Прокуратураи генералии Тоҷикистон мақолаҳои Сергей Паномаревро, ки бинобар таҳқиромез буданаш боиси сарусадои зиёд шуда, сабаби қатъи нашри ҳафтаномаи «Комсомолская правда» дар Тоҷикистон шуд, ба ташхис фиристодааст.
Юсуф Раҳмон Прокурори генералии Тоҷикистон субҳи имрӯз 4-уми август дар нишасти матбуотӣ дар ин бора иттилоъ дода гуфт, дар ҳолати исбот шудани ҷой доштани таҳқир дар ин матолиб, нисбати журналист Сергей Паномарев парвандаи ҷиноятӣ оғоз хоҳад шуд.
Ёдрас мекунем, 21-уми июл Шарифи Ҳамдампур масъули чопи ҳафтаномаи Комсомольская правда дар Тоҷикистон дар ҳузури рӯзноманигорон эълон кард, ки баъди нашри мақолаи таҳқиромези Сергей Пономарев бо номи «Таджикистан из советского прозябания в светлое будушее» онҳо ба хулосае омаданд, ки дигар ин ҳафтаномаро дар Тоҷикистон чоп накунанд.
Ин медиамагнати тоҷик гуфт, ин мақола аз нигоҳи ахлоқи рӯзноманигорӣ ғайри қобили қабул, таҳқири миллати тоҷик аст. Пас аз мутолиаи мақола бо роҳбарияти KP.ru иртибот доштам ва гуфтам, ки ин мақолаи иғвоангез ва пур аз таҳқири миллати тоҷик аст ва бар манфиати ҳамкории мо нест. Вале аз ҷониби роҳбарияти KP.ru ҳеҷ иқдоме нисбати таҷдиди назар ба ин мақола сурат нагирифт. Ба унвони сармуҳаррири Комсомольская правда В. Сунгоркин мактуб навишта, дар мавриди боздошти чоп ва паҳн кардани ин нашрия дар Тоҷикистон хабар додам.
Нашрияи «Комсомольская правда» аз соли 2006 дар Тоҷикистон нашр мешавад ва он миёни ханандагон аз маъруфияти хосе бархӯрдор аст, чун аз ҷумлаи нашрияҳои шинохтаи асри гузаштаи қаламрави Иттиҳоди Шӯравии собиқ аст.
http://www.tojnews.tj/tj/news/prokurori-generali-nisbati-panomarev-parvanda-ogoz-meshavad-agar