«Фараж», 5000 сомонӣ те!

Як нафар сокини шаҳри Турсунзода аз болои ҳафтаномаи «Фараж» ба Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шикоят бурда, талаби 5000 сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ кардааст.

Даъвогар Хушмуродов Муродхоҷа Азизхуҷаевич, сокини шаҳри Турсунзода, ҷамоати деҳоти Навобод, деҳаи Зиёратут ба суд бо аризаи даъвогӣ аз болои ҳафтаномаи «Фараж» шикоят намудааст, ки гӯё нашрия бо чопи мақолаи «Шаҳринав: Туҳматгар на аз қонун метарсад, на аз Худову бандааш!» (№34 (507), аз 17-уми августи соли 2016) обрӯи ӯро резонида бошад.

Тибқи гуфтаи муаллифи мақола Саиди Ҳайдар, дар вақти тадқиқот пурра маълум гардидааст, ки ҳамаи гуфтаҳои Хушмуродов Муродхоҷа ба ҳақиқат рост намеояд, яъне туҳмати рӯирост дар ҳаққи раиси ҷамоати деҳоти Чуст Салимов Шаҳобиддин мебошад, ки даъвогар аз болои ӯ шикоят кардааст ва дар мақолаи «Шаҳринав: Туҳматгар на аз қонун метарсад, на аз Худову бандааш!» ҳамаи маълумотҳои ба даст омада дар асоси далелу фактҳо оварда шудаанд.

Даъвогар Хушмуродов Муродхоҷа дар аризаи даъвогиаш овардааст, ки «… пас аз баромадани мақолаи редаксияи «Фараж» ман ба редаксия рафта, талаби он кардам, ки рӯзнома раддия чоп кунад, дар бораи он, ки ними фактҳои дар мақола чоп кардагиашон дар асл вуҷуд надорад. Вале муроҷиати маро рад карданд ва ҷавоби хаттӣ ҳам надоданд».

Аммо ба гуфтаи масъулини «Фараж», Хушмуродов Муродхоҷа на барои раддия чоп намудан, балки барои аз сари нав гузаронидани тадқиқоти журналистӣ ва қайд намудани дигар кирдорҳои раиси ҷамоати деҳоти Чуст Салимов Шаҳобиддин омада буд. Баъдан, вақте дар ин маврид ҷавоби рад гирифт, ба таври хаттӣ вокуниш нишон дод, ки ин вокуниши ӯ бо номи «Ба хотири пешравӣ» дар шумораи №39 (512) аз 21-уми сентябри соли 2016-и ҳафтаномаи «Фараж» ба табъ расидааст.

Баҳси судиро ҳуқуқшиносони МТЖТ бурда истодаанд.

http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12000-farazh-5000-somon-te.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *