Архив рубрики: Хабарҳо

Семинори сухангӯёни муассисоти давлатӣ ва хабарнигорон дар Душанбе

[b]Дар шаҳри Душанбе барои боло бурдани сатҳи ҳамкориҳо миёни сухангӯёни расмии давлатӣ ва рӯзноманигон як семинори омӯзишӣ доир шуд.[/b]

Ин семинори дурӯза бар асоси тарҳи вижаи Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикимстон дар ҳамкорӣ бо Вазорати умури хориҷа дар маркази иттилоъотии ин вазорат баргузор шудааст.

Созмони мавсум ба Ҳимояти Байналмилалӣ аз Расонаҳо (International media support) ҳазинаи ин тарҳро пардохтааст. Дар ин нишаст раҳбарони бархе аз расонаҳои давлатӣ ва мустиқилли Тоҷикистон низ ширкат кардаанд.

Дар ин семинори омӯзишӣ беш аз 30 корманди дафотири матбӯъотии вазоратхонаҳо ва кумитаҳои давлатӣ роҳҳои беҳтар кардани ҳамкориҳо бо расонаҳо барои ироаи иттилоъоти саҳеҳ ба рӯзноманигоронро омӯхтаанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақил, рӯзи ҷумъаи 28 сентябр дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки дар рӯзи дуввуми ин ҳамоиш, ҳуқуқшиносон ва масъулони бархе аз расонаҳо пешниҳодҳои мушаххасеро барои беҳбуди ҳамкориҳои мақомот бо расонаҳо дар заминаи дарёфти иттилоъоти дақиқ ироа кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар меҳвари барномаи омӯзишии ин семинор тақвияти ҳамкориҳо бо расонаҳо ва таҳлили шароити ҳуқуқӣ ва ахлоқии дастрасӣ ба иттилоъот қарор дошт.

Оқои Қаршибоев гуфт: «Дар семинори омӯзишӣ ҳам кормандони собиқадор ва ҳам ҷавонони муассисаҳои давлатӣ ширкат доштанд. Яке дигар аз аҳдофи баргузории ин нишаст, омӯзиши низоми ваколатдор кардан ва низоми кор бо расонаҳои хабарӣ ба ширкаткунандагон буд, ки дар оянда онҳо тавонанд дар ниҳодҳои хеш ин таҷрубаро роҳандозӣ кунанд.»

Дар ҳоле ки бисёре аз рӯзноманигорон ва масъулони расонаҳои мутақил аз мушкилоти дарёфти иттилоъоти дақиқ аз ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон шикоят мекунанд, оқои Қаршибоев гуфт, ки дар нишасти дурӯзаи омӯзишӣ намояндагони ин ниҳодҳо низ ширкат доштанд.

Вай афзуд, ки бавижа ду ҳодисаи ахир дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳаводиси Бадахшон дар моҳи июл ва оташсӯзии бозори «Корвон» дар аввали моҳи сентябр ҳокӣ аз он буд, ки мушкилоти дастрасӣ ба иттилоъот, бахусус аз муассисаҳои давлатӣ вуҷуд дошт.

Бисёре аз соҳибназарон ин давраи омӯзишӣ барои сухангӯёни дафотири матбӯъотии ниҳодҳои давлатиро барои ҳамкориҳои ояндаи онҳо бо хабарнигорон муфид арзёбӣ мекунанд.

Аммо иддае аз ҳуқуқдонҳо бо ишора ба ҳаводиси бархӯрди номатлуби кормандони интизомӣ ва амниятӣ бо хабарнигорон, мегӯянд, ки як давраи омӯзишии ҷудогона барои кормандони амниятӣ ва пулис барои эҳтиром ба озодии баён кумак мекунад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2012/09/120928_zkh_massmedia_official_information.shtml

БА КОТИБОНИ МАТБУОТӣ ҲАМКОРӣ БО ВАО-РО ОМӯХТАНД

[b]Тайи ду рӯз аст, ки дар Душанбе маҳфили омӯзишӣ барои котибони матбуоти мақомоти давлатӣ идома дорад.[/b]

Нуриддин Қаршибоев, раиси Ассотсиатсияи миллии расонаҳои хабарии мустақил, аз ҷумлаи созмондиҳандагони маҳфили мазкур, баён дошт, ки беҳтар намудани дастрасии Васоити ахбори умум ба манбаъҳои расмии иттилоот ва рушди ҳамкории самарабахши марказҳои матбуотии сохторҳои ҳукуматӣ ва ВАО аз ҳадафи аслии ин тадбири таълимӣ аст.

Давлат Назрӣ, сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва банақшагирии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, тарзи ба қайд гирифтани воситаҳои ахбори хориҷӣ ва дастёбии онҳо ба иттилоотро ба ҳозирон фаҳмонд. Ӯ гуфт, воситаҳои ахбори миллӣ бояд кормандони хосаи худро дар назди ин ё он вазорат ба қайд гиранд ва ҳамкориро вусъат бахшанд.

Ҳолатҳое мешавад, ки барои як хабар аз як идора ду-се нафар муроҷиат мекунанд, котиби матбуот намедонад, ки кадоме аз онҳо хабарнигор ҳастанд.

Яъне ба сатҳи ҳирфаӣ ба роҳ мондани фаъолияти маркази матбуот ва ВАО зарур ва имконпазир аст,- гуфт Давлат Назрӣ.

Источник: http://tojnews.org/node/4272
http://orxwu3tfo5zs433sm4.cameleo.ru/2jmj7l5rSw0yVb-vlWAYkK-YBwk=bm9k

Телевизиюнҳои давлатии Тоҷикистон рақобатпазир нестанд

[b]Сохтор, мизони маблағгузорӣ ва тарзи ироаи хабар дар шабакаҳои телевизиюни давлатии Тоҷикистон шабеҳи даврони шӯравии пешин аст.[/b]

Дар маҳфили «Ҳамкории иҷтимоъӣ»-и Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон дар рӯзи панҷшанбеи 27 сентябр, дар бораи сатҳи фаъъолият ва вазъи шабакаҳои телевизиюни давлатии Тоҷикистон чунин натиҷагирӣ шуд.

Саймуддин Дӯстов, раиси Сандуқи «ИНДЭМ» ва муассиси нашрияи «Нигоҳ», гуфт, ки шабакаҳои расмии телевизиюни Тоҷикистон рақиб надоранд, аз сӯйи давлат идора мешаванд ва дар пахши хабарҳо мустақил нестанд.

Ба гуфтаи оқои Дӯстов, додани муҷаввиз ба шабакаҳои телевизиюнӣ низ дар инҳисори давлати Тоҷикистон буда ва дарёфти муҷаввизи фаъъолият барои шабакаҳои мустақил душвор аст.

Зимнан, бо вуҷуди муҷаҳҳаз будан бо таҷҳизоти мудерни фаннӣ шабакаи мустақилли телевизиюнии «Asia-Plus» дар муддати чанд сол натавонистааст муҷаввизи фаъъолият дарёфт кунад.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишони зерин дар сомонаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=211]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=211[/url]

Источник:

Худоҳофизӣ бо телевизорҳои кӯҳна, «диҷитал» дар мекӯбад!

[b]Мумкин аст, ба зудӣ 80 дарсади сокинони Тоҷикистон аз тамошои телевизионҳои маҳаллӣ маҳрум шаванд.[/b]

Гузариш ба пахши рақамии намоишҳои телевизионӣ сокинони Тоҷикистонро маҷбур хоҳад кард, аз баҳри телевизорҳои оддии хеш бароянд ё ҳадди ақал дастгоҳи махсуси қабули мавҷ харидорӣ кунанд. Ин харҷест байни 70 то 500 доллари амрикоӣ, ки барои аксари хонаводаҳо гаронӣ хоҳад кард.

Ивар Вики, сафири САҲА (ОБСЕ) дар Тоҷикистон гуфт, пажӯҳише дар ин замина нишон дода, ки 97 дарсади хонаводаҳои тоҷик телевизор доранд ва 80 дарсади аҳолӣ тамошобини фаъоли барномаҳои телевизиониянд. Аммо 67 дарсади сокинон ба ғайр аз тамошои 6 шабакаи маҳаллӣ дигар интихоб надоштаанд. Сафири САҲА мегӯяд, баъд аз соли 2015-ум, вақте ки Тоҷикистон чун ҳама кишварҳои дунё пурра ба пахши рақамӣ мегузарад, ин рақамҳо метавонанд ба таври назаррас тағйир ёбанд.

Гузариш ба пахши рақамӣ ба ҳар як сокини кишвар дахл хоҳад кард ва аз ин рӯ барои ин давраи гузариш бояд ҳама омода бошанд»,-гуфт сафири САҲА. Вай илова кард, «агар фанноварии нав нодуруст роҳандозӣ шавад, бисёре аз экранҳои телевизорҳои сокинони Тоҷикистон торик гардида, шумори аъзами онҳоро аз тамошои барномаҳои телевизион дар шакли нав маҳрум мекунад. Аз ин рӯ, миллион тамошобини тоҷик бояд огоҳ ва онҳо бовар карда шаванд, ки каме маблағ сарф карда телевизори нав ё мавҷқабулкунандаи рақамӣ харидорӣ кунанд.»

Бисёре аз созмонҳои ҷамъиятӣ мегӯянд, барои омодагӣ ба телевизиони рақамӣ, бояд қабл аз дигарон бозор ва бозоргонҳо омода шаванд ва маҳсулотеро ворид намоянд, ки боиси фиреб ва саргардонии мардум нашавад. Шаҳло Акобирова, раҳбари созмони ҷамъиятии «Хома», мегӯяд, «масъалаи муҳим он аст, ки кадом намуди чунин асбобҳои мавҷқабулкунанда ворид мешавад. Дар Чин беш аз 40 коргоҳест, ки ба истеҳсоли ин дастгоҳ машғуланд. Муҳим аст, ки онҳо ба стандартҳои фаннии ширкати дастраскунандаи мавҷи рақамии Тоҷикистон мувофиқат кунанд.»

Ин баҳсу баррасиҳо ва таъкидҳову пешбиниҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки бахши умдаи тамошобини тоҷик мегӯянд, ҳоло ки шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон на дар ҳама кунҷу канори кишвар пахш мешаванд, пас гуфтан душвор нест, ки баъд аз ҷорӣ шудани телевизиони рақамӣ вазъият чигуна хоҳад шуд. Бархе ҳам чандон нигарон нестанд ва мегӯянд, барои тамошои чаҳор шабакаи телевизиони маҳаллӣ, ки барномаҳои ҷолиб надоранд, маблағи иловагӣ сарф нахоҳанд кард. Онҳо бовар доранд, ки барномаҳои дилгиркунанда якҷоя бо ин таҳаввулоти техникӣ мардумро умуман аз телевизион дур хоҳад кард.

«Бе ин ҳам барномаҳои телевизион такрори барномаҳои телевизионҳои дигар ва якранганд. Боз ҳамеша консерт нишон медиҳанд. Консертро ман аз DVD ҳам тамошо мекунам»,-мегӯяд як хонуми ҷавон, ки худро Мунира муаррифӣ кард.

Коршиносон мегӯянд, дар сурати нодуруст амалӣ шудани стратегияи гузариш ба пахши рақамӣ хатари дар халои иттилотӣ қарор гирифтани аҳолӣ ба вуҷуд меояд ва ин дар навбати худ ба амнияти иттилоотӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Коршинос Асомиддин Атоев гуфт, сокинон бо истифода аз имконоти телевизорҳои нав ва ё қаблукунакҳои мавҷи рақамӣ, метавонанд зиндагиашонро роҳаттар намоянд: «Онҳо метавонанд, интихоб кунанд шабакаҳоеро ки мехоҳанд тамошо кунанд. Яъне шумори шабакаҳо зиёд мешавад. Баъдан вобаста ба вақт, агар Шумо серкор бошед, метавонед дар мавҷқабулкунак барномаи дилхоҳатонро сабт кунед ва бегоҳ онро баҳузур тамошо кунед. Телевизор ба як компютер табдил меёбад.»
Дар давраи аввали гузариш ба пахши рақамӣ ҷамъияти саҳомии кушодаи «Телерадиоком» барои пахши барномаҳои «Шабакаи аввал», «Сафина», «Баҳористон», «Ҷаҳоннамо» фиристандаи пахши рақамиро дар саросари навоҳии кишвар насб мекунад. Хуршед Ҳабибов, муовини аввали директори генералии «Телерадиоком», гуфт, дар шакли рақамӣ барномаҳои телевизион тавассути дастгоҳи вижа, ки «Мултиплекс» ном дорад ва аз имкони ғунҷоиши 16 шабакаи телевизионӣ бархӯрдор аст, пахш мешаванд. Феълан ба ин асбоб 4 шабакаи телевизиони давлатӣ ва 6 шабакаи хориҷӣ ба таври санҷишӣ ворид шудааст. Ба гуфти Хуршед Ҳабибов телевизионҳо ба ин асбоб дар асоси шартнома ва бо пардохти маблағи муайян, ки нагуфт чӣ қадар аст, пайваст мешаванд.

Дар Тоҷикистон 57 канали телевизион ва радио амал мекунад, ки аз он 18-тояш давлатӣ аст. Фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон мегӯянд, аз байн бардоштани муҷаввиз барои истеҳсоли маводи аудио ва визуалӣ метавонад, рақобатро дар бозор гармтар ва зиндагии сокинонро рангинтар созад. Вале он ҳам дар ҳоле ки мардум битавонад харҷи гарони табдили телевизионҳои худ ё хариди дастгоҳи махсусро бардорад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24721895.html

«Мизони корбарони интернет беш аз он аст, ки СММ мегӯяд»

[b]Асомиддин Атоев, раиси Академияи технологияҳои иттилоотӣ ва мухобиротии Тоҷикистон натиҷаи гузориши СММ доир ба дастарасии аҳолии Тоҷикистон ба интернетро нодуруст арзёбӣ кард.[/b]

Асомиддин Атоев рӯзи сешанбеи 25-уми сентябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки Созмони Милали Мутаҳҳид гузориши худро бар асоси рақамҳои Иттиҳодиия байналмилии алоқа (МСЭ) таҳия кардааст, ки ба ҳақиқат дуруст намеояд.

Асомиддин Атоев мегӯяд, ки дар таърихи 27-уми июли солди 2012 Хадамоти алоқаи Тоҷикистон маълумоти расмӣ пешниҳод карда буд, ки мувофиқ ба он, корбарони интернет ва афроде, ки ақалан як маротиба дар рӯз вориди интернет мешаванд, беш аз ду миллион нафар нишон дода буд. Яъне ба қавли Асомиддин Атоев, феълан ҳудуди 30 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ дорад.

Ҷаноби Атоев меафзояд, ки соли 2010 дар Душанбе дар ин замина як таҳқиқоте сурат гирифта буд, ки мувофиқ ба он ҳудуди 2 миллион аҳолии Тоҷикистон ба интернет сару кор доранд.

Созмони Милали Мутаҳид дар як гузориши таҳқиқотии худ, ки 24-уми сентябр ба нашр расонидааст, мизони корбарони интернет дар кишварҳои ҷаҳонро нишон додааст.

Миёни кишварҳои Осиёи Миёна дар Узбакистон 30, 2 дарсади аҳолӣ ба интернет дастрасӣ доштаанд ва корбарони интернет дар Қирғизистон ба 20 дарсад баробар мебошад. Дар Тоҷикистон 13 дарсад ва дар Туркманистон 5 дарсад ба интернет сару кор доштаанд.

Исландия бо 95 дарсади фарогирии корбарони интернет дар ҷаҳон дар ҷои аввал буда, Олмон бо 83 дарсад дар ҷои дуввум ва Иёлоти Мутаҳидаи Амрико бо 77,9 дарсад дар мақоми севвум қарор доранд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24719398.html

Ҳукуматҳо озодии баён дар Интернетро «таъқиб мекунанд»

[b]Freedom House ё Хонаи Озодӣ поёнтарин баҳои озодии баён дар Интернетро ба Эрону Куба ва Чину Сурия додааст.[/b]

Ҳамла ба озодиии Интернет дар саросари ҷаҳон дар ҳоли афзоиш буда, давлатҳои таъқибгар дар ин амр рӯз то рӯз аз васоили мураккабтар истифода мебаранд. Чунин аст хулосаи асосии гузориши солонаи “Озодӣ дар Интернет 2012”, ки созмони амрикоии Хонаи Озодӣ ё Freedom House рӯзи 24-уми сентябр нашр кард.

Санҷа Келлӣ, раҳбари таҳқиқоти нави Хонаи Озодӣ мегӯяд, давлатҳои таъқибгар акнун бар иловаи шеваҳои “суннатӣ”-е, чун филтр ё масдуд кардани матолиби нохушоянд ё ба зиндон кашондани фаъолони маъруфи Интернет, ба шеваҳои навтари таъқибу фишор даст мезананд. Хонум Келлӣ аз ҷумла афзоиши мавридҳои “дасткории фаъолонаи мӯҳтавои матолиби Интернет ва назорати ғайриқонунӣ”-ро таъкид мекунад. Аз 47 кишвари таҳқиқшуда чаҳорякаш блогнависони маошхӯрро барои беобрӯ кардани мухолифин, нашри иттилооти дурӯғ ва ҳимоят аз хатти машши давлатҳо истифода мебурдаанд. Хонаи Озодӣ мегӯяд, Русияву Чин дар ин авохир истифода аз чунин шеваро кам карданд, вале Беларусу Украинаву Эрон ва кишварҳои дигар -баръакс.

Гузориш мегӯяд, ҳамлаҳои сайберӣ ба мунтақидони давлатҳо ва масхараву беобрӯ кардани фаъолони Интернет хеле фарогиртар шуда, аз Бирма то Баҳрайн, аз Қазоқистон то Сурия ва аз Зимбабве то Узбакистон — ҳама давлатҳо аз ин роҳу шева кор мегиранд. “Озодӣ дар Интернет 2012” аз нақшаи эҳтимолии ҳизби ҳокими Русияи воҳиди раиси ин ҷумҳурӣ Владимир Путин ҳам ёдовар шуда, ки бино ба гузоришҳои матбуоти Русия, барои хунсо кардани блогнависи мухолиф Алексей Навалний гӯиё 300 000 доллар ҷудо кардааст.

Санҷа Келлӣ мегӯяд, ҳарчанд Интернет дар Русия як муҳити нисбатан озодтар шинохта мешуд, мақомоти ин кишвар дар посух ба мавҷи ахири эътирозҳо, ки аксараш тавассути Интернет даъват мешуд, ҳамлаҳо ба ин шабакаро афзоиш дода, фаъолонро аз паёмадҳои нашри матлабҳои интиқодӣ дар Интернет тарс медиҳанд. Хонаи Озодӣ маҳдудиятҳои эъмолшуда дар роҳи ҳифзи сирри ҳуввият дар Қазоқистону Сурия ва Арабистони Саудиро аз шеваҳои дигари тақвияти назорат бар Интернет ном бурда, меафзояд, аз 47 кишвари мавриди таҳқиқ қариб нисфаш дар ин муддат қонунҳое тасвиб кардаанд, ки озодии баён дар Интернетро маҳдудтар мекунад.

Гузориш ҳамчунин аз афзоиши мавридҳои ҳамлаҳои ҷисмонӣ ва ҳатто ҳалокати блогнависону журналистони интернетӣ сар карда аз Осиёи Марказӣ то ба Ховари Миёна изҳори нигаронӣ кардааст. Ба сурати умум, Хонаи Озодӣ поёнтарин баҳои озодии баён дар Интернетро ба Эрону Куба ва Чину Сурия дода, кишварҳое, чун Узбакистону Беларус ва Покистон дар радифи давлатҳои “ноозод” ҷо гирифтаанд. Озарбойҷону Русия дар байни кишварҳоеянд, ки вазъи озодиашон дар Интернет шояд дар моҳҳои наздик бадтар шавад. Бо ин ҳол, Freedom House Эстония ва Амрикову Олмонро кишварҳои дар Интернет озодтарин ном бурдааст.

Тоҷикистон дар гузориши солонаи Freedom House арзёбӣ нашудааст, вале ба бовари таҳлилгарон, бо он силсилаи “сайтбандон”-е, ки дар соли 2011-ум ва соли ҷорӣ аз сӯи Хадамоти алоқа ва раисаш Бег Зуҳуров алайҳи торнамоҳо мушоҳида шуд, Душанбе ба эҳтимоли ғолиб дар шумори давлатҳои таъқибгар қарор мегирифт.

Хадамоти алоқа танҳо баъд аз оғози нооромиҳои Бадахшон барои қариб ду моҳ сайти “Азия-Плюс”-ро масдуд кард. Дар он рӯзҳо дастрасӣ ба сомонаҳои “Озодагон” ва Би-Би-Сӣ низ дар Тоҷикистон маҳдуд шуда буд. Дар моҳи сентябр “Тоҷнюс” низ аз маҳдуд шудани дастрасӣ ба сомонааш дар сегменти Тоҷнет изҳори нигаронӣ кард. Бег Зуҳуров ҳамин тавр, ду моҳ пеш аз азмаш барои таъсиси як гурӯҳи вижа хабар дода буд, ки мебоист дар Интернет шарҳнависони беимзо ва мунтақидро “шикор” мекарданд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24718012.html

«Ҳукумат моро ба оғӯши мухолифон тела медиҳад»

[b]Масъулони торнамои «Тоҷнюс» мегӯянд, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бидуни кадом огоҳӣ саҳфаи онҳоро бастааст.[/b]

Раёсати созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ», ки муассиси торнамои «Тоҷнюс» аст, рӯзи 20-уми сентябр бо пахши як баёния аз маҳдуд шудани дастрасӣ ба ин саҳфа нигаронӣ карда, онро хилофи Қонуни асосии кишвар донист. Масъулони ин торнамо мегӯянд, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бидуни кадом огоҳӣ саҳфаи интернетии онҳоро бастааст.

Саймиддин Дӯстов, раиси созмони «ИНДЕМ», ба Радиои Озодӣ гуфт, шурӯъ аз 8-уми сетнябри соли ҷорӣ бо дастури Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дастрасӣ ба торнамои «Тоҷнюс» дар бахши тоҷикии Интернет ё Тоҷнет маҳдуд гардидааст. Ҷаноби Дӯстов мегӯяд, бо иттилое, ки дастрас кардааст, ин дастур аввал тариқи «СМС» ё паёмак ва баъд дар як номаи расмӣ аз тарафи Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқа, ба ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет расидааст.

Масъули «ИНДЕМ» дар сӯҳбат бо мо аз он изҳори таассуф кард, ки ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет, ба гуфтаи ӯ, «ин дастури ғайриконститутсионии Хадамоти алоқаро» пуштибонӣ карда, домени «Тоҷнюс»-ро масдуд сохтаанд.

«Мо иқдоми мазкурро хилофи талаботи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои соҳавӣ дониста, онро поймол намудани ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон барои дастрасӣ ба иттилооти мустақил, озодии баён ва гуногунандешӣ, эҷоди монеа барои амалӣ намудани фаъолиятҳои касбии журналистӣ ва дар кул хатар ба амнияти иттилоотии кишвар арзёбӣ менамоем»,-таъкид шудааст дар баёния.

Раҳбари созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ» дар баёнияи худ ин амали Хадамоти алоқаро ҳадафмандона медонад, ки ба бовари ӯ расонаи онҳоро ба оғӯши мухолифони ҳукумати феълӣ дар арафаи интихоботи президенти Тоҷикистон тела медиҳад.

Дар поёни ин баёния зикр шудааст, ки созмони «ИНДЕМ» мунтазири шарҳи вазъи ба амаломада аз тарафи Хадамоти алоқа ва ширкатҳои дастракунандаи интернет дар Тоҷикистон мебошад.

Тайи ду моҳи ахир бо дастури Хадамоти алоқаи Тоҷикистон чанде аз торнамоҳои дохиливу хориҷи кишвар, аз ҷумла «Азия-Плюс», Би-би-сӣ, РИА Новости, Ютюб, дастнорас шуда, бархеи онҳо дубора фаъол шуданд. Ин иқдом пас аз шурӯи амалиёти низомии нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ рӯи даст гирифта шуд.

Масъулони торнамои «Азия-Плюс», ҳоло дастрасӣ ба он барқарор шудааст, мегӯянд, дар тӯли ин муддат онҳо як гурӯҳ аз хонандагон ва ҳамчунин рекламадиҳандагони худро аз даст додаанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24714308.html

ИНДЕМ аз давлат хостори тавзеҳ дар бораи масдудияти сойтҳо шуд

[b]Созмони иҷтимоъии «ИНДЕМ» аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ба мардуми ин кишвар иллати масдудияти сойти хабаргузории «Тоҷнюз»-ро тавзеҳ бидиҳанд.[/b]

Ин созмон рӯзи панҷшанбеи 20 сентябр бо интишори баёнияе Идораи умури иртиботот ва ширкатҳои фароҳамгари интернет дар Тоҷикистонро ба нақзи қонуни асосӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, аз ҷумла ҳаққи мардум ба дарёфти иттилоъот ва озодии баён, муттаҳам кард.

Тибқи ин баёния, талошҳои масъулони «ИНДЕМ» барои мушаххас кардани иллати масдудияти сойти хабаргузории «Тоҷнюз», вобаста ба ин созмон, бенатиҷа будааст.

Дар баёния омадааст, ки сойти «Тоҷнюз» дар чорчӯби қавонини Тоҷикистону ва ахлоқи рӯзноманигорӣ ва ба хотири ҳифзи манофеъи миллӣ фаъъолият мекунад.

Масъулони созмони «ИНДЕМ» аз мақомоти Тоҷикистон хостори тавзеҳоти расмӣ ва арзёбии ҳуқуқии ин иқдом шуда ва гуфтаанд, ки мақомоти Идораи иртиботот, фароҳамгарони интернет ва ширкатҳои телефуни ҳамроҳ бояд расман далели ин амалро шарҳ бидиҳанд.

Дар пайи нооромӣ дар Бадахшон дастрасӣ ба шуморе аз сойтҳои хабарӣ, аз ҷумла сойтҳои хабаргузориҳои «Тоҷнюз», «Аsia-plus», «Сентразия», дар Тоҷикистон масдуд шудааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/09/120920_mm_website_tojnews.shtml

Муроҷиати созмонҳои хабарнигорӣ ба Додситонии кул

[b]Созмонҳои журналистии Тоҷикистон ба Додситонии кул дар мавриди нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон дар рӯзи тазоҳуроти осебдидагони сӯхтори бозори «Корвон» дар Душанбе муроҷиат кардаанд. Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, тарҳи муроҷиат ба додситонӣ омода аст ва бо дарёфти имзои созмонҳои дигари рӯзноманигорӣ ва имзои журналистоне, ки ҳангоми эътирози тоҷирони «Корвон» таъқиб шудаанд, барои баррасӣ ба Додситонӣ пешниҳод карда хоҳад шуд.[/b]

Ба қавли ҷаноби Қаршибоев, қабл аз тасмими муроҷиат ба Додситонӣ, дар як нишаст намояндагони созмонҳо ва доираҳои журналистии Тоҷикистон ҷамъ омада ва ба хотири ин ки минбаъд кормандони интизомӣ дар ҳодисаҳои назири сӯхтори «Корвон» ба хабарнигорон маҳдудият эҷод нашавад, ба ҷазо кашида шаванд. Дар рӯзи эътирози тоҷирон ва фурӯшандаҳои бозори «Корвон» дар хиёбони Саъдии Шерозӣ Саймиддин Дӯстов, раиси созмони «ИНДЕМ» ва муассиси ҳафтаномаи «Нигоҳ» беш аз се соат аз тарафи кормандони милиса боздошт ва бо журналистони дигар бархӯрди хашин шудааст.

Хабарнигорони Би-би-сӣ низ гуфтанд, ки дар назди корхонаи нассоҷии шаҳри Душанбе бархе аз кормандони амниятӣ ва пулис бо онҳо низ бадрафторӣ кардаанд.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/tajik_domestic_news/20120920/538/16058.html?id=24714034

Бег Зуҳуров: «Азия-Плюс» аз паи ҳаргуна танқид наравад»

[b]Пас аз ду моҳи маҳдудияти дастрасӣ, торнамои «Азия-Плюс» дубора бо нишонии News.TJ боз шуд. Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, бо дастури ӯ торнамои «Азия-Плюс» фаъол шудааст.[/b]

Аммо ҷаноби Зуҳуров афзуд, «акнун вақти он аст, ки ин торнамо бамаънӣ бошад ва аз пайи ҳаргуна танқидҳои ноҷо наравад.» Дар ҳамин ҳол, Зебо Тоҷибоева, мудири иҷроияи Оҷонси хабарии «Азия-Плюс» гуфт, аз тариқи провайдери Телеком Технолоҷӣ боз шудани ин сомона имконпазир шудааст, вале ҳанӯз аз Хадамоти алоқаи Тоҷикистон номаи расмӣ аз ифтитоҳи сомона ба онҳо нарасидааст.

Аз шоми 23-юми июли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи “Азия-Плюс” масдуд карда шуд. Дар ин замина раиси Хадамоти алоқаи кишвар ба расонаҳо гуфта буд, масдуд шудани сомонаи мазкур мушкили фаннист, на чизе дигар.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/tajik_domestic_news/20120920/538/16058.html?id=24714419