Архив рубрики: Хабарҳо

Боз шудани парванда дар қиболи хабарнигор

[b]Додситонии вилояти Суғд ба иттиҳоми нақзи муқаррароти идорӣ алайҳи сардабири телевизиюни «Ҷаҳоноро» дар шаҳри Ғафурови ин вилоят парванда боз кардааст.[/b]

Дар ин замина Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон аз қавли Муҳаббат Ҷӯраева, ҳуқуқдони Маркази ҳимоят аз расонаҳо ва рӯзноманигорон дар вилояти Суғд, хабар додааст.

Ба гуфтаи хонуми Ҷӯраева, пахши иттилоъ дар бораи оташсӯзӣ дар бахши умдафурӯшии бозори «Корвон» дар шаҳри Душанбе ба чунин вокуниши додситонӣ мунҷар шудааст.

Маҳмудҷон Дадобоев, раиси телевизиюни «Ҷаҳоноро» гуфтааст, ки дар барномаи «Ахбор»-и ин телевизиюн дар истинод ба сойти иттилоотии «Tojnews» хабари оташсӯзӣ дар бозори «Корвон» пахш шуда ва ба дунболи ин ӯ ба бахши маҳаллии Кумитаи амнияти миллӣ дар вилояти Суғд эҳзор шудааст.

Ба гуфтаи оқои Дадобоев, баъдан ӯро ба додситонии вилоят эҳзор карда ва пас аз суҳбат фаъъолияти шабакаи «Ҷаҳоноро» дар ин замина қонунӣ унвон шудааст. Аммо пас аз чанд рӯз рӯшан шудааст, ки додситонии вилояти Суғд дар мавриди нақзи моддаи 373-и Қонуни идории Тоҷикистон ба додгоҳ шикоят бурдааст.

Муҳаббат Ҷӯраева, ҳуқуқдон, мегӯяд, тибқи ин модда расонаҳое, ки расман сабти ном нашудаанд, барои пахши хабар муҷозот хоҳанд шуд. Ин дар ҳолест, ки шабакаи телевизиюни «Ҷаҳоноро» сабти ном шуда ва хабари оташсӯзӣ аз расонаи дигар дарёфт шудааст.

Аз ин лиҳоз, ба гуфтаи хонуми Ҷӯраева, бар асоси моддаи 36-и Қонуни «Телевизиюн ва родию»-и Тоҷикистон, телевизиюн ё родию дар сурати истифода аз хабари манобеъи дигар мавриди пайгарди қонунӣ қарор намегиранд.

Бино ба иттилоъи ӯ, ба далели тафҳими иттиҳом нашудани фарди мазнун аз сӯйи додситонӣ додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парвандаро баррасӣ накардааст.

Дар ҳамин ҳол, манобеъи додситони вилояти Суғд хабари боз шудани парванда алайҳи корманди шабакаи телевизиюни «Ҷаҳоноро»-ро таъйид карда ва гуфтаанд, ки ҳамакнун ин парванда бо таваҷҷуҳ ба назокатҳои ҳуқуқӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ироа шудааст.

Барои бори аввал нест, ки шабакаи телевизиюни «Ҷаҳоноро» дар таҳияи хабару гузоришҳо бо мушкилоту мавонеъи идории ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон рӯбарӯ мешавад.

Дар моҳи майи соли ҷорӣ, масъулони ин телевизиюн аз рафтори ғайриқонунии кормандони бахши амниятии Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд дар қиболи хабарнигори ин шабака ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд шикоят бурда буданд.

Ба гуфтаи мақомоти шабака, хабарнигори шабакаи телевизиюни «Ҷаҳоноро» бар асоси дархости мусофирон ба фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд омада ва барои рӯшан кардани иллати таъвиқи парвози ҳавопаймо талош кардааст. Аммо кормандони бахши амниятии фурудгоҳ ба рӯзноманигор барои дидор бо масъулони фурудгоҳ иҷоза надода ва ба зӯр ва алфози қабеҳ ӯро аз сохтмони фурудгоҳ берун кардаанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2012/10/121003_mm_court_jahonoro.shtml

Парванда барои нашри хабари сӯхтори «Корвон»

[b]Додситонии вилояти Суғд алайҳи сармуҳаррири телевизиони мустақили “Ҷаҳоноро” дар Чкалов, парванда боз кардааст.[/b]

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифои Маҳмудҷон Дадобоев ба «Озодӣ» гуфт, ки рӯзи ҷумъаи 28- уми сентябр, додситонии Суғд нисбат ба зерҳимояаш барои пахши хабари сӯхтори бозори “Корвон” -и Душанбе дар барномаи ахбори телевизиони “Ҷаҳоноро”, парвандаи маъмурӣ боз кардааст.

Ба қавли хонум Ҷӯраева, сармуҳаррири телевизиони мустақили «Ҷаҳоноро» мутобиқ ба банди 373 – и Қонуни матбуоти Тоҷикистон — “риоят накардан ба қонунҳои васоити ахбори омма” айбдор дониста шуда, додситонӣ парвандаи ӯро ҷиҳати бозбинӣ ба додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ирсол намудааст.

Хонум Ҷӯраева афзуд: «Мо ин амали додситониро ғайриқонунӣ меҳисобем. Чунки мутобиқи банди 36 — и Қонун дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ, расонае, ки иттилоъро аз манбаи дигар пахш мекунад, дар назди қонун аз ҷавобгарӣ озод аст. Ва хабаре, ки телевизиони “Ҷаҳоноро” пахш кард, моли онҳо набуд, балки аз саҳифаи хабаргузории “Тоҷнюс” гирифта буданд. Мо бар зидди ин қарори додситонӣ ба Додситонии кулл шикоят мебарем.»

Аз додситонии Суғд ба Озодӣ гуфтанд, ки сабаби аслии боз шудани парвандаи маъмурӣ алайҳи сармуҳаррири телевизиони “Ҷаҳоноро”, “пахши носаҳеҳ” — и хабари “Тоҷнюс” дар барномаи ахбори телевизиони “Ҷаҳоноро” будааст, ки шумораи эҳтимолии ҳалокшудагон дар сӯхтори бозори “Корвон”- ро “ бинобар маълумоти ғайрирасмӣ”, ба ҷойи 3-8 нафар, “38 нафар” эълон кардааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи манбаи муътамад аз додситонии Суғд, телевизиони “Ҷаҳоноро” барномаҳои худро бидуни қайд дар дафтари махсус иҷозаи пахш додааст, ки ин низ мухолиф ба қонун аст. Ҳамин манбаъ афзуд, радд нашудани ин хабари носаҳеҳ аз ҷониби телевизиони “Ҷаҳоноро”, додситониро водор ба боз кардани парвандаи маъмурӣ алайҳи раҳбари телевизиони мазкур кард.

Вале Маҳмудҷон Дадобоев, раҳбари телевизиони “Ҷаҳоноро” гуфт, хабари шумораи ғайрирасмии одамони ҳалокшуда дар сӯхтори бозори “Корвон”- ро аз хабаргузории “Тоҷнюс” айнан пахш карда буданд ва дар ин маврид аз ҷониби телевизион саҳве нарафтааст, ки раддия пахш кунанд. Ва дар ин бора асноди расмиро ба додситонӣ ироа карда буданд ва тавре ба назар мерасад, пазируфта нашудааст. Вай афзуд, барояш сабаби аслии барангехтани ин моҷаро алайҳи телевизиони “Ҷаҳоноро” комилан норӯшан аст.

Нуридин Қаршибоев, раҳбари иттиҳодияи расонаҳои мустақили Тоҷикистон, НАНСМИТ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ назарашро дар бораи ин қазия чунин баён дошт: “Ба назари ман, ин мушкилро ба сурати умум то расидан ба марҳалаи додгоҳӣ ҳал кардан мумкин буд. Ҷониби даъвогар метавонист аз ширкати телевизиони хусусии “Ҷаҳоноро» талаби тасҳеҳи хабари хатояшро кунад ва бо иҷрои он баҳс поён меёфт. Аммо ҳоло, ки мутаассифона ин даъво то додгоҳ рафтааст, умедворам додгоҳ онро мунсифона баррасӣ мекунад.”

Телевизиони мустақили “Ҷаҳоноро” субҳу шом барои сокинони шаҳри Чкалов ва атрофи он намоиш пахш мекунад. Мавҷи он дар қисматҳои марказии Суғд танҳо тавассути шабакаи кабелии “Мавҷи Ориёно” дастрас аст.

Маҳмудҷон Дадобоев аз рӯзноманигорони ботаҷрибаи тоҷик ва муассиси ҳафтавори “Суғдиён” дар Хуҷанд ва телевизиони “Баҳри тоҷик” дар шаҳри Қайроқум мебошад. Ҳафтавори «Суғдиён» ду соли пеш ба сабаби мушкилоти молӣ баста шуд ва телевизиони “Баҳри тоҷик” то ҳол муҷаввиз дарёфт накардааст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24727285.html

Марказҳои матбуъот ниҳоди вижа таъсис медиҳанд

[b]Дафтарҳои матбуъоти сохторҳои давлати Тоҷикистон дар сададанд, ниҳоди тахассусии худро созмон диҳанд.[/b]

Дар ин замина, рӯзи душанбеи 1 октябр, Анҷумани Миллии Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон хабар дод.

Табодули таҷруба, роҳандозии тарҳҳои омӯзишӣ, боло бурдани сатҳи сухангӯён ва таҳияи барномаи иртиботӣ бо васоили ахбори умуми Тоҷикистон аз аҳдофи ин ниҳод маҳсуб шудааст.

Тибқи иттилоъи ин манбаъ, дар конфаронси муассисон сухангӯёни ниҳодҳои давлатӣ дар бораи таъсиси иттиҳод, анҷуман ё бошгоҳи марказҳои матбуъот тасмим хоҳанд гирифт.

Ҳамакнун ба манзури анҷоми корҳои тадорукотӣ барои баргузории конфаронс аз ҷумлаи намояндагони марказҳои матбуъоти Вазоратҳои хориҷа, беҳдошт, маориф, Кумитаҳои амнияти миллӣ ва занони Тоҷикистон гурӯҳи ибтикорӣ таъсис шудааст.

Зимнан, ин мавзӯъ дар давраи омӯзишӣ барои кормандони марказҳои матбуъоти сохторҳои давлатӣ, ки дар рӯзҳои 27 ва 28 сентябри соли ҷорӣ таҳти унвони “Ҳамкории марказҳои матбуъоти ниҳодҳои давлатӣ бо ВАУ” дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, матраҳ гардид.

Ин ҳамоиш ба ибтикори Анҷумани Миллии Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон ва Идораи иттилоъот, матбуъот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати хориҷаи ин кишвар ва кумаки молии созмони байналмилалии «International Media Support” баргузор гардид.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2012/10/121001_mm_press_centre.shtml

«Сездаҳ дарсади ҷамъияти Тоҷикистон аз интернет истифода мекунанд»

[b]Кумиссюни Паҳнбонди СММ барои Тавсеъаи Диҷитол дар нахустин гузориши худ дар бораи истифода аз интернети паҳнбонд дар ҷаҳонро мунташир кардааст.[/b]

Ин гузориш омори корбарони интернет дар Тоҷикистонро 13 дарсад аз ҷамъияти кишвар хондааст.

Дар ин пажуҳиш ҳамчунин омадааст, ки дар Қазоқистон 45 дарсад дар Узбакистон 30.2 дарсад дар Қирғизистон 29 дарсад ва дар Афғонистону Туркманистон 5 дарсади мардум аз интернет истифода мебаранд.

Ҳарчанд давлати Тоҷикистон пайваста таъкид мекунад, ки мардумаш аз озодиҳои бештар дар муқоиса ба кишварҳои ҳамсояаш баҳраманд аст, бино ба ин гузориши ниҳоди СММ ҷамъияти Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои минтақа камтарин корбарони интернетӣ дорад.

Ин дар ҳолест, ки ширкатҳои фароҳамгари интернетӣ дар Тоҷикистон муддате бо мақомоти зирабти кишвар кашмакашҳои қонунӣ доштанд, ки ба гуфтаи Анҷумани фароҳамгарони интернет дар кишвар барои рушди ин арса латма ворид кард.

Моҳи ноябри соли гузашта Кумитаи молиёти Тоҷикистон бо ирсоли номае ба ширкатҳои фароҳамгари интернет аз онҳо тақозо карда буд, ки молиёти ғайримустақими седарсадиро аз авоили соли гузашта пардохт кунанд.

Ширкатҳои фароҳамгари интернети Тоҷикистон нахуст аз ин тақозои мақомот ба додгоҳ шикоят буданд. Зеро гуфтанд, ки қонуни молиёт ин навъи молиётро танҳо шомили фароҳамгарони телефунҳои мобилӣ хондааст.

Аммо Кумитаи молиёт фароҳамгарони интернетиро низ шомили ин муқаррарот кард.

Дар ниҳоят, ширкатҳои фароҳамсози хадамоти интернетӣ дар Тоҷикистон аз моҳи июни соли ҷорӣ ба пардохтани молиёти “ғайримустақими седарсадӣ” оғоз карданд.

Масъулони Анҷумани фароҳамгарони интернет дар Тоҷикистон ин амрро “шикасти ширкатҳои фароҳамсози интернет дар кишвар” унвон карданд.

Аммо гузориши Кумиссюни Паҳнбонди СММ ба давлатҳои кишварҳои дар ҳоли рушд тавсия додааст, ки молиёти хадамот ва воридоти таҷҳизоти электруниро коҳиш бидиҳанд.

Бино ба пажуҳиши онҳо ин амр метавонад, ба афзоиши қобили мулоҳиза дар истифодаи интернет дар кишварҳо мунҷар шавад.

Ин гузориш ба унвони мисол аз Шри Ланка ёд мекунад ва ишора мекунад, ки пас аз коҳиши молиёти хадамот ва воридоти таҷҳизоти электрунӣ дар ин кишвар теъдоди истифодабарандагони интернетиро дар зарфи 18 смоҳ аз 3.5 милюн ба 13 милюн афзоиш додааст.

Ин кумиссюн мегӯяд, ки нақши тавсеъаи истифодаи интернет дар беҳбуди зиндагии мардумони кишварҳои дар ҳоли рушд қобили мулоҳиза аст.

Дар гузориш мехонем: “Интернети паҳнбонд ба зиндагии мардумони кишварҳои ҷаҳон аз роҳи беҳдошти мобилӣ, омӯзиш аз роҳи дур, таҳсили мобилӣ ва пардохтҳои мобилӣ беҳбуд мебахшад.”

Ин гузориш ҳамчунин таъкид кардааст, ки тавсеъаи интернет барои беҳбуди зиндагии занон, афзудани навовариҳо ва касби малакаҳои тоза кумак мекунад.

Бо ин ҳама қимати истифода аз интернет дар Тоҷикистон нисбат ба соири кишварҳои ҳамсуд болотар аст.

Ба гуфтаи соҳибназарон, коҳиши нархи интернет танҳо бо коҳиши анвоъи молиёт ва афзоиши теъдоди корбарон имконпазир будааст.

Омори расмӣ дар бораи теъдоди истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон зиддунақиз будааст. Аммо тибқи иттилоъи Вазорати нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон дар соли 2010 теъдоди корбарони шабакаи интернет дар ин кишвар 850 ҳазор нафар будааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/09/120926_sq_internet.shtml

Оғози амалиёти “100 рӯз барои озодии Тоҷнет”

[b]Раҳбарони ниҳодҳои журналистӣ ва расонаҳои Тоҷикистон аз тариқи “Facebook” амалиёти “100 рӯз барои озодии Тоҷнет”-ро роҳандозӣ кардаанд.[/b]

Дар баёнияи созмондиҳандагон, ҳадаф аз ин амалиёт ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеъа ва давлати Тоҷикистон ба масъалаи озодии баён дар Интернет унвон шудааст.

Дар ин баёния омадааст, дар рӯзи 8 сентябри соли ҷорӣ теъдоди сойтҳои масдудшуда дар Тоҷикистон ба 50 адад расида буд. Бештари сойтҳои иттилоотӣ, назири [url=www. news.tj,www.tojnews.org]www. news.tj,www.tojnews.org[/url] бидуни мусаваббаи додгоҳ ва ба таври ғайриқонунӣ масдуд шуданд.

Гуфта мешавад, бахши ироъакунандаи Интернет дар Тоҷикистон мавсум ба “Тоҷнет” ба дастури мақомоти зирабти давлати Тоҷикистон бахше аз сойтҳои иттилоотӣ, ки матолиби интиқодӣ мунташир кардаанд, масдуд кардааст.

Аз ин лиҳоз, созмондиҳандагони амалиёти “100 рӯз барои озодии Тоҷнет” ибрози умедворӣ кардаанд, ки ин иқдом барои боло бурдани сатҳи дониши компютерии мардум, муқобала бо мавориди масдудкунии ғайриқонунии сойтҳо ва ташаккули системи иҷтимоъии масдудсозии қонунии сойтҳо мусоидат хоҳад кард.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2012/10/121002_mm_internet.shtml

Шомил шудани бандҳои марбут ба «тавҳин ва таҳқир» ба Қонуни маданӣ

[b]Порлумони Тоҷикистон бо тасвиби асноди лозим банди марбут ба тавҳин ва таҳқирро дар Қонуни мадании кишвар ҷой додааст.[/b]

Дар ин замина рӯзи душанбеи 1-уми октябр, ба ду моддаи Қавонин ё Кодеси маъмурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардид.

Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон, ки пешнависи ин санадро дар иҷлоси порлумон муъаррифӣ мекард, гуфт, ки ин амр бо тавсияи Кумиссюни ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид сурат гирифт.

Ӯ гуфт, ки бо ворид шудани бандҳои марбут ба таҳқир ва тавҳин ба Қавонин ё Кодекси маъмурии Тоҷикистон, тарафҳои мавриди баҳс метавонанд қазоёъи аз ин навъро дар сурати лозим тавассути нашри раддия ва ё пардохти ҷарима анҷом бидиҳанд.

Дар як соли ахир қазияҳои марбут ба таҳқир ва тавҳин дар додгоҳҳои Тоҷикистон афзуда ва ба гуфтаи созмонҳои мудофеъи хабарнигорон ба унвони фишанги фишор ба озодии баён истифода мешудааст.

Зеро шикоёти марбут ба таҳқир ва тавҳин дар чорчӯби қонуни кайфарӣ ҳамчун ҷурми сангин муҷозот мешуд.

Барои мисол, Маҳмадюсуф Исмоъилов, дар соли гузашта ба иттиҳоми тавҳин ва таҳқири мақомоти маҳаллӣ 11 моҳ дар боздошт ба сар бурда буд.

Зимнан, дар моҳи майи соли ҷорӣ Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, бо пешниҳоди Президент Раҳмон бандҳои марбут ба тавҳин ва таҳқир аз Қавонин ё Кодекси ҷинойии ин кишвар лағв гардид.

Ба гуфтаи Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон, «Бо бардошта шудани моддаҳои 135 ва 136 аз қонуни ҷиноӣ одамон дигар барои тӯҳмат ва таҳқир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд ва нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ боз намешавад.”

Дар ҳамин ҳол, дар гузорише, ки аз сӯйи Сандуқи иҷтимоъии сиёсати ибтикори шаҳрвандии интернет ва бо мусоидати созмони байналмилалии “Internews network” ва USAID таҳия шудааст, таъкид шудааст, дар Қавонини ҷинойии Тоҷикистон моддаҳои 137 (таҳқири аланӣ ва тӯҳмат ба раиси ҷумҳурӣ) ва 330 (таҳқири масъулони давлатӣ) ҳамчунон боқӣ мондаанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/10/121001_sq_mm_media_law.shtml

Парлумон ҳам ба ҷонибдорӣ аз хориҷ кардани моддаҳои 135 ва 136-и КМҶ раъй дод

[b]Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, райиси МН ҷаласаи якуми иҷлосияи чоруми палатаи поёнии парлумони мамлакат баргузор шуд.[/b]

Тибқи иттилои дафтари матбуотии МН, райиси парлумон дар назди вакилон суханронӣ намуда, аз вакилон даъват кард, ки ба таҳия ва эҷоди қонун ва дигар санадҳо ҷиддӣ машғул шуда, дархост ва пешниҳодҳои интихобккунандагони худро, ки аз мулоқот бо онҳо баромадааст, ба инобат гиранд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)», «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба ҳимояи манфиатҳои истеҳсолкунандагони фонограммаҳо аз истифодаи ғайриқонунии фонограммаи онҳо» баррасӣ ва қабул шуданд.

Вазири адлия Рустам Менглиев ва вакили Маҷлиси намояндагон Насрулло Маҳмудов зимни суханронии худ роҷеъ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳор доштанд, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 7 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 100-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик дар таърихи 20 — уми марти соли 2012 баён гардидааст, бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидани озодии матбуот, мутобиқ намудани Кодекси мазкур ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Зикр гардид, ки тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда, бинобар сабаби аз Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ намудани моддаҳои 135 ва 136, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои тӯҳмат ва таҳқир пешбинӣ менамуданд, зарурати аз моддаи 24 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тартиби оғоз ва пешбурди парвандаҳои айбдоркунии хусусиро муайян менамояд, хориҷ намудани моддаҳои зикргардида ба миён омадааст.

Источник: http://www.ozodagon.com/khabarho/tojikiston/6491———135—136—-

Бандҳои тӯҳмату таҳқир ба Кодекси шаҳрвандӣ «кӯчиданд»

[b]Бандҳои тӯҳмату таҳқир аз Кодекси мурофиавии Тоҷикистон низ хориҷ шуда, ба Кодекси шаҳрвандӣ интиқол ёфтаанд.[/b]

Вакилони Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон, бандҳои марбут ба «тӯҳмат»-у «таҳқир»-ро аз Кодекси мурофиавии Тоҷикистон низ берун кардаанд. Хабарнигори порлумонии Радиои Озодӣ гуфт, ҳамакнун ин моддаҳо расман ба Кодекси шаҳрвандӣ «кӯчонда» шуданд.

Ин тасмим дар ҷаласаи субҳи рӯзи 1-уми октябр, ҷаласаи нахустин пас аз таътили вакилони порлумони Тоҷикистон, гирифта шуд. Аз ин пештар, бандҳои марбут ба «тӯҳмат»-у «таҳқир» аз Кодекси ҷиноии кишвар лағв гардида буд, ки маҳофили журналистӣ аз он ҳимоят карданд.

Ин ҳама ислоҳҳо ба дунболи дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи таҷлил аз 100-умин солгарди матбуоти тоҷик амалӣ мешавад. Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, то ин ду банди баҳсбарнгез бояд ба қонуни шаҳрвандӣ интиқол шаванд.

Аммо иддае ба ин боваранд, ки дар қонуни ҷиноии Тоҷикистон бандҳои дигаре, ки муҷозот барои таҳқиру тӯҳматро пешбинӣ мекунад, ҳанӯз мавҷуд аст. Аз ҷумла, банди 137-и Кодекси ҷиноӣ муҷозоти то панҷ сол маҳрумият аз озодиро барои таҳқир ва тӯҳмати президенти Тоҷикистон пешбинӣ мекунад. Дар пешниҳоди раисиҷумҳур аз ислоҳи ин банд ҳарфе гуфта нашудааст.

Бо ин ҳама, коршиносон мӯътақиданд, ки лағви ин бандҳо аз қонуни ҷиноӣ ва мурофиавӣ мавридҳои баҳси додгоҳӣ бо хабарнигоронро коҳиш хоҳад дод. Дар ҳоле ки дар гузашта чунин мавридҳо, ки барои нашри матолиби танқидӣ хабарнигорон маҳкум ба зиндон шуда буданд, ҷо доштанд.

Намунаи равшани он ба се соли зиндон ва 35 ҳазор сомонӣ муҷозот шудани Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори минтақаии нашрияи «Нури Зиндагӣ» аст, ки наздик ба як сол дар зиндон ба сар бурда ва гуноҳаш ҳам «таҳқир»- и як масъули додситони ноҳияи Ашт зимни нашри як матлаб буд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24724830.html

Ҳамоиши омўзишии Шўрои ВАО дар Панҷакент

[b]Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ). — Дар шаҳри Панҷакент ҳамоиши омўзишии Шўрои ВАО-и Тоҷикистон дар мавзўи «Нақши Шўрои ВАО-и Тоҷикистон дар риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ» доир гардид.[/b]

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дастгоҳи иҷроияи Шўрои ВАО-и Тоҷикистон хабар доданд. Шоҳида Худойбердиева, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент дар ин нишаст нақши Шўрои воситаҳои ахбори оммаи кишварро дар бобати ба вуҷуд омадани журналистикаи босифат ва риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистон муҳим арзёбӣ кард. Ҳамчунин Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯрои ВАО бо таърихи фаъолияти ин ниҳоди худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ ширкаткунандагонро ошно сохта таъкид намуд, ки ҳар шахси манфиатдор метавонад дар сурати вайрон гардидани меъёрҳои ахлоқӣ ба Шӯро бо аризаи хаттӣ муроҷиат кунад.

Дар поёни ҳамоиш ба иштирокчиён китоби «Шарҳи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ» дар Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои меъёрии байналмилалӣ, Оиннома ва меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад. Муассисони ин созмон Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, АМВАОТ, АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва СМТ мебошанд.

Источник: http://khovar.tj/society/24400-1202amoishi-omzishii-shroi-vao-dar-pan1207akent.html

Абдуқодири Абдуқаҳҳор раиси ТВ «Пойтахт» таъйин гардид

[b]Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, Абдуқодири Абдуқаҳҳорро ба симмати раиси шабаккаи телевизионии «Пойтахт» пазируфтааст. Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар ин мақом Раҳмон Остон, собиқ раиси шабкаи телевизионии «Пойтахт»- ро, ки муддати беш аз даҳ сол раҳбарии онро ба ӯҳда дошт, иваз кард.[/b]

Ин ҳам дар ҳоле, ки Абдуқодирои Абдуқаҳҳор то кунун раиси Радиои Тоҷикистон, мутааллиқ ба Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистонро бар дӯш дошт.

Таъини Абдуқодирои Абдуқаҳҳор ба симмати раиси шабакаи телевизионии «Пойтахт» дар пайи баргузории озмуне барои дарёфти номзад ба ин мақом, ки муддати як моҳ идома дошт, сурат мегирад. Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар миёни 10 нафар аз номзадҳо пирӯз шуда ва аз ин ба баъд раёсати шабакаи телевизионии «Пойтахт» -ро хоҳад дошт. Зимнан, шабакаи телевизионии «Пойтахт» минбари шаҳрдории Душанбе буда, беш аз 15 сол боз фаъол аст. Абдуқодирои Абдуқаҳҳор аз соли 1995 дар вазифаҳои муҳаррир, муовини сармуҳаррири идораи иттилоотии телевизиони Тоҷикистон, муовини сармуҳаррири идораи «Субҳ», сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсии ТВ Тоҷикистон ва аз соли 2006 инҷониб ба ҳайси директори радиои Тоҷикистон кор кардааст. Вай хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, 44 сол дорад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/news/24724906.html