Все записи автора nansmit

Мавқеи расмии оила ва ҷониби ҳимояи Хайрулло Мирсаидов

Дар робита ба ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд оила ва ҷониби ҳимояи Хайрулло Мирсаидов, журналист ва роҳбари “КВН”-и Тоҷикистон, аз мавқеи расмии худ иттилоия нашр карданд, ки дар он гуфта мешавад: Читать далее Мавқеи расмии оила ва ҷониби ҳимояи Хайрулло Мирсаидов

Хадамоти алоқа: «Фурӯши телефонҳо бидуни сертификат манъ мешавад»

Минбаъд дар Тоҷикистон фурӯши телефонҳои мобилӣ бидуни иҷозаи Хадамоти алоқа манъ аст. Масъулини Хадамоти алоқа мегӯянд, фурӯшандаҳо бояд пеш аз фурӯши телефонҳои мобилӣ аз ниҳод сертификат бигиранд.

Адолат Абдураҳмонзода, муовини раиси Хадамоти алоқа рӯзи 16-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, фурӯшандаҳои телефонҳои мобилӣ бояд пеш аз фурӯш, аз ин ниҳод сертификати мутобиқат дарёфт кунанд.

Хонум Абдураҳмонзода гуфт, ин муқаррарот бар асоси қонун дар бораи алоқаи барқӣ пешбинӣ шудааст. Ин масъули Хадамоти алоқа афзуд, онҳо бар асоси иҷозаи «Тоҷикстандарт» сифати ҳар телефонро меомӯзанд ва баъдан барои он сертификати мутобиқат медиҳанд.

Адолат Абдураҳмонзода афзуд, минбаъд ҳар телефони мобилие, ки ба талабот ҷавобгӯ нест соҳиби сертификат намешавад ва ба ин хотир истифодабари он мумкин нест. Муовини раиси Хадамоти алоқа гуфт, барои нақзи ин муқаррарот аллакай чор нафарро муҷозот кардаанд. Хонум Абдураҳмонзода тасдиқ кард, ки гирифтани сертификати мутобиқат барои фурӯши телефонҳои мобилӣ бар ивази маблағ дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол Илҳомҷон Атоев, муовини дигари раиси Хадамоти алоқа афзуд, ин тасмим ба хотири «бехатарӣ ва ҳам сиҳату саломати истифодабарандагон ба роҳ монда шудааст.»

Почтаҳои байналмилалӣ муқарраротро нақз карданд

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон намояндагиҳои почтаи байналмилалӣ дар кишварро ба риоя накардани тартиботи муқарраршуда муттаҳам кард. Масъулини Хадамоти алоқа бори аввал баъзе ҷузъиётҳои гуфтугӯяшон бо намояндагиҳшои почтаҳои байналмилалиро ошкор кард.

Илҳомҷон Атоев, муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон қатъи фаъолияти намояндагиҳои почтаҳои байналмилалиро ба «манфиатҳои миллӣ» рабт дод. Ӯ гуфт, дар тамоми дунё ҳар давлати соҳибистиқлол ҳуқуқ дорад, ки алоқаи почтаро дар асоси манфиатҳои миллӣ бо назардошти тавсияҳоии байналмилалӣ ва ташкили амнияти иттилоотӣ, ба роҳ монад.

Аммо муовини раиси Хадамоти алоқа мегӯяд, намояндагиҳои почтаҳои байналмилалӣ танҳо мехоҳанд дар шаҳри Душанбе фаъолият дошта бошанд. Ин масъули Хадамоти алоқа дигар паҳлӯҳои гуфтугӯи худ бо намояндагиҳои почтаҳои байналмилалиро ошкор накард.

Ҷаноби Атоев аз вазъи феълии хадамоти почта дар кишвар изҳори ризоият кард. Аз набуди намояндагиҳои почтаҳои байналмилалӣ ширкати «Почтаи тоҷик» даромади зиёд гирифтааст. “Почтаи тоҷик” дар ин давра наздики 100 тонна зиёдтар муросилот анҷом додааст.

Масъулини Хадамоти алоқа моҳи июли соли гузашта вақте ба дари DHL, UPS, TNTва Pony Express муҳр мезаданд, гуфта буданд, фақат дар сурати ислоҳи «камбудӣ» ба идомаи фаъолияти ин ширкатҳо иҷоза медиҳанд. Вале то ба ҳол ба почтаҳои байналмилалӣ иҷозаи фаъолият дода нашудааст. Сафорати ИМА дар авоили моҳи ҷорӣ аз баста будани почтаҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон, изҳори нигаронӣ карда буд.

Қаблан масъулини «Почтаи тоҷик» ба се ширкати бузурги хаткашонӣ пешниҳод карданд, ки хадамоти ирсоли номаҳои худро ба «Почтаи тоҷик» бисупоранд ва баръакс масъулияти интиқоли номаҳои “Почтаи тоҷик”- ро дар хориҷ бар дӯш бигиранд.

Почтаҳои байналмилалӣ ин шартро напазируфтанд. Аммо ақидаи дигар низ вуҷуд дорад, ки аз бозор берун кардани почтаҳои байналмилалӣ ба хотири дар монополияи Тоҷикистон қарор додани ин бозор анҷом шуд.

https://www.ozodi.org/a/29367306.html

Роҳбарияти Прокуратураи генералӣ, кумитаҳои бехатарии озуқаворӣ, рушди маҳал ва ҳифзи муҳити зист нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Пагоҳ, 17 июли соли 2018  оид ба ҷамъбасти  фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2018 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 Прокуратураи генералӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Кумитаи рушди маҳал ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд. Читать далее Роҳбарияти Прокуратураи генералӣ, кумитаҳои бехатарии озуқаворӣ, рушди маҳал ва ҳифзи муҳити зист нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Нигаронии Шӯрои ВАО аз таъини ҷазои сангин ба Хайрулло Мирсаидов

Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ҳукм нисбати рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов ба раванди  рушди озодии баён ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ халали ҷиддӣ ворид месозад. Читать далее Нигаронии Шӯрои ВАО аз таъини ҷазои сангин ба Хайрулло Мирсаидов

Изҳороти Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон

Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон нигаронии шадиди худро дар робита ба таъини ҷазои сангин, ба 12 соли зиндон маҳкум шудани рӯзноманигор ва фаъоли ҷамъиятӣ Хайрулло Мирсаидов изҳор медорад. Читать далее Изҳороти Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон

НАНСМИТ: Ҳукми Мирсаидов талоши тарс додани журналистон аст

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) мегӯяд, баёнияи рӯзи 13 июли Додситонии кулл дар мавриди ҳукми додгоҳии Хайрулло Мирсаидов талоши «тарс додани ҷомеаи журналистон буда, ҳуқуқи шаҳрвандону журналистонро ба озодии баён маҳдуд мекунад». Читать далее НАНСМИТ: Ҳукми Мирсаидов талоши тарс додани журналистон аст

Телевизиони вилояти Суғд соҳиби бинои иловагии корӣ мегардад

Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар назди Маркази техникии Идораи телевизион ва радиои вилоят бинои иловагӣ бунёд мегардад. Бинои мазкур бо истифода аз техникаву технологияҳои муосир баҳри фаъолияти кормандон шароити боз ҳам фароху беҳтар фароҳам меоварад. Читать далее Телевизиони вилояти Суғд соҳиби бинои иловагии корӣ мегардад

Роҳбарияти вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Рӯзи душанбе, 16 июли соли 2018 Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати кишоварзӣ (якҷоя бо КВД «Тоҷикагролизинг», Академияи илмҳои кишоварзӣ), Хадамоти алоқа ва Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» оид ба ҷамъбасти  фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2018 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд. Читать далее Роҳбарияти вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Додситонӣ: «Ҳукми Мирсаидов ба фаъолияти рӯзноманигории ӯ рабт надорад.»

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳукми додгоҳ дар нисбати Хайрулло Мирсаидов ба фаъолияти рӯзноманигории ӯ рабте надошта ва ба аз худ намудани маблағҳо ва сохтакории санадҳо, рабт мегирад. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ду рӯз қабл Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Читать далее Додситонӣ: «Ҳукми Мирсаидов ба фаъолияти рӯзноманигории ӯ рабт надорад.»

ПГ: Мирсаидов барои фаъолияти сиёсиву рӯзноманигориаш суд нашудааст

Прокуратураи генералии Тоҷикистон вобаста ба зиндонӣ шудани роҳбари КВН-и Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов ва гӯё ба фаъолияти сиёсиву рӯзноманигории ӯ рабт доштани ин қазия изҳор кардааст, ки ҳукми суд нисбати Хайрулло Мирсаидов ба фаъолияти сиёсӣ ё рӯзноманигории вай рабте надорад, балки вобаста ба аз худ намудани маблағҳо ва сохтакории санадҳост. Читать далее ПГ: Мирсаидов барои фаъолияти сиёсиву рӯзноманигориаш суд нашудааст