Архив рубрики: Хабарҳо

ШӯРОИ КОТИБОНИ МАТБУОТИИ ТОҶИКИСТОН ТАЪСИС ЁФТ

[b]Котибони матбуотӣ ва роҳбарони хадамотҳои матбуотии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ташкилоти ҷамъиятии худ – Шӯрои котибони матбуотии Тоҷикистонро таъсис доданд.[/b]

Дар маҷлиси муассисони ташкилоти ҷамъиятӣ Оинномаи он тасдиқ гардида, раис, ҳайати раёсат ва ҳайати комиссияи тафтишотии он интихоб гардиданд. Раиси Шӯрои котибони матбуотии Тоҷикистон Давлаталӣ Назриев – сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ба ҳайати раёсати Шӯро Муҳаммадато Султонов – котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фотима Ғоибова – сардори маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ, Саъдулло Раҳматуллоев – роҳбари хадамоти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Гавҳарой Ҳомидова – сардори шуъбаи робита бо ВАО Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, Суҳроб Қоҳирӣ – сардори шуъбаи робита бо ҷомеа, ВАО ва муносибатҳои байналмилалӣ, муовини сардори Раёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти ҶТ, Усмоналӣ Холиқов – прокурори калони Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва таблиғоти ҳуқуқии Прокуратураи генералӣ, Маҳмудхон Шоев – сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котиботи Вазорати маорифи ҶТ, инчунин Намояндаи Кумитаи садо ва симо шомил гардиданд. Фаррух Малахов (Суди олии ҶТ), Момагул Шодиева (Вазорати молия) ва Каримхон Валиев (Хадамоти алоқа) аъзои комиссияи тафтишотӣ интихоб шуданд.

Ба доираи фаъолияти Шӯро мусоидат дар самаранок сохтани кори хадамоти матбуотии вазорату муассисаҳо, фаъолияти касбию эҷодии котибони матбуотӣ, беҳтар ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма, тавсеаи дастрасӣ ба иттилои расмӣ ва табодули таҷриба дохил мешавад.

Дар назар дошта шудааст, ки дар рӯзҳои наздик ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои сабти ном намудани созмони ҷамъиятӣ ба Вазорати адлия пешниҳод мешаванд.

Источник: http://khovar.tj/society/25538-sh1263roi-kotiboni-matbuotii-to1207ikiston-tasis-eft.html

Қироншоҳ Шарифзода раиси Шӯрои ВАО интихоб шуд

[b]Журналисти саршиноси тоҷик Қироншоҳи Шарифзода раиси Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон интихоб шуд. Оқои Шарифзода дар ин мақом, ҷойгузини Зиннатуллоҳи Исмоил шуд.[/b]

Котиботи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон рӯзи ҷумъа 30-юми ноябр ба «Озодӣ» гуфт, ки пас аз ҷаласаи ҳисоботи солона, масъалаи интихоби раиси ҷадиди Шӯро дар миён гузошта шуд. Дар миёни номзадҳое, ки аз тарафи намояндагони васоити ахбор дар ин ҷаласа пешниҳод шуд, Қироншоҳ Шарифзода, устоди Факултаи журналистикаи Донишгоҳ миллӣ ба ҳайси раиси Шӯрои ВАО интихоб гардид. Аз тарафи рӯзноманигорон ва сардабирони ҳафтаномаҳо ва созмонҳои журналистӣ ҳамчунин номзадии профессор Иброҳим Усмонов, Мусо Асозода, Нуриддин Қаршибоев ва Аъзамхон Акбаров пешниҳод шуда буд, аммо онҳо номзадии худро пас гирифтанд.

Шӯрои ВАО аз сӯи як қатор созмонҳои журналистӣ, аз ҷумла, ИЖТ, АМРМТ, устодони донишгоҳҳо ва хабарнигорони мустақили Тоҷикистон дар соли 2009-ум баъди пазируфтани Кодекси ахлоқи журналист таъсис шуда буд. Дар кори таъсиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, САҲА ва коршиносони Академияи расонаҳои «Дойче велле», ки дар таҳияи Кодекси жуналист саҳм доштанд, мусоидат намуда буданд.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20121130/538/538.html?id=24785771

Нигаронии «Хабарнигорони бидуни марз» аз басташавии сомонаи «Озодӣ»

[b]Созмони “Хабарнигорони Бидуни марз” масдуд шудани сомонаи интернетии Радиои Озодӣ дар Тоҷикистонро маҳкум кард ва аз мақомоти Душанбе талаб намуд, ки сомонаи Озодӣ ва шабакаи иҷтимоии Фейсбукро оҷилан фаъол кунанд.[/b]

Ёҳан Биҳр, сарвари ин созмон гуфтааст, ки онҳо бо нигаронӣ афзоиши тамоюли масдуд карадани сомонаҳои мустақил мушоҳида мекунанд. “Ин сеюмин мавҷи бастани манобеъи муҳими хабарӣ дар соли равон аст, ки аввалӣ дар моҳи март, мавҷи дуввум — дар тобистони соли равон ва инак мавҷи сеюм бо масдуд кардани боз ҳам Фейсбук ва сомонаи радиои Озодӣ ҷараён гирифтааст“, гутфааст Ёҳан Биҳр.

Ӯ афзудааст, ки ин гуна рафтор на танҳо қобили қабул нест, балки эҳтимодро аз вазорати мухобирот коста мекунад, «зеро ин ниҳоди давлатӣ изҳороти зидунақиз пахш кардааст».

«Бидуни шубҳа, бо масдуд кардани сомонаи Озодӣ, Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳое шомил хоҳад шуд, ки интернетро цензура мекунанд. Дар мавридҳои гузашта сомонаҳое, ки баста шуда буданд, баъди чанде дубора фаъол шуданд ва мо умедворем, ки аз ин таҷриба дар робита ба Озодӣ низ кор гирифта мешавад», изҳор кардааст созмони “Хабарнигорони бидуни марз”.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20121130/538/538.html?id=24786085

Ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон

[b]Фардо, 30-юми ноябр, соати 10:00 дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-и пойтахт ҷаласаи солонаи ҳисоботии Шӯрои Васитаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон баргузор мегардад.[/b]

Аз дастгоҳи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа фаъолияти яксолаи шӯро натиҷагирӣ карда мешавад.

Дар кори ҷаласа ҳамчунин шикоятҳои якчанд ташкилот ва шаҳрвандони алоҳида, ки аз тарафи идораи ҳафтаномаҳо ва рӯзноманигорон дар инъкоси мавзӯҳои мухталиф меъёрҳои ахлоқии касбии рӯзноманигорӣ вайрон шудааст, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Гуфта мешавад, дар кори ҷаласа ба ғайр аз ташкилоту созмонҳои дохилии марбут ба ВАО, ҳамчунин намояндагони ташкилоту созмонҳои хориҷӣ ва корпусҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Источник: http://www.ozodagon.com/khabarho/tojikiston/7115-2012-11-29-11-05-18

Умед Бобохонов, раҳбари «Азия плюс» 50 сола шуд

[b]«50-сола шудам ва аз ин 25 солаш дар журналистика гузаштааст, оё вақти он нарасидааст, ки соҳаи фаъолиятамро дигар кунам…», — иброз медорад, раҳбари ширкати медиа-ҳолдингии «Азия Плюс».[/b]

Дар посух ба суоли хеш мегӯяд: «Ба фикрам пир нашудаам ва имкон дорад, ки дар кадом як соҳаи дигар низ малакаву ҳунари худро бисанҷам. Ҳоло ба хулосаи аниқ наомадаам, ки он бояд кадом соҳа бошад, аммо тағйирот дар зиндагии худро зарур мешуморам».

Маврид ба ёдоварист, Умед Мансурович Бобохонов, журналист, муассис ва бунёдгузори Гурӯҳи расонаҳои «Азия Плюс» имрӯз, 29-уми ноябри соли 2012 ҷашни мавлуд дорад. Ӯ соли 1962 дар Душанбе ба дунё омада, мактаби миёнаи рақами 8-и пойтахт ба номи Павловскийро хатм кардааст. Пас аз хатми донишгоҳи олӣ фаъолияти эҷодиашро дар рӯзномаи маъруфи шӯравӣ — «Комсомолская правда» оғоз карда, соли 1995 нахустин оҷонсии иттилоотии мустақили ватаниро бо номи «Азия плюс» таъсис додааст.

Баъдан, доираи фаъолият ва стратегияи онро тавсеа бахшида, радиои ҳамном ва ҳафтаномаи «Азия плюс»-ро бунёд гузошт. Бо гузашти муддати начандон тӯлонӣ ин расонаҳо маҳбубият касб карда, аудиторияи худро дар Тоҷикистон пайдо карданд. Нақш ва таъсири Гурӯҳи расонаҳои мазкур дар ҷомеъаи Тоҷикистон муассир ва эҳсосшаванда аст.

Аз идора: Гурӯҳи расонаҳои «Озодагон» рӯзноманигори ҳирфаӣ, муассис ва раҳбари медиа-ҳолдинги «Азия плюс» Умед Бобохоновро ба муносибати 50-умин солгарди умри бобаракаташ таҳният гуфта, ба ӯ комёбиҳои навро дар роҳи расидан ба қуллаҳои эҷод таманно дорад.

Источник: http://www.ozodagon.com/khabarho/tojikiston/7111—-l-r-50—

Аз “профилактика”-и Facebook ду рӯз гузашт

[b]Рӯзи дуюм аст, ки шабакаи маъруфи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон баста аст.[/b]

Сешанбеи 27 ноябр аз маҳдудияти дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook дар Тоҷикистон ду рӯз гузашт. Ҳазорҳо онҳое, ки ба истифодаи ин шабакаи иҷтимоӣ одат доштанд, натавонистанд вориди Facebook шаванд. Танҳо гурӯҳи хурди корбарон бо истифода аз роҳҳои дигар вориди шабака шуда, норизоияти худро аз тасмими мақомот баён карданд. Тавре Асомуддин Атоев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои интернетрасон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, “бештари муштариёни провайдерҳои вафодор тавассути Proxy вориди Facebook мешаванд”. Вай гуфт, ки тибқи баъзе хабарҳо, рӯзи сешанбе ин шабака танҳо тавассути шабакаи интернетии ширкати Билайн дастрас будааст.

Субҳи рӯзи 26-уми ноябр, Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон эълом кард, ки аз Хадамоти алоқа тавассути «смс» ё паёмак тақозо кардааст, ки шабакаи иҷтимоии Facebook баста шавад. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, сабаби қатъи дастрасӣ ба Facebook-ро “корҳои профилактикӣ” хонд. Айни замон ӯ гуфт, ки хоҳиши сӯҳбат бо масъулини ин шабакаро дорад.

«Профилактика мегузаронем. Бубинед, Facebook соҳиб надорад. Кӣ ҳаст соҳиби он? Аз ҳар ҷо — аз Амрико, Олмон ва ғайра — занг мезананд, аммо хуб аст, агар соҳибаш биояд ва бо мо сӯҳбат кунад. Чизи дигар, оё ин Facebook ба давлат налог (андоз) месупорад? Дар ҳоле ки миллиардҳо фоида мебинанд», — гуфт ӯ дар сӯҳбат бо Озодӣ.

Оқои Зуҳуров дар ин сӯҳбаташ иддао кард, ки Facebook ба майдони бесарусомон ва беназарот табдил ёфтааст ва бояд ба хотири таъмини амнияти кишвар “корҳои назоратӣ нисбат ба ин шабака” барпо шавад. Бег Зуҳуров гуфт, корҳои фаннӣ ё профилактиӣ нисбат ба шабакаи иҷтимоии Facebook муддати як рӯз идома пайдо хоҳад кард.

Дар ҳоле, ки рӯзи сешанбе дастрасии журналистон ба мақомоти Хадамоти алоқа низ маҳдуд буд, корбарони шабакаи Facebook нороҳатии худро аз амри басташавии ин сайт бо роҳҳои мухталиф баён мекарданд. Бархе дар шарҳҳои худ аз тасмими мақомот интиқод мекарданд, дигарҳо байни худ карикатураҳои тақлидкунандаи ин тасмимро тақсим мекарданд. Барои бисёриҳо даъвати Б.Зуҳуров барои мулоқот бо муассиси шабакаи Facebook Марк Тсукерберг мавриди таваҷҷӯҳ будааст.

Дар Тоҷикистон ҳудудан 50 ҳазор нафар аз шабакаи Facebook истифода мекунанд. Ин сайти интернетӣ дар баробари як василаи муоширату сӯҳбатҳои хусусии байни корбарон, ба маҳалли баҳсҳои ҷиддии масоили иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон табдил шудааст. Бархе корбарон ба интиқоди ошкорои шахсиятҳои шинохташудаи ҷумҳурӣ мепардозанд ва ин чиз боиси он шудааст, ки дар гузашта низ мақомоти кишвар дастрасиро ба ин ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳамчунин расонаҳои ошкоргӯи интернетӣ маҳдуд кардаанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/second-day-facebook-blocked-tajikistan-/24782769.html

Дастрасӣ ба АМИТ «Ховар» низ маҳдуд шуд?

[b]Аз соати 10-и субҳи имрӯз воридшавӣ ба сомонаи ин агентии иттилоотии давлатӣ ғайриимкон аст.[/b]

Бо кӯшиши боз кардани www. khovar.tj ба рӯи муштариён саҳифаи интернет- провайдери «Тоҷнет» кушода мешавад. Садриддин Шамсиддинов, роҳбарии АМИТ «Ховар» ба Озодагон гуфт, ки сабаби боз нашудани саҳифаи онҳо танҳо мушкили техникӣ аст, ки баъд аз чанд лаҳза бартараф хоҳад шуд.

Дар ҳамин маврид, Рустам Маҷидов, коршинос ва як корбари фаъоли интернет мегӯяд, азбаски сомонаи мазкур дар хостинги «ТоҷНет» (ширкати Тоҷиктелеком) ҷойгир аст, ҳангоми бо ягон сабаб катъ шудани хадамоти хостинг ё домен, саҳифаи ин ширкат кушода мешавад: «Сабабаш метавонад гуногун бошад, аммо аксаран чунин ҳолат дар сурати насупоридани маблағ барои иҷораи фазои сервер (хостинг) ё домен ба вуқуъ меояд».

Ин дар ҳолест, ки аз рӯзи 25-уми ноябр дастрасӣ дар саросари Тоҷикистон ба шабакаи иҷтимоии Facebook низ маҳдуд шудааст.

Источник: http://www.ozodagon.com/khabarho/tojikiston/7085—-lr—

«БЕГ ЗУҲУРОВ БА ОВОЗАҲО ТАКЯ КАРДААСТ»

[b]Давоми ду рӯз аст, ки дастрасӣ ба Фейсбук дар Тоҷикистон маҳдуд шудааст.
Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар мусоҳиба бо хабарнигорони русзабон гуфтааст, ки дар охир мо қарори маҳдуд кардани дастрасӣ ба Фейсбукро қабул кардем. Бег Зуҳуров ишора кардааст, ки ин иқдомро бо намояндагони ҷомеа роҳандозӣ кардааст, аммо мушаххасан нагуфтааст, ки бо кадом намояндагони кадом ҷомеа.[/b]

Ҳамзамон, таъкид кардааст, ки дар давоми ду соати баста шудани Фейсбук 100 нафар ба ман занг заданд ва изҳори хурсандӣ карданд, аз байни онҳо 10 нафар ин иқдомро манфӣ қабул карданд.

Ҳамзамон, ин икдоми раиси Хадамоти алоқа боиси пайдо шудани вокунишҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон шудааст. Носирҷон Маъмурзода, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мегӯяд, норӯшан аст, ки Бег Зуҳуров аз хабарнигорон пурсидааст: «Оё масъулони шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба давлат андоз месупоранд?! Роҳбаронаш биёянд ва бигӯянд, ки кӣ ҳастанду ҳадафашон чист?» Савол, мисле ки риторикӣ ва дур аз мантиқ менамояд.

Ба таъкиди ҳамсӯҳбатам, дастрасӣ ба иттилоъ ва баёни озодонаи андешаро Қонуни асосии Тоҷикистон ва қонунҳои байналмилалӣ барои ҳар шаҳрванд кафолат додааст. Ин ба он маъност, ки як ниҳоди давлатӣ ҳаққи бастани ин ё он сомонаро надорад. Танҳо суд метавонад мавзӯи маҳдудсозии дастрасӣ ба Фейсбукро, ки яке дигар аз сарчашмаҳои иттилоъ ва мубодилаи афкор мебошад, ба баррасӣ гирад.

Агар 100 ҷавон аз масдудсозии дастрасӣ ба ин шабакаи иҷтимоӣ истиқбол кардаанд, шумораи онҳое, ки ин амр боиси нороҳатиашон шудааст, то чанд маротиб бештар аст. Бояд мақомот омодаи қабули ҳар падидаи нав дар ҷомеа (дар мисоли шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷалби ҷавонон ба он) ва контроли авзоъ бошанд. Аммо «контрол» — идора кардани сомонаҳо барои мардум, хусусан, ҷавонон набояд бошад.

Вай меафзояд, ин роҳи ҷилавгирӣ аз он «буҳрон»-е нест, ки баъзе мақомот сар задани онро дар ҷомеаи ҷавонон «бофта» ва «пешгӯӣ» мекунанд. Аз ҷониби дигар, табиати инсон ҳамин аст, ки ҳамеша роҳҳои расидан ба озодии амалу интихоб ва муқовимат ба маҳдудиятҳои нолозиму ғайриқонуниро меҷӯяд.

Рустами Маҷид, яке аз фаъолони Фейсбук, бар ин назар аст, ки Бег Зуҳуров дар ҳоле иқдомҳои маҳдуд карданро мегирад, ки хилофи муқаррароти қонунӣ аст . Дар қонун мушаххасан гуфта шудааст, ки кадом сайтҳо бояд баста шаванд. Аммо шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳо бо он фарқ доранд, ки муҳтавои ягона надоранд ва танҳо майдоне барои ибрози фикранд. Ҳар чӣ корбарон дар он мекоранд, масъулияти худашон аст, на соҳиби шабака.

Дар мавриди омилҳои баста шудани Фейсбук Рустами Маҷид меафзояд, ки агар шабака ба хотири 2-3 акс ё интиқоди ҳукумат баста шуда бошад, дастрасиро ба чандин маводи ҷониби ҳукумат ва садҳо ҳазорон маводи омӯзишӣ ва фоиданок низ масдуд кардааст. Муҳимтар аз ҳама, қонунҳо вайрон мешаванд, аввалан, озодии сухан, радди ҳокимияти судӣ ва худсарона рафтор кардани роҳбари хадамот, нақзи ҳуқуқи дастрасӣ ба маълумот, ба муошират дониста мешавад.

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ки Бег Зуҳуров ба овозаҳо такя кардааст ва ин бозгӯйи он аст, ки вай ба ҳайси роҳбар ба хатои зиёд роҳ медиҳад, чунки на ба асосу далел, балки ба суханони беасос такя намуда, кор мекунад.

Асомуддин Атоев, роҳбари Ассотсиатсияи интернетправайдерони Тоҷикистон дар бораи теъдоди истифодабарандагони шабакаи иҷтимоии Фейсбук гуфт, ки «истифодабарандагони ин шабакаро дар Тоҷикистон 41 ҳазору 800 нафар ташкил медиҳад».

Ба иттилои манбаъ, фаъолони Фейсбук дар Тоҷикистонро асосан ҷавононе ташкил медиҳанд, ки синни онҳо аз 25 то 34 солро ташкил медиҳад. Дар зинаи дувум синни 18 то 24-сола буда, 70% корбарони онро мардон ва ҳамагӣ 30 дар сади истифодабарандагони Фейсбукро дар Тоҷикистон занон ташкил медиҳад.

Дар соли ҷорӣ маротибаи дувум аст, ки дастрасӣ ба Фейсбук дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад. Маротибаи аввал аз 2 то 9 март ин иқдом сурат гирифта буд. Дар ҷараёни ҳаводиси Хоруғ низ дастарсӣ ба Фейсбук ҳам муддати чанд соат маҳдуд шуда буд.

Фейсбук яке аз саҳифаҳои фаъоли шабакаи иҷтимоист, ки баҳсҳои мухталиф ва аз ҷумла, сиёсиеро ба миён мегузорад.

Коршиносон мегӯянд, ки далели маҳдуд шудани ин саҳифа маҳз ба минбари баҳсҳои бозу возеҳ табдил шудани он аст.

Источник: http://www.tojnews.org/node/5007

Кэтрин Эштон ба Осиёи Марказӣ ташриф меорад

[b]Брюссел, – Кэтрин Эштон, Вакили олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати бехатарӣ/Ноиб-президенти Комиссия ҳафтаи ҷорӣ ба Осиёи Марказӣ ташриф меорад. Ташрифи Вакили олӣ аз Кирғизистон шурӯъ карда, дар он ҷо пеш аз давом додани сафари худ ба Узбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон дар муддати се рӯзи навбатӣ рӯзи сешанбеи 27 ноябр дар Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо раисӣ хоҳад намуд.[/b]

Дар арафаи сафари худ, Кэтрин Эштон гуфт: «ИА дар Осиёи Марказӣ тариқи ҳузураш дар маҳалҳо ва тавассути ҳамкорӣ бо шарикони худ дар минтақа нақши муҳим бозида истодааст. Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо ба мо имконияти муҳокимаи масоили дорои манфиати мутақобила, аз он ҷумла бехатарӣ ва ҳамкории минтақавӣ, қувваи барқ, муҳити атроф ва масалаҳои об, ва инчунин дигар самтҳои аввалиндараҷаи Дурнамои ИА-Осиёи Марказӣ, аз қабили маориф, волоияти қонун, ҳуқуқи инсон ва ташаббусҳо дар соҳаи ҷомеаи шаҳрвандиро хоҳад дод. Ба тариқи дастгирии иҷрокунии ислоҳот ва раванди гузариш ба сохтори дигар, мо умедворем, ки ба густариши тиҷорат ва ҷалб кардани сармоя мусоидат намоем. Панҷ сол баъд аз қабули Дурнамои ИА оиди Осиёи Марказӣ, Ҷаласа бояд, инчунин, ба баргузории арзёбии ҳамкории мо ва тақвияти он мусоидат хоҳад кард».

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо нахустин бор дар Ҷумҳурии Қирғизистон таърихи 27 ноябр баргузор мегардад. Дар он Вазирони ё муовинони вазирони корҳои хориҷии ҳамаи мамолики Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон) иштирок хоҳанд кард. Ҷаласаи вазирони мазкур бори нӯҳум аз вақте ки Иттиҳоди Аврупо Дурнамои Осиёи Марказиро дар соли 2007 қабул кард, ва пас аз қабули хулосаҳои Шӯрои корҳои хориҷӣ оиди Осиёи Марказӣ ва Маърӯза дар бораи равиши татбиқи Дурнамо, гузаронида мешавад.

Рӯзи сешанбе дар шаҳри Бишкек, Вакили олӣ ҳамчунин бо Раисҷумҳури Қирғизистон Алмазбек Атамбаев ва Вазири корҳои хориҷӣ Эрлан Абдилдаев мулоқот хоҳад кард.

Рӯзи чоршанбеи 28 ноябр, дар шаҳри Тошканд, Вакили олӣ бо Раисҷумҳури Ӯзбекистон Ислом Каримов ва Вазири корҳои хориҷиаш Абдулазиз Комилов мулоқот хоҳад кард.

Рӯзи панҷшанбеи 29 ноябр, дар шаҳри Душанбе, Вакили олӣ бо Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот хоҳад кард.

Вакили олӣ ташрифи худ дар шаҳри Остона, ки дар он ҷо бо Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Вазири корҳои хориҷиаш Эрлан Идрисов мулоқот менамояд, анҷом хоҳад дод. Дар Остона вай, инчунин, дар бораи муносибатҳои ИА ва Осиёи Марказӣ сухан меронад.

Дар давоми ташриф Вакили олӣ/Ноиб-президент инчунин бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот хоҳад кард.

Источник: Мониторинговая служба НАНСМИТ.

«К+» аз Умаралӣ Қувватов як миллион $ талаб дорад

[b]Ширкати телевизионии «К+» аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистон хостааст, маблағи сӯҳбатҳои худро пардохт намоянд.[/b]

Лора Сибулак, продюсери барномаҳои ин шабака дар Маскав, ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски «К+» телевизиони тиҷоратист, ба мухолифини ҳукумати Тоҷикистон ва дар навбати аввал ба Умаралӣ Қувватов, сарвари созмони «Гурӯҳи 24» пешниҳод шудааст, ки маблағи баромадҳояшро пардохт кунад.

Ӯ гуфт, «музокироти мустақими роҳбарияти телевизион бо худи Қувватов идома дорад ва дар бораи маблағ ҳам худи онҳо гуфтугӯ мекунанд. Ба ман ҷузъиёти ин гуфтугӯҳо маълум нест.»

«К+» ширкати телевизионии мухолифи ҳукумати Қазоқистон аст, ки дар шаҳри Лондони Бритониё қароргоҳи марказӣ ва дар Маскав намояндагӣ дорад. Ин шабака бори аввал моҳи август Умаралӣ Қувватов, собиқ директори генералии ширкатҳои «Фароз» ва «Тоҷирон»-ро ҳамчун раҳбари созмони нави мухолифи ҳукумати Тоҷикистон – «Гурӯҳи 24» муаррифӣ кард. То ба имрӯз Умаралӣ Қувватов чанд бор ба танҳоӣ ва ду маротиба бо иттифоқи Додоҷон Атовуллоев, журналист ва муассиси ҷунбиши «Ватандор» тариқи «К+» сӯҳбат карда, сиёсатҳои ҳукуматро мавриди интиқод қарор доданд.

Умаралӣ Қувватов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасмими «К+» -ро таъйид кард ва гуфт, сарварони ин шабака аз ӯ хостаанд, барои баромадҳояш 1 миллион доллари амрикоӣ пардохт кунад. Вай иддао кард, ки “тавассути манобеи худ дар ҳукумати Тоҷикистон” дарак ёфтааст, ки мақомот пардохти ин миқдор маблағро ба «К+» ваъда додаанд. Вай иддао кард, ки ин телевизиони маҳвораӣ “ҳамчунин як гурӯҳи рӯзноманигорони демократмаобро низ истихдом кардааст, то дар бораи сиёсатҳои Тоҷикистон сӯҳбат кунанд”.

Дар ҳамин ҳол, Додоҷон Атовуллоев, раҳбари ҷунбиши «Ватандор» мегӯяд, «К+» аз ӯ барои сӯҳбатҳояш пул нахостааст. Ба қавли Атовуллоев, ӯ бо «К+» ҳамкории дерина дорад ва онро «як падида, минбари озоди розу ниёзи мардум» мешиносад ва бо роҳбаронаш ҳам муносибати хуб дорад. «Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад ба ин телевизион ба хотири сухан надодан ба мухолифин «забон» ёбад»,-мегӯяд раҳбари «Ватандор». Мавсуф низ аз истихдоми як медиа-гурӯҳи Тоҷикистон сӯҳбат кард, ки барои баромадҳо дар «К+» вориди Маскав шудааст. Тасдиқи ин хабар дар ҳукумати Тоҷикистон имкон надорад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/k-plus-tv-station-asks-opposition-leaders-to-pay-money-for-interview-/2