин мақсад гузаронидани 10 вохӯрии аъзои Шӯро бо хонандагон, шунавандагон ва бинандагон дар шаҳру навоҳии Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Шаҳритус, Панҷакент, Исфара ва Рашт дар назар аст. Инчунин бо мақсади ба ҷо овардани рисолати аслии Шӯро — ҳалли қазияҳои нашрияҳо то додгоҳ тадбирҳо андешида мешаванд.

Ҳамзамон, дар нишасти мазкур раиси Шӯрои ВАО хабар дод, ки дар натиҷаи озмуни кушод барои ишғоли вазифаи Дабири кулл дар асоси алтернативӣ журналист Хилватшоҳи Маҳмуд (Хоҷаев) ба ин вазифа интихоб гардид.

Маврид ба ёдоварист, ки Хилватшоҳ Хоҷаев (Хилватшоҳи Маҳмуд) таҷрибаи кории муваффақ дар ВАО-и кишварро дорад. Вай дар радиоҳои «Русское радио-Ориёно», ТВ «СМТ» ва алъон дар хабаргузории «Озодагон» ба ҳайси сардабир фаъолият карда, дар матбуоти даврӣ бо навиштаҳояш маъруф аст. Мавсуф барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи Лоҳутӣ дар соли 2010 мебошад.

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон 30 октябри соли 2009 дар ҷаласаи умумии намояндагони созмонҳои журналистии кишвар таъсис ёфта, барои татбиқи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон фаъолият дорад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24517431.html

Матбӯъот ва низоми сиёсӣ дар Тоҷикистон: ситез ё ҳамкорӣ?

Имсол аз ташкил ва ташаккули матбӯъоти тоҷик дар Фарорӯд 100 сол сипарӣ мешавад. Дар тӯли ин 100 сол матбӯъоти тоҷик роҳҳо ва рисолати гуногунро бар дӯш дошт.

Замоне дар хидмати ҷомеъа қарор гирифт, замоне комилан ҳадафҳо ва хостаҳои қудрати сиёсиро амалӣ менамуд, замоне дар муқобили баъзе аз арзишҳову масоили миллӣ истод ва замоне барои арзишҳову ормонҳои миллӣ талош варзид.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зеоин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=186]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=186[/url]

Источник:

Нигоҳе гузаро ба матбӯъоти тоҷик дар масири сад сол

[b]Рӯзи 11-уми март аз нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ (форсӣ) дар Фарорӯд 100 сол сипарӣ шуд. Ин рӯзномаи «Бухорои шариф» буд, ки аз ҷониби як зумра рӯшанфикрон ва фарҳангиёни тоҷик таъсис дода шуд.[/b]

То он замон, агар дар Осиёи Миёна, ки аз ибтидо қаламрави забону адаб ва тамаддуни тоҷикӣ (форсӣ) буд, матбӯъоти русӣ (нашрияҳои «Туркестанские ведомости»-1870, «Туркестанская туземная газета»-1870, «Окраина» — 1890,) ва туркии чағатоии узбакӣ («Туркистон вилоятининг газети») вуҷуд дошт, вале ҳеч рӯзномае ба забони сокинони асливу қадимии минтақа набуд.

Ин дар ҳолест, ки вақте барои тарғиби сиёсатҳои Русияи подшоҳӣ мавзӯъи ташкили матбӯъот бо забони маҳаллӣ пеш меояд, тибқи навиштаи окодемисиян Бартолд, бояд аввалин нашрия «бо тоҷикӣ ва қирғизӣ» мебуд, вале баъдтар он ба забони туркии чағатоии узбакӣ мунташир мешавад.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=185]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=185[/url]

Источник:

«Садои Шарқ» — нахустин нашрияи миллии адабӣ дар Тоҷикистон

Моҳномаи «Садои Шарқ» яке аз бособиқатарин нашрияҳои форсизабон дар Тоҷикистон аст, ки ҳудуди 85 сол боз ба хатти сириллик чоп мешавад

Дар саҳифаи аввали ҳар шумора аз ин маҷалла, ки ба хатти сирилик дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, мунташир мешавад, ин иборат ба чашм мехурад: «Нашрияи миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.»

Маҷалла аз моҳи майи соли 1964 ба баъд бо номи «Садои Шарқ» нашр мешавад. Номҳои қаблии он «Раҳбари дониш» (1927-1932), «Барои адабиёти сотсиалистӣ» (1932-1937) ва «Шарқи сурх» (1937) будааст.

Ин маҷалла то кунун ду бор мутаваққиф ҳам шудааст. Бори аввал аз моҳи апрели соли 1938 то июни соли 1940 ва бори дувум дар солҳои Ҷанги Ҷаҳонии Дувум (1941-1945).

[b]Матни пурраи маколаро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=183]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=183[/url]

Источник: