Прокурори генералӣ: Пономарёвро ба ҷавобгарӣ мекашем

Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон мегӯяд, нисбати Пономарёв ҳатман парвандаи ҷиноятӣ боз карда мешавад.

Тавре номбурда имрӯз дар нишасти матбуотии Прокуратураи генералӣ иброз намуд, «маводҳои нисбати Пономарёв ҷамъ оварда шуда, барои ташхис ба мақомоти дахлдор пешниҳод карда шудааст. Дар сурати гирифтани хулосаи зарурӣ мо нисбати Пономарёв ҳатман парвандаи ҷиноятӣ оғоз мекунем ва масъалаи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ӯро барои таҳқир, барангехтани кинаву адовати миллӣ ва содир намудани дигар ҷиноятҳо дар миён мегузорем».

Ёдовар мешавем, ки 16-уми июли соли равон сомонаи «КП.ру» мақолаи Сергей Пономарёвро бо номи «Таджикистан: из советского прозябания в светлое будущее» интишор кард, ки аз сафари журналисти рус ба Тоҷикистон ва таассуроту мушоҳидаҳои ӯ ҳикоят мекунад.

Шариф Ҳамдампур, масъули чопи ҳафтаномаи «Комсомольская правда» дар Тоҷикистон санаи 21-уми июл вобаста ба ин қазия дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор кард, ки аз нашру паҳн намудани рӯзномаи «Комсомольская правда» дар Тоҷикистон даст мекашад. Ин мақоларо Ҳамдампур аз нигоҳи ахлоқи рӯзноманигорӣ ғайри қобили қабул ва таҳқири миллати тоҷик унвон кард.

Ҷомеаи Тоҷикистон маводро ҳамчун таҳқир ба миллати тоҷик пазируфта, далелҳои дар он овардашударо беасос хонд.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/11569-prokurori-general-ponomarjovro-ba-avobgar-mekashem.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *