Архив рубрики: Хабарҳо

ВАЗЪИ ИСКАНДАРИ ФИРӯЗ БЕҲТАР ШУДААСТ

[b]Вазъи саломатии Искандари Фирӯз, яке аз хабарнигорони маъруфтарини тоҷик ва хабарнигори бахши форсии Би-би-си, ки 10-уми октябр дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ ҷароҳати сангин бардошта буд, беҳтар шудааст.[/b]

Бинобар иттилои табибони Шӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) ба ТоjNews рӯзи гузашта, 10-уми октябри соли ҷорӣ, ҷарроҳии ҷигари хабарнигор бомуваффақият анҷом ёфта, гардиши хунаш муътадил арзёбӣ мешавад.

Пойҳои ӯ, ки аз се ҷо шикаста буданд, шикастабандӣ шуда, айни ҳол Искандари Фирӯз ба худ омадааст.

Аммо даромадан ба наздаш ҳанӯз мумкин нест. Искандари Фирӯз яке аз хабарнигорони муваффақи Тоҷикистон буда, беш аз 6 сол аст, дар бахши форсии Би-би-си кор мекунад.

Вай шаби 9-уми сентябр бар асари садамаи нақлиётӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуд. Писари хабарнигор, ки мошинро идора мекард, ҷароҳати ҷиддӣ надидааст.

Источник: http://tojnews.org/node/4464

Дархости созмонҳои рӯзноманигорӣ аз вазири кишвари Тоҷикистон

[b]Шуморе аз созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон дар номае ба вазири умури дохилии ин кишвар хостори таҳқиқи мунсифона ва шаффофи парвандаи сонеҳаи Искандари Фирӯз, хабарнигори бахши форсии Би-би-сӣ, шудаанд.[/b]

Дар ин нома, ки баъд аз зуҳри рӯзи панҷшанбеи 11 октябр мунташир шуд, аз вазири кишвар ва раиси пулиси роҳи Тоҷикистон хоста мешавад, ки таҳқиқи ин парвандаро таҳти назорати худ бигиранд.

Ин нома аз сӯйи Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорон, Зинатуллоҳ Исмоилов, раиси Шӯрои расонаҳо, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақил ва Хуршед Ниёзов, раиси «Медия-алянси Тоҷикистон» имзо шудааст.

Дар ин нома омадааст: «Садамаи фоҷиъабори нақлиётӣ, ки дар натиҷаи он рӯзноманигори шинохта, узви Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон, хабарнигори бахши форсии Би-би-сӣ Искандари Фирўз ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҳолати беҳушӣ ба бемористони Қарияи боло интиқол дода шуд, боъиси ташвишу нигаронии ҷомеъаи журнолистии ҷумҳурӣ гардидааст.»

Ҳодисаи тасодуми ду худрав, ки Искандари Фирӯз дар асари он ҷароҳоти сангин бардошта ва дар бемористон бистарӣ шуд, шаби 9 октябр дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, дар наздикии Боғи ваҳши шаҳри Душанбе, рух дод. Вай то кунун дар бахши муроқибатҳои вижаи бемористон аст.

Дар замони ҳодиса Искандар ба ҳамроҳии писараш Ҷавоншер дар хиёбони Исмоили Сомонӣ аз маркази Душанбе ба самти Қарияи боло ҳаракат мекарданд. Вале ба гуфтаи пайвандонашон, онҳо дар наздикии Боғи ваҳш як мошини «Ландкрузер»-ро дидаанд, ки аз масири худ мунҳариф шуда ва бо суръати зиёд ба муқобили онҳо ҳаракат дошт.

Ҷавоншер талош кардааст мошини худро канор бигирад, вале мошине, ки аз муқобил меомад, ба паҳлӯи рости мошини ӯ (ҷое, ки Искандар нишаста буд) бархӯрда ва сипас чанд метри дигар фосиларо дар масири муқобили ҳаракати худ рафта ва суқут кардааст.

Дар ин ҳодиса Ҷавоншер, писари Искандари Фирӯз, низ осеб дида ва ду нафари дигар аз мошини «Ландкрузер» ҷароҳатҳои ҷиддӣ бардошта ва дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Дар номаи созмонҳои рӯзноманигорӣ аз қавли Шуҳратёр, хоҳарзодаи Искандар, омадааст, ки кормандони пулис шабҳангом ронандаи «Ландкрузер»-ро дар ин ҳодиса муқассир донистаанд, вале субҳи дигар назари худро тағйир додаанд.

Раҳбарони созмонҳои рӯзноманигорӣ бо ибрози нигаронӣ аз ин амр менависанд: «Чунин рафти таҳқиқ воқиъан ҳам нигаронкунанда аст, зеро нисбати мунсифона будани таҳқиқот ва муқаррар намудани ҳақиқати ҳол шубҳа эҷод мекунад.»

Дар идома онҳо аз вазири кишвар ва раиси пулиси роҳи Тоҷикистон қотеъона дархост кардаанд, ки имкони расидагии шаффоф ва мунсифона ба ин ҳодисаро таъмин кунанд.

«Созмонҳои журнолистӣ аз Шумо эҳтиромона хоҳиш доранд, ки тафтишоти ҳодисаи мазкурро таҳти назорати шахсии худ қарор дода, ҷиҳати воқеъбинона ва мунсифона муъайян намудани ҷониби гунаҳгор ва ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ ҳамаҷониба мусоъидат намоед.»

Дар ҳамин ҳол, масъулони пулиси роҳ ҳануз натоиҷи таҳқиқи ин ҳодисаро эълом накардаанд. Пештар Шерафган Латифов, сухангӯйи ин ниҳод, гуфта буд, ки сабаби аслии ин ҳодисаро танҳо озмоишҳои фаннӣ муъайян хоҳад кард.

Источник: HTTP://WWW.BBC.CO.UK/TAJIK/NEWS/2012/10/121011_EA_MEDIA_NGOS_ISKANDAR.SHTML

Дархости созмонҳои хабарнигорӣ аз Рамазон Раҳимов

[b]Созмонҳои журналистӣ хостаанд, вазири умури дохилӣ парвандаи садамаи Искандари Фирӯзро шахсан назорат кунад.[/b]

Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон бо ирсоли як номаи дастҷамъӣ ба унвони вазири умури дохилӣ — Рамазон Раҳимов тақозо кардаанд, парвандаи садамаи хабарнигори бахши форсии Би-би-сӣ, Искандари Фирӯз, ки ҷароҳати сангин бардоштааст, мунсифона сурат гирад.

Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, Шӯрои ВАО, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил (НАНСМИТ) ва «Медиа-алянси Тоҷикистон» дар номаи худ навиштаанд, садамаи нақлиётӣ, ки дар натиҷаи он рӯзноманигор Искандари Фирӯз ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҳолати беҳушӣ (кома) ба бемористони Қарияи боло интиқол дода шуд, боиси ташвишу нигаронии ҷомеаи журналистист. Дар муроҷиатномаи ин созмонҳо таъкид шудааст, ки шахсан вазири умури дохилӣ ҷараёни тафтиши ҳодисаи мазкурро таҳти назорат гирифта, барои воқеъбинона муайян намудани ҷониби гунаҳгор ва ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ ҳамаҷониба мусоидат намояд.

Искандари Фирӯз, хабарнигори бахши форсии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон, шоми сешанбе (9 октябр) дар натиҷаи як садамаи автомобилӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷароҳати сангин бардошта дар ҳолати беҳушӣ (кома) ба бемористони Қарияи боло интиқол дода шудааст.

Шуҳратёр, яке аз наздикони Икандари Фирӯз рӯзи 10 октябр дар сӯҳбат бо мо гуфт, Искандар ҳамроҳи писараш Ҷавоншер савори мошини «Тойота Камрӣ» дар хиёбони Исмоили Сомонӣ тарафи Қаряи боло ҳаракат мекарданд, аммо дар наздикиҳои Боғи ҳайвонот як мошини «Ландкрузер» аз самти муқобил бо суръати беш аз 100 километр дар соат, ба мошини онҳо бармехӯрад.

Шуҳратёр мегӯяд, ки пушти фармони «Тойота Камри» писари Искандари Фирӯз, Ҷавоншер менишаст. Тавре пизишкони беморхонаи Қаряиболо ташхис кардаанд, дар натиҷаи ин зарбаи сангин ду пои Искандари Фирӯз аз се ҷой шикаста ҷигараш кафида ва сараш шадидан зарб хӯрдааст. Вазъи Ҷавоншер, ки мошинро идора мекард, беҳтар арзёбӣ мешавад. Ба қавли кормандони Бозрасии автомобилӣ, ҳодисаи мазкур дар ҳоли омӯзиш қарор дорад. Тибқи иттилои расида, мошини «Ландкрузер»-ро Аёмиддин Раҳмиддинов, як сокини шаҳри Душанбе идора мекард.

Аммо Шуҳратёр, додарзодаи Искандар мегӯяд, ки пас аз ин садама ронандаи «Ландкурзер» фирор кардааст ва то ҳол аз ӯ хабаре нест. Ба қавли вай, кормандони БДА шоми дирӯз мегуфтанд, ки ин садама бо айби ронандаи «Ландкурзер» рух додааст, аммо субҳи имрӯз кормандони Бозрасии автомобилӣ протокол тартиб дода, Искандари Фирӯзро гунаҳкор медонанд.

Аммо Шерафкан Латифов, сухангӯи идораи БДА-и шаҳри Душанбе гуфт, ки садамаи мазкур аз тарафи кормандони Бозрасии автомобилии шаҳр мавриди таҳқиқ қарор дорад. Ба гуфтаи вай, ин садама баҳсбарангез аст ва бинобар ҳамин тасмим гирифта шуд, ки барои ташхиси тарафи айбдор, бозрасии фаннӣ анҷом дода шавад. Ӯ афзуд, ки то замони анҷоми бозрасии фаннӣ, наметавон ҳеҷ яке аз тарафҳоро гунаҳкор донист.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки зарби бархӯрди «Ландкрузер» ба «Тойота Камри» ба андозае сахт буд, ки дуввуми комилан корношоям шудааст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24734933.html

Ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҳимов Р. Ҳ.

[b]Нусха: Ба сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов М.Б.[/b]

Садамаи фоҷиабори нақлиётӣ, ки дар натиҷаи он рўзноманигори шинохта, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, хабарнигори бахши форсии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон Искандари Фирўз ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҳолати беҳушӣ (кома) ба бемористони Қарияи боло интиқол дода шуд, боиси изҳори ташвишу нигаронии ҷомеаи журналистии ҷумҳурӣ гардидааст.

Бино ба хабарҳои иттилоотӣ, ҳодисаи мазкур шоми 9-уми октябр дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт рўх додааст. Тафсилоти воқеа ин аст, ки Искандар ҳамроҳи писараш Ҷавоншер савори мошини «Тойота Камри» дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷониби Қарияи боло ҳаракат мекарданд ва дар наздикии БоҒи ҳайвонот бо автомошинаи тамҒаи «Ландкрузер», ки аз самти муқобил бо суръати беш аз 100 километр дар як соат ҳаракат мекард, бархўрд ба амал омад.

Шоҳиди ҳодиса Шуҳратёр, додарзодаи Искандар, мегўяд, ки пас аз ин садама ронандаи «Ландкрузер» фирор кардааст ва то ҳол аз ў хабаре нест. Ба қавли вай, кормандони БДА шоми дирўз, яъне бевосита пас аз садама, эътироф карданд, ки ҳодиса бо айби ронандаи «Ландкрузер» рух додааст, аммо субҳи имрўз онҳо назари худро тағйир дода, мавриди тартиби протоколи рафти ҳодиса, Искандари Фирўзро гунаҳгор медонанд.

Чунин рафти таҳқиқ воқиан ҳам нигаронкунанда аст, зеро нисбати мунсифияти таҳқиқот ва муқаррар намудани ҳақиқати ҳол шубҳа эҷод мекунад.

Бинобар ин, созмонҳои журналистӣ аз Шумо эҳтиромона хоҳиш доранд, ки тафтишоти ҳодисаи мазкурро таҳти назорати шахсии худ қарор дода, ҷиҳати воқеъбинона ва мунсифона муайян намудани ҷониби гунаҳгор ва ба ҷавобгарӣ кашидани ў ҳамаҷониба мусоидат намоед.

[b]Сатторов Акбаралӣ, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон;

Исмоилов Зинатулло, Раиси Шўрои ВАО-и Тоҷикистон;

Қаршибоев Нуриддин, Раиси Ассосиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ниёзов Хуршед, Раиси ТҶ «Медиа-алянси Тоҷикистон»[/b]

Источник:

БАРҚАРОР ШУДАНИ ДАСТРАСӣ БА ТОҶНЮС ВА ЮТУБ

[b]Соати 14:00, 10-уми октябри соли ҷорӣ дубора дар ҳудуди Тоҷикистон ба сомонаи Тоҷнюс дастрасӣ барқарор карда шуд.[/b]

Бино ба иттилои як манбаъ аз Хадамоти алоқаи кишвар, ҳамзамон, Ютуб ва шуморе аз сомонаҳои дигар дар Тоҷикистон, ки чанд вақт боз масдуд шуда буданд, кушода шуданд.

Сомонаҳои маҳдудшуда дубора бо супориши шифоҳии Бег Зуҳуров, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон фаъол гардидаанд.

Имрӯз пас аз нисфирӯзӣ Бег Зуҳуров ба интернет-провайдерҳои кишвар дастур додааст, ки маҳдудияти дастрасӣ ба сомонаҳои Тоҷнюс ва Ютубро бекор кунанд..

Ин ҳам дар ҳоле, ки дар ҷараёни ҳодисаҳои Хоруғ сомонаи ҷаҳонии Ютуб дар Тоҷикистон баста шуда, шоми 8-уми сентябр, соати 19:40, аввал, бо смс-и муовини сардори Хадамоти мазкур ва баъдан, бо мактуби расмии Хадамот дастрасӣ ба сомонаи Ожонси иттилоотии «Тоҷнюс» тавассути хизматрасонии бархе аз интернет-провайдерҳо маҳдуд шуд буд.

Дар шарҳи ин хабар, масъулини Созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ», ки муассиси Тоҷнюс мебошад, гуфтанд, «аз ин гуна ранг гирифтани кор, ки далели волоияти қонун дар Тоҷикистон аст, шод ҳастем».

Источник: http://tojnews.org/node/4443

Гуфтугӯи президенти УЕФА бо хабарнигорони тоҷик

[b]Гуфтугӯи Мишел Платинӣ, раиси UEFA (Иттиҳоди созмонҳои футболи Аврупо) бо хабарнигорон дар Душанбе анҷом шуд.[/b]

Имрӯз, 11-уми октябр, дар шаҳри Душанбе, дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency” нишасти матбуотӣ бо ширкати Мишел Платинӣ, раиси UEFA (Иттиҳоди созмонҳои футболи Аврупо) баргузор гардид. Дар ин нишаст Мишел Платинӣ бо ҳамроҳонаш, раҳбарони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва хабарнигрони дохиливу хориҷӣ иштирок доштанд.

Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар оғози нишаст гуфт, “хеле хушнудам, ки Шумо, ҷаноби Платинӣ, ба кишвари мо ташриф овардед ва умедворам, ки ин сафари Шумо ба Тоҷикистон охирин нахоҳад буд.”

Мишел Платинӣ дар оғоз аз номи худ ва ҳамроҳонаш ба мизбонон барои пазироии хуш изҳори сипос карда, гуфт, “барои аввалин бор ба Тоҷикистон омадам ва ин бароям ифтихори бузург аст. Мақсади сафари мо посух ба даъвати Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад. Инчунин мехоҳем бифаҳмем, ки УЕФА чӣ гуна метавонад ба рушди футболи тоҷик кӯмак кунад. Албатта, мо наметавонем, ки ҳама чизро иҷро кунем, вале мекӯшем, ки дар ҳалли баъзе масъалаҳо ба футболи тоҷик кӯмак намоем. Ин сафари мо сафари дӯстист ва кӯмак кардан ба футболи тоҷик мебошад.

Ҷаноби Платинӣ баъдан аз бардоштҳои худ аз Тоҷикистон сӯҳбат карда, ба суолҳои хабарнигорон посух дод. Дар охири нишаст хабарнигорон барои хотира бо Мишел Платинӣ аксбардорӣ карданд. Пас аз анҷоми нишасти хабарӣ Мишел Платинӣ ба ҳар як футболбози навраси тоҷик, ки барои истиқболи ӯ омада буданд, тӯби футбол бо соядасташро туҳфа кард.

Ёдовар мешавем, Мишел Платиниро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омадааст, дирӯз, 10-уми октябр, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт. Дар ин мулоқот вазъи кунунию дурнамои футболи тоҷик ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ бо УЕФА ва созмонҳои вобаста ба футболи кишварҳои Аврупо баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз маҳбубияти баланд ва рушди батадриҷи футбол дар Тоҷикистон ҳикоят карда, иҳори боварӣ намуд, ки дар ояндаи наздик ин намуди варзиш дар кишвари мо оммавияти боз ҳам бештар пайдо мекунад ва футболбозони тоҷик ба қуллаҳои баланди мусобиқоти бонуфузи он дастёб мешаванд.

Гуфтугӯи судманд доир ба бунёди иншооти муосири варзишӣ, тарғиби оммавияти тарзи ҳаёти солим, омодасозии футболбозони наврас, такмили ҳунари онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар, ташкил намудани бозию мусобиқаҳои шавқовари минтақавӣ ва дигар роҳҳои рушди футбол дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа сурат гирифт.

Дар ҷараёни ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ва Мишел Платинӣ ҳавасмандии амиқи худро ба густариши ҳамкорӣ доир ба рушди футбол таъкид намуданд.

Собиқ футболбози машҳури мунтахаби Фаронса Мишел Платинӣ ба ҳайси раҳбари футболи Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар кардааст. Меҳмонон, ки бо ҳавопаймои худ аз Бишкек ба Душанбе омаданд, имрӯз пеш аз зӯҳр озими Тошканд шуданд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24735847.html

Хабарнигори Би-би-сӣ дар садамаи нақлиётӣ ҷароҳат бардошт

[b]Хабарнигори шабакаи Би-би-сӣ Искандари Фирӯз дар Душанбе ҳамроҳ бо писараш дучори як садама шудааст.[/b]

Искандари Фирӯз, хабарнигори бахши форсии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон, шоми сешанбе дар натиҷаи як садамаи автомобилӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷароҳати сангин бардошта дар ҳолати беҳушӣ (кома) ба бемористони Қарияи боло интиқол дода шудааст.

Шуҳратёр, яке аз наздикони Икандари Фирӯз гуфт, ки Искандар ҳамроҳи писараш Ҷавоншер савори мошини «Тойота Камрӣ» дар хиёбони Исмоили Сомонӣ тарафи Қаряи боло ҳаракат мекарданд, аммо дар наздикиҳои Боғи ҳайвонот як мошини «Ландкрузер» аз самти муқобил бо суръати беш аз 100 километр дар соат, ба мошини онҳо бармехӯрад.

Шуҳратёр мегӯяд, ки пушти фармони «Тойота Камри» писари Искандари Фирӯз, Ҷавоншер менишаст. Тавре пизишкони беморхонаи Қаряиболо ташхис кардаанд, дар натиҷаи ин зарбаи сангин ду пои Искандари Фирӯз аз се ҷой шикаста ҷигараш кафида ва сараш шадидан зарб хӯрдааст. Вазъи Ҷавоншер, ки мошинро идора мекард, беҳтар арзёбӣ мешавад. Ба қавли кормандони Бозрасии автомобилӣ, ҳодисаи мазкур дар ҳоли омӯзиш қарор дорад. Тибқи иттилои расида, мошини «Ландкрузер»-ро Аёмиддин Раҳмиддинов, як сокини шаҳри Душанбе идора мекард.

Аммо Шуҳратёр, додарзодаи Искандар мегӯяд, ки пас аз ин садама ронандаи «Ландкурзер» фирор кардааст ва то ҳол аз ӯ хабаре нест. Ба қавли вай, кормандони БДА шоми дирӯз мегуфтанд, ки ин садама бо айби ронандаи «Ландкурзер» рух додааст, аммо субҳи имрӯз кормандони Бозрасии автомобилӣ протокол тартиб дода, Искандари Фирӯзро гунаҳкор медонанд.

Аммо Шерафкан Латифов, сухангӯи идораи БДА-и шаҳри Душанбе гуфт, ки садамаи мазкур аз тарафи кормандони Бозрасии автомобилии шаҳр мавриди таҳқиқ қарор дорад. Ба гуфтаи вай, ин садама баҳсбарангез аст ва бинобар ҳамин тасмим гирифта шуд, ки барои ташхиси тарафи айбдор, бозрасии фаннӣ анҷом дода шавад. Ӯ афзуд, ки то замони анҷоми бозрасии фаннӣ, наметавон ҳеҷ яке аз тарафҳоро гунаҳкор донист.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки зарби бархӯрди «Ландкрузер» ба «Тойота Камри» ба андозае сахт буд, ки дуввуми комилан корношоям шудааст.

Источник: HTTP://WWW.OZODI.ORG/CONTENT/ARTICLE/24734933.HTML

БА ЖУРНАЛИСТОНИ ҶАВОН АХЛОҚИ КАСБӣ МЕОМӯЗОНАНД

[b]Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар» Саидэҳсони Солеҳ).-Дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия мубоҳисаи кушоди устодону донишҷўёни бахши журналистикаи факултаи филология бо аъзои Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон доир гардид.[/b]

Зиннатулло Исмоилов, раиси Шўрои ВАО-и Тоҷикистон гуфт, мақсади асосии ин ҷаласа худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ мебошад. Аъзои шўро Иброҳим Усмонов ва Мухтор Боқизода ҷиҳати риояи одоби касбӣ дар нигоштаҳои журналистон изҳори назар карда, ба журналистони оянда дар мавриди меъёрҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ маълумоти муфассал пешниҳод карданд. Дар навбати худ устодону донишҷўён андешаҳояшонро роҷеъ ба нигоштаҳои воситаҳои ахбори омма баён намуда, ба суолҳои худ перомуни меъёрҳои касбиву ахлоқӣ посух гирифтанд.

Дар поёни ҷамъомад ба донишҷӯёну устодон адабиёт роҷеъ ба механизми худтанзимкунӣ, аз ҷумла шарҳи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон тақдим гардид.

Дар ин бора аз дастгоҳи иҷроияи Шӯрои ВАО –и Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Источник: http://khovar.tj/society/24514-ba-zhurnalistoni-1207avon-ahlo1179i-kasb1251-meom1263zonand.html

ШӯРОИ ВАО ДАР БАДАХШОН

[b]Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ)- Имрӯз мулоқоти навбатии Шӯрои ВАО-и ҶТ дар маркази маъмурии ВМКБ баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ Ховар аз дастгоҳи иҷроияи Шўрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Тибқи иттилои расида дар чорабинӣ дабири кулли Шурои ВАО Хилватшоҳи Маҳмуд ва аъзои Шӯро Қурбон Аламшоев ва Мухтор Боқизода ширкат доштанд.[/b]

Дар аввал аъзои Шӯро ва иштирокчиёни семинарро намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии вилоят Сабоҳат Донаёрова, сармутахассиси бахши иттилооти дастгоҳи иҷроияи раиси ҳукумати вилоят ба ҳузур пазируфта баъдан дар бораи ҳадафи ин семинар сухан кард.

Маврид ба зикр аст, ки дар ин нишаст ҳудуди беш аз 35 нафар аз ҷумла, донишҷӯён устодон, кормандони мақомоти ҳокимияти маҳаллии вилоят, шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон ширкат ва суханронӣ доштанд. Зимни нишаст дар мавриди «Меъёрҳои ахлоқии журналистӣ ва фаъолияти касбии журналистӣ» ва дар атрофии масоили ба он вобаста суҳбати судманд сурат гирифт, ки дар он иштирокчиён назари худро иброз доштанд. Дар нишаст изҳори нигаронӣ карда шуд, ки дар бархе аз матбуоти даврии марказии ҶТ, ба арзишҳои динӣ ва мазҳабӣ арҷ гузошта намешавад ё ки бе эҳтиромӣ зоҳир мешавад, ки ин хилофи моддаи 5 ва 9 «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мебошад.

Иштирокчиён аз Шӯрои ВАО-и ҶТ даъват карданд, ки дар ҳалли ин масоил бетараф набошанд ва ба ин мушкилот расидагӣ кунанд. Ёдрас мекунем, ки ин чорабинӣ дар идораи ҳукумати шаҳри Хоруғ сурат пазируфта, дидору мулоқоти аъзои Шӯрои ВАО аз ВМКБ идома дорад.

Источник: http://khovar.tj/society/24527-sh1263roi-vao-dar-badahshon.html

100 рӯзи муборизаи хабарнигорон барои озодии Тоҷнет

[b]Созмонҳои рӯзноманигорӣ ҷиҳати мубориза бо масдуд шудани торнамоҳо иқдоми «100 рӯз барои озодии Тоҷнет» роҳандозӣ намуданд.[/b]

«Волоияти ҳуқуқи шаҳрвандон бояд баробар бо волоияти қонун бошад» ,-таъкид мекунанд, ташаббускорони маъракаи «100 рӯз барои озодии Тоҷнет».

Тибқи иттилои созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ» дар 9 моҳи соли ҷорӣ рӯйхати торнамоҳои масдудшуда дар қаламрави Тоҷикистон ба 50 расидааст, ки дар байни онҳо хабаргузориҳои миллӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва тафреҳӣ ба мушоҳида мерасанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ, иброз дошт, ки танҳо дар моҳҳои июл-августи соли ҷорӣ хадамоти мониторинги ин созмон масдуд шудани фаъолияти 15 торнамо (сайт)-ро сабт кардааст. «Пеш аз ҳама, манзурамон масдуд шудани як зумра сайтҳо дар фазои Тоҷнет аст, ки бидуни қарори додгоҳ ё баррасии пешазсудӣ аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ва масъулини дигар маҳдуд карда шудаанд. Ин имконияти дастрасиро ба сарчашмаҳои алтернативии ахбор маҳдуд мекунад ва ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро поймол месозад»,-афзуд ӯ.

Мунтазам аз дӯст ба душмани интернет табдил ёфтани Тоҷикистон дар ҷаласаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Варшава низ дар ҳафтаи гузашта мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Хилватшоҳи Маҳмуд, дабири кулли Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, ки дар ин ҷаласа ширкат дошт, ин амалро нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон медонад. Ба гуфтаи ӯ, дар қиёс ба дигар давлатҳои минтақа ин масъала дар Тоҷикистон доғтар мегардад: «Дар Қазоқистон ва Қирғизистон ҳеҷ як расона ҳатто сабти ном намешавад ва муҷаввиз (литсензия) намегирад. Агар фаъолияташ дар чаҳорчӯбаи қонун бошад, фаъолият кардан мегирад ва ҳеҷ як ниҳод барои бастани онҳо ҳақ надорад ва ин корро ҳам намекунад. Аммо дар Туркманистону Узбакистон ва инак дар Тоҷикистон, ки як кишвари дӯсти интернет маҳсуб мегардид, ин падидаи номатлуб ҳам ба миён омадааст.»

Бо ҳадафи расидагӣ ба ин мушкил ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукумат ба мушкилоти озодии баён дар интернет созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон, муассисон ва сардабирони расонаҳо иқдомеро зери номи «100 рӯз барои озодии Тоҷнет» роҳандозӣ намуданд. Саймуддин Дӯстов, яке аз ташаббускорони ин иқдом ва муассиси торнамои Тоҷнюс мегӯяд, «фикр мекунам, ин иқдом сабаби он мегардад, ки фарҳанги муносибати маъмури бозор — Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба Тоҷнет дигар хоҳад шуд. Ҳамчунин, нафароне, ки дар сатҳи ҳукумат, мансабдорони зирабт инчунин муносибати худро ба ин муҳит дигар хоҳанд кард. Барои мо муҳим аст, ки волоияти қонун дар ин бахши ҳаёти ҷамъиятӣ таъмин бошад.»

Нозирони умур ин иқдомро барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба мушкилоти марбут ба масдуд кардани сайтҳо дар Тоҷикистон муҳим медонанд. Аммо Асомиддин Атоев, раиси Академияи иттилоот ва коммуникатсия, бар ин назар аст, ки он ба тағйир хӯрдани мавқеи Хадамоти алоқа таъсире нахоҳад дошт. Ҳарчанд ба таъкиди ҷаноби Атоев ин гуна иқдоми ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар маҷмӯъ, барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба ин гуна мушкилоти озодии баён бетаъсир нахоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, муддати ду рӯзи охир ҳудуди 60 тан ҷонибдории худро ба иқдоми «100 рӯз барои озодии Тоҷнет» аз тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук баён доштаанд. Ҳамзамон беш аз 400 нафари дигар тавассути Фейсбук ба ин иқдом даъват шудаанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24728552.html