«Ҷумҳурият» — мубаллиғи арзишҳои миллӣ

Бо иқдоми роҳбарияти нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон -рӯзномаи «Ҷумҳурият» (Раҳмонзода Қурбоналӣ Шариф) ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллии ноҳияи Восеъ (Ғафурзода Мӯсо Зариф) бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромидошти шоир ва журналисти шинохтаи тоҷик, устоди зиндаёд Ғоиб Сафарзода озмун эълом шуда буд. Дар он беш аз панҷоҳ нафар довталаб ва мухлисони ашъори шоири ширинкалом ширкат варзиданд.

Ба муносибати ҷамъбасти озмун дар идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» маҳфили ёдвораи устод Ғоиб Сафарзода, ки замони барҳаёт буданашон дар ин даргоҳ фаъолияти пурсамар доштанд, баргузор гардид. Раҳмонзода Қурбоналӣ Шариф, сардабири рӯзномаи «Ҷумҳурият», ташрифи ҳозиронро хайра мақдам гуфта, бобати раванди сиёсати зиндагисози Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, эҳтироми хоссаашон нисбати адибон ва маводи воридшуда дар мавзуи ҳифзи забони поки модарӣ, меҳанпарастӣ, ҷасорати журналистӣ ва арзишҳои миллӣ ёдовар шуд.
Дар зимни баромади хеш Ғафурзода Мӯсо Зариф, раиси ноҳияи Восеъ, аз хидматҳои арзишманди фарзанди диёр, шоир ва рӯзноманигори хушбаён устод Ғоиб Сафарзода боҳарорат сухан ронда, нақши боризи ӯро дар масъалаи ҳифзи беолоиш мондани забони адабии тоҷик махсусан зикр намуд. Баъд, адибон, олимон ва рӯзноманигорон Садриддин Ҳасанзода, Ато Ҳамдам, Умари Шерхон, Азим Байзоев, Додоҷони Рӯзӣ, Абдуқодири Раҳим, Ҷумъахон Темурзода, Муҳаммадулло Табарӣ ва дигарон баромад намуда, ҳар яке нақши намоёни устод Сафарзодаро дар адабиёт ва матбуоти тоҷик мусбат арзёбӣ карданд.
Ташаббускорони озмун ба як гуруҳ адибону олимон ва рӯзноманигорон, аз қабили Ато Ҳамдам, Умари Шерхон, Азим Байзоев, Ҷумъахон Темурзода, Сипеҳр Абӯабдуллоҳи Ҳасанзод, Сайвалӣ Азиз, Маҷид Салим, Мирзо Фирӯз, ки дар ҷамъбаст ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, дипломҳои таъсисдодаи нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва мукофотҳои моддӣ тақдим карданд.

Дар маҳфили нишаст духтари шоир — рӯзноманигори хушсалиқа Зуҳро Сафарзода ширкат дошт ва ба дастандаркорони озмун изҳори сипос намуд.

http://faraj.tj/index.php/tj/hukumat/11944-um-uriyat-muballi-i-arzish-oi-mill.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *