Архив рубрики: Хабарҳо

Раҳимзода: Забони қонунҳо нофаҳмост

Раҳимзода Маҳмад Забир, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Тоҷикистон забони мушкил ва нофаҳмои қонунҳоро дар кишвар яке аз мушкилоти мубрам арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки феълан дар кишвар истилоҳсозӣ қариб вуҷуд надорад.  Читать далее Раҳимзода: Забони қонунҳо нофаҳмост →

Прокурори генералӣ: Пономарёвро ба ҷавобгарӣ мекашем

Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон мегӯяд, нисбати Пономарёв ҳатман парвандаи ҷиноятӣ боз карда мешавад. Читать далее Прокурори генералӣ: Пономарёвро ба ҷавобгарӣ мекашем →

Имкони оғози парвандаи ҷиноӣ дар Тоҷикистон нисбати Сергей Пономарёв

Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати хабарнигори газетаи «Комсомлская правда» Сергей Пономарёв ба иттиҳоми «барангехтани низоъи миллӣ» парвандаи ҷиноӣ боз карда метавонад. Читать далее Имкони оғози парвандаи ҷиноӣ дар Тоҷикистон нисбати Сергей Пономарёв →

Прокурори генералӣ: Нисбати Пономарёв мавод ҷамъ карда истодаем

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон гуфт, нисбати Сергей Пономарёв, журналисти рус барои матлаби баҳсбарангезаш -“Таджикистан: из советского прозябания в светлое будущее” (Тоҷикистон: аз фаромӯшии шуравӣ то ояндаи дурахшон) мавод ҷамъоварӣ карда, ба мақомоти дахлдор ирсол намудаанд. Читать далее Прокурори генералӣ: Нисбати Пономарёв мавод ҷамъ карда истодаем →

Прокурори генералӣ: Нисбати Паномарев парванда оғоз мешавад, агар…

Прокуратураи генералии Тоҷикистон мақолаҳои Сергей Паномаревро, ки бинобар таҳқиромез буданаш боиси сарусадои зиёд шуда, сабаби қатъи нашри ҳафтаномаи «Комсомолская правда» дар Тоҷикистон шуд, ба ташхис фиристодааст. Читать далее Прокурори генералӣ: Нисбати Паномарев парванда оғоз мешавад, агар… →

Омбудсмени тоҷик дар бораи сайтбандиҳо

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон мегӯяд, ҷонибдори муҷозот шудани омилони масдуд кардани ғайриқонунии сомонаҳо дар кишвар мебошад. Читать далее Омбудсмени тоҷик дар бораи сайтбандиҳо →

«Дар пӯшиши мавзӯи Ӯзбакистон эҳтиёткор бошед!»

Маҳмад Раҳимзода, раиси Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон, дар нишасти матбуотии рӯзи 3 август журналистонро ба «эҳтиёткорӣ дар масъалаи пӯшиши мавзӯи равобит бо Ӯзбакистон» даъват кард. Ин паём баъди он садо дод, ки як хабарнигор ба Раҳимзода гуфт, дар мавриди дарёфти виза ё раводиди сафар ба Ӯзбакистон шикояти зиёд вуҷуд дорад. Аз ҷумла, ин хабарнигор гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нияти боздиди хешутаборашон дар Ӯзбакистонро доранд, гоҳе рӯзҳои зиёд мунтазири гирифтани раводиди сафар ба кишвари ҳамсоя мемонанд. Читать далее «Дар пӯшиши мавзӯи Ӯзбакистон эҳтиёткор бошед!» →

Ёвари президент: Даъвои Шарофзода қобили қабул нест (ВИДЕО)

Содиқҷон Шоназаров, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқӣ даъвои Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳотро барои ҷаримабандӣ кардани журналистон қобили қабул надонист. Читать далее Ёвари президент: Даъвои Шарофзода қобили қабул нест (ВИДЕО) →

Хадамоти алоқа: Сомонаҳои фаҳшро бастем, хабариро не (ИНФОГРАФИКА)

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон даст доштанаш дар масдуд кардани сомонаҳои хабарӣ дар кишварро рад карда, мегӯяд, ширкатҳои мобилиро барои бастани ғайриқонунии сомонаҳо муҷозот мекунад.

Ҷонибек Додомедов, сардори раёсати танзими Хадамоти алоқа имрӯз, 3 август дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ин ниҳод дар бастани сомонаҳои хабарӣ даст надорад. Ба қавли ӯ, дар сурати ошкор шудани ҳолатҳои бастани сомонаҳои хабарӣ аз ҷониби ширкатҳои дастраскунандаи интернет, нисбати дастандаркорон чораандешӣ хоҳад шуд.

Ҷаноби Додомедов илова кард, давоми як соли охир бо дастури Хадамоти алоқа дастрасӣ ба беш аз 100 сомонаи хусусияти шаҳвонию зӯроваридошта масдуд шудааст: “Аммо сомонаҳои хабариро набастаем”.

Дар мавриди изҳороти қаблии масъулини Хадамоти алоқа, ки феҳрасти бархе аз сомонаҳо барои басташавӣ аз ҷониби мақомоти амниятию қудратӣ пешниҳод мегарданд, Додомедов гуфт, дар ин бора наметавонад шарҳе ироа кунад, чун ин феҳрастро рӯи даст надорад. Дар бораи муроҷиатҳои чандбораи сомонаҳои хабарӣ ба Хадамоти алоқа барои ҳалли ин мушкил Додомедов гуфт, ки дархостҳо омӯхта мешаванд.

Ин иддаои масъули Хадамоти алоқа дар ҳолест, ки масдуд кардани сомонаҳо дар Тоҷикистон кайҳост, ки ба як амри маъмулӣ табдил ёфтааст.

Одатан дастрасӣ ба сомонаҳои маъруф замоне масдуд мешавад, ки дар кишвар кадом маъракаи муҳими сиёсӣ, назири интихоботҳои парлумонӣ ва раёсатҷумҳурӣ дар назар бошад. Бори охир сомонаҳои хабарӣ 10 май дар остонаи баргузории раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни ҷумҳурӣ дастнорас шуданд. Ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет он замон торнамоҳои Радиои Озодӣ, Азия Плюс, Тоҷнюс ва чандеи дигарро масдуд карданд. Ахиран, дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории “Авесто”, ки тарҳи нави сайташро муаррифӣ кард низ масдуд шудааст.

Аммо сайтҳои “Хабаргузории Озодагон” (бахши тоҷикӣ ва русӣ) аз моҳи октябри соли гузашта дастнорас ҳастанд. Хадамоти алоқа 3 ноябри соли 2015 бо имзои Бег Сабур ба мактуби «Озодагон» аз 14 октябри 2015 посух дод, ки ба баста шудани сайтҳо рабте надорад ва ваъда кард, барои ҳарчӣ зудтар дастрас шудани торнамоҳо «дар доираи салоҳияти худ» кушиш мекунад. Аммо чун натиҷаи ин кушишҳоро шоҳид набудем, 23 декабри соли 2015 дубора унвонии раҳбари Хадамоти алоқа мактуб фиристодем. Вале бо гузашти беш аз 7 моҳ ҳанӯз посухе дар ин замина ворид нашудааст. Дар зимн, «Озодагон» унвонии ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет — ҶСП «Телекомм Технолоҷӣ», «МегаФон» ва Tcell (асосан муштариён ҳамин ширкатҳо шикоят мекунанд, ки сомонаҳо баста аст) мактуб фиристод ва то имрӯз танҳо «МегаФон» як навиштаи ба ҷавоб монанд фиристодаасту бас, ки дар он таъкид мешавад, маҳдуд будани сомонаҳои “Озодагон” ба сабабҳои “новобаста аз ширкат” рабт дорад. Дастарсӣ ба “Озодагон” тавассути ширкатҳои дигар «Таком», «Вавилон-Т», «Сатурн-онлайн» ва «Истэра» ҳам номумкин аст.

Аммо на Хадамоти алоқа ва на ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет ҳозир намешаванд, ки далелҳои ғайриқонунӣ масдуд кардани сомонаҳоро шарҳ бидиҳанд.

http://www.ozodagon.tj/27297-hadamoti-aloa-somonaoi-fashro-bastem-habariro-ne-infografika.html