Архив рубрики: Хабарҳо

Оё САҲА Тоҷикистонро “чап” гирифтааст?

Ҳузури мухолифини тоҷик дар нишасти солонаи САҲА (ОБСЕ) аз дохили Тоҷикистон ба маънои дастгирии ин ниҳод аз терроризм маънидод шуд. Ин нукта дар эътирозҳои бешумори донишҷӯён, ки зоҳиран бо ҳимояти мақомот сурат гирифт, садо медод. Мавзеъгирии САҲА чӣ маъно дошт? Дар робита ба ин “Озодагон” аз соҳибназарони тоҷик пурсид: ОЁ САҲА ТОҶИКИСТОНРО “ЧАП” ГИРИФТААСТ? Читать далее Оё САҲА Тоҷикистонро “чап” гирифтааст? →

«Ҷумҳурият» — мубаллиғи арзишҳои миллӣ

Бо иқдоми роҳбарияти нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон -рӯзномаи «Ҷумҳурият» (Раҳмонзода Қурбоналӣ Шариф) ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллии ноҳияи Восеъ (Ғафурзода Мӯсо Зариф) бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромидошти шоир ва журналисти шинохтаи тоҷик, устоди зиндаёд Ғоиб Сафарзода озмун эълом шуда буд. Дар он беш аз панҷоҳ нафар довталаб ва мухлисони ашъори шоири ширинкалом ширкат варзиданд. Читать далее «Ҷумҳурият» — мубаллиғи арзишҳои миллӣ →

Дастури Пирзода ба коргарон: Бе галстук ба кор наоед

Маҳмадсаид Пирзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон вуруди кормандони ин ниҳодро ба корхона бидуни либоси расмию галстук мамнуъ кардааст. Читать далее Дастури Пирзода ба коргарон: Бе галстук ба кор наоед →

Ҷазои муҳофизони Сомонӣ баъди шикояти хабарнигори қазоқ

Ду маъмури милиса, ки аз муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар маркази Душанбе муҳофизат мекарданд, аз вазифаашон сабукдӯш шуданд. Масъулони вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, ки ин кор ба дунболи шикояти хабарнигори қазоқ сурат гирифтааст.​ Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ, 28 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, вале иддао дар бораи онки ду милиса аз хабарнигори қазоқ пул талаб кардаанд, исботи худро наёфтааст. Кормандони милиса ин даъворо рад кардаанд.
Читать далее Ҷазои муҳофизони Сомонӣ баъди шикояти хабарнигори қазоқ →

Муҳофизони муҷассамаи Исмоили Сомонӣ: Мо пул талаб накардем

Милисаҳои муҳофизи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки аз ҷониби рӯзноманигорони қазоқ дар тамаъкорӣ муттаҳам шуданд, зимни бозпурсӣ изҳор доштаанд, ки аз касе пул талаб накардаанд. Читать далее Муҳофизони муҷассамаи Исмоили Сомонӣ: Мо пул талаб накардем →

Барканории милисаҳо барои “гадоӣ” дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ (АКС)

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, кормандони милисае, ки дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар маркази Душанбе аз журналистони қазоқ пул талаб кардаанд, аз кор озод шуданд. Читать далее Барканории милисаҳо барои “гадоӣ” дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ (АКС) →

Даъвои Пономарёв ба пулис алайҳи тоҷикон: Русҳоро «майзада» гуфтанд

Сергей Пономарёв муаллифи матлаби “Тоҷикистон: аз фаромӯшии шуравӣ то ояндаи дурахшон”, ки моҳи июл дар нашрияи “Комсомолская правда” нашр шуда буд ва дар Тоҷикистон вокунишҳои бесобиқаеро дар пай дошт, ба пулиси Маскав шикоят бурда, хостори боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳое шудааст, ки ӯро таҳдид ба марг ва расондани зарари вазнин ба саломатияш кардаанд.

Читать далее Даъвои Пономарёв ба пулис алайҳи тоҷикон: Русҳоро «майзада» гуфтанд →

Ба масҷид – барои нашрияхонӣ?

Масъулони масҷидҳои Суғд имсол ба маъракаи обуна ба нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳамроҳ шуданд. Аз ҳоло дар бархе масҷидҳо байни сафи намозгузорон дастархон гардонда, барои обуна пул ҷамъ меоранд. Фарҳод, як сокини Хуҷанд, рӯзи 27 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар намози ҷумъаи гузашта дар масҷиди «Тақво» имом-хатиб таъкид кардааст, ки масҷид ба 1 ҳазор сомонӣ бояд ба нашрияҳо обуна шавад ва намозгузорон хайр кунанд.
Читать далее Ба масҷид – барои нашрияхонӣ? →