Қазияи Доро: Сардори минтақа аз кор озод шуд

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба латукӯб шудани рӯзноманигори нашрияи «Фараж» Доро Суҳробӣ рӯзи 18-уми сентябри соли 2016 иттилоъ медиҳад, ки аз рӯзи дар сомонаҳои хабарӣ нашр гаштани ин ҳолат ва ҳамчун бо арзи бевоситаи рӯзноманигор ҳодисаи мазкур фавран таҳти назорати Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтинанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Дар аризаи худ Доро Суҳробӣ сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Синоро гунаҳгор медонист, аммо ҳангоми рӯ ба рӯ кардан бо сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Сино полковники милитсия Нуъмонзода Раҳматулло рӯзноманигор изҳор дошт, ки ин шахсро намешиносад ва пеш надидааст.

Дар рафти санҷиши ҳолати кор маълум гашт, ки дар ҳақиқат ҳолати мазкур ҷой доштааст. Барои маълум намудани шахси аниқи рӯзноманигорро латукӯбнамуда ҳамаи кормандони минтақаи маъмурии милитсияи №19 ШВКД дар ноҳияи Сино, ки ҳодиса дар онҷо рух додааст, барои шинохтан пешниҳод карда шуданд. Худи рӯзноманигор кормандеро, ки ӯро латукӯб кардааст шинохта натавонист ва ҳамзамон, дар рафти санҷиш муоинаи тиббии рӯзноманигор Доро Суҳробӣ низ гузаронида шуд ва маълум гашт, ки номбурда ҷароҳати ба саломатӣ таъсирнопазир бардоштааст. Барои рух додани ҳолати мазкур сардори Минтақаи маъмурии мазкур Хоҷаев Ислом, рӯзи 26-уми сентябри соли 2016 аз кор озод карда шуд.

www.vkd.tj

http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/11994-aziyai-doro-sardori-minta-a-az-kor-ozod-shud.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *