Архив рубрики: Хабарҳо

CPJ:Афзоиши бесобиқаи хабарнигорони зиндонӣ дар ҷаҳон

[b]Имсол теъдоди бесобиқаи хабарнигорон аз озодӣ маҳрум карда шудаанд – ба иттилои CPJ -Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, мақараш дар Ню-Йорк, соли равон барои фаъолияти касбӣ 232 хабарнигор равонаи зиндон шудааст, ки назар ба як соли пеш 50 нафар бештар аст. Гузориши нави Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон дар ин бора ахиран нашр шуд. Ин гузоришҳо аз соли 1990 ба ин сӯ таҳия мешаванд.[/b]

Бар пояи иттилои CPJ, теъдоди хабарнигорони боздошт ва зиндонишуда аз ҳама бештар – 49 нафар дар Туркия аст. Дар Эрон 45 хабарнигор, дар Чин 32 корманди расонаи хабарӣ, ки бештари онҳо ӯйғур ё тибетиянд, дар чаҳордекори маҳбас ба сар мебаранд. Миёни кишварҳои шӯравии собиқ Озарбойҷон “рекордсмен” аст – дар ин кишвар 9 рӯзноманигор аз озодӣ маҳрум карда шудааст.

Хабарнигорон бештар бо иттиҳоми «терроризм» ва «хиёнат ба давлат» аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20121211/538/538.html?id=24795037

ҚОНУНИ ВАО ДАР ТАРҲИ НАВ ҚАБУЛ ХОҲАД ГАШТ

[b]Шўрои Маҷлиси намояндагон дар ҷаласае, ки рўзи 10 декабр таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров –раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат доир гардид, се лоиҳаи қонуни конститутсиониро баррасӣ намуд.[/b]

Инҳо лоиҳаҳои қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» мебошанд.

Аз Хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аъзои Шўро ҳамзамон лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ», «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012», «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ», «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи ветеранҳо», «Дар бораи металҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», «Дар бораи кооперативҳо», «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ»-ро муҳокима намуданд.

Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Убайдулло Давлатов, Амирқул Азимов, Сафаралӣ Раҷабов, Олим Салимзода ва дигар аъзои Шўро доир ба аҳамият ва муҳтавои масъалаҳои мазкур ибрози назар намуданд.

АМИТ «Ховар»

Источник: http://khovar.tj/society/25641-1178onuni-vao-dar-tar1203i-nav-1179abul-ho1203ad-gasht.html

Изҳороти Вакили олӣ Кэтрин Эштон аз номи Иттиҳоди Аврупо ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон аз 10 декабри соли 2012

[b]Имрӯз, 10 декабри соли 2012, рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад. Ҳимояи ҳуқуқи инсон, демократия ва волоияти қонун мавзӯъҳои умумиянд, ки дар тамоми фаъолияти сиёсати хориҷиамон мавҷуданд.[/b]

Дар замони ҳозира, соли рафтаистодаро ба ёд оварда, натоиҷи фаъолияти самараноки ИА-ро дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҷамъбаст менамоем. ИА дурнамои ҳуқуқи инсонро бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва мутобиқати сиёсати ИА оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи тамоми фаъолияти худ қабул кард. Бори нахустин аст, ки Вакили махсуси ИА оид ба масоили ҳуқуқи инсон (ҷаноб Ставрос Ламбринидис), бо мақсади мусоидати ҳуқуқи инсон тариқи муколама бо намояндагони давлатҳои рӯ ба тарақӣ, ва инчунин ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ, таъин карда шуд. ИА ҳамчунин ҷоизаи сулҳи Нобел дар октябри соли 2012 ба аломати эътирофи талошҳояш дар соҳаи оштии баъдиҷангӣ, демократия ва дастгирии ҳуқуқи инсон, ки ба вусъат додани минтақаи сулҳу субот дар қитъа мусоидат намуд, сазовор шуд. Мантиқист, ки тақдими ин ҷоизаи барҷаста ба рӯзи баҷашнгирии ҳуқуқи инсон рост меояд.

Соли ҷорӣ мавзӯи Рӯзи ҳуқуқи инсон ин ҳамроҳ шудан ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва додани ҳуқуқи иштирок дар он мебошад. Мавзӯи мазкур махсусан муҳим аст дар партави раванди гузариш ба демократия, ки мо шоҳиди онро дар солҳои охир мебошем. Дар баъзе аз давлатҳои ҳамсояи ИА, ба мисли Тунис, Ливия ва Миср интихоботи демократии соли гузашта бо мувафаққият ташкил ва гузаронда кардашуда ба бисьёре аз шаҳрвандон нахустин бор овоздиҳии кушод ва иштирок дар ҳаллу фасли масалаҳое, ки ба ояндаи онҳо алоқаманданд, имконият дод. Чунин рағбат ба демократӣ кунондани ҷамъият инчунин дар дигар манотиқ ошкор аст.

Баъд аз даҳсолаҳои чазоҳои дохилӣ, дар Бирма/Мянма билохира тағьироти пуртаъсир рӯй медиҳад. Дар Сомали, мо қабули Конституцияи навро писандидем ва интихобот дар Серра Леоне чанде пеш рӯйдода дар вазъияти осоишта баргузор гардид.

Аммо дар пеш кори зиёде истодааст, барои дастгирии онҳое, ки баҳри тарафдории арзишҳои асоснок ва ба умеди рӯзҳои нек барои худ ва насли оянда ҳаёти худро ба хатар андохтаанд. Баргузории интихобот дар роҳи демократияи устувортар шуда, ки дар асоси ӯ тақвияти ҳуқуқи инсон имконпазир мебошад, фаққат аввалин қадам шумурда мешаваду халос. Ҳуқуқҳо дар ҷамъият бояд тавассути қонун, ва инчунин тариқи таҷрибаи ҳаррӯза, мустаҳкам карда шаванд. ИА хуб дарк мекунад, ки ҳукуматҳои гуногун барои таҳкими маҳдудиятҳо болои фаъолияти қонунии ташкилотҳои ғайридавлатӣ саъю кушиши навро андешидаанд — махсусан, аммо на танҳо болои фаъолияти ононе, ки маблағро аз хориҷа дарьёфт мекунанд. ИА саршори эҳсоси ҷасорат аст, ки дар оянда ҳам барои кори муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ кӯмак расонад. Бо чунин мақсад, Фонди Аврупоӣ барои демократия, ҳамчун мисоли изҳори махсуси тарафдории ИА баҳри демократия дар Минтақа ва берун аз он, таъсис ёфт.

Мо боварӣ дорем, ки ҳар як шахс дар риояи ҳуқуқи худ дар иштироки баробар озод бошад. Занон ва ҷавонон дар ҷунбишҳои демократӣ мавқеи муҳимтарин доштанд ва сарчашмаи илҳом барои мардумон дар саросари ҷаҳон буданд, ки мо шоҳиди он дар давоми соли ҷорӣ будем. Шахсони маъюб, мисли пешина, дар вақти истифода бурдани ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ ба монеаҳо дучор мешаванд, ва дар хусуси онҳо чора андешидан лозим аст то ин, ки монеаҳои мазкур бартараф карда шаванд. ИА кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ин ки ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо дар саросари ҷаҳон тавассути ташкилотҳои бисерҷониба ва байналмилалӣ дар рӯҳи мушорикати аслӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, барои дастгирии давлатҳои демократии навтаъсис ва андешидани чорабиниҳои муносиб бо мақсади он, ки ҳуқуқи ҳамроҳ шудан ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва иштирок дар он барои ҳар кадом шахс амри воқеӣ гардад.

Источник: Press and Information Officer, Delegation of the European Union to Tajikistan

«Таъхири баҳси қонуни ВАО, ба интихоботи 2013 рабте надорад»

[b]Тарҳи Қонун дар бораи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон беш аз ду сол аст, ки мавриди баррасии маҳофили рӯзноманигорон ва ниҳодҳои давлатӣ қарор дорад.[/b]

Қарор буд ин лоиҳа моҳи ноябр ба Шӯрои Маҷлиси Намояндагон ҷиҳати арзёбӣ ва пешниҳод барои муҳокима ба парлумон фиристода шавад. Аммо пешниҳоди он боз ҳам ба таъхир афтодааст.

Тарҳи нави қонуни матбуот дар ду соли пеш аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода ва Акрамшо Филолиев таҳия ва ҷиҳати беҳтар ва хубтар омода шудани он, як гурӯҳи кории иборат аз рӯзноманигорон ва мутахассисон ташкил ва ба ин кор ҷалб шуда буданд. Тарҳи мазкур чанд навбат дар маҳофили журналистӣ баррасӣ ва мулоҳизоти хабарнигорон роҷеъ ба он гирифта шудааст. Аммо ба сабабҳои номаълум қабули он дар парлумон то кунун ба дарозо мекашад.

Дар як сӯҳбат Олим Салимзода, раиси Кумитаи умури байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ва яке аз муаллифони тарҳи мазкур дар ибтидо ба ин пурсиш, ки чаро қабули он ба ин кундӣ ва кашолкорӣ пеш меравад, гуфт:

Идомаи маводро бо пахш кардани нишони зерин дар сомонаи мо мутолиа кунед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=214]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=214[/url]

Источник:

Пулти телевизиюн дасти мардум аст, ба ҳар коноле хоҳанд, «раъй” медиҳанд

[b]Агар барномаҳои як шабакаи телевизиюнӣ мутанаввеъ ва ҷаззоб набошанд, воқеъиятҳо, эҳсосоту авотиф ва манофеъи гурӯҳҳо ва ақшори мухталифи ҷомеъа дар он бозтоб наёбанд, бинанда ба дунболи манобеъи дигари иттилоърасонӣ хоҳад рафт.[/b]

Ин вазъият гоҳо боъис мешавад, ки ақшору гурӯҳҳои ба ҳошия рондашуда ва маҳрум аз ахбору иттилоъот, аз ҷумла ҷавонон ва табақоти нодору камбизоъат, ба манобеъе рӯй оваранд, ки афкори ифротгароёна ва музир барои ҷомеъаро таблиғ мекунанд.

Ин матлаб рӯзи ҷумъаи 7 декабр дар ҷаласае, ки Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати хориҷаи Бритониё дар Душанбе баргузор кард, матраҳ шуд.

Идомаи маводро бо пахш кардани нишони зерин дар сомонаи мо мутолиа кунед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=213]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=213[/url]

Источник:

Баҳси таъсиси телевизиони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон

[b]Имрӯз зимни як нишаст дар шаҳри Душанбе, зарурати таъсиси телевизиони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон, мавриди баҳс қарор мегирад.[/b]

Намояндагони шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон, коршиносони шабакаи Би-би-сӣ ва расонаҳои дигари электронии кишвар, рӯзи ҷумъа дар бинои Маркази Исмоилия, ба баррасии масъалаи зарурати таъсиси телевизиони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон, оғоз намуданд.

Ба қавли иштирокдорон, зимни ин ҳамоиш, бо намояндагони шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон роҳҳои истифодаи барномаҳо ва намоишҳои алоҳида дар чаҳорчӯби талаботи телевизиони ҷамъиятӣ дар шабкаҳои телевизиони Тоҷикистонро, мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои электронии Тоҷикистон ба парлумони кишвар пешниҳод кардаанд, ки ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни радио ва телевизион, банди махсус дар мавриди таъсиси телевизони ҷамъиятӣ дар кишварро ворид намояд.

Бо вуҷуди он, ки дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, ба вижа дар Қирғизистон телевизиони ҷамъиятӣ фаъол мебошад, ин барои нахустин бор аст, ки дар Тоҷикистон ин мавзуъ мавриди баҳс қарор мегирад. Дар ҳоли ҳозир дар Русия заминаҳои фаннӣ ва қонунии таъсиси телевизиони ҷамъиятӣ, омода шудааст.

Телевизиони ҷамъиятӣ комилан як телевизони мустақил буда, барномаҳои он бидуни фармоиш ва ё амри кадом ҷониб, аз ҷумла мақомоти давлатӣ ва ё ниҳоди дигар, омода ва пахш мешавад.

Телевизони ҷамъиятӣ ҳамчун минбари озод ва шаффофе дар ҷомеа хоҳад буд, ки дар он афкори гуруҳҳои мухталифи сиёсӣ, намояндагони аҳзоб, ходимони давлат ва ба сурати умум намояндагони ҳама ақшори ҷомеаи кишвар инъикос хоҳад ёфт.

Таъсиси телевизиони ҷамъиятӣ ба вижа барои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, муҳим хонда мешавад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24791706.html

МАҚОМИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ҶАМЪИЯТӣ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

[b]Бо ибтикори Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон ва дастгирии шӯъбаи байналмилалии ҳамкории Би – Би – Си 7 декабр дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Мақоми телевизиони ҷамъиятӣ дар рушди гузоришҳои мухталиф ва барномаҳои ҷолиб дар шароити интернет» баргузор мегардад.[/b]

Дар кори мизи мудаввар сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ Давлаталӣ Назриев, муовини сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Марк Оудгам, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев, ҳамчунин коршиноси бахши васоити ахбори оммаи шӯъбаи байналмилалии ҳамкории Би – Би — Си Марек Бекерман иштирок менамоянд.

Дар ҷараёни ин чорабинӣ вазифаҳои васоити ахбори оммаи давлатию ҷамъиятӣ дар замони интернет, ҳамчунин гузариш аз пахши ахбори давлатӣ ба ахбори ҷамъиятӣ ва тамобюлҳои рушди сиёсати таҳририи шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон муҳокима мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Источник: http://khovar.tj/society/25604-ma1179omi-televizioni-1207amiyat1251-dar-sharoiti-muosir.html

Бори андоз барои матбуоти тоҷик бештар мешавад

[b]Созмонҳои журналистии Тоҷикистон аз муқаррароти Кодекси нави андоз, ки бори бори андозро барои расонаҳо бештар мекунад, изҳори нигаронӣ намуданд.[/b]

[b]Нуриддин Қаршибоев[/b], раиси Анҷумани расонаҳои мутақили Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамаи созмонҳои журналиситии кишвар аз Кодекси нави андоз, ки бори андозро болои ВАО бештар мекунад, нигаронанад ва дар назар доранд, ки дар як номаи дастаҷамъӣ аз Кумитаи андоз дархост кунанд, то ба бандҳои Кодекс таҷдиди назар карда шавад.

Мутобиқи Кодекси нави андози Тоҷикистон, ки аз моҳи январи соли 2013 мавриди иҷро қарор мегирад, нашрияҳо бар иловаи молиёти мавҷуда, ӯҳдадоранд, андозҳои иловагиро пардохт намоянд.

[b]Ёқуби Саидзод[/b], рӯзноманигори тоҷик, мегӯяд, ки бар иловаи андозҳои дигаре, ки идораҳои нашрияҳо мепардозанд боз андоз аз даромади иловагӣ ба вазъи иқтисодии рӯзномаҳо, маоши кормандон таъсири манфӣ мерасонад.

Ба қавли Ёқуби Саидзод масъулони ҳафтаномаҳо аз соли нав ба он тараф маҷбур мешаванд, ки барои муътадил нигоҳ доштани вазъи молии худ нархи рӯзномаҳоро боло баранд.

Зимнан дар ҳамоиши созмонҳои журналистӣ ва дабирони нашрияҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар мавриди Кодекси нави андоз, ки дар он пардохти андози иловагӣ ҳатмӣ зикр гардидааст, изҳори ташвиш карда шуд.

[b]Завқибек Сиддиқов[/b], намояндаи Кумитаи андоз, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ таъйид кард, ки дар Кодекси андози ҷории кишвар барои матбуот имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд, ки дар Кодекси нав аз 1-уми январи соли 2013 бардошта шудаанд.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20121130/538/538.html?id=24785667

ИЗҲОРОТ ОИД БА ДАСТРАСӢ БА ШАБАКАИ ФЕЙСБУК, СОМОНАИРАДИОИ ОЗОДӢ ВА ДИГАР СОМОНАҲОИ ХАБАРӢ

Душанбе, Тоҷикистон, 30 ноябри соли 2012. – Баста шудани шабакаи Фейсбук, сомонаи Радиои Озодӣ ва дигар сомонаҳои хабарӣ аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон боиси нигаронии Сафорати ИМА мебошад. Иёлоти Муттаҳида боварӣ дорад, ки ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд дар озодона иброз намудани фикри худ, хоҳ дар майдони оммавӣ ва хоҳ дар шабакаи интернетӣ умумибашарист.

Мо аз Ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш мекунем, ки ҳуқуқи озодона иброз намудани ҳар шаҳрвандро эҳтиром кунад ва маҳдудиятҳоро аз шабакаи Фейсбук, сомонаи Радиои Озодӣ ва дигар сомонаҳои хабарӣ бекор намояд.

Источник: Сафорати ИМА дар Тоҷикистон.

Барои навсозии «Шарқи Озод» беш аз 11 миллион евро пешбинӣ шудааст

[b]Лоиҳаи навсозии комплекси табъу нашри «Шарқи Озод» мавриди баррасӣ қарор гирифт.[/b]

Аз Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба Озодагон иттилоъ доданд, ки ин лоиҳа рӯзи 29-уми ноябр зимни вохӯрии Давлаталӣ Саидов, раиси кумита бо Др Бернд, директори депортаменти маблағгузориҳои содиротии «Ландес Бонк» матраҳ карда шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, баррасии лоиҳаи навсозии Комплекси табъу нашри «Шарқи Озод» бо мақсади харидории таҷҳизотҳои замонавӣ барои тайёр намудани ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъидошта ва кортҳои пластикӣ ба маблағи 11,4 миллион евро пешбинӣ гардидааст.

Источник: http://www.ozodagon.com/khabarho/tojikiston/7132—l-r-11-