Архив рубрики: Хабарҳо

“Одобномаи шаҳрванди ҷомеъаи иттилоъотӣ” таҳия мешавад

Созмонҳои фароҳамкунандагони Интернет ва ниҳодҳои хабарнигорӣ тасмим гирифтанд, ба манзури “худтанзимкунӣ дар истифодаи интернет” “Одобномаи шаҳрванди ҷомеъаи иттилоъотӣ” таҳия шавад. Читать далее “Одобномаи шаҳрванди ҷомеъаи иттилоъотӣ” таҳия мешавад →

Нишасти васеи хабарии Путин оғоз шуд

[b]Нишасти бузурги хабарии Владимир Путин, ба ҳайси раисиҷумҳури Русия баъди 5 соли танаффус аз нав барпо шуда, айни ҳол идома дорад.[/b]

Дар ин нишаст зиёда аз 1000 рӯзноманигори Русия ва ҳудуди 200 хабарнигори хориҷӣ иштирок мекунанд ва дар назар аст, ки ҳудуди 2.5 соат идома хоҳад кард.

Кремл эълон доштааст, ки тақрибан доираи саволҳоро медонанд ва рӯзноманигорон бештар аз Путин дар бораи фасод пурсон хоҳанд шуд.

Бори охир нишасти васеи хабарии Путин зимистони соли 2008-ум гузаронда шуда, 4 соату 40 дақиқа давом кард, ки нишондоди бесобиқа ба шумор меравад. Барои нишасти ҷории Путин шабакаҳои телевизионӣ 3 соати эфирро ҷудо кардаанд.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20121220/538/538.html?id=24803978

Ҳизби наҳзати исломӣ хостори таъсиси телевизиони худ аст

[b]Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ҳуҷҷат барои ташкили як телевизион ва радиои ҳизбиро ба мақомоти тоҷик супурдааст.[/b]

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 19-уми декабр эълом кард, ки ҳуҷҷат ё санади зарурӣ барои ташкили як телевизион ва радиои ҳизбиро ба Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон пешниҳод кардааст.

Воҳидхон Қосиддинов, раҳбари дастгоҳи ҲНИТ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо рӯзи сешанбеи 18-уми декабр ариза ва дигар ҳуҷҷатҳоро барои сабтиноми телевизиони ҳизбӣ дар ихтиёри Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон гузоштаанд. Ба қавли Қосиддинов, ӯ дар Кумитаи давлатии радио ва телевизони ҷумҳурӣ бо муовини аввали раҳбари ин кумита — Саидалии Сиддиқ мулоқот ва дар бораи масъалаи дарёфти иҷозатнома суҳбат намудааст.

Раҳбари дастгоҳи ҲНИТ меафзояд, онҳо дар канори студияи телевизион студияи радиои ҳизбиро низ роҳандозӣ хоҳанд кард. Ба гуфтаи Воҳидхон Қосиддинов, ҲНИТ барои таъсиси студияи радио ва телевизион тамоми тамоми васоили фаннӣ (техникӣ)-ро дорад ва дар сурати дарёфти иҷозатномаи Комиссияи Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ, ин студияҳо ба фаъолият шуруъ хоҳанд кард.

Ин талоши нахустини як ҳизби сиёсӣ ва он ҳам мухолиф барои ташкили телевизион ва радиои ҳизбист. Дар чанд соли охир Комиссияи муҷаввиздиҳии Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ танҳо ба телевизиони СМТ — Симои мустақили Тоҷикистон дар пойтахти кишвар иҷозатнома додааст. Созмонҳои хабарнигорӣ мегӯянд, ҳарчанд барои дарёфти муҷаввиз барои фаъолияти телевизиони мустақил бисёриҳо талош доранд, вале ҳосиле надоштаанд.

Аммо дар тӯли се соли охир ин кумита барои чанд радиои мустақил, аз ҷумла дар минтақаҳои кишвар, иҷозатнома додааст, ки онҳо бештар барномаҳои фарҳангӣ пешниҳод мекунанд. Дар Тоҷикистон ҳамагӣ чаҳор шабакаи телевизонии ҷумҳуриявӣ фаъол аст, ки ҳамаи онҳо марбут ба Кумитаи радио ва телевизони Тоҷикистонанд. Ин шабакаҳо бештар фаъолияти ҳукумат ва раисиҷумҳурро ба намоиш мегузоранд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/islamic-revival-party-of-tajikistan-and-tv/24802756.html

Акбаралӣ Сатторзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мегӯяд, нигаронии нашрияҳо аз афзоиши андоз, то ҷое беасос будааст.

[b]Акбаралӣ Сатторзода рӯзи 14-уми декабр, баъди мулоқот бо намояндагони Кумитаи андози Тоҷикистон, ба мо гуфт, ки андоз аз нашрияҳо ба гунае, ки рӯзномаҳо навишта буданд, афзоиш нахоҳад ёфт.[/b]

Сатторзода афзуд, ки тавре намояндагони Кумитаи андоз шарҳ доданд, сар аз соли оянда, баъд аз он, ки дар кишвар Кодекси нав мавриди амал қарор мегирад, дар фаъолияти нашрияҳо низ баъзе сабукиҳо ба вуҷуд хоҳад омад.

Оқои Сатторзода гуфт, дар нимаи дуввуми рӯзи ҷумъа Кумитаи андози Тоҷикистон гурӯҳи рӯзноманигоронро ба суҳбат дар бораи тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Тоҷикистон даъват карда, моддаҳо ва банду фаслҳое, ки ба фаъолияти ВАО дахл доранд, шарҳ додааст.

Ахиран нашрияҳои Тоҷикистон навишта буданд, ки бар асоси Кодекси нав, сар аз моҳи январи соли оянда, расонаҳои чопии ин кишвар муваззафанд дар қатори навъҳои дигари молиёт, дар ҳаҷми 18 дарсад андоз аз арзиши изофашударо бисупоранд.

Масъулини расонаҳо ва созмонҳои рӯзноманигорӣ таъкид карда буданд, ки чунин талабот, нашрия ва маҷаллаҳои Тоҷикистонро, ки тираж ва ё теъдоди зиёд надоранд, варшикаста ва аз бозори матбуот берун хоҳад кард.

Аммо Рустам Ҷабборов, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, дар мулоқот бо рӯзноманигорон ин навиштаи расонаҳои кишварро беасос хонда, гуфтааст, ки баръакс, аз рӯи андоз аз арзиши иловашуда дар Кодекси нав, сабукиҳо пешбинӣ шудаанд.

Ӯ изҳор доштааст, ки сар аз соли оянда андоз аз арзиши иловашударо он ширкату идораҳое месупоранд, ки ҳаҷми гардиши солонаашон аз 500 ҳазор сомонӣ зиёдтар аст. Дар ҳоле, ки гардиши молии солонаи аксари нашрияҳо аз ин камтар аст, онҳо ин намуди андозро пардохт нахоҳанд кард.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон наздики чаҳорсад нашрия ва маҷалла ба чоп мерасанд, ки бархе аз онҳо вобаста ба давлат ва қисмате ҳам ғайридавлатӣ буда, теъдоди нашрашон аз 1 то 15 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

«Озодӣ»

Источник: http://www.ruzgor.tj/matbuot/9039.html

Нигоҳи дигар аз чашмаки дурбини Муҳиддин Олимпур

[b]Намоишгоҳи аксҳои хабарнигор ва аккоси зиндаёд, Муҳиддин Олимпур, дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд.[/b]

Имрӯз, 13-уми декабр, дар солрӯзи қатли хабарнигор ва аккоси зиндаёд Муҳиддин Олимпур намоишгоҳи аксҳои ӯ дар толори «Мино»-и пойтахт ифтитоҳ ёфт. Дар ин намишгоҳ сафирони Озарбойҷону Фаронса, Муҳиддин Кабирӣ — раҳбари ҲНИТ ва аккосони тоҷику хориҷӣ иштирок карданд.

Ҳамза Камол, раиси Конуни байналмилии «Олимпур», гуфт, ин намоишгоҳ бо кумаки молии Бунёди Сорос баргузор ва дар он ҳудуди 40 акс аз бойгонии Муҳиддин Олимпур ба намоиш гузошта шудааст. Ба қавли созмондиҳандагони ин намоишгоҳ, бархе аз ин аксҳои Олимпур фурӯхта хоҳанд шуд.

Ҳамза Камол мегӯяд, ин аксҳо бештар манзараҳои мухталифи табиати Тоҷикистонро дар бар гирифта, мазмуни фарҳангӣ доранд, вале то кунун дар ҳеҷ маҷалла ё рузномаву намоишгоҳҳо нашр нашудаанд.

Муҳиддин Олимпур, ки хабарнигори бахши форсии Радиои Би-би-си дар Тоҷикистон буд, 13-уми декабри соли 1995 дар шаҳри Душанбе аз тарафи афроди мусаллаҳ ба қатл расид. Баъдтар чанд нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иттиҳоми даст доштан дар қатли ин хабарнигори тоҷик муҳокима ва зиндонӣ шуданд.

Пас аз марги Муҳиддин Олимпур то кунун ҳудуди 7 намоишгоҳи аксҳои ӯ таҳти унвони «Гулдухтарони тоҷик», «Афғонистон аз нигоҳи дӯст» ва «Пирмардон» дар Душанбе баргузор карда шудааст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/muhiddin-olimpur-photos/24797223.html

Тасвиби қонуни ҷадиди матбӯъот ва расонаҳо дар Тоҷикистон

[b]Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон тарҳи қонуни ҷадиде дар бораи матбӯъот ва расонаҳо дар ин кишварро ба тасвиб расонд.[/b]

Ин тарҳ, ки «Қонуни матбӯъоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» унвон дорад, аз сӯйи Олим Салимзода ва Акрамшоҳ Фелалиев, аъзои Маҷлиси Намояндагон, таҳия ва дар моҳи марти соли 2010 барои баррасӣ ба порлумон пешниҳод шуда буд.

Тайи ду соли гузашта ин тарҳ дар маҳофили мухталифе бо ширкати рӯзноманигорон, масъулони расонаҳо ва созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи хабарнигорон ва озодии баён, намояндагони ҷомеъаи маданӣ ва созмонҳои байналмилалӣ 18 маротиба баррасӣ шудааст.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишони зерин дар сомонаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=215]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=215[/url]

Источник:

Кори хабарнигорони тоҷик осон шуд?

[b]Мақомоти давлатӣ ва масъулони дигар ниҳодҳо дар Тоҷикистон ҳамакнун муваззафанд дар давоми се рӯз ба пурсиши васоити ахбори оммаи ин кишвар посух диҳанд.[/b]

Ин меъёр яке аз нукоти муҳим дар тарҳи қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»-и Тоҷикистон аст, ки дар ҷаласаи парлумони ин кишвар рӯзи чаҳоршанбеи 12—уми декабр пазируфта шуд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишони зерин дар сомонаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=216]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=216[/url]

Источник:

МУРОФИАИ СУДӢ НИСБАТ БА САДАМАИ ЖУРНАЛИСТ БА ТАЪХИР АФТОД

[b]Мурофиаи судӣ, ки нисбати айбдоршавандаи садама бо иштироки Искандари Фирӯз, рӯзноманигори тоҷик, ки қарор буд, имрӯз баргузор гардад, ба рӯзҳои номаълум ба таъхир афтод.[/b]

Дар ин бора ба TojNews Наталя Шарипова, вакили дифои тозатаъиншудаи рӯзноманигор, иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, бинобар ҳузур надоштани Давлатов Исмоил, судяи суди ноҳияи Сино, дар маҳалли корӣ баргузории мурофиа ба таъхир уфтодааст.

Ёдовар мешавем, Искандари Фирўз, журналисти маъруфи тоҷик, 9-уми октябри соли 2012 бар асари садамаи нақлиётӣ ҷароҳатҳои зиёд бардошта, як моҳ дар ҳоли беҳушӣ, дар Маркази миллии тиббии «Қарияи Боло» бистарӣ буд.

Табибон мегӯянд, баъди ҷарроҳӣ дар Беморхонаи Ибни Синои пойтахт, вазъи саломатии Искандари Фирӯз, бо сабаби поин рафтани гемоглобин дар хун бад шуда буд ва бинобар ин табибон маҷбур буданд, ки ҳамарӯза ба бемор хун гузаронанд.

Рӯзҳои ахир саломатии журналист муътадил арзёбӣ мешавад. Аммо дар бораи аз беморхона ҷавоб додани журналист чизе гуфтан душвор аст, — мегӯянд наздикони ӯ.

Источник: http://www.tojnews.org/node/5225

Тасвиби қонуни ҷадиди матбуот дар Тоҷикистон

[b]Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон тарҳи қонуни ҷадиде дар бораи матбӯъот ва расонаҳо дар ин кишварро ба тасвиб расонд.[/b]

Ин тарҳ, ки «Қонуни матбӯъоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» унвон дорад, аз сӯйи Олим Салимзода ва Акрамшоҳ Фелалиев, аъзои Маҷлиси Намояндагон, таҳия ва дар моҳи марти соли 2010 барои баррасӣ ба порлумон пешниҳод шуда буд.

Тайи ду соли гузашта ин тарҳ дар маҳофили мухталифе бо ширкати рӯзноманигорон, масъулони расонаҳо ва созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи хабарнигорон ва озодии баён, намояндагони ҷомеъаи маданӣ ва созмонҳои байналмилалӣ 18 маротиба баррасӣ шудааст.

Қонуни феълии Тоҷикистон, ки фаъъолияти рӯзноманигорон, матбӯъот ва расонаҳоро танзим мекунад, дар моҳи декабри соли 1990, дар замони Шӯравӣ, ба тасвиб расида ва тайи 20 соли ахир 5 маротиба ислоҳ шудааст.

Ба гуфтаи соҳибназарон, тарҳи қонуни ҷадид низ бар мабнои қонуни мусавваб дар замони Шӯравӣ таҳия шудааст. Масалан бархе аз моддаҳои қонуни қаблӣ аз тарҳи нав хориҷ ва муқаддима ва моддаҳои тозае ба он афзуда шудаанд. Бархе аз бандҳои қонуни пешин низ таҳрир шудаанд.

Қаблан иддае аз рӯзноманигорон гуфта буданд, ки дар тарҳи ин қонун дар заминаи сабти номи расонаю нашрияҳо ва дастрасӣ ба иттилоъот ибҳомоте ба мушоҳида мерасад.

Қаблан расонаҳо ва нашриётро вазоратҳои адлия ва фарҳанг сабт мекарданд. Ҳамакнун, тибқи қонуни ҷадид, расонаҳо ва нашрияҳо ба унвони «шахси ҳуқуқӣ» дар равзанаи воҳид барои сабти созмонҳо ва иттиҳодияву ширкатҳо дар Кумитаи молиёти Тоҷикистон сабт мешаванд.

Бар асоси тарҳи ҷадид, ҳамчунин ниҳодҳои расмӣ ба дархост ва номаҳои рӯзноманигорон бояд дар муҳлати се рӯз посух бидиҳанд. Қаблан ин муҳлат 30 рӯз буд ва бисёре аз хабарнигорон аз он интиқод мекарданд, ки мақомот барои додани иттилоъи расмӣ фурсати зиёдеро ба ҳадар медиҳанд.

Ҳамчунин, гуфта мешуд, ки дар ин лоиҳа мақоми ҳуқуқии сойтҳои интернетӣ ба унвони расонаи хабарӣ мушаххас нашудааст, ҳарчанд сойтҳои зиёде ҳастанд, ки гузоришу хабар таҳия мекунанд ва таҳиякунандагони онҳо рӯзноманигор маҳсуб мешаванд.

Дар солҳои 2001, 2005 ва 2008 бархе аз созмонҳои рӯзноманигорӣ бо ҳимояти созмонҳои байналмилалӣ тарҳҳои ҷудогонаи қонуни матбӯъотро таҳия карда буданд, ки давлат аз онҳо ҳимоят накард.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2012/12/121212_ea_mm_press_law_adoption.shtml

Парлумон қонуни нави ВАО-ро ба тасвиб расонд

[b]Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қонуни нав дар бораи Васоити ахбори оммаро тасвиб карданд.[/b]

Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, рӯзи 12-уми декабр тарҳи қонун дар бораи Васоити ахбори оммаро тасвиб карданд. Муаллифони ин тарҳ дар ҷаласаи парлумон гуфтанд, ки қонуни нави матбуот дар муқоиса ба қонуни феълӣ соддатар ва дар он баъзе бартариҳо ба фаъолияти хабарнигорон дода шудааст.

Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, дар қонуни нав таъкид шудааст, ки мақомот ба суолу номаҳои хабарнигорон бояд дар тӯли се рӯз посух бидиҳанд. Дар ҳоле ки дар қонуни феълӣ ин муҳлат як моҳ таъин шудааст.

Хабарнигори парлумонии Радиои Озодӣ, ки ин ҷаласаро назорат дорад, гуфт, қонуни нави Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон аз қонуни феълӣ чаҳор модда камтар мебошад. Қонуни нав аз 6 бобу 36 модда иборат буда, тарзи ташкили нашрияҳо ва фаъолияти хабарнигоронро танзим менамояд. Тарҳи нави қонуни матбуот дар ду соли пеш аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон — Олим Салимзода ва Акрамшо Филолиев таҳия ва ҷиҳати беҳтар ва хубтар омода шудани он, як гурӯҳи кории иборат аз рӯзноманигорон ва мутахассисон ташкил ва ба ин кор ҷалб шуда буданд.

Тарҳи мазкур дар тӯли ин муддат 18 бор дар маҳофили журналистӣ баррасӣ ва мулоҳизоти хабарнигорон роҷеъ ба он гирифта шудааст. Олим Салимзода, яке аз муаллифони ин тарҳ, ҳамагӣ се рӯз пеш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки «тарҳи қонун дар он шакле, ки имрӯз омода шудааст, ҳам аз нигоҳи услуб ва ҳам аз нигоҳи дарбаргирии меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ҳам аз нигоҳи забон ва тарзи баён хеле такмил ёфтааст.»

Источник: http://www.ozodi.org/content/new-law/24796016.html