Все записи автора nansmit

Ваколатдор: Муроҷиатҳо нисбати мақомоти судӣ зиёданд

Дар ним соли аввали соли равон ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар умум 1691 муроҷиати шаҳрвандон ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 571 адад камтар мебошад. Читать далее Ваколатдор: Муроҷиатҳо нисбати мақомоти судӣ зиёданд

Вакилон Мирсаидов қарори додгоҳро ба чолиш мекашанд

Рӯзи 18 июл вакилони дифои журналист Хайрулло Мирсаидов ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд аризаи кассатсионӣ карда, тақозо намуданд, ки ҳукми 12 соли зиндони раҳбари тими мунтахаби КВН-и Тоҷикистон бозбинӣ шавад. Читать далее Вакилон Мирсаидов қарори додгоҳро ба чолиш мекашанд

Раҳбари радиои тоҷикӣ дар Амрико: Фарзандони мо бояд фарҳанги худро бишносанд

Як моҳ мешавад, ки тоҷикони муқими Амрико имкони шунидани садову мусиқиҳои тоҷикӣ аз як радиои маҳаллиро доранд. Читать далее Раҳбари радиои тоҷикӣ дар Амрико: Фарзандони мо бояд фарҳанги худро бишносанд

Муҳокимаи даъвои собиқ аксбардори президент аз сар гирифта шуд

Қарор аст, 20-уми июли соли 2018 мурофиаи собиқ аксбардори президенти Тоҷикистон Геннадий Ратушенко бо даъвои он ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои ӯро поймол кардааст, дар суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе оғоз гардад. Читать далее Муҳокимаи даъвои собиқ аксбардори президент аз сар гирифта шуд

Фурӯши телефонҳои мобилӣ бе сертификат манъ шуд

Хадамоти алоқаи кишвар мегӯяд, ки аз ин пас дар Тоҷикистон фурӯши телефонҳои мобилӣ бе иҷозаи ин ниҳод манъ аст. Тибқи гуфтаи масъулини Хадамоти алоқа, савдогарони телефонҳои мобилӣ бояд қабл аз фурӯши телефонҳо аз ниҳоди мазкур сертификат бигиранд. Ин нуқтаро имрӯз дар ҳузури рӯзноманигорон намояндагони Хадамоти алоқаи кишвар қайд намуданд. Читать далее Фурӯши телефонҳои мобилӣ бе сертификат манъ шуд

Хадамоти алоқа сабаби қатъи почтаҳои байналмилалиро шарҳ дод

Ба гуфтаи Хадамоти алоқа як далели фаъолият накардани почтаҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон, ин аст, ки онҳо мехоҳанд танҳо дар шаҳри Душанбе фаъолият кунанд. Ин нуқтаро имрӯз зимни нишасти хабарӣ муовини аввали раиси Хадамоти алоқа Илҳомҷон Атоев қайд кард. Читать далее Хадамоти алоқа сабаби қатъи почтаҳои байналмилалиро шарҳ дод

Фурӯши телефонҳои мобилӣ дар асоси сертификати мутобиқати Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ роҳандозӣ мегардад

Минбаъд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши телефонҳои мобилӣ дар асоси сертификати  мутобиқат сурат мегирад. Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Абдураҳмонзода бо дахл ба масъалаи мазкур 16 июл дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ин тасмим дар асоси моддаи 17-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  алоқаи барқӣ» гирифта шудааст. Читать далее Фурӯши телефонҳои мобилӣ дар асоси сертификати мутобиқати Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ роҳандозӣ мегардад

Хонаводаи Мирсаидов 124 ҳазор сомонии давлатро пардохт кардааст

Хонаводаи Хайрулло Мирсаидов, хабарнигори зиндонии тоҷик мегӯяд, ки ба ҳисоби давлат 124 ҳазор сомонӣ ҷуброни молиро пардохтаанд ва умедворанд, ӯ ба зудӣ озод мешавад.

Бар асоси қонун дар Тоҷикистон, агар ҷиноят молӣ бошад, фарди гунаҳкор дар сурати ҷуброни хисорот ва ё пардохти пули зарар аз зиндон озод мешавад.

Дар баёнияи расмии хонавода, ки вакилони дифоаш рӯзи 16-уми июл нашр кард, омадааст, “Оилаи Хайрулло Мирсаидов ба фоидаи давлат 124 ҳазор сомонӣ ба сифати ҷуброни зиёне, ки аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ муайян карда шудааст, ворид намуд. Ин ба он маънӣ нест, ки Хайрулло Мирсаидов, оилаи ӯ ва вакилони дифо иттиҳоми расмӣ ба хабарнигорро эътироф менамоянд.»

Ба гуфтаи хонавода, “маблағи зиён бо арзиши озодии писарашон қобили муқоиса нест” ва барои ҳамин онҳо ҷубронро рӯзи 12-уми июл ба ҳисоби давлат пардохтаанд.

Хайрулло Мирсаидовро ҳафтаи гузашта додгоҳи Хуҷанд ба сохтакории санадҳо, пахши маълумоти бардурӯғ ва аз худ кардани пули давлат ба 12 соли зиндон маҳкум кард.

Ба гуфтаи додситонҳо, гӯиё Мирсаидов аз 300 ҳазор сомонӣ пули буҷетро, ки барои маҳфили ҳозирҷавонони Тоҷикистон ҷудо шуд, тақрибан 100 ҳазор сомониро гӯё «барои харҷҳои хусусӣ ва ғайримақсаднок» истифода кардааст. Худаш тамоми иттиҳомотро рад мекунад.

Мирсаидов рӯзи 5-уми декабри соли 2017, баъди он дастгир шуд, ки дар як изҳорот дар интернет иддао кард, сардори собиқи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Суғд Олим Зоҳидзода барои қабули ҳисоботи хароҷоти КВН аз ӯ ҳазор доллар ришва талаб дорад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, сафоратҳои кишварҳои ғарбӣ ҳукми додгоҳро интиқод карданд. Хабарнигорон мегӯянд, амалкарди мақомот фишор ба хабарнигорон ва кӯшише барои маҳдуд кардани озодии баён дар Тоҷикистон аст.

Дар баёнияи вакилони дифои Хайрулло Мирсаидов ҳамчунин омадааст, ки хабарнигори тоҷик «худро аз рӯи ҳеҷ кадоме аз он моддаҳо гунаҳкор намешуморад» ва дар амалҳои ӯ ҳеҷ қонуншиканӣ вуҷуд надорад.

Вакилонаш ҳамчунин гуфтаанд, ки дар ҷараёни тафтишот мақомот ба хатогиҳои зиёде роҳ додаанд. Ба гуфтаи вакилони дифо, «ӯ ҳамчун хабарнигори дорои мавқеи устувор тасмим гирифт, ки нисбати ноадолатӣ ва қонуншиканӣ мубориза барад ва имрӯз ба чунин қисмат дучор омад».

Вакилони дифо гуфтаанд, ки аз ҳукми додгоҳи Хуҷанд ба зинаи болоӣ шикоят мебаранд ва саъй хоҳанд кард, ки «зинаи болои қарори одилона содир намояд.»

https://www.ozodi.org/a/29367320.html

АМВАОМТ ва Хабарнигорони бидуни марз озодии Хайрулло Мирсаидовро талаб карданд

Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) ва шарики он — Созмони байнулмилалии «Хабарнигорони бидуни марз» ҷазои сангин нисбати Хайрулло Мирсаидовро маҳкум намуда, ин ҳодисаро хатари ҷиддӣ ба озодии баён дар ҷумҳурӣ унвон карданд. Читать далее АМВАОМТ ва Хабарнигорони бидуни марз озодии Хайрулло Мирсаидовро талаб карданд

Қарор дар ин бора аллакай қарор содир шудааст ва ба наздикӣ амалӣ хоҳад шуд

Фурӯши телефонҳои мобилӣ ва пленшет дар Тоҷикистон бо иҷозатномаҳои махсус роҳандозӣ хоҳад шуд.

Читать далее Қарор дар ин бора аллакай қарор содир шудааст ва ба наздикӣ амалӣ хоҳад шуд