Як нафар сокини шаҳри Турсунзода аз болои ҳафтаномаи «Фараж» ба Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шикоят бурда, талаби 5000 сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ кардааст. Читать далее «Фараж», 5000 сомонӣ те!
Архив рубрики: Хабарҳо
Барканории милиса барои кӯфтани журналист ва даъвати ВКД аз Атовулло: Маълумоти доштаро ироа кунед
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳолати латукӯби рӯзноманигор Доро Суҳробиро аз ҷониби корманди милиса дар маҳаллаи “Гипрозем” мавриди санҷиш қарор додааст. Читать далее Барканории милиса барои кӯфтани журналист ва даъвати ВКД аз Атовулло: Маълумоти доштаро ироа кунед
Қазияи Доро: Сардори минтақа аз кор озод шуд
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба латукӯб шудани рӯзноманигори нашрияи «Фараж» Доро Суҳробӣ рӯзи 18-уми сентябри соли 2016 иттилоъ медиҳад, ки аз рӯзи дар сомонаҳои хабарӣ нашр гаштани ин ҳолат ва ҳамчун бо арзи бевоситаи рӯзноманигор ҳодисаи мазкур фавран таҳти назорати Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтинанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро мавриди санҷиш қарор дода шуд. Читать далее Қазияи Доро: Сардори минтақа аз кор озод шуд
ВКД аз муҷозоти милисае, ки журналистро зада буд, хабар дод
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот аз муҷозоти милисае, ки дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистиро латукӯб карда буд, хабар дод. Аммо милисаи гумонбар, ки журналист аз ӯ ном мебурд, дигар будааст. Читать далее ВКД аз муҷозоти милисае, ки журналистро зада буд, хабар дод
Доро Суҳробиро боз ба беморхона бурданд
Доро Суҳробӣ, журналисти латукӯбшуда аз ҷониби милиса маротибаи дуюм аст, ки аз ҳуш меравад ва бо мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористон расонида мешавад. Читать далее Доро Суҳробиро боз ба беморхона бурданд
HRW: Ҳукми сангини вакилон зарба ба озодии баён дар Тоҷикистон аст.
Дар изҳороти муштараки се созмони мудофеи ҳуқуқи инсон, ки дафъатан баъди содир шудани ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе нашр шуд, ҳукми 23 ва 21 соли зиндони вакилони дифоъ Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов “зарба ба озодии баён ва мустақилияти кори ҳуқуқшиносон” дар Тоҷикистон унвон шудааст. Дар изҳороти Human Rights Watch, Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ ва Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо мешавад, ки вакилони дифоъ бояд дафъатан озод шаванд ва мақомот бояд шароити кори мустақилонаи ҳуқуқшиносонро таъмин кунанд. Читать далее HRW: Ҳукми сангини вакилон зарба ба озодии баён дар Тоҷикистон аст.
Нома ба Убайдуллоев: Намехоҳем Душанберо шаҳри пурхатар гӯянд!
Маҳмадсаид Убайдуллоеви муҳтарам!
Пеш аз ҳама мехоҳам изҳори миннатдории худро ба Шумо расонам, ки пойтахти кишварро ба як шаҳри амну субот табдил додед ва аз ин рӯ дар раддабандиҳои созмонҳои байналмилалӣ аз Душанбе ба сифати як шаҳри намуна ёдоварӣ мекунанд. Читать далее Нома ба Убайдуллоев: Намехоҳем Душанберо шаҳри пурхатар гӯянд!
Гӯяндаи ҷумлаи «Братан, иҷа шмода Хҷанд нестай, иҷа Дшанбеай» аз кор рафт
Тавре хонандагон аз сайти интернетии faraj.tj ва нашрияи «Фараж» хабар доранд, гуруҳи донишҷӯён аз он шикоят карда буданд, ки ронанда ба хоҳиши онҳо оид ба паст кардани мусиқӣ дағалона ҷавоб дода, баъдан ба ҷанги тан ба тан даъват кардааст. Читать далее Гӯяндаи ҷумлаи «Братан, иҷа шмода Хҷанд нестай, иҷа Дшанбеай» аз кор рафт
Абдуқаюми Қаюмзод: “Дигар ҷисми беҷонам…”
— Шумо тарки рӯзноманигорӣ кардед ё ин як амри муваққатист? Читать далее Абдуқаюми Қаюмзод: “Дигар ҷисми беҷонам…”
Таъсиси Гуруҳи ҳимоят аз пуштибони зани «газводафурӯш»
Тавре хонандагони сомона хабар доранд, хабарнигори ҷавони ҳафтаномаи «Фараж» Доро Суҳробӣ барои ҳимоят аз як зани «газводафурӯш» дар бозори «Деҳқон» аз ҷониби кормандони милиса дар бинои шуъбачаи Шуъбаи корҳои дохилии Сино-1-и шаҳри Душанбе латукӯб шуда буд. Читать далее Таъсиси Гуруҳи ҳимоят аз пуштибони зани «газводафурӯш»