Барканории милисаҳо барои “гадоӣ” дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ (АКС)

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, кормандони милисае, ки дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар маркази Душанбе аз журналистони қазоқ пул талаб кардаанд, аз кор озод шуданд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 28-уми сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ду милиса, ки корманди шуъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ будаанд, аз кор озод шуданд: “Инчунин сардорашон танбеҳ гирифт. Айни ҳол корҳои фаҳмондаҳӣ миёни кормандони милиса дар мавриди муносибат бо шаҳрвандон ҷараён дорад”.

Таҳқиқи рафтори милисаҳо тоҷик дар маркази Душанбе баъди навиштаи Бақитҷон Буқарбой, рӯзноманигори қазоқ сурат гирифт, ки аз пулталабии милисаҳои назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ шикоят кард. Ӯ амали кормандони милисаро, ки бо баҳонаи “имрӯз мавлуд дорам”, пул талаб кардаанд, ба “гадоӣ”-и ҷугиҳо монанд кардааст. Буқарбой навиштааст талабандагии кормандони милиса дар майдони марказии шаҳри Душанбе ӯ ва ҳамроҳонашро дар ҳолати “шок” гузоштааст.

Зери навиштаи Буқарбой дар саҳифааш тули се рӯз бештар аз 400 нафар лайк гузошта, 241 шарҳ навиштаанд. Бархе аз шарҳнависон навиштаи муаллифро тасдиқ карда, рафтори милисаро шармовар хондаанд. Иддаи дигари корбарон гуфтаанд, журналисти қазоқ муболиға карда, бо ғарази шахсӣ матлабро навиштааст.

http://www.ozodagon.tj/27894-barkanorii-milisao-baroi-gado-dar-nazdi-aykali-ismoili-somon-aks.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *